Инкишоф ва моделҳои он

Дар олам типу намудҳои гуногуни тағйирёбӣ ҷой доранд. Дар сатҳи умумӣ онҳоро ба тағйиротҳои сифатӣ ва миқдорӣ ҷудо кардан мумкин аст. Чуноне, ки қайд гардид, тағйиротҳои миқдорӣ – ин пеш аз ҳама равандҳое, ки бо ҷойивазкунии ҷисмҳо, тағйирёбии энергияи онҳо ва ғ. вобаста мебошанд; тағйиротҳои сифатӣ бо тағйирёбии сохтори худи предмет вобастагӣ доранд. Чунин тақсимот, албатта, хусусияти нисбӣ дорад, чунки тағйиротҳои сифатӣ ва миқдорӣ алоқамандӣ доранд, сабаби ҳамдигар шуда метавонанд.
Дар байни тағйиротҳои сифатӣ, дар навбати худ, тағйиротҳои баргарданда ва барнагардандаро ҷудо кардан мумкин аст. Намунаи тағйироти баргарданда – тағйирёбии ҳолати агрегатии об: дар шароити мусоид аз ҳолати моеъгӣ ба ҳолати буғӣ мегузарад ва баръакс. Чунин тағйиротҳоро илмҳои мушаххас меомӯзанд. Барои фалсафа дар навбати аввал таҳлили тағйиротҳои сифатии барнагарданда, ки инкишоф номида мешаванд, муҳим аст.
Инкишофро (ҳамчун хосияти ҳастӣ) диалектика меомӯзад ва дар ҳамин асос онро аксаран таълимот дар бораи робитаи кулл ва инкишоф меноманд. Шарҳ додани ҳастӣ ҳамчун доимо инкишофёбанда, ки дар он ҳаракат (тағйирот умуман) чун шакли махсуси инкишоф баррасӣ карда мешавад, имрӯзҳо аз ҷониби аксарияти олимон ва файласуфони мавқеи таҳаввулотгароии глобалӣ дошта эътироф карда мешавад.
Ҳамчун атрибути ҳастӣ инкишоф якчанд нишонаҳои бунёдӣ дорад. Пеш аз ҳама ин – ҳамаро фарогирандагӣ, умумият: инкишоф дар ҳамаи зинаҳои ҳастӣ ҷой дорад, ҳарчанд, ки хусусияти гуногуни сифатӣ дорад. Инчунин ақидаи дигар низ ҷой дорад, ки мувофиқи он дар бораи ҳамаро фарогиранда будани ҳаракат гуфтан ҷоиз аст, на дар бораи инкишоф, чунки на ҳамаи предметҳо инкишоф меёбанд. Масалан, ин раванд дар табиати ғайриорганикӣ нест. Вале агар ба асос гирифта шавад, ки атрибути ҳатмии инкишоф тағйироти сифатӣ мебошад, пас эътирофи ҳамаро фарогиранда будани инкишоф боадолатона аст, зеро чунин тағйрот ба кулли зинаҳои ҳастӣ хос мебошад. Мавзӯи дигар ин аст, ки равандҳои инкишоф дар зинаҳои мухталифи ҳастӣ хусуиятҳои гуногун доранд ва бояд мустақил омӯхта шаванд.
Инкишоф инчунин хусусияти барнагардандагӣ дорад, ки он ҳамчун пайдоиши имкониятҳои сифатан нави пештар вуҷуднадошта тафсир карда мешавад.
Ба инкишоф, охиран, самтнокии тағйиротҳо хос аст. Инкишоф ҳамчун тағйироти самтнок давомати тағйиротҳои сифатиро дар сатҳи низом таъмин менамояд.
Гуфтан мумкин аст, ки инкишоф – ин тағйироти тартибнок ва қонунӣ, барнагарданда ва самтноки объект, ки бо пайдоиши тамоилҳои нави мавҷудияти низом, ивазшавии сифат алоқаманд аст. Мафҳуми инкишоф имкон медиҳад, ки сарчашмаи пайдоиши ин ё он зуҳурот, алоқаи генетикии он бо дигар зуҳурот маълум карда шавад, ояндаи ҳаёту фаъолияти инсон, инкишофи ҷамъият, равандҳои сиёсии умумиҷаҳонӣ ва ғ. пешгӯӣ карда шаванд.
Бо масъалаи самтнокии инкишоф фаҳмиши пешрафт (прогресс) алоқаманд мебошад. Пешрафт ва таназзул чист? Ин мафҳумҳо сатҳи мувофиқи мақсад будани тағйироти низомро ифода мекунанд. Он чизе, ки ба мақсад наздик мерасонад, дар худ пешрафтро таҷассум мекунад, ва баръакс, агар аз мақсад дур барад, пас хусусияти таназзулро дорад. Аз ин маълум мегардад, ки ин мафҳумҳо нисбӣ мебошанд. Онҳо вобаста аз мақсаде, ки низом, мувофиқи ақидаи ягон субъект, ба он бояд хизмат кунад, муайян карда мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки дар аксар ҳолатҳо ба тағйиротҳо ҳамчун ба пешрафт ва таназзул баҳогузорӣ кардан аз ҷаҳони арзишии муҳаққиқ низ вобастагӣ дорад. Аз ин сабаб ҷудо кардани меъёри пешрафт гуногун анҷом дода мешавад. Масалан, пешниҳод карда мешавад, ки меъёри пешрафт дар инкишофи табиати ғайризинда дараҷаи мураккабшавии сохтори низом, дар табиати зинда амалӣ шудани имкониятҳои функсионалии низом ва афзоиши муташаккилӣ дар низом қабул шавад. Вале чунин меъёрҳои пешрафт низ барои самаранок ҷудо кардани равандҳои тағйирот хеле абстрактӣ мебошанд.
Ҳангоми муайян кардани пешрафти ҷамъият боз аз он сабаб мушкилӣ пеш меояд, ки муҳаққиқон на танҳо ба соҳаи тадқиқот, инчунин ба моделҳои назариявӣ низ такя мекунанд. Масалан, аз мавқеи назарияи иҷтимоии марксистӣ, ки мақсадаш сохтани ҷамъияти коммунистӣ аст, тараққиёти тарзи истеҳсолот меъёри пешрафт ҳисобида мешавад. Вале дар ин меъёр масъалаи озодии шахс гӯё начандон мубраму назаррас инъикос меёбад. Дар назарияҳои дигар маҳз озодии шахс ба сифати меъёри пешрафти ҷамъият эътироф мегардад. Аммо озодии шахс дар доираи ҷамъият, аввалан, мутлақ нест, сониян, озодӣ дар шакли «ҳама чиз ҷоиз» ба бехатарии шахс таҳдид мекунад. Андозаи озодӣ аз қабили масъалаҳои мураккаб буда, барои ҳамаи давлату халқҳо ҳалли ягона надорад. Новобаста аз ин, боварӣ ба пешрафт барои ҳаёти одамон хусусияти мақсадпешагӣ ва хушбинона зам менамояд. Бинобар ин, инкори абстрактии пешрафт, дасткашӣ аз дарёфти меъёри умумии он арзиши назариётҳои фалсафиро дар зери шубҳа мегузорад.
Дар байни назарияҳои инкишоф, ки ғояи пешрафтро қабул кардаанд, пеш аз ҳама модели таҳаввулотгароиро ҷудо кардан мумкин аст. Ин моделро баъзан градуалистӣ (аз лот., gradus – қадам, зина, дараҷа) низ меноманд. Онро Герберт Спенсер (1820-1903) пешбарӣ кардааст ва то имрӯз дар байни биологҳо хеле маъмул боқӣ мемонад. Дар доираи он ақида дар бораи таҳаввулёбии тадриҷии табиат аз содда ба мураккаб асоснок карда мешавад. Иброз мегардад, ки кулли низомҳо (ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоӣ) бо роҳи тафриқашавӣ (яъне бо пайдо шудани унсурҳои нав) ва муттаҳидшавии баъдии унсурҳо дар доираи томияти нав таҳаввул меёбанд, бо муҳит мувозинат пайдо мекунанд, ба он мутобиқ мешаванд.
Модели дигари инкишофи пешрафтӣ эмерҷентитизм (аз анг., emergence – пайдоиши чизи нав) мебошад. Онро бо тариқи гуногун Л.Морган, Д.Александер, Г.Плеснер, А.Бергсон инкишоф додаанд. Аз мавқеи эмерҷентизм хусусияти ҷаҳишмонанди инкишоф мутлақ ҳисобида шуда, олӣ ба содда (ё поёнӣ) нисбат дода намешавад. Сифати нави пайдошуда тавассути қонуниятҳои амали зинаи поёнӣ шарҳ дода намешаванд. Раванди инкишоф гӯё зинапоя аст, ки дар фазои байни зинаҳои олӣ ва поёнӣ ягон чиз ҷойгир нест. Дар байни ин зинаҳо роғаи онтологӣ мавҷуд аст. Баъзан ин роға бо сохторҳои ақлӣ, бо ҷалб кардани мафҳумҳои «иродаи илоҳӣ», «фалокатнокии инкишофи олам», «авҷи эъҷодкорӣ», «барномаи генетикии коинотӣ» ва ғ. пур карда мешавад. Тасдиқ карда мешавад, ки инсон дар асоси донишҳои доир ба хосиятҳои воқеият доштааш, умуман пайдоиши сифати навро пешгӯӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, дар назариёти эмерҷентӣ воқеият баъзан ҳамчун низоми худ ба худ (ногаҳонӣ) ташкилшаванда ва амалкунандаи зинаҳои ҳастии олам тасаввур карда мешавад.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар илму фалсафа моделҳои сершумори инкишоф мавҷуд мебошанд. Масалан, ғайр аз моделҳои номбаршуда дар мавриди шарҳу эзоҳи инкишоф моделу назариётҳои «натуралистӣ», антропологӣ, мувозинатӣ-ҳамоҳангӣ, назарияи низоъ ва ғ. мавқеи хоси худро доранд.
Назариёти «натуралистӣ» (аз лот., naturalis – табиӣ) дар нимаи дуюми асри XIX дар илм мақоми баланд пайдо кард. Ин назариёт диалектикаи материалистони табиатшинос буд, ки хусусияти соддалавҳона дошт. Дар он мафҳуми инкишоф танҳо ба «таҳаввулоти табиат» нисбат мешуд, вале хусусияти инкишофи иҷтимоӣ ба инобат гирифта намешуд. Аз инҷост, ки дар таълимоти натуралистони асри XIX мафҳуми инкишоф мақоми куллӣ-фалсафӣ надошт. Сабабҳои инкишофи ҷамъият, бе таъкид кардан ба махсусияташ, дар вобастагӣ бо омилҳои берунаи табиӣ асоснок карда мешуд. Дар асри XX назариёти диалектикӣ-соддалавҳонаи инкишоф дар асарҳои Ҷ.Хаксли, Л.Берталанфи, Г.Меллер, Ҷ.Симпсон, Э.Майр, А.Сент-Дерди ва олимони дигар мавриди истифода ва коркард қарор дода шудааст. Дар ривоҷёбии баъдии ин назариёт тамоили наздикшавӣ ба назариёти илмӣ-диалектикии инкишоф пурзӯр мегардад.
Модели антропологии инкишоф баръакс хусусияти антистийентистӣ (зиддиилмӣ) дорад. Дар он ҳарчанд, ки аҳамияти ногузири илм дар инкишофи истеҳсолот ва техникаю технология инкор карда намешавад, аммо баъзе таъсирҳои манфии илм ба маънавиёти инсон ва диалектикаро ба табиат «мансуб донистан» зери танқид қарор дода мешавад. Чунин мавқеи методологӣ дар назариёти диалектикаи экзистенсиалии Ж.-П.Сартр баён карда шудааст.
Ғояи асосии назариёти мувозинатӣ-ҳамоҳангӣ – ин тасаввурот дар бораи ҷамъият ҳамчун дар бораи низоми мувозинатӣ, ки ҳамаи қисмҳояш бо ҳамдигар ҳамоҳангӣ доранд. Дар ин назариёт ҳолати мувозинатии низом мутлақ нишон дода шуда, нақши зиддият аз мадди назар истисно карда мешавад; ба зиддияту низоъҳо баҳои манфӣ дода мешавад ва қайд мегардад, ки зиддият дар низом асосан нақши фалокатовар дорад. Ин назариёт дар ҷомеашиносии асри XVII пайдо шуд. Он дар ибтидо ба ғояҳои физика, асосан ба механикаи И.Нютон такя мекард (механитсизм). Дар нимаи дуюми асри XIX нисбатдиҳии физикии ҷамъият бо нисбатдиҳии биологии он (органитсизм) иваз гардид. Дар замони муосир принсипи мувозинатро намояндагони ҷараёни таҳлили сохторӣ-функсионалӣ дар таҳқиқи ҷамъият васеъ истифода мебаранд.
Дар асри ХХ назариёти диалектикӣ-материалистӣ нуфузи баландро соҳиб гардид, ки асосҳои онро дар солҳои 40-уми асри XIX К.Маркс ва Ф.Энгелс коркарду пешниҳод кардаанд. Назарияи диалектикии инкишоф шакли муносибтари маънидод кардани инкишоф мебошад, ки дар асоси он ду принсипи бунёдии алоқаманд ҷой гирифтаанд. Инҳо – принсипи инкишоф, ки оламро ҳамчун воқеияти инкишофёбанда шарҳ медиҳад, инчунин принсипи детерминизм, ки оламро ҳамчун томияти босубот маънидод мекунад. Ҳаракат ва инкишоф мутобиқи қонунҳои куллӣ, ки хусусияти объективӣ доранд, амалӣ мешавад. Инкори объективият ва умумияти ин қонунҳо ногузир ба инкори инкишофи табиат мебарад. Азбаски зарурату мавҷудияти инкишоф ба мо маълум аст, аз ин сабаб мо наметавонем, ки қонунҳои онро инкор намоем.
Ҳастӣ ягонаи якранг набуда, балки ягонагии шаклҳои гуногуни зуҳурёбӣ мебошад. Ин ягонагии гуногунҳо, чунин беинтиҳоӣ, ки аз интиҳонокҳои сершумор таркиб ёфтааст. Чунин ягонагӣ ҳамеша бо робитаи байниҳамдигарӣ таъмин мегардад. Хосиятҳои маърифатшудаи воқеият аз он далолат мекунанд, ки вай ба ҳар ҳол «ноором» аст; сабаб ва шарти ин ҳолат – робитаи унсурҳои он.
Алоқамандии диалектикии принсипи инкишоф ва принсипи детерминизм, таҳаввулот ва робитаи куллро инкишофи илм низ тасдиқ менамояд. Онҳо оламро ҳамчун муҳаррик ва аз рӯи қонунҳои муайян инкишофёбанда меомӯзанд.

Шарҳ баста аст.