Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа

0
88

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ масъалаи ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ва системаи бисёрҳизбӣ идома дорад. Аз сабаби он, ки дар мамлакати мо ҷанги таҳмилӣ оғоз гардид ва фазои низоӣ ба амал омад, то як муддати муайян буҳрони сиёсӣ Тоҷикистонро фаро гирифт. Бинобар ин, як қатор таҳлилгарон раванди ташаккулёбии системаи бисёрҳизбӣ ва ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро ба се марҳилаи алоҳида ҷудо намудаанд:

  1. Солҳои 1990-1992 – пайдоиши аввалин ҳизбҳои сиёсӣ. Дар ин давра бори аввал дар ҷумҳурӣ чунин ҳизбҳои сиёсӣ пайдо мегарданд: Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби меҳнати озод ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон.
  2. Солҳои 1993-1997 – ба вуҷуд омадани ҳизбҳои сиёсии нав. Дар ин давра чунин ҳизбҳои нав пайдо мегарданд: Ҳизби таҷдиди сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби ваҳдати мардумии Тоҷикистон, Ҳизби шаҳрвандию ватандӯстии «Иттиҳод», Ҳизби халқии Тоҷикистон (айни замон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Ҳизби «Адолатхоҳ», Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби тараққиёт ва адолат.
  3. Солҳои 1998 то имрӯз. Марҳилаи рушду инкишофи системаи бисёрҳизбӣ, мутобиқгардонии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бо қонунгузории мамлакат ва фаъолгардонии нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеа.

Бояд гуфт, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид. 13 ноябри соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул мегардад, ки дар он нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо нишон дода шуда, ба воситаи қонуни мазкур муносибатҳои мутақобилаи ҳизбҳои сиёсӣ танзим гардида, ташаккули системаи бизёрҳизбӣ дар мамлакат таъмин карда мешавад.

Загрузка...

Баъди қабули қонуни мазкур фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки соли 1993 манъ гардида буданд, дубора иҷозат дода мешаванд. Моҳи декабри соли 1998 Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд, аммо дере нагузашта бинобар сабаби вайрон намудани талаботи асосии ҳизбӣ манъ карда мешавад ва танҳо соли 2005 фаъолияти он дубора иҷозат дода мешавад. Соли 1999 Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад ва баъди чанде фаъолияташ боз дошта шуда, баъди се соли дигар дубора фаъолияташ иҷозат дода мешавад. Инчунин, соли 2005 Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолияташ оғоз мегардад. 29 сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби воқеаҳои сентябрии ҳамон сол Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намуда, дар ҳудуди мамлакат фаъолияти онро манъ менамояд.

Айни замон дар фазои сиёсии мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ мавҷуд аст, ки онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат ширкат меварзанд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ доимо дар самти рушду инкишофи плюрализми сиёсӣ ва системаи бисёрҳизбӣ саъйю талош меварзад. Марҳила ба марҳила дар мамлакат интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, ки дар онҳо ҳизбҳои сиёсӣ ширкат намуда, мувофиқи овозҳои гирифтаи худ мавқеашон дар ҳаёти сиёсии мамлакат муайян мегардад. Масалан, дар интихоботи соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсӣ ширкат варзида, танҳо чортои он ба парлумон роҳ ёфт. Дар интихоботи мазкур ба мисли интихоботҳои қаблӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксари мандатҳои парлумониро соҳиб гардида, дар мамлакат ҳизби ҳоким ба шумор меравад. Ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистӣ низ шумораи лозимии овозҳоро соҳиб гардида, ба парлумон роҳ ёфтанд ва оппозитсияи парлумониро ташкил медиҳанд. Ҳизбҳои боқимонда бинобар сабаби нокифоягии овозҳои лозима аз парлумон берун монда, оппозитсияи ғайрипарлумониро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, 22-юми майи соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат баргузор гардид, ки аксари раъйдиҳандагон онро ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи тағйироту иловаҳои воридгардида минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои дорои характери миллӣ ва динидошта иҷозат дода намешавад.


Калидвожаҳо: хизб, хизби сиёси, хизбхои точикистон, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, Хизбхои сиёсии Точикистон дар раванди дигаргунихои чомеа