Якчанд зарбулмасалҳои тоҷикӣ

0
392

            РОСТГУЙРО ҲАМЕША РОҲАТ  ДАР ПЕШ ACT

Бинобар риояи ростӣ ҳамаи он зарҳоро шоҳ ба ман бахшид. Чандин сол аст, ки аз он зарҳо харҷ мекунам, ҳаргиз адо намешаванд. Аз он замон то ба ин замон хосияти ростиро ба дарвозаи худ навишта мондаам, ки «ростгӯйро ҳамеша роҳат дар пеш аст». Ҳар кӣ бошад, ба ҷуз ростӣ дигар сухан нагуяд.

Аз «Саргузашти Ҳотам»

Загрузка...

Мавзӯи иҷтимоӣ дар зарбулмасалу мақолҳо мавқеи асосӣ дорад. Дар онҳо ба таври мушаххас таҷрибаи одамон оид ба зиндагӣ, зулму золимӣ, азобу машаққат ҷамъбаст гардидаанд.

зарбулмасалу маколи точики

Чанд намунаи зарбулмасалҳо:

Бой аз фарбеҳӣ меноладу камбағал аз лоғарӣ.

Меҳрубониҳои султон – бозии гурба бо мушон.

То меҳнат накунӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад.

Ҳунар беҳ аз симу зар.

Заминро об вайрон мекунад, одамро гaп.

Хурус дар ҳама ҷо як хел чеғ мезанад.


Якчанд зарбулмасалҳо аз эҷодиёти бузургон меорем.

НА СИХ СӮЗАД, НА КАБОБ

Вақте дар коре нафъи ҳар ду тараф дар назар гирифта шавад, ин зарбулмасалро мегуянд: «Масъаларо аз рӯи адолат ҳал бояд кард».

Ақлу нуқлро1 ҳамчун тарозу рост дор, ҷаҳд кун то дар миён «На сих сузад, на кабоб».

Фаридуддини Аттор


КОРИ ШАБ – ХАНДАИ РӮЗ

Коре, ки дар шаб иҷро мешавад, бе камбудӣ намешавад, сифати кори шаб нисбат ба кори рӯз пасттар мешавад:

Бисёр фикр накун, писарам, – гуфт Акаи Мирзо – хоб кун, рӯз шавад, боз гaп мезанем, «Кори шаб – хандаи рӯз» гуфтаанд.

Ҷалол Икромӣ


НИҲАД ШОХИ ПУРМЕВА САР БАР ЗАМИН

Ҳар касе, ки фозилу донишманд бошад, хоксориро пеша мекунад:

Баландӣ аз он ёфт, к-ӯ паст шуд,

Дари нестӣ куфт, то ҳаст шуд.

Тавозуъ2 кунад ҳушманди гузин3,

«Ниҳад шохи пурмева cap ба Замин».

Саъдии Шерозӣ.

Зарбулмасалу мақолҳои бештар дар мақолаи дигар <<

Зарбулмасалу мақол чӣ маъно доранд? Маълумот оиди зарбулмасал инҷо <<


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Ақлу нуқл – аввал андеша кун, ақлатро кор фармо, баъд сухан гӯй, нақл кун.
  2. Тавозуъ – хоксорӣ, фурутанӣ.
  3. Гузин – бузург, барҷаста.

Якчанд зарбулмасалхои точики, ростгуйро хамеша рохат  дар пеш act, на сих сузад, на кабоб, кори шаб – хандаи руз, зарбулмасалхои точики бо маънохояшон, зарбулмасал дар бораи.