Илми ҳуқуқшиносӣ дар низоми илмҳои муосир

Илмҳои ҳуқуқӣ (ҳамауқуқшиносӣ) ба низоми илмҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд. Онҳо аз дигар илмҳои ҷамъиятӣ бо объекти фаҳмиши худ фарқ менамоянд. Ба сифати объекти илмҳои ҳуқуқшиносӣ давлат ва ҳуқуқ бо ҳамаи зуҳуротҳояшон ҳамчун як навъи амалияи иҷтимоӣ баромад менамоянд. Давлат ва ҳуқуқ дар ин ё он андоза аз ҷониби дигар илмҳои ҷамъиятшиносӣ низ омӯхта мешаванд. Фалсафа моҳият, таъиноти иҷтимоӣ ва алоқамандии давлат ва ҳуқуқро бо дигар зуҳуротҳои ҷамъиятӣ меомӯзад. Сотсиология давлат ва ҳуқуқро ҳамчун институтҳои асосии иҷтимоӣ дар баробари дигар зуҳуротҳои иҷтимоӣ меомӯзад. Сиёсатшиносӣ давлат ва ҳуқуқро ҳамчун воситаи ба амал баровардани фаъолияти сиёсӣ ва мақсади он меомӯзад. Аммо барои илмҳои ҳуқуқшиносӣ давлат ва ҳуқуқ объектҳои асосии омӯзиш мебошанд. Хусусияти илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар он аст, ки онҳо давлат ва ҳуқуқро ҳамчун зуҳуротҳои меъёрию ҳокимиятӣ меомӯзанд. Илмҳои ҳуқуқӣ инчунин дигар зуҳуротҳои иҷтимоиро (иқтисодиёт, сиёсат, маданият, дин ва ғ.) меомӯзанд, аммо дар он қисмате, ки онҳо бо давлат ва ҳуқуқ бармехуранд.
Илми ҳуқуқшиносӣ – ин соҳаи донишҳои махсусест, ки ба воситаи онҳо омӯзиши назариявию амалии воқеияти давлатию ҳуқуқӣ сурат мегирад. Ба он ҳамаи фанҳои ҳуқуқие, ки дар давоми таҳсил дар факултети ҳуқуқшиносии мактаби олӣ омӯхта мешаванд, дохил мегардад. Илми ҳуқуқшиносӣ – ин маҷмӯи томи илмҳои ҳуқуқиест, ки аз рӯи хусусияти предметиашон ба қисматҳои зерин ҷудо мешаванд: илмҳои ҳуқуқии назариявӣ ва таърихӣ – онҳо хусусиятҳои зуҳуроти давлатию ҳуқуқиро дар маҷмӯъ меомӯзанд (назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи мусулмонӣ, таърихи давлат ва ҳуқуқи ҶТ, таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ, таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва ғ.); илмҳои ҳуқуқии соҳавӣ – онҳо соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти давлатию ҳуқуқиро меомӯзанд (ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ғ.); илмҳое ҳуқуқие, ки низом, ваколат ва принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатиро меомӯзанд (мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ ва ғ.); илмҳои ҳуқуқие, ки ҳуқуқи байналхалқиро меомӯзанд (ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ва ғ.); илмҳои ёрирасони ҳуқуқӣ – онҳо аз донишҳои махсуси ғайриҳуқуқӣ иборат буда, барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд (криминалистика, криминалогия ва ғ.).
Низоми илм гуфта мафҳум, мазмун ва алоқамандии гурӯҳҳои асосии донишҳоро меноманд, ки ба таркиби илми мазкур дохил мешаванд. Низоми илми ҳуқуқшиносӣ дар ягонагии илмҳои ҳуқуқӣ ифода ёфта, ба ҳалли вазифаҳои гуногун дар таркиби илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳамчун маҷмӯи томи донишҳои ҳуқуқӣ машғул аст. Вазифаи асосии низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ тадқиқи давлат ва ҳуқуқ дар маҷмӯъ мебошад. Вобаста ба ин низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба илмҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ ҷудо мешавад. Таснифи илмҳо дар низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ чунин аст: илмҳои ҳуқуқии назариявӣ (назарияи давлат ва ҳуқуқ, фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи инсон ва ғ.); илмҳои ҳуқуқии таърихӣ (таърихи давлат ва ҳуқуқи ҶТ, таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи римӣ, таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ, ҳуқуқи қадимаи тоҷикон, таърихи ҳуқуқи инсон ва ғ.); илмҳои ҳуқуқии соҳавӣ (илми ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва ғ.); илмҳои ҳуқуқии байнисоҳавӣ (ҳуқуқи экологӣ, кишоварзӣ, андоз, гумрукӣ, ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ ва ғ.); илмҳои ҳуқуқии байналхалқӣ (ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, ҳуқуқи дипломатӣ, ҳуқуқи консулӣ ва ғ.); илмҳои ҳуқуқии ёрирасон (криминалистика, криминалогия, психологияи судӣ, тиббиёти судӣ, омори судӣ ва ғ.).

Шарҳ баста аст.