Идҳои Тоҷикистон

0
89

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:

— 1 январ — Соли нав;

Загрузка...

— 22 январ — Рӯзи кормандони гумрук;

— 25  январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №917)


— 23 феврал — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;


— 8 март — Рӯзи Модар;

— 11 март — Рӯзи матбуот;

— якшанбеи дуюми моҳи март — Иди Сада;

— 20 март — Рӯзи зиёиёни эҷодкор;

— 21-24 март — Иди байналмилалии Наврӯз;


— 8 апрел — Рӯзи иқтисодчиён;

— 10 апрел — Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ;

— 18 апрел — Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ;

— шанбеи сеюми моҳи апрел — Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе;

— якшанбеи сеюми моҳи апрел — Рӯзи илми тоҷик;

— 26 апрел — Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ;


— 1 май — Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;

— 4 май — Рӯзи кормандони мақомоти андоз;

— 7 май — Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа;

— 9 май — Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

— 12 май — Рӯзи Шашмақом;

-15 май — Рӯзи байналмилалии оила;

— 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон;

— 26 май — Рӯзи адвокатҳо;

— 28 май-  Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ;

— якшанбеи охири моҳи май — Рӯзи кимёгарон;


— 1 июн — Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон;

— 5 июн — Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №918)

— якшанбеи якуми моҳи июн — Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ;

— якшанбеи дуюми моҳи июн — Рӯзи кормандони саноати сабук;

— 27 июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ;


— 6 июл — Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия;

— 8 июл — Рӯзи маъюбон;

— якшанбеи дуюми моҳи июл — Рӯзи моҳипарварон;

— якшанбеи сеюми моҳи июл — Рӯзи металлург;

— 25 июл — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ;

— 30 июл — Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ;


— 10 август — Рӯзи варзишгарон;

— якшанбеи дуюми моҳи август — Рӯзи кормандони сохтмон;

— 17 август — Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;

— 17 август — Рӯзи кормандони роҳи оҳан;

— 18 август — Рӯзи кормандони соҳаи тиб;

— якшанбеи сеюми моҳи август — Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон;

— якшанбеи охири моҳи август — Рӯзи ангиштканон;


— 1 сентябр — Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ;

— 1 сентябр — Рӯзи дониш;

— 3 сентябр — Рӯзи авиатсия;

— 3 сентябр — Рӯзи Гвардияи миллӣ;

— 4 сентябр — Рӯзи китоб;

— якшанбеи аввали моҳи сентябр — Рӯзи кормандони саноати нафту газ;

— 9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— 13 сентябр — Рӯзи мелиораторон;

— якшанбеи дуюми моҳи сентябр — Рӯзи роҳсозон;

— якшанбеи сеюми моҳи сентябр — Рӯзи кормандони ҷангал;
— 22 сентябр — Рӯзи Рӯдакӣ;

— якшанбеи охири моҳи сентябр — Рӯзи мошинсозҳо;

— 30 сентябр — Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ;


— 1 октябр — Рӯзи куҳансолон;

— 5 октябр — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— якшанбеи якуми моҳи октябр — Рӯзи омӯзгорон;

— 8 октябр — Рӯзи кишоварзӣ;

— 10 октябр — Рӯзи Фалак;

— якшанбеи дуюми моҳи октябр — Рӯзи кормандони адлия ва суд;

— 16 октябр — Рӯзи кинои тоҷик;

— якшанбеи сеюми моҳи октябр — Иди Меҳргон;


— 6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— 7 ноябр-  Рӯзи театри тоҷик;

— 10 ноябр — Рӯзи милитсия;

— 24 ноябр — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;


— 7 декабр — Рӯзи кормандони мақомоти молия;

— 9 декабр — Рӯзи геологҳо; (ҚҶТ аз 3.07.12с.№834)

— 10 декабр — Рӯзи ҳуқуқи инсон;

— 14 декабр — Рӯзи кормандони прокуратура;

— 18 декабр — Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон;

— 22 декабр — Рӯзи энергетика;

— 28 декабр — Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ;


— Иди Рамазон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;

— Иди Қурбон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.


Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ 

Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:

— 1 январ — Соли нав;

— 8 март — Рӯзи Модар;

— 21-24 март — Иди байналмилалии Наврӯз;

— 9 май — Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

— 27 июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

— 9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— 6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Рӯзи иди Рамазон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;

— Рӯзи иди Қурбон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.


Калидвожаҳо: Идхои Точикистон, Праздники Таджикистана, Рузхои истирохати Точикистон, Идхои истирохати. Рӯзҳои истироҳатии Тоҷикистон.