Илму фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои XVIII – нимаи авали XIX

Дар охирҳои асри XVIII ва ибтидои асри  XIX қувват гирифтани зулму ситам ба пешрафти фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла халқи тоҷик, таъсири манфӣ расонид. Оммаи меҳнаткашон аз имконияти маълумотгирӣ ва шуғли илму адаб маҳрум буданд. Илмҳои дунявӣ бештар характери схоластикӣ гирифта, дар мактабу мадрасаҳо асосан илмҳои динӣ таълим дода мешуданд.

Бо вуҷуди ин ҳаёти илмӣ дар шаҳрҳо каму беш давом ёфт. Дар ин давра як силсила асарҳои таърихӣ аз қабили «Таърихи Раҳимхонӣ»- и Муҳаммад Вафои Карминагӣ, «Гулшан – ул – мулук» — и Муҳаммад Яъқуб, «Мунтахаб – ул — таворих» — и Муҳаммад Ҳаким таълиф ёфтаанд. Муалифони ин асарҳо шоҳиди бисёр воқеаҳои он давра буда, дар китобҳояшон маводи гаронбаҳои таърихиеро ҷой додаанд, ки барои омӯхтани масъалаҳои гуногуни ҳаёти он айём ба мо ёрӣ мерасонанд.

Сокинони он шаҳрҳо дар давраи мазкур ҳам бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд ва дар мактабҳо низ дарсҳо бо забони тоҷикӣ мегузашт. Вале дар баробари ин таълимоти динӣ бо забони арабӣ низ гузаронида мешуд.

Дар Осиёи Миёна ду хел макбат вуҷуд дошт. Дар мактабҳо бачагони аз 5 то 16 сола бо забони тоҷикӣ таълим гирифта, асосҳои дини исломро моемӯхтанд. Мактаби олӣ, ки онро мадраса меномиданд, шумораашон хело афзуда буд. Дар мактабҳо асосан дар фасли зимистон 3-4 моҳ мехонданд.

Мадрасаҳо дар Самарқанд, Бухоро, Панҷакент, Конибодом, Қаршӣ, Кӯлоб, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Ҳисор мавҷуд буда, дар ҳар кадоми онҳо 40-50 нафар муллобача таҳсил мекард. Мӯҳлати таҳсил муайян набуд. Барои ҳамин дар мадраса таҳсил аз 8 то 20 сол тӯл мекашид. Мӯҳтавои барномаҳои таълимии мадраса омӯхтани илмҳои динӣ, инчунин донишҳои умумиро дар бар мегирифт. Бештар толибилмон вақти худро ба фарогирии масъалаҳои баҳсовару баъзан нозарур сарф карда, ҳатто тафсиру Қуръону ҳадис барин асосҳои шариъатро намеомӯхтанд.  Таълим дар ин ҷода бо забони арабӣ мегузашт. Дар баробари қоидаю қонунҳои дини ислому шариат дар мадрасаҳо чор амали арифметкӣ ва баъзе элементҳои алгебраю геометрия низ омӯхта мешуданд. Дар мадрасаҳо фарзандони рӯҳониёну одамони доро таълим мегирифтанд. Дар замони ҳукмронии Шоҳмурод танҳо дар мадрасаҳои Бухоро 30 ҳазор кас таълим мегирифтааст. Шахсоне, ки мадрасаро хатм мекарданд, одатан ба мансаби қозӣ ё ноиби ӯ ва имоми масҷид таъин мешуданд.

Дар мадрасаҳо духтаронро қабул намекарданд ва бо хатми мактаб таълимгирии онҳо қатъ мегардид. Мактабҳои духтарон ҷудо буданд ва дар онҳо бибихалифаҳо, ки одатан занҳои муллоёну мударрисон буданд, дарс мегуфтанд. Бибихалифаҳо ба духтарон асосан дину шариати исломиро таълим медоданд. Дар Бухоро таҳсил бо забони форсии тоҷикӣ, дар Қӯқанд бо ду забон – тоҷикӣ ва узбакӣ, дар Хива бошад, бештар забони узбакӣ ва туркӣ густариш меёфт.

Хонандагон китобҳои дарсии мушкилфаҳм ва ба синну солашон номувофиқро қориёна аз ёд карда, ба маънии онҳо сарфаҳм намерафтанд. Умуман, мадрасаҳо ба рӯи оммаи васеи меҳнаткашон пӯшида буд. Аз ин ҷост, ки дараҷаи саводнокии аҳолӣ дар сатҳи паст қарор дошт.

Дар аввалҳои асри XVIII фаъолияти шоирони забардаст Сайидо, Фитрати Зардӯз ва Малеҳо ба анҷом расид.

Дар миёни аҳли адаби ин давра мавқеи асосиро шоирони дарборӣ ишғол мекарданд. Онҳо дар шеърҳои шаклан бисёр зебо ва мазмунан хеле пучи худ хонҳо  ва азамати  давлати онҳоро ситоиш  мекарданд. Эҷодиёти ин гурӯҳи адибон аз ҷиҳати ғоявӣ тамоман иртиҷоӣ ва ба оммаи халқ комилан бегона буд. Берун аз доираи дарбор адабиёти равияи демократӣ вуҷуд дошт, ки намояндагони ба назар намоёни он Донишӣ Бухороӣ,  Маҳмуд, Содиқ, Маҳмур, Маъдан, Ирсии Ҳисорӣ, Раҳими Самарқандӣ,  ва дигарон буданд.

Шоирон Фазли, Адо, Хотиф, Нола, Холис, Рамзӣ ва дигарон ашъори худро дар рӯҳияи маҳаллачигӣ навишта дар қасидаҳои худ мавзӯи рақобати сиёсӣ, адабӣ, мадании байни Бухоро ва Фарғонаро акс кунонидаанд.

Бо вуҷуди  ин адабиёти равияи демократии асри XVIII  ва нимаи авали асри XIX  анъанаҳои беҳтарини адабии нимаи дуюми асри XVII – ро давом дода, барои алоқаманд намудани анъанаҳои пешқадами адабиёти замони Сайидо бо адабиёти замони Аҳмади Дониш ва Шоҳин роли муҳиме бозидааст.

Дар нимаи дуюми асри XVIII  ва авали асри XIX дар санъати халқи тоҷик ҳам баъзе комёбиҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар ин давра ду навъ театрҳо – намоишҳои кӯчагии ҳунармандони масхарабоз, дорбоз ва театри лӯхтакҳо мавҷуд буданд, ки дар намоишҳои онҳо ҳунарпешагон кору кирдорҳои нодурусти амалдорони давлатӣ, қозиён, рӯҳониёнро масхара мекарданд.

Дар байни аҳолӣ асбобҳои мусиқӣ най, сурнай, танбӯр, дутор, сетор, ғижжак ва дойра нағора паҳн шуда буданд ва мутрибон дар онҳо оҳангҳои мураккаби мусиқиро эҷод мекарданд. Рӯзҳои ид, тӯйҳо, ҳофизон ва машоққон санъати худро ба халқ намоиш дода, дили тамошобинонро шод мегардониданд.

Санъатҳои меъморӣ, тасвирӣ низ тараққӣ карда буданд. Дар тамоми ноҳияҳои Точикистон устоҳо, мусаввирон ва наққошони гулдаст дар иморатҳо ва асбобу анҷомҳои рӯзгор нақшу тасвирҳо кашида, санъати баланди худро намоиш медоданд. Аз ёдгориҳои меъмории Бухоро масҷиди Болои Ҳавз, маҷмӯи иморатҳои қисми ғарбии шаҳр – масҷид, мадраса, мазорҳои Халифаю Худойдод ва аз ёдгориҳои Ӯротеппа мадрасаи Рустамбек ҷолиби диққат мебошанд.


Калидвожаҳо: таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, илму фарханг дар асрхои XVIII — XIX, илму фарханги халки точик

Шарҳ баста аст.