Иди Рамазон – 2019

Иди Фитр  – идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Ин иди саид яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик бо хушҳоливу самимияти хоса таҷлил мегардад. Ин идро пас анҷоми моҳи Рамазон, рӯзи аввали моҳи Шавволи солшумории ҳиҷрӣ таҷлил мекунанд.

Имсол (2019) мувофиқи қарори Шӯрои уламо:

  1. Иди саиди Рамазон дар кишварамон рӯзи 5-уми июн таҷлил хоҳад шуд.
  2. Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06:00 баргузор хоҳад шуд.

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2019-ро инҷо метавонед аз назар гузаронед


Иди саиди Фитр дар байни халқи тоҷик

Моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр дар байни халқи тоҷик ҳамроҳ бо расму ойинҳо, бовару муътақидот, шеъру таронаҳо ва пазироии махсус садсолаҳои зиёд аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст.

Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд. Ҳамчун яке аз рукнҳои ибодат дар давоми сӣ рӯзи моҳи Рамазон мусулмонон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб чизе тановул намекунанд. Ҳамеша ба якдигар муомилаи хуш карда, забонашонро аз ғайбат, тӯҳмат ва дашном нигоҳ медоранд. Сипас баъди ифтор дар масҷидҳои шаҳру деҳот ва маҳаллаҳо мардҳо ҷамъ омада, ба хондани намози таровеҳ машғул мешаванд. Дар намози таровеҳ хатми Қуръон карда, дуоҳо хонда мешаванд.

Амалҳои холисона инҷо хонед

Касе туро ранҷ ва ё азоб медиҳад? Тавсияҳоро инҷо мутолиа намоед…

Анъанаи дигаре, ки дар Рамазон маъмул аст, гузаронидани «шаби қадр» аст, ки шаби 27-уми ҳамин моҳ мебошад. Дар ин шаб мардум шабзиндадорӣ намуда, ба ибодату тиловати Қуръон машғул мешаванд. То се рӯз мондани ид мардум мувофиқи воҷиботи дини Ислом ба ятимону ниёзмандон садақаи фитр медиҳанд. Дар хонаҳо занон ба ид тайёрӣ дида, ба пухтани кулча, орзуқ, чагалдак, ҳалвои сафедак, сурхак ва дигар хӯрданиҳо машғул мешаванд. Рӯзи ид аз ҳама бештар хурдсолон хурсандӣ мекунанд. Соҳибхонаҳо ба кӯдакон ҳадяҳое чун тухм, хурӯсқанд, сақич, пул ва ё ҳар гуна бозичаҳо медиҳанд.

Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Фитр барпо мешавад.


Соли равон (2019) намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди ҷумҳурии Тоҷикистон соати 06:00 баргузор хоҳад шуд.


Нияти намози иди Рамазон

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Рамазон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.


Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.


Сарчашмаҳо: Wikipedia.org

Shuroiulamo.tj


Калидвожаҳо: иди рамазон 2019 дар точикистон, иди рамазон 2019 в таджикистане, иди рамазон 2019 кадом руз, рузи иди рамазон 2019, нияти намози ид, намози иди рамазон, вакти намози ид, соати намози ид, намози ид соати чанд.

мухаммадшариф

Иди рамазон аникаш кай аст мардум мегуянд ки рамазонро 29 руз руза мегирем оё ин дуруст аст

Тчк

Ака имруз чумъа аст имруз насиб дар намоз мегуянд ки ид кай аст

Sabr

Оё да рузи ид да муассисахо дарс хаст ё не

Зафар

Соати чан намоза имруз 5 июня 2019 мехонад