иди курбон картинка скачать бесплатно

Иди Курбон – 2019

Иди Қурбонро ба сабаби ҳодисаи таърихии қурбонӣ шудани Исмоил дар он айём ва ба хотири қурбоние, ки ҳоҷиён ҳама сола дар он рӯз дар Мино ва мардуми мусалмони тавонгар дар манзилҳояшон барои итъоми дармондагон ва икроми мардуми идгузор анҷом медиҳанд, ба ин ном номидаанд ва он ҳамон иди Азҳо дар забони араб бошад. Иди Қурбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр – забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад ва дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.

иди курбон картинка скачать бесплатно

Ҳумоюну муборак бод иди рӯзадоронаш,

Чу иди рӯзадоронаш муборак бод қурбонаш!  (Амир Муиззӣ)


Фактҳои ҷолиб аз зиндагии ҳаррӯзаи мо инҷо мутолиа намоед

Подшоҳ бояд чӣ гуна бошад? Сифатҳои хуб ва бади подшоҳонро инҷо хонед.

Нишонаҳои шахси некбахт ва аҳли саодатро инҷо хонед


Иди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мамлакати мо соли 2019 мувофиқи сарчашмаҳои интернетӣ рӯзи иди Қурбон ба рӯзи 12-уми август (душанбе) рост меояд. Санаи дақиқи ин иди муборакро Шӯрои уламо тасдиқ хоҳанд кард ва санаи зикргардида метавонад тағйир ёбад.

Таҷлил ва шукӯҳи мардумии иди Қурбон дар миёни миллатҳои мусалмон, бахусус мардуми мусалмони кишварамон, аз он азамат ва ҷашнҳои идонае, ки дар иди рамазон доир ва мушоҳида мегарданд, фарқе намекунад, балки ба сабаби зиёдтар будани айёми баргузории он тароват ва истишмоми накаҳоти раҳмату баракоти илоҳӣ дар чеҳраи мусалмонон бештар эҳсос мешавад.

Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Қурбон барпо мешавад.


Нияти намози иди Қурбон

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Қурбон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.


Маводҳои ҷолиб, факту далелҳои гуногунро аз инҷо дастрас намоед

Панду насиҳат, андарзҳои бузургон ва хазинаи маърифатро аз инҷо мутолиа намоед

Табрикот барои ҷашну идҳо ва зодрӯзи хешовандонро аз инҷо дастрас карда метавонед


Қиссаи Ҳазрати Иброҳим (а) ва Исмоил (а) (пайдоиши иди Қурбон)

Маросими ҳаҷ ба рӯзҳои иди Қурбон рост меояд ва қидмати таърихии иди Қурбон ба айёми зиндагонии Иброҳими паёмбар (а) ва фарзандаш Исмоил (а) бармегардад. Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати ислом аз хонадони Иброҳим (а) ба ёдгор мондаанд.

Яке аз озмоишҳои Худованд аз Иброҳим (а) забҳ ва қурбонӣ кардани фар­зан­даш Исмоил дар роҳи Худо буд. Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб дид, ки фар­занди худ Исмомилро забҳ мекунад. ӯ яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт. Ис­моил ба ӯ гуфт: «Эй падар, ба ҳарчи амр шудаӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз собирон хоҳӣ ёфт!» .

Иброҳим (а) дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи задҳгоҳ дар сар­замини Мино ҳаракат кард. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, Шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад. Иброҳим (а) вақте талошҳои Шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи Шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.

Иброҳим (а) ва Исмоил вақте ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим (а) барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд. Ва ҳамин ки Иброҳим (а) корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: «Эй Иброҳим, (аз забҳи Исмоил воист) ту хоби худро ба амал баровардӣ!»  ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: «Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем».

Мусалмонони ҳаҷгузор рӯзи иди Қурбон ба ёди ин рӯйдоди азими таърихӣ ва эҳёи хотираи хонадони Иброҳим (ъ) дар сарзамини Мино, ки забҳгоҳ дар он воқеъ шудааст, чорвоеро забҳ менамоянд ва гӯшти онро ба одамони камбағал ва камбизоат тақсим мекунанд. Ба таври умум ҳар мусулмоне, ки имконияти молӣ дорад, дар ин рӯз дар хонааш ва аз ҷониби тамоми аҳли хонаводааш чорвое забҳ менамояд ва хотираи қурбонии Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ)-ро дар худ зинда месозад.


Оятҳои Қуръони карим оиди иди Қурбон

Қуръон ва ривоятҳои ҳадис иди Қурбонро ба ҳайси як ҳодисаи азим ва яке аз озмоишҳои сахте дар ҳаёти Иброҳим (а) зикр намуда ва маҷмӯаи ёздаҳоятае 100 – 111 дар сураи Соффот ба баёни ин ҳодисаи таърихӣ пардохтааст: «(Иброҳим дуо кард ва) гуфт: Парвардигоро, бароям аз солеҳон ато фармо! Он гоҳ ӯро ба писари ҳалим (боақл)-е башорат додем. Ҳангоме ӯ дар канораш ба синни саъй расид, гуфт: писарам, дар хоб дидам, ки туро забҳ менамоям, бу­бин, то дар ин бора чӣ меандешӣ!? (Исмоил) гуфт: Ба ончи амр шудаӣ, онро анҷом би­деҳ, иншоаллоҳ, маро аз собирон хоҳӣ ёфт. Вақте таслим шуданд ва ӯро ба рӯй хо­бо­нд, ӯро нидо додем, ки: Эй Иброҳим, хоби худро дар амал анҷом додӣ (ва) Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин озмоиши ошкоре буд ва ӯро бо қурбонии бузурге фидо намудем ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем. Пас са­лом бар Иброҳим (ва Мо) некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. ӯ воқеан ҳам, аз бандагони мӯъмини Мо буд». (Соффот, 37: 100–111)

Исмоил (а) бо сабр бар озмоиши забҳ дар айёми иди Қурбон дар шумори бандагони баргузида ва собири Худованд шомил гардид ва номи некаш то абад боқӣ монд. Қуръони карим мефармояд: «Ва дар китоб Исмоилро ба ёд овар, ки содиқваъда ва паёмбари баргузида буд». (Марям, 19: 54)


Мавод бо истифода аз сарчашмаҳои интернетӣ ва донишномаи озод (Википедиа) таҳия гардидааст.


иди қурбон

иди курбон 2019, иди курбон 2019 в таджикистане, иди курбон 2019 кай аст, иди курбон кай аст,  иди курбон 2019 дар,

иди курбон точикистон, иди курбон дар точикистон, иди курбон 2019 дар точикистон, иди курбон муборак, намози иди курбон, картинки иди курбон, нияти иди курбон, иди курбон 2019 дар точикистон кайба, нияти намози иди курбон, иди курбон 2019 кай мешавад, иди қурбон, иди қурбон 2019, иди қурбон муборак, нияти намози иди қурбон.

Шарҳ баста аст.