марду зан, баробарии марду зан,

ИНСОН ҲАМЧУН МАВҶУДИ ФАЪОЛИЯТИВУ ЭҶОДКОР

Фаъолият тарзи универсалӣ ва гуногунҷабҳаи ҳастии инсон, мутобиқшавии он ба олами беруна ва истифодабарии охирӣ барои вуҷуд доштану зиндагонии он аст. Бе фаъолияту фаъолиятнокӣ ҳастии инсонро тасаввур кардан мумкин нест. Фаъолияту фаъолиятнокӣ зуҳуроти моҳиятии инсон ҳамчун субъекти зиндагии худ ва дигаргунсозии олам аст, ки дар он зиндагӣ мекунад ва дар ҳампайвастагии доимӣ бо он вуҷуд дорад. «Фаъолият» — категорияи фалсафаи иҷтимоӣ буда, тарзҳои мавҷудият, фаъолиятнокӣ, бунёдкорӣ ва эҷодии инсонро доир ба дигаргунсозии табиат ва ҷамъият ифода мекунад. Фаъолият ҳамчун шарти асосӣ ва тарзи инкишофи ҷамъияти инсонӣ дар шаклҳои бешумору гуногун амалан гузаронида мешавад. Вобаста аз майлу рағбат, хоҳишу талаботи субъекти он, яъне инсон, ҳар як фаъолият мақсаду маъно, воситаи протсесси воқеиятёбӣ ва натиҷаи худро дорад. Мақсади фаъолият амали фикриест, ки ба гирифтан ё ба даст овардани ин ё он натиҷа нигаронида шудааст. Мақсад натиҷаи ниҳоии фаъолияти инсон аст, ки тасаввуроти идеалии пешакӣ дар бораи ба даст овардани он, интихоби воситаҳо, системаи амалҳои махсусро дар назар дорад. Мақсад — ин нияту орзуҳо, нақшаҳои ҳаётии инсон аст, ки мутобиқ ба имкониятҳои объективӣ ва субъективӣ воқеӣ гардонда мешаванд. Интихоби мақсад ҳамеша амали эҷодиест, ки дар он инсон озодии бунёдкориҳои худро воқеӣ мегардонад. Мақсад дар шакли идеалии ягонагии объект ва натиҷаи фаъолияти инсонӣ ба миён меояд. Инсон барои ба даст овардани мақсади дар пеши худ гузоштааш иродаи худро тобеи мақсади худ мегардонад. Зарурати мақсадҳои инсонро манфиатҳо ва талаботҳои он муайян мекунанд. Фақат ҳамон мақсад маънӣ дорад, ки ба воқеияти ҳақиқии зиндагӣ ва воқеияти олами объективӣ хилоф нест. Ҳаргуна мақсад ба туфайли воситаҳое ба даст оварда мешавад, ки ба мақсадгузории инсон мувофиқат дорад. Ба сифати объекту предмети фаъолият ҳамаи протсессҳо, ашёву предметҳо ва муносибатҳое хизмат мекунанд, ки ба протсесси фаъолият ҷалб карда шудаанд. Натиҷаи фаъолиятро ҳамаи ончие ташкил мекунад, ки истеҳсолу бунёд карда шудаанд ва бо тарзу шаклҳои гуногун истифодаю истеъмол карда мешаванд, яъне талаботҳои ҳам ҷамъият ва ҳам одамонро қонеъ мегардонанд.

Фаъолият протсесси зарурӣ ва мудом амалишавандаест, ки дар натиҷаи он одамон пешрафту инкишофи ҳам худ ва ҳам ҷамъиятро таъмин месозанд. Фаъолият он асосест, ки дар он ва ба туфайли он ташаккулу инкишофи шахс воқеӣ гардида, аз ҷониби ӯ функсия ва корҳои гуногун дар ҷамъият иҷро карда мешавад. Фақат дар фаъолияти бунёдкорона фарди инсонӣ худро ҳамчун типи муайяни шахс ташаккул ва нишон медиҳад. Доираи объекту предметҳоеро, ки он бунёд мекунад, васеъ ва предметӣ гардонда, системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муоширати худро бо дигарон ғанӣ мегардонад. Бо вуҷуди бисёршаклии фаъолият ва тарзҳои воқеият ёфтани он, фаъолият асосу принсипи ягонаи бунёди тамаддуну маданият аст. Вай системаи ягонаест, ки ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ворид буда, асоси бунёди онҳоро ташкил медиҳад. Бе фаъолият муносибатҳои ҷамъиятӣ ва бе муносибатҳои ҷамъиятӣ фаъолият вуҷуд надоранд. Ҳатто вақте, ки фарди алоҳида ба ин ё он кору фаъолият машғул аст, ҳамчун намояндаи ҷамъият ва мавҷуди ҷамъиятӣ кору фаъолият мекунад, субъекти дар ҷамъият ташакуллёфта аст, фаъолияташ аз фаъолияти дигарон вобаста аст, чунон ки фаъолияти дигарон аз фаъолияти ӯ вобаста аст.

Фаъолият ба фаъолияти моддӣ ва маънавӣ, аз рӯи зуҳуроташ бошад, ба фаъолияти ашёвӣ-предметӣ ва фикрӣ ҷудо мешавад. Фаъолияти фикрӣ – ин истеҳсоли мақсадноки идеяҳо, идеалҳо, тасаввурот ва мафҳумҳо мебошад. Ин навъи фаъолият воқеиятро маънидод мекунад, вай инчунин протсесси мақсадгузорӣ, ҷустуҷӯи ҷавобҳои муносиб ба мақсадгузориҳо мебошад.

Инсон мавҷуди эҷодӣ аст. Эҷод шакли олии зуҳуроти фаъолнокӣ ва фаъолияти инсон барои офаридани арзишҳои нави моддӣ ва маънавӣ, қобилияти бунёди воқеиятҳои нав, дар айни замон худсозии худи инсон аст. Эҷод — офаридани он чие аст, ки пеш аз ин дар ҳамин шакл вуҷуд надошт, яъне нав аст, тарзи ҳал намудани проблемаҳои ба миён омада, дар ташкили нав ва бо тарзу методҳои нав ҳал кардани проблемаҳо ва натиҷагириҳои нав мебошад. Эҷодкории ҳақиқӣ ҳама вақт инсони эҷодкорро аз ҳолати муққаррарӣ ё шахшудаи тафаккурии он боло мебардорад, чунки эҷод, эҷодкорӣ протсессест, ки дар он тамоми нерӯҳои психикӣ, тафаккурӣ ва ҷисмонии инсонро барои ноил шуданаш ба мақсадҳо, сафарбар мекунад. Шахси эҷодӣ ва эҷодкор ҳама вақт дар ҳолати номувозинатӣ бо фаъолияти муқаррарии худ аст, онро ҳадди охирини зиндагиву кори худ ҳисоб намекунад. Ҳамеша дар ҷустуҷӯи ғояву назарияҳои нав дар тараддуди дарёфт намудани тарзҳои нави зиндагиву фаъолияти касбии худ аст. Эҷодкорӣ протсесси яктарафае нест, ки фақат аз субъект бармеомада бошад, вай ҳам аз эҷодкор ва ҳам аз он чие ки эҷод мешавад, вобастагӣ дорад. Ба замми он, эҷоду эҷодкорӣ сабабҳои иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангӣ дорад.

Дар протсесси эҷодӣ интуитсия (ҳадс) мақоми муҳим дорад. Интуитсия аз калимаи лотинии «intyito» гирифта шуда, маънои бодиққат нигоҳ кардан, чашм дӯхтанро дорад. Онро қобилияти бевосита «ҳоло ва ин ҷо» маърифат кардани ҳақиқат ҳам меноманд. Интуитсия инчунин маънои бемулоҳизаронии пешакӣ ногаҳон пайдо шудани фикрро дорад. Аз ин рӯ, онро баъзан «фикри мӯъҷизавӣ» ва «сеҳрнок» маънидод мекунанд. Дар асл бошад, интуитсия яке аз зуҳуротҳои қобилияти тафаккурии инсон аст, ки табиати он то ҳоло пурра тадқиқ нашудааст. Онро инъикоси пешакӣ низ мегӯянд. Ногаҳон, яку якбора зуҳур кардани фикр бо илҳому қаноатмандӣ ва эҳсосоти инсон зич алоқаманд аст. Тасаввуроту донишҳои ногаҳон пайдошударо баъзан зуҳуроти кадом як «асрору мӯъҷиза»-и тафаккури инсон ҳисоб мекунанд. Барои «асрорнок» буданашон донишҳои интуитивиро ҳамчун донишҳои фавқулодда, бесабаб ва ирфонӣ (мистикӣ) маънидод мекунанд. Бояд таъкид кунем, ки моҳияти гап дар ин нест. Гап дар он аст, ки ҳамаи хосияту сифатҳои ақлонӣ-тафаккурии инсон ҳоло пурра омӯхта нашудаанд, интуитсия умқи то андозае тадқиқнашудаи онҳо аст.

Интуитсияро «эҳсоси ақл», «ҳиссиёти фикркунанда», «таркиши нерӯи ақл» ҳам мегӯянд. Интуитсия дар ду шакл зоҳир мешавад: интуитсияи ақлӣ (Декарт) ва интуитсияи ҳиссӣ (Фейербах). Р.Декарт интуитсияро зуҳуроти худ аз худи нури табии ақл ва Л.Фейербах зуҳури муштаракшуда ё муттамарказонидашудаи ҳиссиёт муайян карда буданд.

Ақидаи дигаре вуҷуд дорад, ки мувофиқи он интуитсия ҳолати пайвастшавӣ ва зуҳуроти амали якҷояи креативии (созандагии) ақл ва ҳиссиёт буда, худи ақл ва ҳиссиёт ба туфайли якдигар вуҷуд доранд — ақл ба воситаи ҳиссиёт ва ҳиссиёт — ба воситаи ақл. Дар фалсафаи аврупоӣ равияе вуҷуд дорад, ки бо номи интуитивизм маълум аст. Яке аз намояндагони номиаш файласуфи франсузӣ Анри Бергсон мебошад, ки ҳар кадом масъалаи маърифатӣ аз назари ӯ фақат ҳамчун зиддияти ақл ва интуитсия муайян карда мешавад. Ба сифати шакли идеалии маърифати фалсафӣ Бергсон интуитсияро, новобаста ба он ки вай ба манфиатҳои инсон ягон робитае дорад ё надорад, пешниҳод мекунад. Фақат мушоҳидаи аз амалия новобаста, мегӯяд Бергсон, ба инсон маърифати айниятноки оламро медиҳад. Ақл ва илм дар шаклҳои муайян метавонанд инкишоф ёбанд, вале маърифати интуитивӣ-мушоҳидавиро дарёфт карда наметавонанд, чунки ақлу зеҳн ва илмҳое, ки бо онҳо асос ёфтаанд, аз амалия ва манфиату функсияҳои он вобастаанд. Функсияҳои асосии ақлу зеҳн, инчунин идрок, тасаввурот, образҳо, мафҳумҳо аз амалия пайдо шуданд ва нисбат ба маърифат беғараз нестанд. Ба ақидаи Бергсон, мушоҳида, назария ва амалия категорияҳои тазод ва якдигарро истиснокунанда мебошанд. Ақидаи мазкури ӯ ғалат аст. Амалия дар айни замон амалияи субъективӣ ва предметии одамон аст. Ҳарчанд, ки илм дар амалия пайдо мешавад ва меъёри ҳаққонияти худро дар амалия дорад, вале ба кадом андозае, ки илм воқеиятро меомӯзад, ба ҳамон андоза инъикоси воқеият аст. Пайдоиши амалии илм ва инкишофи бо амалия пайвастан, дар хизмати амалия будани он ҳеҷ вақ хилофи назария нест. Баръакс, илм ҳамон вақт метавонад вусъату инкишоф ёбад, агар вазифаҳои дар назди он гузоштаи амалияро дар назария ва тадқиқотҳои илмӣ исбот созад, объекту протсессҳои олам ва ҷамъият, қонунҳои объективии онҳоро ошкору собит карда, ба хизмати амалия пешниҳод кунад.

Мувофиқи ибрози Бергсон, ҳамаи файласуфони пешина – материалистон ва идеалистон, таҷрибагароён (эмпирикҳо) ва ақлгароён (ратсионалистҳо), бе назардошти зиддияти байни онҳо, ба як хатогӣ роҳ доданд: онҳо  фикр мекарданд, ки гӯё аҳамияти ақлу зеҳни инсон ва таъиноту вазифаҳои илм аз инъикоси воқеияти объективӣ, манфиатҳои инсон иборат аст. Вале ба ақидаи худи Бергсон, ақлу зеҳн на барои назария вуҷуд доранд, онҳо фақат ба туфайли амалия ва барои амалия пайдо шуданд. Ақлу зеҳн ва ҳамаи шаклҳои маърифату дониш бо моҳияти худ амалианд. Ақл бо пайдоишу шаклҳои зуҳуроти худ амалӣ аст. Ақли инсон, — мегӯяд Бергсон, — он ақле нест, ки Афлотун гуфта буд (инҷо Бергсон «эйдос — ақли осмонӣ — илоҳӣ»-и Афлотунро дар назар дорад). Аз ин лиҳоз Бергсон мегӯяд, ки дониши илмӣ наметавонад инъикоси айниятноки воқеият бошад. Объекти илм на худи воқеият, балки муносибати амалии мо ба он аст. Бо бунёду асосҳои худ ақл қобилияти ташкилу тайёр кардани амалҳои мо аст. «Меҳнати муқаррарӣ меҳнати беғараз нест. Мо донишро на барои дониш, балки барои ҳал намудани ягон кору қарордод, кадом як манфиати худ ҳосил мекунем» — қайд мекунад Бергсон. Ҳар як мафҳуми илм масъалаи амалиест, ки воқеият ба пеши мо мегузорад ва ба тарзи «ҳа» ё «не» ҳал карда мешавад. Азбаски маърифати илмӣ ба амалия хизмат мекунад, мегӯяд Баргсон, он яктарафа аст, дар ашёву предметҳо ва протсессҳо ҳамон паҳлӯву тарафҳои онҳоро мебинад, меҷӯяд, ки барои амалия манфиат дорад. Ақл мушоҳида мекунад, он чие ки барои ӯ зарур аст, ҳамонро интихоб мекунад, ҳама дигар чизҳоро сарфи назар мекунад, ҳарчанд, ки онҳо бисёр муҳиманд.

«Бадани мо, — мегӯяд Баргсон, — олами амал кардан ва фақат амал кардан аст. Ба ягон маъно, ба ягон андоза ва ягон ҷиҳат барои пайдо кардану воқеӣ гардонидани тасаввурот хизмат намекунад». Аз ин сабаб, Баргсон ҳамаи назарияҳои материалистиву идеалистии идрокро рад мекунад. Ба фаҳмиши ӯ, ин назарияҳо идрокро дар шакли сурати ашёҳо маънидод мекунанд. Материяи майнаи сари инсон «барандаи амалия аст, на субстрати маърифат». Ягон асосе вуҷуд надорад, ки ба он такя карда, ба материяи майнаи сар қобилияти ба вуҷуд овардани тасаввуротро нисбат диҳем.

Функсияи майнаи сар ҳамон вақт зоҳир мешавад, ки агар ягон амале нисбати ягон объекте содир карда шавад. Материя берун аз ақл вуҷуд дорад, вале пайдоиши томатериалӣ надорад. Барои ҳамин ҳам, ақл нисбат ба материя бетараф буда наметавонад. Дар протсесси эволютсия на берун ва на новобаста ба он ақл пайдо нашудааст, онро ақли берун аз материя пайдошуда ва вуҷуддошта ҳисобидан мумкин нест. Бергсон дар ин хусус ақидаи хосса дорад. Ҳақиқат дар он аст, ки мегӯяд вай, «ақл ва материя мунтазам ба ҳамдигар мутобиқ шуданд, то ки шаклу майлони умумӣ пайдо кунанд». Агар ба ин гуфтаи Бергсон бовар кунем, яъне қабул намоем, ки материя ба ақл мутобиқ шуда бошад, пас маърифати ақлӣ ба воқеияти олам айниятнок будааст. Дар ин маврид Баргсон кӯшиш мекунад, ки мавқеи фалсафии худро аз агноститсизм раҳо диҳад. Аз ин ҷост, ки ӯ ҳам агноститсизми Кант ва ҳам агноститсизми эволютсионии Спенсерро рад мекунад. «Фалсафаи эволютсионӣ» даъво мекунад, ки вай на воқеиятро дар назария эҳё мекунонад, балки фақат ба он тақлид мекунад ё образи рамзии онро медиҳад. Бергсон бошад, чунин фаҳмишро қатъиян рад мекунад. Мақсади ҳақиқии маърифат, — мегӯяд ӯ, — дар рӯгардонидан аз амалия, дар «мушоҳидаи соф» аст. Чунин маърифат дастраси ақл нест. Ноқисии ақл, беайниятии он ба воқеият аёнтар мешавад, махсусан ҳангоме, ки ақл ба маърифати ҳаракат, ташаккулёбӣ ва инкишоф рӯ меоварад. Ақл қобилияти ошкор кардани сабаби асосии ҳаракат ва суратгирии ашёҳоро надорад. Маърифати ақлӣ ба усули нишон додани ҳаракат дар кинематограф монанд аст. Ба ҷои бо ташаккулу воқеиятёбии ашёҳо якҷояву яксон шудан, мо берун аз онҳо мемонем ва суратгирии онҳоро ба таври сунъӣ такрор мекунем. Тафакур, идрок ва забон ҳам ҳамин хел кор мекунанд. «Усули кинематограф»-ро ба асос гирифта, Бергсон ақлро ҳамчун бефаҳмии табиии зиндагӣ муайян мекунад. Зиндагӣ бошад, ба мо тарҷумаи худро дар ифодакунии бефаъолиятӣ, беҳаракатӣ нишон медиҳад. Маърифати ақлӣ рамзӣ аст. Ақл нисбат ба ҳамаи он чие ки вуҷуд дорад, бефаъолиятӣ аст ва ба зиндагӣ низ ҳамин хел муносибат дорад. Ақл чи гуна бошад, илми ба он асосёфта низ ҳамон хел аст. Яъне, агар ба Бергсон бовар кунем, илм инъикоси қонуниятҳо ва протсессҳои объективии олам не, балки як чизе ҳам ба илм ва ҳам ба олам баробар будааст. Нисбӣ будани шаклҳои ақл ба нисби будани назарияҳои илмӣ, муфовиқ меояд. Маърифати илмӣ дар зинаҳои олияш низ назарияи ҳаққонӣ нест.

Ақл ҳастиро дар мафҳум инъикос мекунад,- мегӯяд ӯ,- вале ҳастиро аз нав бунёд намекунад. Танқиди ақл дар таълимоти Бергсон дар шакли антиинтеллектуализм ва муболиғаи интуитсия дода шуда, антиинтеллектуализм ба интуитивизм табдил меёбад. Шаклу методҳои ба даст овардани донишҳои ақлиро танқид карда, Бергсон қайд мекунад, ки шакли махсуси донишҳо вуҷуд дорад, ки он хеле аниқу мукаммал аст. Ин шакли дониш интуитсия аст. Вале мафҳуми «интуитсия» мазмуни мусбӣ надорад. Барои маърифати интуитивӣ на донистан, на талабҳои донишдоштан ва на ягон амале содир кардан зарур нест, балки ирода доштан зарур аст, ки шуурро ба муқобили ҳаргуна майлу рағбат ва нуқтаи назар, ки хоси ақланд, равона мекунад. Барои Бергсон интуитсия фақат воситаи танқид, баҳсу мунозира ва инкори ақл аст. Интуитсия фақат ба сифати идеал зарур аст. Дар фалсафаи Бергсон интуитсия маърифати бевосита ва худ аз худи моҳияти ашёҳо, маърифати зиндагӣ ҳамчун зиндагӣ аст, на образи механикӣ ва фазоии зиндагӣ, ки протсесси эҷодии зиндагиро таҳриф ва мурда месозад. Барои Бергсон таъиноти асосии интуитсия рӯ гардонидан аз шаклҳои мантиқии донишу маърифат ва мафҳумҳои онҳо аст. Меъёри интуитсия на амалиётҳо ва муносибатҳои амалӣ, балки мушоҳидаи холиси аз ин амалиёту муносибатҳо берунбуда аст. Ирратсионализми фалсафии ӯ аз чунин фаҳмиши инкишоф ба миён меояд, ки ӯ пешниҳод мекунад. Ин назария «эволютсияи эҷодӣ» ном дорад ва ба муқобили назарияи механикии инкишоф нигаронида шудааст.

Барои Бергсон эволютсия фақат ҳаёт аст. Системаҳои ҳақиқии зинда, ки ҳаётро ташкил медиҳанд, тазоди системаҳои механикии сунъианд. Онҳо, дар таъбири Бергсон, такрорнашавандаанд, ба сифати объекти маърифати ақлӣ буда наметавонанд, чунки маърифати ақлӣ фақат бо қонуниятҳои такрорнашаванда  сару кор дорад. Ҳаёт бо роҳи илмӣ маърифатнашаванда аст. Ҳаёт дар фалсафаи Бергсон протсессу падидаи биологӣ нест. ӯ ҳаётро дар муқоиса бо шуур ва интуитсия баррасӣ мекунад, таъиноти назарияи эволютсияи худро дар шарҳу маънидодкунии шуур ва ҳаёти рӯҳӣ мебинад. Баргсон ҳаётро ҳамчун зуҳури тому ягона муайян мекунад, ки дар он объект ва субъект, материя ва рӯҳ, ақл ва интуитсия ба ҳам яксонанд. Ҷудо кардани ин категорияҳо, мегӯяд ӯ, натиҷаи вайроншавии протсесси ягонаи ҳаёт аст. Худи ин протсесс то охир маърифатшаванда нест, вале ба ошкор сохтани он ҳамон вақт наздик шудан мумкин аст, ки агар инсон ба интуитсияи худ умед бандад. Интуитсия навобаста аз муносибати субъект ва объект вуҷуд дорад, худкифоя аст, ба воситаи он ҳаёт худашро мешиносад ва маърифат мекунад.

Ӯ ҳаётро бо шуур яксон месозад. Ба ақидаи ӯ, оғози зиндагӣ шуур аст, ё худ зиндагӣ аз шуур сар мешавад ва он шуури фавқӣ аст.

Фалсафаи иҷтимоӣ ва одамшиносии Бергсон дар заминаи ду шакли аз ҳамдигар фарқкунанда вуҷуд доштани «ман»-и инсон сохта шудааст. Дар таъбири ӯ, инсон бо «зиндагии беруна барои дигарон» зинда аст, на бо зиндагии худ. Мо, — мегӯяд ӯ, — фақат  метавонем бо роҳи «мулоҳизарониҳои амиқ»  «ман»-и ҳақиқии озоди ғайрииҷтимоии худро дошта бошем. Вақте ки зиндагии фардӣ ва зиндагии ҷамиятӣ ҳамон як чизанд, — мегӯяд Бергсон, — нафс (ҷон) ба доираи сарбаста табдил меёбад. Рӯҳи кӯшода фарди озод (озод аз ҷамъият), рӯҳи фавқулэмпирикӣ ва фавқулиҷтимоист, рӯҳи аслӣ ва таҷассуми бевоситаи «фишори зиндагӣ», яъне худ аз худ авҷгирии зиндагӣ аст. Ҷамъият иродаҳои фардиро бо як мақсад маҳдуд мегардонад. ӯҳдадориҳо ва муқаррароти ахлоқӣ дар ҷамъият иродаи инсонро тобеъи худ мегардонанд. Дин барои ҷамъият фармуду муҷозоти олӣ аст, мардумро ба боварӣ ва зиндагии ҷовидона ҳидоят мекунад.


 Калидвожаҳо: фаъолияти инсон,

ИНСОН ХАМЧУН МАВЧУДИ ФАЪОЛИЯТИВУ ЭЧОДКОР

Шарҳ баста аст.