ИНТИХОБОТ ВА СИСТЕМАҲОИ ИНТИХОБОТӢ

Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад.

Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо иродаи халқ аз дасти як гурӯҳ ба дасти гурӯҳи дигар мегузарад. Бинобар ин, интихобот воситаи иваз гардидани элитаи ҳукмрон ба шумор меравад. Самаранокии интихобот ва аз тарафи ҷомеа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. Интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа бавуҷудомадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин намуда тавонад.


Калидвожаҳо: сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси,  реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, ИНТИХОБОТ ВА СИСТЕМАХОИ ИНТИХОБОТИ.

Шарҳ баста аст.