ҚИССАИ «МАРГИ СУДХӮР» -И САДРИДДИН АЙНӢ

0
74

Нақша:

  1. Мазмуни асар;
  2. Образи Қоришкамба;
  3. Хулоса.

Судхӯр аз пули худ нон шиканад гар ба масал,

Загрузка...

Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.

«Марги Судхӯр» яке аз асарҳои пурмӯҳтаво ва ҷолиби устод Айнӣ буда, соли 1939 эҷод шудааст. Ба ин нависандаи маъруф мушоҳида ва кунҷковӣ имкон додаст, ки симои ашхоси хасису пулпарастро дар мисоли Қоришкамба бо тамоми ҷӯзъёташ ошкор намояд, то ояндагон аз он сабақ бигиранд. Қиссаи «Марги Судхӯр» қуллаи баландтарини фаъолияти ҳаҷвнигории Айнист. Мазмуни қисса чунин аст:

Талабаи мадрасаро, ки ҳуҷраи иҷоравӣ меҷуст, рафиқаш маслиҳат медиҳад, ки Қоришкамбаро пайдо кунад, зеро ӯ дорои ду-се ҳуҷраи зархарид будааст. Таваҷҷӯҳи талабаро номи «Қоришкамба» ба худ мекашад ва ба ҷустуҷӯи соҳиби ин лақаб мебарояд. Дар ҳақиқат, симои бадҳайбати ӯ ба лақаби Қоришкамба мувофиқ буд, аз ин хотир, мардум ӯро на бо номи аслияш Қори Исмат, балки бо лақабаш беҳтар мешинохтанд.

Ӯ аслан як одами миёнқади фарбеҳи шикамкалони гарданкӯтоҳ буда, ғафсии гардан ва пуррагии сару рӯяш ҳам аз ғафсии шикамаш фарқ надошт. Агар риши калони ғӯлии монанди алафи гандадарав ба ҳам печидаашро, ки тамоми рӯяшро фаро гирифта буд, тарошида мепартофтанд, сару тани ӯ ба шикамбаи холикарданашудаи шутур монандӣ пайдо мекард.

Мушоҳидаи талабаи мадраса давом меёбад. Ба андешаи ӯ чашми тези Қоришкамба қодир аст, тамоми маводи ғизоии дохили дӯконро бубинад. Ба кадом дӯконе, ки гузори ӯ афтад хам шуда, аз табақ ё дастархон чизе гирифта ба даҳон мепартояд.

Мумсикии ӯ ба дараҷае буд, ки дар ҳавлиаш дар як шабонарӯз танҳо як донаи гӯгирд истифода мешуду халос. Бо ҳар роҳ маблағи зиёде захира намуд. Маблағи умумии дар бонкҳо доштааш аз 2 миллион зиёдтар будааст. Пулпарастии ӯ рӯз то рӯз боз ҳам бештар мегардад.

Рӯзе аснои намози пешин касе хабар меорад, ки болшевикон ҳамаи пулҳои бонки Бухороро мусодира карданд. Қоришкамба ин хабарро фаҳмида бо нидои «Оҳ, пулакам!» аз олам чашм мепӯшад.

Дар ин қисса Арбобрӯзӣ, Арбобҳамид, Мирзохӯҷа барин образҳои дигари манфӣ низ ба назар мерасад.

Онҳо низ дар судхӯрию фиребгарӣ назир надоранд. Образҳои мусбати қисса талабагони мадраса, тарҷумон, Мӯҳсин, Ҳамроҳрафиқ, Шодмон, Тӯрамурод мебошанд.

Хулоса, қиссаи мазкури устод Айнӣ бо мазмуни фароху ҷолиб ва нишондоди аниқи рӯзгори талхи мардуми мазлум ва судхӯрию фиреби риёкорон аҳамияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки дар адабиётшиносӣ образи Қоришкамба ба сафи беҳтарин образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ, мисли Шейлоки Шекспир, Тобсеки Балзак, Плюшкини Гогол, Ҳоҷиоғои Содиқ ҳидоят гузошта шудааст.


Калидвожаҳо: КИССАИ «МАРГИ СУДХУР» -И САДРИДДИН АЙНИ, иншо, Марги судхур, адабиёти точик, адабиёт.