Илму фарҳанг дар аҳди Темуриён

Асрҳои XIV-XV дар қатори ҷангҳои зиёд фурсати мусоид барои бунёдкориву созандагӣ муҳаё омад. Темур ва ворисони ӯ барои бунёди биноҳои маъмурӣ ва маданӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекарданд. Хусусан дар ду пойтахти Темуриён – Самарқанд ва Ҳирот бинокорӣ ниҳоят тараққӣ намуд. Дар дохили шаҳрҳо Темуриён масҷиду мадраса ва расадхонаҳо бунёд карда, берун аз шаҳр бошад, боғу кушкҳои истироҳатӣ месохтанд. Сайёҳи испанӣ, ки дар аҳди Темур ба Осиёи Миёна омадааст, Самарқандро тавсиф карда, менависад, ки дар хиёбонҳои ин шаҳр растаҳои косибон ва дӯконҳои дутабақаи тоҷирон қомат афрохта буд. Биноҳои аз ин давра то ба замони мо расида, аз комёбиҳои беназири муҳандисону лоиҳакашон ва ороишгарону меъморон ҳикоёт мекунад. Маҷмӯаҳои Шоҳи Зинда, Рухобод, Гӯри Мир, Қутби Чаҳордаҳум, Улуғбек ва ғайра шоҳкориҳои беназири санъати меъмории мардумони Осиёи Миёнаанд, ки диққати сайёҳонро то ба имрӯз ҷалб месозанд.

Дар аҳди Темуриён санъати наққошӣ ва минётурсозӣ низ ба пешрафтҳои назаррасе ноил омад. Бо ишорати амирони темурӣ саҳнаҳои разму базм бар рӯи деворҳо ва имороти зебо нақш мегардид. Аз тамоми шаҳру минтақаҳои дигар ба қаламрави Темуриён нақкошону рассомон ҷалб мегардиданд. Маркази рушди ҳунари наққошӣ Ҳирот ба шумор мерафт. Бо дастури Бойсунқаро ном фарзанди Шоҳрух, китобхонае дар Ҳирот ташкил гардид, ки хаттотону минётурсозонро ҷамъ оварда, осори адабиро зиннат медоданд. Бузургтарин минётурсози мактаби Ҳирот Камолиддин Беҳзод (1450-1537) осори нафиси ҳунарӣ офарида, шогирдони зиёдеро низ тарбият менамуд. Беҳзод худ шогирди рассоми бузурги ин аҳд Мираки Наққош буд. Камолиддин Беҳзод «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Зафарнома»-и Яздӣ ва дигар осори бузурги ҳунарии форсии тоҷикиро ороиш додааст, ки намунаҳои он то ба рӯзгори мо омада расидаанд. Давраи дуввуми фаъолият Беҳзод дар шаҳри Табрез ҷараён гирифта, ин ҷо низ ӯ осори бузурги адабиёти форсу тоҷикро бо қалами сеҳрофаринаш зиннат бахшидааст.

Муҳити илмии асрҳои XIV-XV низ бештар дар шаҳрҳо ҷараён мегирифт. Ба қудрат расидани амире чун Улуғбек барои равнақи илмҳои дақиқ мусоидат намуд. Дар Самарқанд расадхонаи Улуғбек фаъолият менамуд, ки аз бинои мудаввари сеқабата иборат буд. Дар ин расадхона олимони машҳури ин замон Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддин Ҷамшед, Алии Қушчӣ машғул ба таҳқиқ буданд. Ҷадвалҳои нуҷумие, ки онҳо тартиб додаанд, барои замони худ як пешрафти ҷиддӣ маҳсуб мегаштанд. Аммо пас аз қатли Улуғбек таассуб ҷойгузини улуми ақлӣ гардида, хурофот ривоҷ ёфт.

Дар миёни мардуми ин замон яке аз чеҳраҳои маъруф Хоҷа Аҳрор нуфузи беандоза дошт. Ӯ ҳазорон муриду пайрав дошт, ки ҳар кадом дар навбати худ миёни аҳолӣ соҳиби нуфуз буданд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Хоҷа Аҳрор соҳиби сарвати зиёд ҳам будааст. Ҷомӣ барин шахсият ба ӯ эътиқод дошта, ба ӯ ашъори худро бахшидаст.

Бузургтарин олими соҳаи дин дар аҳди Темуриён Саъдуддин Масъуди Тафтазонӣ (1332-1389) буд, ки дар назди Темур ҳам аз обруву нуфузи беҳад бархурдор буд. Ӯ доир ба сарфу наҳв, фиқҳ, калом ва ақида осори мӯътабаре таълиф кардааст, ки чун китобҳои дарсӣ истифода мегаштанд.

Илми таърихнигорӣ дар замони Темуриён равнақи тоза ёфт. Он суннатҳои гузаштаи илми таърихнигории моро тақвият бахшид. Муаррих Ибни Арабшоҳ (1392-1450) асари «Аҷоиб-ул-мақдур фӣ навоиби Тумур»-ро нигоштааст, ки барои замони худ хеле ҷасурона таълиф шудааст. Низомиддин Шомӣ «Зафарномаи темурӣ» (с.1404) ва Шарафиддин Алии Яздӣ бошад, асари «Зафарнома»-ро бо забони форсӣ — тоҷикӣ таълиф карда, перомуни рӯзгори Темур маълумоти зиёд медиҳанд. Муҳимтарин асари таърихии замони Темуриён «Равзат-ус-сафо»-и Муҳаммад ибни Ховандшоҳи Мирхонд (1433-1498) мебошад, ки аз замони қадим то давраи Темуриёнро фаро мегирад.

Адабиёти тоҷик низ дар давраи Темуриён то андозае пешрафт намуд. Намунаи барҷастаи ин адабиёт Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1325-1389) мебошад, ки ғазалиёти ӯ шӯҳрати оламгир дорад. Ӯро шоҳони зиёде ба дарбори худ даъват карданд, вале ӯ зиндагии озоду бе қайду банд дар Шерозро аз ҳама боло дониста, дар ашъори худ танҳо ишқу муҳаббатро тараннум кардааст. Камоли Хӯҷандӣ (1318-1401) ҳамзамони Ҳофиз буда, ӯ низ асосан дар жанри ғазал ашъори худро сурудааст. Носири Бухороӣ (ваф.1371) низ аз шоирони ғазалсарои форсу тоҷик аст, ки услубу мазмуни эҷодиёти ӯ бо Ҳофиз ва Камол  монанданд.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414—1492) дар муҳити адабии Самарқанд ва бештар Ҳирот парвариш ёфта, дар тамоми вазнҳои назмиву насрӣ асар эҷод кардааст. Муҳимтарин асраи ӯ «Ҳафт авранг» аст, ки аз ҳафт достон иборат мебошад. «Баҳористон»-и Ҷомӣ низ мисли «Гулистон»-и Саъдӣ асари панду ахлоқӣ мебошад ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Ҷомӣ назди амиру дигар сиёсатмадорони асри худ обрӯи зиёд дошт. Ӯ мактаби бузурги адабиро дар Ҳирот ба роҳ монд, ки садҳо дастпарвари он ҷузви ифтихороти адабиёти классики форсу тоҷик мебошанд. Алишери Навоӣ асосгузори адабиёти узбак низ аз шогирдони Ҷомист. Давлатшоҳи Самарқандӣ ва Хусайн Воизи Кошифӣ низ аз дигар чеҳраҳои баруманди адабиёти мо мебошанд.


Калидвожаҳо: илму фарханг дар ахди темуриён, таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ

Шарҳ баста аст.