ИТТИЛООТ ВА РАВАНДҲОИ ИТТИЛООТӢ

Тавассути фанни Информатика шумо бо асосҳои техникаи компютерӣ ва технологияҳои коркарди электронии иттилоот шинос хоҳед шуд.

Дар раванди омӯзиш бо мафҳумҳои марказии информатика – иттилоот, барнома, системаи амалиётӣ, компютер, барномаҳои татбиқии коркарди иттилооти навъҳои матнӣ, ададӣ, графикӣ, савту садоӣ, чандрасонаӣ, технологияҳои истифодаи Интернет, почтаи электронӣ, тарзҳои ҳифз намудани иттилоот, технологияҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ, қоидаҳои зист дар ҷомеаи иттилоотӣ ва ғайра шинос хоҳед шуд.

Шуморо зарур аст, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ кор ва зиндагӣ кунед. Захираи муҳимтарин ва асосии ин ҷомеа иттилоот ба ҳисоб меравад. Вобаста ба он ки шумо бо иттилоот чӣ гуна кор карда метавонед, на танҳо ояндаи худ, балки ояндаи миллат ва мамлакатро муайян хоҳед кард.


Калидвожаҳо: реферат аз информатика бо забони точики, реферат аз технологияи иттилооти, кори курси, донишчу.тч, донишчу тч, донишҷӯ.тҷ, донишҷӯ тҷ, сомонаи омузиши, сайти омузиши, donishju.tj, donishju tj, ИТТИЛООТ ВА РАВАНДХОИ ИТТИЛООТИ

Шарҳ баста аст.