ИНДУСТРИЯИ ТУРИЗМ, ФАРОҒАТ ВА МЕҲМОНДОРӢ

Мафҳуми индустрияи туризм бори аввал соли 1971 дар конфронси СММ баён гардида буд. Дар асоси он мафҳуми индустрияи туристӣ ҳамчун маҷмӯи намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, ки ба истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ барои шахсони саёҳаткунанда равона гардидааст, дониста мешавад.

Самти тиҷоратии ширкатҳои туристӣ ба бизнеси туристӣ ва хадамот (сервис), инчунин ташкили соҳаҳои тахассусӣ оид ба истеҳсоли армуғонҳо ва молҳои туристӣ оварда мерасонад. Ин имкон медиҳад, ки туризм ва хизматрасонӣ ҳамчун коплекси мустақили муассисаи туристӣ-хизматрасонӣ шинохта шавад. Дар маҷмӯъ он индустрияи туризм номида мешавад.

Мувофиқи ақидаи В.А.Кварталнов омилҳои асосии рушди индустрияи туристӣ дар замони муосир инҳоянд:

— афзуншавии даромади аҳолӣ, ки онҳо метавонанд қисми муайяни даромади хешро барои қонеъ гардонидани талаботҳои рекреатсионии худ сарф менамоянд. Хараҷотҳои сокинони кишварҳои тараққикарда ба хизматрасонии туристӣ, баъд аз хараҷотҳои барои манзил сарфшаванда дар ҷои дуюм қарор доранд;

— урбанизатсия (шаҳрнишинӣ) ва бадшавии вазъи экологӣ дар шаҳрҳо;

— зиёдшавии вақти холигӣ, яъне инсон вақти холигии худро озодона сипарӣ менамояд. Дар кулли кишварҳои пешрафта давраи мураххасӣ барои саёҳатҳои туристӣ берун аз кишвар истифода мешавад;

— рушди воситаҳои ташкилӣ ва инфрасохтор, ки имкон медиҳанд захираҳои нотакрори туристӣ дастрас бошанд ва фаъолияти туристӣ дар сатҳи баланд қарор гиранд;

рушди мубодилаи савдои байналмилалӣ, ки дар он туризм ба яке аз ҷойҳои баланд баромадааст;

— рушди воситаҳои ахбори умум, паблик рилейшнз (робита ба ҷомеа) дар туризм, системаҳои телекомуникатсионӣ ва технологияи иттилоотӣ.

Системаи муосири туризм якчанд субъектҳои хоҷагидориро дар бар мегирад:

  • Ширкатҳо – истеҳсолкунандагони хадамоти туристӣ (табобатгоҳҳо, санаторияҳо, базаҳои истироҳатӣ, машваратҳои касбӣ ва ғайра);
  • Ширкатҳо – туроператорҳо, яъне ширкатҳое, ки маҳсулотҳои туристиро таҳрезӣ намуда, ба фурӯш мебароранд;
  • Ширкатҳо – туроҷонсҳо, ки ба сифати фурӯшандагони маҳсулоти туристӣ баромад менамоянд;
  • Ширкатҳои махсусгардида – ки хизматрасониро оид ба ҷойгиркунонӣ пешниҳод менамоянд (пансионатҳо, хона-истироҳатгоҳ, меҳмонхонаҳо, меҳмонсаройҳо) кемпингҳо ва ғайра;
  • Муассисаҳои махсус гардонидашудаи хӯроки умум (тарабхонаҳо, каҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ғайра);
  • Муассисаҳои нақлиётии махсус гардонидашуда (муассисаҳои нақлиёти ҳавоӣ, автомобилӣ, қатора, баҳрӣ, дарёӣ ва ғайра);
  • Муассисаҳои савдо ва ширкатҳои тиҷоратӣ, ки ба истеҳсоли молҳои туристӣ махсус гардонида шудаанд;
  • Муассисаҳои фароғатӣ дар туризм (толорҳои синамо ва консертӣ, толорҳои бозиҳои автоматикӣ кунонида шуда ва ғайра);
  • Муассисаҳои таблиғотӣ – иттилоотӣ (оҷонсҳои таблиғотӣ, марказҳои туристӣ ва ғайра);
  • Корхонаҳои давлатӣ (корхонаҳои воҳидӣ ё саҳомии миллӣ, минтақавӣ ва маҳалие, ки бо туризм машғуланд).

Корхонаҳои туристӣ вобаста ба истеҳсол ва хадамоти туристӣ чунин тасниф карда мешавад:

Аввалия – муассисаҳое, ки бевосита барои хизматрасонии туристон таъин гардидаанд (пансионатҳо, турбазоҳо, санатарияҳо ва ғайраҳо);

Сохтори индустрияи туристӣ

 Дуюминдараҷа – барои хизматрасонии туристон равон гардидаанд, новобаста ба он ки аҳолии маҳаллӣ низ аз хизматрасонии онҳо истифода мебаранд (корхонаҳои хӯроки умум, муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра);

Сеюмдараҷа – одатан барои хизматрасонии аҳолии онҳо барои қонеъ гардонидани талаботи хеш, туристон метавонанд истифода баранд (нақлиётӣ ҷамъиятӣ, почта ва ғайра).

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба туризм» (3 сентябри соли 1999 № 824) омадааст – индустрия (саноат) – и туристӣ ин маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгиршавӣ, нақлиёт, муассисаҳои хӯроки умумӣ, тамошо, шиносоӣ, хизматӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва воситаҳои таъминоти дигар, ки ташкилди фоъалияти танзими туризм ва агентии туристиро амалӣ месозад, мебошанд. Сохтори нақшавии индустрияи туризмро дар шакли зер пешниҳод намудан мумкин аст (расм).

Сохтори индустрияи туристӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба туризм».

Мувофиқи пешниҳоди яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи туризм Ҷ.Уокер муаллифи китобҳои «Асосҳои меҳмондорӣ» ва «Идораи меҳмондорӣ» сохтори индустрияи туристиро дар шакли зер овардан мумкин аст.

Мувофиқи пешниҳоди яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи туризм Ҷ.Уокер муаллифи китобҳои «Асосҳои меҳмондорӣ» ва «Идораи меҳмондорӣ» сохтори индустрияи туристиро дар шакли зер овардан мумкин аст.

Мувофиқи ақидаи олимон Ҷ. Диттмер ва Ҷ. Гриффин ба сохтори индустрияи меҳмондорӣ худи меҳмондорӣ ва инчунин саёҳат ва туризм дохил мешаванд. Меҳмондорӣ (ба маънои маҳдуд) бахши озуқаворӣ ба бахши ҷойгиркуниро дар бар мегирад. Саёҳат ва туризм дар навбати худ саргармӣ ва истироҳат, нақлиёт, оҷонсии ширкатҳои туроператорҳо фаро мегирад. Дар таҳқиқотҳои в И.Азар, В.А. Кварталнов ва В.М. Козирев индустрияи туризм ҳамчун «низоми иқтисодие, ки таркибан аз маҷмӯаҳои соҳаҳо, ки вазифаашон аз қонеъгардонии талаботҳо ба намудҳои гуногуни истироҳату саргармӣ мебошад» муайян гардидааст. Индустрияи туризм дорои хусусиятҳои хос, яъне тамоюли захиравӣ, хусусияти истеҳсолии даврӣ ва фаслӣ, муҳимиятӣ маблағгузории муайян ба инфрасохтори туризм, мебошад. Индустрияи туризм истеҳсол ва фурӯши мол ва хизматрасонии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба хусус соҳаи туризмро дар бар мегирад. Агар индустрияи туризмро ба тарзи васеъ таҳлил намоем, гуфтан ҷоиз аст, ки он комплекси мустақили хоҷагии халқ мебошад, ки алоқамандии соҳаҳои нақлиёт, саргармӣ, хӯроки умум, фароғат, истеҳсоли армуғонҳо (ҳунарҳои дастӣ) ва ғайраро таъмин менамояд.

Дар заминаи индустрияи туризм бизнеси туристӣ ривоҷ меёбад. Бизнеси туристӣ ин фаъолияти муасисаҳои индустрияи туристӣ аст, ки ба истифодаи захираҳои туристӣ ва тавассути қонеъ гардонидани талаботҳои туристон бо мақсади ба даст даровардани даромад, равона гардидааст. Хусусияти хоси бизнеси туристӣ дар он зоҳир мегардад, ки натиҷаи меҳнат дар ин бахш қонеъгардонии талаботи туристон аст.

Фарқияти индустрияи туристӣ аз бизнеси туристӣ расмӣ аст, яъне индустрияи туристӣ танҳо маҷмӯи соҳаҳо ва муассисаҳост, бизнеси туристӣ бошад ҳамин маҷмӯро дар бар мегирад, аммо бо ҳатман шомил намудани фаъолияти менеҷерҳои фардӣ ва самти муайяни мақсадноки ин фаъолият.

Тамоми бахшҳои индустрияи туризм бо ҳамдигар алоқаманд ва вобастаанд. Масалан пешрафти курортҳои лижаронии кӯҳӣ аз расонидани лижаронҳо ба нишебии кӯҳ, сатҳи ҷойгиркунонӣ, ғизо ва дигар хизматрасониҳое, ки ҳангоми истироҳат дар курорт ба туристон пешниҳод мешавад, вобаста аст.

Индустрияи туристӣ ба базаи моддӣ — техникӣ, ки он ба сифати асоси рушди туризми муташакил баромад менамояд, такя менамояд. Таркибан базаҳои моддӣ-техникии туризм аз рӯи ин нишона, яъне намуди хизматрасонии пешниҳодгардида, унсурҳои иқтисодӣ ва шаклҳои моликияти субъектҳои хоҷагидорӣ тасниф ёфтааст.

Умуман индустрияи туристӣ ба базаҳои захираҳои табиӣ такя менамояд. Аз ин хотир ҳудудҳои ҷалбкунандаи туристон аз лиҳози экологии солим ва зери таъсири инсон бояд хароб нагашта бошад. Ҳудудҳои табиӣ аз вуруди бешумори туристон ҳимоя гардида, дар ин ҳудудҳо партофтани партов ва аз ҳастии ҷонварони хатарнок ва ҳашаротҳо эмин нигоҳ дошта шавад. Рушди туризм дар маҳалҳое амалӣ мегардад, ки он ҷо аз офатҳои табиӣ (обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, заминларза ва ғайра) озод бошанд, вале ин ҳолат на ба ҳамаи кишварҳо тааллуқ дорад. Дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки дар бештари минтақаҳои ҷойгиршудаи сарватҳои туристӣ хатари рӯх додани офатҳои табиӣ вуҷуд дорад. Дар ин ҳол мавсимияти туризм, ки шароити Тоҷикистон ба он мутобиқ аст, роия карда шавад.

Дар ташаккули индустрияи туризм «меҳмондорӣ» нақши муассир дорад. «Меҳмондорӣ» — ин ҳамоҳангии хадамоти туристӣ бо омезиши муҳити истироҳати бофароғат ва рафтори хушмуомилаи коркунони соҳаи хизматрасонӣ ҷиҳати қонеъгардонии талаботи меҳмонон-туристон мебошад. Кормандони меҳмонхонаҳоро зарур аст, ки тарзе меҳмононро пазироӣ намояд то онҳо, яъне меҳмонон аз ин гуна пазироии самимӣ ба ваҷд омада эҳсос намоянд, ки ба ташрифи онҳо мизбонон хушҳоланд. Пазироии самимӣ аз ҷониби кормандони меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои туристӣ ба ташаккули минбаъдаи туризм таъсир мерасонад. Туризм, ки хусусияти рафторӣ дорад, маҳз рафтори дуруст ҷалби бештари туристонро таъмин менамояд.

Дар таркиби индустрияи туристӣ хоҷагии меҳмонхонагӣ нақши муҳим дорад. Хоҷагидории меҳмонхонагӣ дар замони муосир якчанд шабакаҳои бузург вуҷуд доранд, ки кули кишварҳои оламро фаро гирифтаанд. Ба ин гуна шабакаҳои ҷаҳонии меҳмонхонаҳо шомиланд: шабакаи Kempinski Hotels, ки бунёдгузораш соҳибкори олмонӣ Бертолд Кемпинский мебошад, зиёда аз 55 меҳмонхонаҳои олидараҷа дар Аврупо, Шарқи Наздик, Африқо, Осиё ва Амрикои Ҷанубиро дар бар мегирад.

Шабаки меҳмонхонаҳои машҳури дигарро Конрад Хилтони амрикоӣ таъсис додаст. Ӯ яке аз аввалинҳоест, ки ба дараҷаи меҳмонхонаҳо ба тарзи ситорачаҳо баҳогузорӣ намудааст. Дар меҳмонхонаҳои ӯ ба тарзи як шиор, яъне «ягон талаботи муштарӣ набояд ғайричашмдошт бошад». Ин ифодагари он аст, ки дар меҳмонхонаҳои ӯ ҳамаи талаботҳои муштариён ба инобат гирифта шавад. Ҳанӯз шабакаи меҳмонхонаҳои Хилтон зиёда аз 80 меҳмонхонаро дар Амрико, Аврупо, Африқо, Осиё ва ғайра дар бар мегирад.

Шабакаи меҳмонхонаи дигари ҷаҳонӣ «Мариотт» мебошад. Асосгузорони он Виллард Мариотт бо завҷаи ҷавонаш Эллис мебошад. Ҳанӯз корпоратсияи Mariott 2350 меҳмонхонаро барои 426 ҳазор утоқ дар бар мегирад.

Шабакаи меҳмонхонаи Holiday Inn соли 1952 аз ҷониби меъмор Кэммонс Вилсон таъсис ёфтааст. Вилсон аввалин меҳмонхонаҳоро моҳи сентябри соли 1952 дар Самер Авеню 4941 дар ноҳияи Беклери шаҳри Мемфиси ИМА бунёд намудааст. Ҳоло бошад Holiday Inn зиёда аз 1500 меҳмонхонаҳоро дар тамоми ҷаҳон дар бар мегирад.

Шабакаи меҳмонхонаи Ҳаят Интернешнал буда, асосгузори ширкат ҷаноби Ҷей Притскер мебошад. Ӯ меҳмонхонае, ки дар назди фурудгоҳи Лос-Анҷелес мутааллиқ ба Ҳаятт Ван Ден буд, харидорӣ намуда номашро тағйир надод. Меҳмонхонаҳои ин шабака дар зиёда аз 28 кишвари ҷаҳон бунёд гардида, шумораашон ба 212 адад мерасад ва инчунин дар кишварҳои гуногун курортҳоро низ доро мебошад. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 дар шаҳри Душанбе як адад аз ин шабакаи меҳмонхона бо номи Hyatt Regency дари худро барои қабули муштариён боз намудааст.

 

Шарҳ баста аст.