Илму фарҳанги тоҷик дар асрҳои XI – XII

Бузургтарин намояндаи аҳли тасаввуф ва намоёнтарин олими соҳаҳои мухталифи усули исломи ин давра Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ (1058-1112) буд. Соли 1091 Низомулмулк ӯро ҳамчун донишманди илмҳои исломӣ дар Бағдод сардори академияи «Низомия» таъин намуд. Дар давраи аввали фаъолияти худ Ғаззолӣ пайрави Арасту буда, мисли Ибни Сино ақлро яроқи асосии донистани ҳақиқат мешуморид. Дар охири умри худ Ғаззолӣ пурра ба тарафи аҳли тасаввуф гузашт. Вай асоси дин донишеро медонист, ки бо роҳи ваҷд ба даст дароварда шудааст. Дар ҳаёт чизи аз ҳама муҳим барои ӯ муҳаббат ва илоҳӣ ва ба наздикон буд. Бузургтарин осори ӯ «Эҳё-ул-улум-ад-дин», «Таҳофат-ул-фалосифа», «Ал-мунқиз-аз-залол» ва ғайра мебошанд.

Тасаввуф дар асрҳои XI-XII адабиёти тоҷику форс дар асоси анъанаҳои асри Х хеле пеш рафта буд. Дар ин давра доираи паҳншавии ин адабиёт аз ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон берун баромада, то мамлакат ва музофотҳои дурдасти Ғарб паҳн гардид. Дар Осиёи Миёна якчанд равияҳои адабӣ ва вуҷуд омада буданд. Намояндагони равияи илмии умумифалсафӣ Носири Хусрав (1004-1088) ва Умари Хайём (1048-1131) буданд.

Дар байни шоирони асрҳои XI-XII бузургтаринашон низ Носири Хусрав ва Умари Хаём буданд. Абӯмуиддин Носир Ибни Хисрав соли 1004 дар Қубодиён дар оилаи деҳқон таваллуд ёфта, ҷавонии худро дар Балх гузаронидааст. Ӯ асосҳои илми тиб, мусиқӣ, риёзиёт, нуҷум, ва дигар илмҳои маъмули он давраро аз худ карда, бо асрҳои Афлотун ва Арасту ошно шуда буд. Ӯ муддате дар дарбори амирони ғазнавӣ вазифаҳои девондорӣ ва ҷамъоварии боҷу хироҷро бар ӯҳда дошт ва дертар ба дараҷаи дабирӣ ҳам расид. Сипас бо барафтодани ғазнавиҳо якчанде дар дарбори салҷуқиҳо низ хидмат кардааст.

Маҳз муҳити иҷтимоии дарбор ва ҳолати тангдастии аҳоливу ришватхории мансабдорон, риёкориву чоплӯсии руҳониён ва тамаллуқбозии шоирону хории аҳли фазл сабабгори гардиши фикрии Носири Хусрав шуд. Ӯ пас аз сафар ба Миср маслаки исмоилия ва тариқаи фотимиҳоро пазируфта, то ба мартаби «ҳуҷҷат» расид ва пас аз баргаштан ба Балх ҳамчун намояндаи халифаҳои фотимӣ дар Хуросон ва Бадахшон ба нашри ин таълимот пардохт. Амирону руҳониёни ҳукуматӣ ӯро ба баддиниву қарматӣ будан гунаҳкор донистанд ва ӯ маҷбур шуд, ки Балхро тарк намуда, соли 1063 вориди Бадахшон гардад ва то поёни умр дар ин ҷо ба сар барад. Тамоми осори ӯ дар ҳамин ҷо таълиф шудаанд.  Муҳимтарин осори Носири Хусрав «Рӯшноинома», «Сафарнома», «Ваҷҳи дин», «Зод-ул-мусофирин», «Кӯшоиш ва раҳоиш», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» мебошанд. Девони ашъори Носири Хусрав пур аз панду андарз ва ситоиши хирад аст. Ӯ шоҳиди ранҷу озори тоҷикон буда, ғосибони тоҷу тахт ва рабояндагони амнияту осоиши мардумро накӯҳиш менамояд ва шоирони хӯшомадгуву ситоишгари турконро мазаммат менамояд. Аз ҷумла дар ҷое мефармояд:

Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,

Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.

Акнун шарм н-ояд озодазодагонро,

Кардан ба пеши туркон пӯшт аз тамаъ дутоӣ.

Носири Хусрав гузаштаи пурнуру зиёи мардуми тоҷикро ёдовар шуда, бо ҳасрат аз даврони заррини таърихи мо – давраи ҳукмронии Сомониён зикр менамояд:

Хуросон з-Оли Сомон чун тиҳӣ шуд.

Ҳаме дигар шудаш аҳволу сомон.

Соли 2004 дар Тоҷикистон 1000-солагии ин шоиру андешаманди бузург бо тантана таҷлил гардид.

Умари Хайём бештар чун донишманд дар соҳаҳои нуҷум, риёзӣ ва ҳайат маъруф будааст. Ӯ дар Самарқанду Бухоро муддате зиста, донишҳои зарурии замонаро аз худ мекунад. Бо хоҳиши султони салҷуқӣ ва вазири ботадбири онҳо Низомулмулк дар Исфаҳон расадхонае таъсис дода, тақвими ҷалолиро меофаринад, ки нисбат ба тақвимҳои дигар дақиқтар буд. Дар илмҳои номбаршуда, ӯ даҳҳо рисола таълиф кардааст, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Хайём дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири рубоисаро машҳур гардидааст ва маҳз ҳамин рубоиҳо ба Хайём шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Дар ин рубоиҳо Хайём инсонро ситоиш карда,  дар васфи табиат, кӯтоҳии умри инсон, шодиву ғам, накӯҳиши риёкорӣ ва ғайра мазмунҳои ҷовидонӣ офаридааст. Рубоиёти Хайём бо аксари забонҳои дунё тарҷума ва борҳо нашр шудаанд.

Пешвоёни равияи мистикӣ – тасаввуфӣ шайх Абӯсаиди Абӯлхайр (967-1049) ва Фаридаддини Аттор (1145-1221) ба шумор мерафтанд. Равияи дигари адабӣ аз он иборат буд, ки гурӯҳи адибон бо сарварии Саноӣ дар асарҳои худ мавзӯъҳои умумии этикӣ ва дидактикиро инъикос менамуданд.

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик назми шоирони мактаби ғазнавӣ мақоми махсусеро ишғол менамоянд. Султонҳои ғазнавӣ бо мақсудҳои сиёсӣ шоиронеро, ки онҳоро мадҳу сано мегуфтанд, ба зери ҳимоя гирифта буданд. Ғазнин маркази ҷамъомади бисёр шоирони боистеъдод гардида буд, ки дар байни онҳо Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ буданд. Онҳо ҷангҳо ва ҳуҷумҳои ғоратгаронаи мамдуҳонашонро ҳамчун ғазавот ва корнамоии ба худо мақбул мерасониданд ва дарборҳои онҳоро бисёр боҳашамату худашонро пуриқтидор тасвир мекарданд.

Дар асри XI қасидасароӣ асосан бо усули Рӯдакӣ давом карда  бошад ҳам, ҳаҷман қасидаҳо то андозае  васеъ карда шуда буданд. Дар асри XII ҳам шоирон равия ва усулҳои назми асри XI- ро давом дода, ба дараҷаи баландтар бардоштанд. Шоирони намоёни ин давра Фахруддини Гургонӣ (асри XI), Масъуд Саъди Салмон (1046-1121),  Анварӣ (1105-1187), Рашиди Ватвот (1087-1183), Рашидии Самарқандӣ (вафот ибтидои асри XII ), Адиб Собири Тирмизӣ (1078-1147) ва дигарон буданд.

«Қобуснома»-и Абулмаолӣ Кайковус (1020-1099), ки онро намояндаи сулолаи Зиёриҳо, ки дар Гургон ҳукмрон буданд, навиштааст, асари беназири адабӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ мебошад. «Синдбоднома»-и Заҳири Самарқандӣ, «Искандарнома», «Марзбоннома», асари сеҷилдаи «Самаки айёр», «Таърихи Байҳақӣ», «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Форснома»-и ибни Балхӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар қатори илм, адабиёт ва ҳунармандӣ дар Осиёи Миёна санъати меъморӣ ва бинокорӣ низ хеле пеш рафта буданд. Пурра аз худ кардани хишти пухта ва дар сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, динӣ, қасрҳо ва мақбараҳо истифода намудани он чӣ намуд ва чӣ сохти биноҳоро зебо кард. Акнун манораҳои баланд сохташуда ба шаҳрҳо ҳусни нав мебахшиданд. Ғайр аз ин хонаҳои ҳавлидоре пайдо шуданд, ки танҳо ба воситаи як дар вориди тамоми хонаҳо шудан мумкин буд. Дар баробари ин иморату масҷидҳои пештоқдор ва айвондор пайдо шуданд.

Дар ин давра кулолӣ ҳам хеле ривоҷ ёфта буд. Дар сохтмони баъзе биноҳои боҳашамат аз сафолҳо ва хиштҳои ҷилодор истифода бурда мешуд. Масалан, гунбази мақбараи султон Санҷар дар Марв бинандагонро ба ҳайрат меоварад, зеро вай аз хиштҳои ҷилодор сохта шуда буд.

Шарҳ баста аст.