Ибораи “have got” (доштан) дар забони англисӣ

Дар забони англисӣ вақте, ки сухан дар бораи доро будан ба чизе меравад, дар баробари феъли “to have” ибораи “have got” низ метавонад ба кор ояд. Ибораи мазкур дар замони ҳозираи феъл дар шаклҳои “have got” вa “has got” истифода мешавад. Ҷумлаҳоро муқоиса кунед:

I have а саr. — Ман мошин дорам.

She has a brother. — Ӯ бародар дорад.

I have got а саr. — Ман мошин дорам.

She has got a brother. — Ӯ бародар дорад.

Чӣ хеле ки дида истодаед, аз лиҳози маъно байни феъли “have” ва ибораи  “have got”  ягон  фарқияти ҷиддие нест. Дар забони модарии мо низ ҳолатҳои ба ҷумлаҳои гуногун ифода гардидани як маъно кам нестанд. Таваҷҷуҳ кунед:

  1. Шаҳри мо кӯчаҳои васеъ дорад.
  2. Шаҳри мо дорои кӯчаҳои васеъ аст.
  3. Шаҳри мо дорои кӯчаҳои васест.

Акнун бо истифодаи ибораи “have got” якчанд ҷумлаҳои тасдиқию инкорӣ ва саволӣ месозем.

They have got many children.

Shamsia has got a new dress.

I haven’t got a cat but I have a kitten.

He hasn’t got a good ice-box.

Have you got a new crib? No, I haven’t

Has Sabrina got a neck¬lace? Yes, she has.

Has your new neighbour got any pets in his fiat? Yes, he has got a cat ana three kittens.

How many grandchil¬dren have your grandparents got? They have got six grandchildren.

Рӯйхати мавзӯҳои забони англисӣ дар инҷо >>ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Маводҳои омӯзишӣ, факту далелҳои ҷолиб, панду андарз, ин ҳама дар инҷо >>МАҚОЛАҲО

Шарҳ баста аст.