Интизорӣ (Порча аз достони «Чароғи абадӣ»)

0
71

Назми мазкур порчае аз достони «Чароғи абадӣ»-и Мирзо Турсунзода аст.


Шабе, ки то саҳар бедор будам,
Мушавваш, тангдил, ночор будам.
Нахуфтам, доштам умедворӣ,
Диламро мефишорид интизорӣ.
Гирифта дуди тамоку гулӯям,
Хамида муи cap то чашму рӯям.
Задам гугирд, кардам боз хомӯш,
Папирос даргирондан рафт аз ҳуш,
Қадду бар хонаро гаштам, нишастам,
Гирифтам хома бо ларзанда дастам.
Дилам мехост, ки шеъре нависам,
Намоям шархи достонам, ҳадисам.
Агарчӣ хона ором аст дар шаб,
Ба шоир ҷои илҳом аст дар шаб.
Нишастам, лек чизе ҳам нагуфтам,
Ҳама хуфтанд, танҳо ман нахуфтам.
Чаро, ки доштам умедворӣ,
Ба суи раҳ чашми интизорӣ.
Чӣ хомуш аст манзил дар дили шаб,
Шуда гуё, ки гунгу кар дили шаб.
Намеомад на овози хурусе,
На ширин хандаи ошиқ арусе.
На болу пар кушоданҳои мурғон,
На бо ҳам хурдани шохи дарахтон.
Фақат аз бот меомад насиме,
Насими атрбу, дилкаш, ҳалиме.
Шунидам ман фақат дарро кушода,
Нафасгирии аҳли хонавода.
Ба саҳни бoғ частам чун шарора,
Нигоҳ кардам ба нурафшон ситора.
Ҳавоӣ шаб хузури руҳу чон буд,
Замин сабзу мусаффо осмон буд.
Маҳи апрел, дар иди баҳорӣ,
Ба гул луълуи тар бахшид, оре.
Гули гелос дар ҷанги ҳаво буд,
Барои ҳамл олу ғунчаво буд.
Бунафша дар лаби ҷӯ ноз мекард,
Гули садбарг чашмаш боз мекард.
Чакидан дошт чак-чак шираи ток,
Тапидан дошт аз гармӣ дили хок.
Дарахтон дар умеди бор буданд,
Ҳама дар ними шаб пуркор буданд.
Ҳама монанди ман бо интизорӣ,
Ғанӣ буданд аз боди баҳорӣ.
Шуморо, бороранда дарахтон,
Шудам чун гавҳари чашмам нигоҳбон.
Шинондам, об додам, парваридам,
Нахустин меваҳотонро чашидам.
Шумо, аз нав ҳавои бор доред,
Ба оянда самарбахш интизоред.
Дар ин ҳангом монанди шумоям,
Чунин асту чунин дардам, давоям.
Ба чашмонам шуданд ин дам намоён,
Таваллудхонаву дунёи тифлон.

Загрузка...

Интизори (Порча аз достони «Чароги абади»), Достони чароги абадии Мирзо Турсунзода на таджикском, Чароги абади.