ҚИСМҲОИ ИЛОВАГИИ КОМПЮТЕР

Дар компютерҳои фардӣ ба ғайр аз таҷҳизоти комплекти асосӣ боз имконияти пайваст кардани таҷҳизоти иловагӣ низ вуҷуд дорад.

Модем ва факс-модем. Барои тавассути компютер аз шабакаи саросарии Интернет (Internet) ё маҳаллии корхона истифода бурдан, бо почтаи электронӣ кор кардан, равон ё қабул намудани факс ва ғайра зарур аст, ки он бо модем ё факс-модем муҷаҳҳаз бошад. Модем (modem) – таҷҳизотест, ки ба воситаи шабакаи телефонӣ иттилоотро аз як компютер ба компютери дигар интиқол медиҳад. Факс-модем – таҷҳизотест, ки якбора имкониятҳои ҳам модем ва ҳам дастгоҳҳои факсиро дар худ дорад ва барои бо дигар таҷҳизоти ҳамҷинси худ ё дастгоҳҳои муқаррарии телефаксӣ барпо намудани мубодилаи тасвирҳои факсималӣ хизмат мерасонад. Қисми зиёди модемҳои нав дорои хусусиятҳои факс-модеманд. Баъзе модемҳо дорои имкониятҳои садоӣ буда, метавонанд ба сифати ҷавобдиҳаки худкор хизмат расонанд. Модемҳо дар ду намуд – дохилӣ (платаи электронии ба шинаи ISA пайвастшуда) ва берунӣ (ҳамчун таҷҳизоти алоҳида) истеҳсол карда мешаванд.

Маълумот оиди USB, Bluetooth ва Wi-Fi инҷо  мутолиа намоед

Маълумот оиди Флэшкорт ва Дискҳо инҷо мутолиа намоед

Платаҳои аналогӣ-рақамӣ ва рақамӣ-аналогӣ. Дар бисёр соҳаҳо – техника, тиб, биология ва ғайра баъзан лозим меояд, ки сигнали датчикҳо ба компютер дохил карда шуда, дар асоси онҳо раванд идора карда шавад. Масалан, дар табобатгоҳ ба бемори дарди дил датчике гузоштан мумкин аст, ки тавассути он кардиограммаи бемор мунтазам ба компютер ворид гардад. Дар мавриди хурӯҷи касалӣ компютер ба таври худкор метавонад табибонро огоҳ созад. Ва ё агар дар гармхона ба компютер датчикҳои ҳарорати ҳаво, намӣ ва таркиби гази ҳаво ченкунандаро пайваст кунанд, он гоҳ дар асоси маълумоти аз онҳо дастрасшаванда дар гармхона микроиқлими беҳтаринро таъмин кардан мумкин аст.

Барои амалӣ гаштани ин мақсад платаи махсус хизмат мерасонад, ки он сигналҳои аналогии аз датчик дастрасшударо ба сигналҳои рақамии компютерӣ табдил медиҳад. Чунин платаро табдилдиҳандаи аналогӣ-рақамӣ мегӯянд. Барои идора кардани афзорҳои беруна бошад аз платаи рақамӣ-аналогӣ истифода мебаранд, ки вай баръакс иттилооти рақамиро ба сигналҳои аналогӣ табдил медиҳад. Дар компютерҳои имрӯза функсияҳои ҳар ду платаро як платаи умумӣ иҷро менамояд.

Дастгоҳҳои коркарди графикҳо. Вақтҳои охир як қатор таҷҳизоти нави коркарди графикҳои компютерӣ ихтироъ шудаанд, ки бо ёрии онҳо ба компютер дохил намудани маълумотҳои графикӣ тамоман осон гардидааст. Муҳимтарини ин навъ сахтафзорҳо сканер, фотокамераи рақамӣ, плоттер, дигитайзер ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Сканер (scanner) – таҷҳизотест, ки ба таври худкор иттилооти матниву графикиро аз коғаз ба компютер дохил менамояд. Вай саҳифаҳои матниро низ ҳамчун расм аксбардорӣ мекунад. Компютер бо ёрии системаи барномаҳои махсус аломатҳои матн ва ҷузъҳои расму графикҳои тавассути сканер дохилшударо мешиносад ва кор карда мебарояд. Сканерҳои ҳозиразамон ҳатто матнҳои дастнависро низ ба компютер дохил карда метавонанд.

Сканерҳо ҳам ба мисли дигар таҷҳизотҳо дар намудҳои мухталиф офарида мешаванд: дастӣ, рӯимизӣ, планшетӣ, барабанӣ, ранга, сиёҳу сафед ва ғайра. Аксбардорӣ дар сканер ба таври худкор бо ёрии нури рӯшноӣ амалӣ гардонида мешавад. Манбаи нур аз як тарафи тасвир ба тарафи дигари он мутассил ба ҳаракат дароварда шуда иттилоот аксбардорӣ карда мешавад.

Сканерҳо татбиқи васеи худро дар соҳаи нашриёт, системаҳои балоиҳагирӣ, мултипликатсия ва ғайра ёфтаанд. Аз онҳо дар тайёр намудани маводҳои аёнӣ, ки барои намоишномаҳои ифтитоҳӣ, хондани маърӯзаҳо, баромадҳои таблиғотӣ, реклама ва ғайра заруранд, истифода мебаранд.

Хусусиятҳои фарқкунандаи сканерҳо инҳоянд:

  • дараҷаи шинохти (дарёфти) ранг – сиёҳу сафед, хокистарӣ, ранга;
  • дақиқии аксбардорӣ – 200, 300, 600, 1200 нуқта/дюйм;
  • таъминоти барномавӣ – шинохти матн, дастхат, ҷузъи тасвир;
  • навъи сохт – дастӣ, рӯимизӣ, планшетӣ.

Фотокамераи рақамӣ аз дастгоҳи аккосии муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки тасвир на дар фотонавор (усули кимиёвӣ), балки дар микросхемаи хотираи он (усули рақамӣ) ба қайд гирифта мешавад. Тасвир пеш аз он ки ба хотираи фотокамера фиристода шавад, аввал дар матритсаи ДАЗ (дастгоҳи алоқаи заряднок – ПЗС/прибор с зарядовой связью) сабт карда мешавад.

Матритсаи ДАЗ аз маҷмӯи катакҳо (пикселҳо) иборат аст. Рӯшноие, ки ба ДАЗ меафтад дар он заряди барқиро ба вуҷуд меорад. Бузургии заряд аз шиддати рӯшноӣ вобаста аст. Тасвир ба пикселҳои матритса тақсим карда мешавад. Барои ҳосил кардани тасвири ранга, пеш аз матритса полоишгарони рангӣ гузошта мешаванд. Ҳар як полоишгар дар яке аз қисматҳои сурх, сабз ё кабуди спектри нурӣ рангеро ба қайд мегирад. Дар заминаи ин се ранги пойгоҳӣ протсессор тасвирро ба пуррагӣ ҳосил менамояд.

Нишондиҳандаи асосии фотокамераҳои рақамӣ – миқдори пикселҳои матритсаи ДАЗ мебошад. Барои фотокамерае, ки дар расми болоӣ оварда шудааст, ин нишондод ба 2,1млн пиксел баробар аст. Нишондоди рангфиристӣ барои тасвирҳои хокистарӣ 8 бит ва ранга аз 10 бит боло мебошад.

Парвандаҳои тасвирҳо дар формати зичкардашудаи JPEG нигоҳ дошта мешаванд. Зичкунӣ метавонад андозаи парвандаро аз даҳ то сад маротиба хурд намояд. Бояд дар назар дошт, ки дар раванди зичкунӣ сифати тасвир метавонад коҳиш ёбад.

Барои сабти тасвир дар фотокамера аз хотираи дохилии он ё аз барандагони иттилоотии навъи Compact Flash (Type I, Type II) card, Ultra Compact Flash card ва ғайра истифода мебаранд. Гарчанде ҷисман ҳаҷми ин барандагон хеле хурд ва истеъмоли энергияашон бисёр кам бошад ҳам, вале ғунҷоиши онҳо хеле калон (то якчанд гигабайт) шуда метавонад.

Плоттер – таҷҳизоти графиксоз буда, барои дар коғаз ва лӯлаҳои полиэтиленӣ тасвир намудани расм, навиштаҷот ва графику нақшаҳои компютерӣ хизмат мерасонад. Плоттерро (Plotter) бештар дар системаҳои худкори лоиҳакашӣ (СХЛ) истифода мебаранд. Вақтҳои охир вай дар муассисаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба яке аз сахтафзорҳои асосӣ табдил ёфтааст. Осори фаъолияти ин муассисаҳо ородиҳандаи тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекламавии ташкилоту корхонаҳо ва созмону ширкатҳо гаштаанд. Плоттер дар ду намуд – барабанӣ (бо коғаз ё маводи полиэтилении лӯлапеч) ва планшетӣ (бо варақи ватман) истеҳсол карда мешавад. Плоттерҳои аввалин бо қалам ва ранг кор мекарданд. Ҳоло онҳо ба мисли чопгарҳо дар шаклҳои рангпошанда ва лазерӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дигитайзер низ таҷҳизоти графиксоз аст, вале вай барои ба компютер дохил намудани тасвири эҷодшудаистода хизмат мерасонад. Дигитайзерро планшети графикӣ низ мегӯянд. Ин сахтафзор ҳам ба мисли плоттер бештар дар СХЛ мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз он рассомон низ ҳангоми кашидани расму манзараҳои табиат (пейзажҳо) васеъ истифода мебаранд. Яке аз хусусиятҳои дигитайзер дар он аст, ки ҳангоми бо ёрии он кашидани расм координатҳои нуқтаи ҷорӣ ба таври худкор ба компютер дохил мегарданд.


Калидвожаҳо: КИСМХОИ ИЛОВАГИИ КОМПЮТЕР.

Шарҳ баста аст.