Ибодату маросимҳо дар масеҳият. Таассуби динӣ

          Ибодату расму русуми масеҳият дар давраи аввали пайдоишаш бисёр ҳам сода буданд. Гуфтан мумкин аст, ки он қариб ҳеҷ гуна маросиме надошт. Маҳз ҳамин надоштани маросимҳо ба он мусоидат кард, ки масеҳият бар динҳои дигар ғолиб ояд. Ягона расме, ки дар ибтидо ҷорӣ буд, ба хотири асосгузори масеҳият  Христос сари чанд вақт бегоҳиҳо ҷамъ шуда якҷоя нон хӯрдан ва матнҳои диниро хондан буд. Ин гуна шомҳоро «шоми муҳаббат» мегуфтанд.

          Як каме баъд дар масеҳият маросими ду фарз пайдо шуд: ғусли таъмид (крещение) ва хӯронидани нону шароби табаррукӣ (причащение). Фарзи хӯрдани нону шароби табаррукӣ (причащение) маънои онро дорад, ки масеҳӣ гӯё «ҷисму хуни Христосро» мехӯрда бошад. Ин расм аз маросимҳои қадимтарини инсоният – хӯрдани худои худ баромадааст ва аз тотемизм реша мегирад. Ғайр аз ин, дар ойини митрапарастӣ расми хӯрдани нону шароб аз ҷониби парастандагони Митра вуҷуд дошт.

          Маросими хӯрдани нону шароби табаррукӣ, ки соле як бор буд, акнун ҳарҳафтаина шуд. Баъди адои намозу ибодат дар калисо ҷисму хуни худое, ки худро қурбон карда буд, хӯрда мешуд.

          Расми фарзи ғусли таъмид бошад, маънои шустани гуноҳҳоро дошт. Ҳангоми ғусл инсон, ки пургуноҳ аст, аз гуноҳ пок мегардад. Ба ин ду фарз, баъдтар 5 фарзи дигар илова гардид ва бо ҳамин дар дини масеҳӣ 7 фарз вуҷуд дорад. Ин 7 фарз дар асри XIII дар анҷумани масеҳиёни калисои католикӣ дар шаҳри Лион қонунан муқаррар гардиданд ва баъдтар калисои шарқии православӣ низ онҳоро қабул кард.

          Баъдҳо баъзе унсурҳои дигар низ аз қабили тарзи гӯркунӣ, боварӣ ба зиндагии рӯҳ баъди вафот, тарзи шамании рондани ҷинҳо ва ғайра ба масеҳият дохил шуданд.

          Баъди қабули дини масеҳӣ мутаассибони зиёде низ пайдо гардиданд. Ин мутаассибон олимону рассомонро мекуштанд, намунаҳои беҳтарини санъатро хароб менамуданд. Дар соли 415 дар шаҳри Искандария, ки маркази маданияти эллинистӣ буд, бо шӯрангезию фитнаи роҳибони масеҳӣ бо сардории патриарх Кирилл китобхонаи қиматтарину бойтарини онро оташ заданд ва ба тарзи ваҳшиёна Ипатия – олимаи бузург, муаллифи чандин асарҳои математикӣ, астрономӣ ва фалсафиро куштанд. Аз ҷониби вестготҳо дар соли 410 дар Рим хароб карда шудани намунаҳои олии санъату илм ва аз ҷониби вандалҳо дар соли 455 бештар хароб кардани бозмондаҳои илму санъат (вандализм)  оҳанги динӣ доштанд. Онҳо бо ин аъмоли шуми худ гӯё дараҷаи баланди диндорӣ-масеҳияти худро нишон доданӣ мешуданд, онҳо намунаҳои олии санъатро кори дастони шайтон медонистанд.

Шарҳ баста аст.