географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ ва соҳаи хизматрасонӣ

Саноати сабук

Саноати сабук яке аз соҳаҳои муайянкунандаи дараҷаи зиндагии аҳолӣ мебошад. Соҳаҳои муҳимтарини онро: саноати матоъҳои пахтагин, саноати шоҳибофӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ, саноати чарму пойафзол, истеҳсоли молҳои маданӣ-маишӣ ва ниёзи мардум, саноати мебелсозӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Соҳаҳои саноати сабук пеш аз ҳама барои таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо либосу пойафзол ва дигар молҳои ниёзи мардум хизмат мекунад. Бинобар аз тараққиёти пай дар пай ва устувори ин соҳаҳо, дараҷаи некӯаҳволии одамон зич вобаста мебошад. Саноати сабук баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ дар натиҷаи канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ба вазъияти душвор дучор омад. Агар соли 1990 ҳиссаи саноати сабук дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноати мамлакат 42,3 фоизро ташкил медод, пас ҳоло ин нишондиҳанда ба 12,0 фоиз расидааст. Минбаъд дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳо дар идоракунӣ, таъмини саноат бо ашёи хом, ҷалб намудани мутахассисони маҳаллӣ боиси пешравиҳои назаррас дар соҳаи мазкур гардид. Нисбати истеҳсоли намудҳои асосии саноати сабук рақамҳои ҷадвал шаҳодат медиҳанд.

Истеҳсоли намудҳои муҳими маҳсулоти саноати сабуки Тоҷикистон

Номгӯи молҳои асосӣ 1991 1998 1999 2000 2001 2003 2005 2008
Газвор — ҳамагӣ млн.м2

Газвори пахта-гин, млн.м2

Газвори пашмин, тонна

Газвори шоҳивор, ҳаз. м2

Ҷӯроб ва пай-поқ, млн. ҷуфт

Маҳсулоти кешбофӣ, млн. дона

Пойафзол, млн. ҷуфт

Пойафзоли ре-зинӣ, млн. ҷуфт

Қолинҳо ва маснуоти қолинӣ, млн. м2

186

 

102

 

4602

 

68570

 

 

49,2

 

11,2

 

 

8,6

 

6,3

 

7,6

17,1

 

13,1

 

801

 

620

 

 

2,1

 

0,3

 

 

0,1

 

0,1

 

1,1

13,9

 

11,5

 

803

 

430

 

 

2,1

 

0,4

 

 

0,1

 

0,02

 

1,0

13,6

 

11,5

 

515

 

253

 

 

3,1

 

0,3

 

 

0,1

 

0,01

 

0,3

15,6

 

13,6

 

370

 

210

 

 

4,3

 

0,2

 

 

0,1

 

0,01

 

0,5

23,4

 

21,5

 

420

 

150

 

 

5,5

 

0,2

 

 

0,05

 

0,02

 

0,4

25,9

 

24,2

 

470

 

3,8

 

 

5,9

 

1,1

 

 

0,03

 

0,02

 

0,5

32,1

 

30,7

 

312

 

60,0

 

 

5,5

 

0,05

 

 

0,04

 

0,3

 

0,9

Саноати сабук ба хоҷагии қишлоқ алоқаи зич дошта аз он ашёи хоми растанигӣ (пахта, зағир) ва ҳайвонотӣ (пӯст, пашм, пила) мегирад. Дар таркиби хароҷоти он ашёи хом мавқеи асосӣ дошта, ба 70 фоиз (пахтатозакунӣ 95 фоиз, дӯзандагӣ — 83 фоиз) мерасад. Аз ин рӯ, наздик ҷойгиркунии корхонаҳои саноати сабук ба манбаи ашёи хом омили муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ҳисоб мешавад.

Саноати сабук аз корхонаҳои калону миёна иборат аст ва зиёда аз 300 номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад. Ба соҳаҳои асосии саноати сабук, ки аҳамияти содиротӣ доранд, инҳо мансуб мебошанд: пахтатозакунӣ, абрешим, пашм, пахта. Қисми зиёди маҳсулоти онҳо ба хориҷа бароварда мешавад.

Дар корхонаҳои саноати сабук ашёи хом чанд давраи коркарди технологиро аз сар мегузаронад (масалан, тайёр кардан, тоза намудан, ресидан, бофтан, рангубор додан ва ғайра). Солҳои охир корхонаҳои саноати сабук бештар дар шаҳрҳои хурд ва миёна, ки қувваи корӣ барзиёд аст, ҷойгир карда мешаванд.

Солҳои охир гузаронидани ислоҳот дар идоракунӣ, таъмини саноат бо ашёи хом, ҷалб намудани мутахассисони маҳаллӣ, ҳавасмандгардонии коргарон, боиси пешрафти соҳаҳои саноати сабук гардид.

Таркиби истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, ки ба саноати сабук мансуб аст, дорои фарқиятҳои муҳими минтақавӣ мебошад, ки ба хусусиятҳои тибиӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демографии ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат мебошад, алоқаманд аст. Саноати сабук соҳаи тахассусии ҷумҳурӣ буда, шумораи корхонаҳои он аз 63 адади соли 1991 дар соли 2008 ба 163 адад расонида шуд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ низ афзуд. Агар соли 1991 (бо нархҳои ҷорӣ) ҳаҷми маҳсулоти умумии саноати сабук 58,2 млн. сомониро ташкил медод, пас ҳоло ин нишондиҳанда ба 732,0 млн. сомонӣ расид.

атлас, точикистон, бофандаги, географияи точикистон

Саноати бофандагӣ. Соҳаи калонтарин ва муҳимтарини саноати сабук — бофандагӣ аст. Корхонаҳои саноати бофандагӣ технологияи мураккаб дошта, якчанд зинаҳои пайдарҳамро ташкил медиҳад.

Одатан ин аз рӯи чунин схема сурат мегирад:

тозакунии ашёи хом > нахкашӣ > калобаресӣ > бофтан >гулпартоӣ>матои тайёр

Ин зинаҳои технологӣ дар миқёси як корхона ба амал ояд, онро комбинати бофандагӣ меноманд. Ҳар як зинаи технологияро бо намуди корхонаи алоҳида (фабрика ё сех) низ ташкил намудан мумкин аст. Ин хусусияти корхонаҳои бофандагиро ба назар гирифта, солҳои охир онҳоро ба тарзи «буттагӣ» ҷойгир мекунанд. Ин мазмуни онро дорад, ки дар ҳолати дар шаҳри калон ҷойгир кардани корхонаҳои асосӣ (бофтани матоъ ва гулпартоӣ), корхонаҳои коркарди аввал (тозакунии ашёи хом), нахкашӣ ва калобаресӣ дар шаҳракҳои хурди ба шаҳри калон наздик ҷойгир карда мешавад. Дар ҷумҳурӣ барои ба тарзи «буттагӣ» ҷойгиркунии корхонаҳои бофандагӣ дар ноҳияҳои Суғд, Ҳисор, Кӯлоб ва Вахш имкониятҳои реалӣ мавҷуд аст. Аз партову пасмондаҳои саноати бофандагӣ (нахҳои бадсифат, партовҳои ҳархела) тайёр кардани маводҳои ғайриматоӣ технологияи ниҳоят сода дошта, ба пурра ва ба таври комплексӣ истифодабарии ашёи хом мусоидат мекунад.

Саноати пахтатозакунӣ аз 70 корхонаҳои калону миёна иборат аст. Онҳо дар маркази ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд. Заводҳои пахтатозакунӣ бо корхонаҳои бофандагӣ, равғанкашӣ, кимиё, мошинсозӣ ва энергетика алоқаи ногусастанӣ доранд. Тарзи ҷойгиршавии корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ ва самаранокии кори онҳо дар ҷумҳурӣ як хел нест. Қисми асосии иқтидори заводҳои пахтатозакунӣ дар ноҳияи Вахшу Суғд ҷойгир шудаанд. Мувофиқат накардани фоизи иқтидори заводҳо ва истеҳсоли пахта дар ноҳияҳои алоҳида аз нобаробар ҷойгиршавии онҳо далолат мекунад. Чӣ тавре дида мешавад, дар ноҳияи Суғду Вахш ва қисман Кӯлоб дар натиҷаи пурқувват будани манбаи ашёи хом иқтидори заводҳои пахтатозакунӣ хеле самаранок истифода карда мешуданд.

Пеш дар Тоҷикистон ҳамагӣ 4 заводи пахтатозакунӣ вуҷуд дошт, ки онҳо корхонаҳои камиқтидори нимкосибӣ ба шумор мерафтанд.

Алҳол дар корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ соле 115,7 ҳазор тонна нахи пахтаи соф истеҳсол карда мешавад. Нахи пахтаро аксар ба хориҷа мефиристанд (ва қисми ниҳоят ками он дар маҳал истифода мешавад). Иқтидорҳои истеҳсолии коркарди нахи пахта нисбати соли 1991 бештар аз ду баробар афзоиш ёфт.

Саноати газвори пахтагин. Муҳимтарин соҳаи саноати бофандагӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ҳамагӣ 11 фоизи нахи пахтаи истеҳсолшуда дар миқёси ҷумҳурӣ истифода мешуд. Ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 23,5 м2 газвори пахтагин истеҳсол мешуд, ки он назар ба меъёри муқарраршуда (29,8 м2) қариб 21 фоиз кам буд. Саноати мазкур дорои 2 корхонаи калон буда, зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти онро корхонаҳои Душанбе ва Конибодом истеҳсол мекунад.

Соли 1991 истеҳсоли матоъҳои пахтагин ба 102 млн. м2 расида бошад, пас соли 2008 он ҳамагӣ 30,7 млн. м2 ташкил дод, ки ин зиёда аз 4 маротиба камтар мебошад. Дар ин давра истеҳсоли матоъҳои пахтагин низ хело баробар кам шуд. Минбаъд аз соли 2001 сар карда, дар истеҳсоли маҳсулоти саноати газвори пахтагин пешравӣ ба назар мерасад. Бо мақсади самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи ашёи хом лозим аст, ки корхонаҳои ин соҳа дар шаҳракҳои на чандон калони ба ноҳияҳои пахтакорӣ наздик ҷойгир карда шаванд. Ин имконияти дар оянда таъмин намудани талаботи аҳолиро ба газворҳои пахтагин ба амал меорад. Корхонаҳои калони ин соҳа комбинати матоъҳои пахтагини Душанбе, фабрикаи ресандагии Конибодом ва Кӯлоб мебошанд. Соли 1994 дар Хуҷанд шартномаи сохтмони корхонаи муштараки Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ бо номи «Кабоол-Таджик-Текстайлз» ба имзо расида буд. Ҳоло корхона пурра ба кор даромада,  иқтидори коркарди солонаи он 12 ҳазор тонна пахта, 11 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 30 млн. метр матои тайёр мебошад. Корхона ҳоло зиёда аз 95 фоизи маҳсулоти худро ба хориҷи мамлакат содир мекунад, ки ҳаҷми маҳсулоти содиротии он ба 25-26 млн. доллари амрикоӣ баробар аст. Соли 2010 дар Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия бо номи «Душанбе-Текс» ба кор даромад, ки иқтидори  коркарди солонаи он ба 4 ҳазор тонна нахи пахта расида, 150 ҷои нави корӣ тайёр намуд. Инкишофи ояндаи саноати газворҳои пахтагин ба баровардани маҳсулоти он ба бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Ин пеш аз ҳама бо техника ва технологияи нав таъмин намудани корхонаҳои хурду миёнаи саноати мазкур вобаста мебошад.

Саноати абрешим. Бӯҳрони иқтисодӣ ба ин соҳа, ки бо давлатҳои ИДМ зич алоқаманд буд, таъсири манфӣ расонид. Истеҳсоли маҳсулоти шоҳиворӣ аз 68,5 млн. м2 дар соли 1991, ба 0,6 млн. м2 дар соли 2008 расид, ки ин нишондиҳандаи пасттарини ин соҳа мебошад. Истеҳсоли нахи абрешим соли 2008 нисбати соли 2000 45,2 тонна ва ё худ 4,2 баробар паст фаромад. Аз 4/5 ҳиссаи маҳсулоти ин соҳа дар Хуҷанд тайёр карда мешавад. Корхонаҳои дигари ин соҳа дар Душанбе ва Конибодом ҷойгир шудаанд. Коркарди пилла ва истеҳсоли нахи абрешим минбаъд дар мамлакат афзоиш меёбад.

Корхонаи муштараки Ветнам-Тоҷикистон «Роҳи абрешим» дар асоси комбинати абрешими Душанбе ба кор даромада, танҳо нахи абрешим бароварда, онро ба давлатҳои Хитой, Япония, Ветнам ва ғайра мефурӯшад. барои таъмини манфиати Тоҷикистон зарур аст, ки корхона ба истеҳсоли матои абрешим шурӯъ намояд.

Барои пешравии минбаъдаи соҳаи абрешим ширкати саҳҳомии «Осиё-шоҳӣ» бо корхонаҳои коркарди пилла усули пешқадами хӯрокдиҳии кирмакро ҷорӣ намуда, ҳосилнокии онро дучанд баланд мебардорад. Дар ОООСП «Сарбанд-Силк», «Данғара-Силк» ва «Кӯлоб-Силк» коркарди пилла (дар ҳар яки онҳо) соле ба 120 тонна расонида мешавад.

Пешрафти соҳаи мазкур дар оянда бо истифода аз технологияи нав ва мустаҳкам намудани базаи хӯроки кирмакпарварӣ дар ноҳияҳои Суғд, Ҳисор, Рашт ва Кӯлоб вобаста мебошад. Аз тарафи дигар, истеҳсоли матоъҳои абрешим аксар бо истифода аз нахҳои синтетикӣ равнақ меёбад. Ин вазифа ба миён мегузорад, ки корхонаҳои абрешими мамлакат бо корхонаҳои соҳаи кимиёи давлатҳои хориҷӣ робитаҳои истеҳсолии худро барқарор намоянд.

Саноати қолинбофӣ яке аз соҳаҳои асосии саноати бофандагӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои 1970-1990 истеҳсоли қолин ва маснуоти қолинӣ дар Тоҷикистон 3,3 баробар афзуда, аз 3,2 ба 10,6 млн. м2 расид. Дар ҷумҳурӣ 9,3 фоизи маснуоти қолинии Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол карда мешуд. Бо сабаби воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ истеҳсоли ин соҳа, то 0,9 млн. м2 паст фаромад, ки ин нисбати солҳои пеш қариб 7 маротиба камтар мебошад. Бо вуҷуди ин барои аз нав ба роҳ мондани ин соҳа як қатор пешравиҳо ба назар мерасад. Айни замон саноати қолинбофӣ аз корхонаи қолинбофии ш.Қайроққум, ва 4 корхонаи хурд, ки дар шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд иборат мебошад.

Ҳоло корхонаи қолинбофии Данғара сол аз сол нишондиҳандаҳои худро васеъ менамояд. Дар ин корхона соли равон истеҳсоли қолин қариб ба 15,0 ҳазор м2 расонида шуд. Қолинҳои Тоҷикистон, махсусан маҳсулоти корхонаи Қайроққум дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд доранд.

Пешрафти ояндаи саноати қолинбофӣ дар мамлакат ба ҳарчӣ бештар таъмин намудани он бо ашёи хоми баландсифат ва мутахассисони варзида вобаста мебошад. Вобаста ба талабот ба маҳсулоти саноати қолинбофӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ вазифа ба миён мегузорад, ки корхонаҳои хурди он дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ҷойгир карда шаванд.

Саноати кешбофӣ яке аз соҳаи ҷавони мамлакат буда, аз 5 корхона иборат аст ва ҳамагӣ кори 0,5 фоизи маҳсулоти саноати сабуки ҷумҳуриро истеҳсол мекунад. Соли 2008 дар мамлакат ҳамагӣ 0,4 млн. дона (соли 1991 11,1 млн. дона) маҳсулоти кешбофӣ истеҳсол шуд, ки хело нокифоя аст. Инкишофи ин соҳа дар ҷумҳурӣ бо ҷалб намудани занони деҳот хело ниёз дорад.

Нахи пахтаро қисман дар фабрикаҳои кешбофӣ (Истаравшан, Душанбе), ҷӯроббофӣ (Душанбе) истифода мекунанд.

Талаботи зиёд ба маҳсулоти он, мавҷудияти ашёи хом ва қувваи корӣ тақозо мекунад, ки саноати кешбофӣ минбаъд ҳам инкишоф дода шавад. Бинобар ин дар назар дошта шудааст, ки дар шаҳрҳои хурду миёнаи Тоҷикистон корхонаҳои нав сохта шаванд. Дар асоси истеҳсоли маснуоти бофандагӣ соҳаи кешбофӣ ривоҷ меёбанд. Ҳоло дар Истаравшан калонтарин фабрикаи кешбофӣ мавҷуд мебошад.

Саноати дӯзандагӣ. Корхонаҳои ин соҳа қариб дар ҳама марказу ноҳияҳо ва шаҳрҳои хурду калони мамлакат ҷойгир шудаанд. Бо вуҷуди ин корхонаҳои он талаботи зиёди аҳолиро бо маҳсулоти худ пурра таъмин карда наметавонад. Минбаъд вусъат додани истеҳсоли маснуоти дӯзандагӣ дар ҷумҳурӣ то ба дараҷаи пурра қонеъ намудани талаботи аҳолии он хело муҳим мебошад. Ба ин дар мамлакат заминаҳои мусоид мавҷуданд. Пеш аз ҳама барои ба дигар ҷой кашонидан мувофиқ будани маснуоти дӯзандагӣ, дараҷаи сусти инкишофи ҳозираи он, эҳтиёҷмандии ин соҳа ба захираҳои меҳнатӣ ва камхароҷотии корхонаҳои сохташаванда ва ғайра минбаъд тараққӣ додани ин соҳаро дар Тоҷикистон тақозо менамояд. Ин соҳа дар мамлакат қариб 90 корхонаро дар бар гирифта, вобаста ба талаботи аҳолӣ нисбатан баробар ҷойгир шудаанд. Яке аз корхонаҳои калони ин соҳа бо номи «Зинат» — дар Душанбе соли 1992 таъсис ёфт ва соли 1995 ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода шуд. Ин корхона ба дӯхтани намудҳои гуногуни сару либос ва намудҳои либоси миллӣ махсус гардонида шудааст. Ривоҷ ёфтани корхонаҳои дӯзандагӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо яке аз омилҳои асосии ба кор ҷалб намудани занони хонашин ва паст кардани шиддати бозори меҳнат дар деҳот мегардад.

Саноати чарму пойафзол дар таркиби саноати сабуки мамлакат ҳиссаи чандон калоне надорад. Дар ин соҳаи мазкур бештар аз 10 корхона амал мекунад. Ба ҳиссаи саноати чарму пойафзол 3,2 фоизи ҳаҷми маҳсулот, 4,3 фоизи фондҳои истеҳсолӣ ва 5,3 фоизи коргарони соҳаи саноати сабук рост меояд. Соли 1991 дар мамлакат 8567 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол мешуд ва ҳоло бошад, ҳамагӣ 41,1 ҳазор ҷуфт бароварда мешаваду халос. Ин ҳолат андешидани чораҳои ҷиддиро дар ин бобат талаб мекунад.

Корхонаҳои асосии чарм ва пойафзол дар Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонпеппа ҷойгир шудаанд. Вале ин корхонаҳо бо иқтидори нопурра кор мекунанд. Корхонаҳои чарму пойафзол ба ду гурӯҳ: оиди истеҳсоли чарм ва истеҳсоли пойафзол ҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳ дар навбати худ алоқаи зичи  истеҳсолӣ доранд. Корхонаҳои саноати чарму пойафзол бештар ба ноҳияҳои ба маҳсулоти он серталаб яъне марказҳои сераҳолӣ ҷойгир карда мешаванд.

Саноати чинибарорӣ ва кулолгарӣ. Саноати чинибарорӣ дар Тоҷикистон соҳаи нав ба ҳисоб меравад. Солҳои 80-уми асри гузашта дар шаҳри Турсунзода фабрикаи чинибарорӣ ба кор андохта шуд. Корхонаи мазкур ба ҷамъияти саҳҳомии «Фарфор» табдил ёфта, намудҳои асосии маҳсулоти онро зарфҳои чинӣ (пиёла, чойник, табоқ) ва ҳаргуна маснуоти хоҷагӣ ва ҳамчун тӯҳфа ташкил медиҳанд. Иқтидори солонаи корхона ба 25 намуди маҳсулот баробар аст. Дар баробари ашёи хоми маҳаллӣ боз як қисми он аз Эрон ва Ӯзбекистон оварда мешавад. Дар корхона техника ва таҷҳизоти Россия, Чехия ва Германия истифода мешавад.

Дар як қатор шаҳрҳои мамлакат корхонаҳои кулолгарӣ ва ҳунарҳои бадеӣ равнақ ёфтаанд ва ба маҳсулоти онҳо талабот хело зиёд аст.

Шарҳ баста аст.