Ҳикояҳо аз эҷодиёти Саъдии Шерозӣ

0
82

Адаб аз кӣ омухтӣ?

Луқмони Ҳакимро гуфтаанд:

-Адаб аз кӣ омухтӣ?

Загрузка...

Гуфт:

-Аз беадабон ҳар чӣ аз онҳо дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.


Кам хурдан адаб acт

Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом мехурд ва то саҳар хатме мекард. Соҳибдиле бишнид ва гуфт:

-Агар ним ноне мехурду мехобид, бисёр аз ин фозилтар мебуд.

Андарун аз таом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ.


Саъдии Шерозӣ

Хоркани ҳимматбаланд ва Ҳотами Той

Ҳотами Тойро гуфтанд:

-Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон касеро дидаӣ ё шунидаӣ?

Гуфт:

-Бале, рӯзе ба амирони араб чиҳил шутур қурбон карда будам.

Пас ба гушаи саҳро ба ҳоҷате бурун рафтам (барои коре ба саҳро баромадам).

Хорканеро дидам, ки пуштае хор фароҳам оварда (ҷамъ кардааст). Гуфтамаш:

-«Ба меҳмонии Ҳотам чаро намеравӣ, ки халқе бар симоти (дастархони) ӯ гирд омадаанд?»

Гуфт:

Ҳар кӣ нон аз амали хеш хурад,
Миннати Ҳотами Той набарад.

Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар (баландтар) дидам.


Даҳони пушида ҳазор тилло

Бозоргоне ҳазор динор зарар дид ва ба писараш гуфт:

-Набояд, ки бо касе ин суханро дар миён ниҳӣ (набояд ин суханро ба касе бигуӣ).

Писар гуфт:

-Эй  падар, фармон турост, нагуям (ба касе нагуям), лекин маро ба фоидаи ин муталеъ (огоҳ) гардон, ки маслиҳат дар ниҳон доштан чист?

Гуфт:

-То мусибат ду нашавад яке нуқсони моя (кам шудани сармоя) ва дигар шамомати (маломати) ҳамсоя.

Байт

Магӯ андуҳи хеш бо душманон,
Ки «лоҳавл» гуянд шодикунон.


Ҷавони донишманд

Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил хаззи вофир дошт ва табъи нофир (аз донишҳои гуногун маълумоти зиёд дошт ва аз бисёр гап задан нафрат мекард). Чандон, ки дар махофили донишманд нишастӣ (ҳар кадар дар мачлисҳои донишмандон менишаст) забон аз сухан бибастӣ (гaп намезад).

Боре падараш гуфт:

-Эй писар, ту низ он чӣ медонӣ, бигӯй!

Гуфт:

-Тарсам, ки бипурсандам аз он чӣ намедонам ва шармсорӣ барам (метарсам он чиро, ки намедонам пурсида шармандаам кунанд).

Байт

Ногуфта надорад касе бо ту кор,
Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр!


Агар доно мебуд

Ҷолинус аблаҳеро дид, ки даст дар гиребони донишманде зада, беҳурматӣ мекунад. Гуфт:

-Агар ин доно мебуд, кори вай бо нодон ба ин ҷо намерасид.

Қитъа

Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабукбор.
Агар нодон ба ваҳишт сахт гуяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил бщуяд.
Ду соҳибдил нигаҳ доранд муе,
Хамедун саркашу в-озармхуе.
В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсилонанд.


Овози нохуш

Яке дар масҷиди Санҷор барои савоб бонги намоз (азон) мегуфт, ба тарзе, ки шунавандагон аз ӯ нафрат мекарданд. Соҳиби масҷид амире буд одил ва нексиришт. Намехост, ки муаззин дилозурда гардад. Гуфт:

-Эй ҷавонмард, ин масҷид муаззинони қадим дорад. Ҳар якеро панҷ динор мураттаб доштаам (маош қарор додаам). Туро даҳ динор медиҳам, то ҷои дигар равӣ.

Бар ин қавл иттифоқ карданд ва (ӯ) бирафт.

Пас аз муддате дар гузаре (дар сари роҳе) пеши амир боз омад ва гуфт:

-Эй худованд (хуҷаин), бар ман ҳайф кардӣ (дар ҳаққи ман ҷабр кардӣ, ки ба даҳ динорам аз он букъа (масҷид), бадар кардӣ. Он ҷо ки рафтаам, бист динор медиҳанд то ба ҷои дигар равам (лекин ман) қабул намекунам.

Амир аз ханда бехуд гашт ва гуфт:

-Зинҳор наситон (нагир), ки ба панҷоҳ динор розӣ мегарданд.

Байт

Ба теша кас нахарошад зи рӯи хоро гил,
Чунон, ки бонги дурушти ту мехарошад дил


Ҷавоби модар

Рӯзе ба ғуруру чаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт:

-Магар хурдиатро фаромуш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?

Қитъа

Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан:
«Гар аз аҳди хурдет ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғуши ман.
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пиразан».


Ҳунарат чист?

Араби саҳроиеро дидам, ба писари худ мегуфт:

-Туро хоҳанд пурсид, ки ҳунарат чист, нагӯянд, ки падарат кист?

Писареро падар насҳат кард,
К-“Эй ҷавонмард, ёд гир ин панд.
Ҳар ки бо аҳди худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю донишманд”.


Ҳикояҳо аз эчодиёти Саъди Шерози, Адаб аз ки омухти? Хоркани химматбаланд ва Хотами Той, Дахони пушида хазор тилло, Чавони донишманд, Чавоби модар, Хунарат чист? Ҳикояи Тоҷикӣ, аз бузургони тоҷик, ҳикояву ривояти точики, бо забони тоҷикӣ