Иқтисодиёт, ҳунармандӣ ва тиҷорат дар замони Сомониён

0
139

Бештари аҳолӣ дар замони Сомониён ба зироаткориву чорводорӣ машғул буданд. Дарёҳои Сайҳун (Сир), Ҷайҳун (Аму) ва Бухоро (Зарафшон) барои обшор сохтани водиҳои аслии сарзамини Осиёи Миёна нақши муҳим мебозиданд. Даҳҳо наҳру каналҳои дигар низ бобати обёрии ин сарзамин канда шудааст. Аз ҷумла дар солҳои 30-уми асри IX, ки намояндаи хонадони сомонӣ дар Чоч ҳукумат мекард, дар ин шаҳр наҳри азиме ба истифода дода шуд. То замони Сомониён низ шабакаҳои обёрӣ миёни мардуми ин минтақа тараққӣ карда буд, ки имрӯзҳо ҳам дар бисёре аз минтақаҳои Осиёи Миёна иншооти обёрии зиёд бо номи «ҷӯйи муғ» маъруфанд.
Шаклҳои гуногуни заминдорӣ дар ин давра маъмул буд. Аммо намудҳои асосии заминдорӣ чун пештара заминҳои давлатӣ, хусусӣ ва вақф ба ҳисоб мерафт. Инъом додани замин ба кормандони давлатӣ, ҳарбиён ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар хеле маъмул буд. Замини инъомшуд, иқтаъ номида мешуд. Баъзан деҳа ё ноҳияи калонеро давлат чун иқтаъ ба ин ё он амалдори давлатӣ мебахшид. Ин амалдор вазифадор буд, ки ҳиссаи худ ва ҳукумати марказиро аз иҷорагирандагони замин ҳосил намояд ва тартиботу низом ва тобеъияти сарзаминро низ таъмин намояд. Хонадони Сомониён ҳам соҳиби заминҳои зиёд буда, девони махсусе дахлу харҷи ин заминҳоро назорат мекард. Бо пурра мусулмоншавии аҳолӣ ва афзудани нақши рӯҳониён дар умури давлатдорӣ миқдори заминҳои вақф низ афзоиш ёфта, барои таъсиррасонии диндорон ба ҳаводиси сиёсӣ ва иқтисодии кишвар замина фароҳам меомад.
Хироҷ аз замин ва умуман андозҳо бештар ба шакли пулӣ руёнида мешуданд. Шаклҳои дигари андозу баҳракашӣ аз меҳнати мардум, чун ба таври супоридани маҳсулот ва ё бегорӣ (кори маҷбурӣ) низ маъмул буд. Муаррихони ин давра аз ҷумла Наршахӣ ҳаҷми андози ин ё он мулкро овардаанд. Аз ҷумла хироҷи яксолаи Бухоро ба 200 ҳазор дирами нуқра баробар буд. Хироҷи солонаи Сомониёнро ҷуғрофидони маъруфи ин аср Ибни Ҳавқал 40 миллион дирҳам номидааст. Масъалаи ҷамъоварии хироҷ ва супоридани он ба марказ яке аз масъалаҳои асосӣ буд, ки бар сари он баъзан ҷангҳои шадид низ рух медод. Аз ҷумла яке аз сабабҳои ҷанги бародарон Наср ва Исмоил напардохтани хироҷи Бухоро ба хазинаи марказии давлат буд.
Дар минтақаҳои гуногун истеҳсоли маъдан ба авҷ мерасад. Дар осори ҷуғрофии асри X назири Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Ҳавқал, Муқаддасӣ ва ғайра дар хусуси сарватҳои зеризаминии Мовароуннаҳру Хуросон маълумот дода шудааст. Дар Фарғона, Ашт, Хатлон, Бадахшон ва шаҳру минтақаҳои дигари Сомониён истихроҷ ва истеҳсоли маъданҳо ба авҷ расида буд. Оҳан, симоб, сурб, навшодир, намак, тилло, нуқра, мисс, оҳан ва ғайра зиёд истеҳсол мегашт.
Истеҳсоли шиша дар асрҳои IX-X ба авҷи худ мерасад. Истеҳсоли шиша тавассути дамидан ривоҷ ёфта буд ва осори ба даст омада гувоҳи он аст, ки ҳатто ба ороиши шиша низ аҳамият дода мешуд. Истеҳсоли суфол низ ба дараҷаи муайяне расида, зарфҳои нақшину ороиш дода шуда аз ин давра то ба рӯзгори мо расидаанд.
Заргарӣ ва гилембофӣ дар аҳди Сомониён хеле ривоҷ ёфта буд. Мувофиқи ахбори ҷуғрофиянависони асри X дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Нишопур, Марв, Дабусӣ истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ривоҷ ёфта буд. Дар Бухоро корхонаи бузурге бо номи «Байту-тироз» фаъолият мекард ва аз маҳсулоти он ҳатто амиру вазирон истифода карда, матоҳои он ба шаҳрҳои гуногуни олам содир мегашт. Матоҳои деҳаи Занданаи Бухоро дар сарчашмаҳои ин давра хеле мавриди ситоиш қарор гирифтаандю Матоҳои ведарӣ, ки дар Ведар ном деҳаи Самарқанд истеҳсол мешуд хеле машҳур буд. Ибни Ҳавқал менависад, ки як либоси ин маконро ӯ панҷ сол пӯшидааст ва мардумони Ироқ барои пӯшидани ин матоъ бо якдигар фахр мекардаанд. Коғази Самарқанд дар саросари қаламрави хилофат маъруф буда, беш аз дусад сол ин шаҳр ба истеҳсолкунанда ва содиркунандаи коғази баландсифат машҳур гардид.
Ҳаёти шаҳрӣ ва умуман шаҳрсозиву маданияти шаҳрнишинии замони Сомониён машҳур аст. Бухоро нахустин бор дар замони ин сулола ба пойтахт табдил ёфта, бинокориву меъмории ин шаҳр ба афсона монанд гардид. Амирони сомонӣ дар ин шаҳр садҳо бинои маъмурӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ созмон доданд. Бухоро бо девори азиме иҳота гардида, дар он садҳо корвонсарою гузарҳои нав бунёд меёбад. Аз гӯшаву канори олам ба ин шаҳр тоҷирон сарозер мегаштанд. Номи бозору дуконҳои Бухоро ва дигар шаҳрҳои машҳури Сомониён дар саросари қаламрави хилофт ва берун аз он машҳур буданд. Рӯдакӣ барҳақ дар баробари Бағдод Бухороро ситоиш карда, онро маркази нави ҷаҳони ислом ва тамоми шарқ меҳисобид. Сайёҳону ҷуғрофинависони асри X аз қабили Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Муқаддасӣ, Ибни Ҳавқал дар бораи шаҳрҳои муҳими қаламрави Сомониён маълумот дода, ҳамагӣ аз шукуфоии шаҳрҳои ин давра маълумот додаанд. Ба ғайр аз Бухоро, инчунин Самарқанд, Чоч, Истаравшан, Хуҷанд, Тирмиз, Балх, Нишопур, Марв, Ҳирот, Рай ва ғайра ба сатҳи муайяни тараққиёти худ расиданд. Дар баъзе ин шаҳрҳо то 200 ҳазор аҳолӣ сукунат мекарданд, ки барои асри X рақами хеле болост.
Тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ. Тангаҳои сомонӣ аз тилло (динор) ва фулузоти дигар зарб зада мешуданд. Аммо дар гардиш бештар пулҳои нуқрагӣ (дирҳам) ва мисин (фулус) буданд. Тангҳои нуқрагини исмоилӣ, мусайябӣ, ғитрифӣ, муҳаммадӣ аз маъмулттарин сиккаҳои замони Сомониён буданд. Тиҷорати байналмиллалӣ ва бозаргонии дохилӣ хеле авҷ гирифта буд. Дар қаламрави Сомониён дар ҳар манзил маъмуроне буданд, ки ба унвони роҳдор нишаста, вазифаи ҳифзи роҳҳо, баррасии иҷозати гузари молу ғуломро назорат мекарданд, яъне нақши гумрӯки рӯзҳои моро иҷро менамуд.
Барои ба роҳ мондани муомилоти пулӣ табақаи махсуси саррофон амал мекарданд, ки пулҳои гуногунро хариду фурӯш карда, аз ҷумла мубодилаи асъорро гузаронида тиҷоратро осон менамуданд. Барои осонтар гаштани муомилоти савдо ҳатто низоми ғайринақдии муомилотро ба роҳ монда буданд, ки дар бонкдории имрӯза бо номи чек машҳур аст. Яке аз бозорҳои маъруфи Бухоро Моҳ ном дошт, ки ҳанӯз то омадани арабҳо машҳур буда, минбаъд бештар шуҳрат ёфт. Ба ғайр аз бозорҳои бузурге, ки ҳамаи шаҳрҳо доштанд, инчунин бозорҳои солона низ дар шаҳру деҳаҳо ташкил карда мешуд, ки аз 10 то 30 рӯз идома пайдо мекарданд. Ин бозорҳо дар ҷойҳои муайян ташкил шуда, ба монанди ярмаркаҳои кишварҳои Аврупо фаъолият менамуданд ва нарху навои он аз дигар бозорҳо арзонтар буд. Сафири халифаи араб ва муаллифи китоби арзишманди сайёҳӣ Ибни Фазлон ҳикоят мекунад, ки як корвони ба Бухоро омада аз 5 ҳазор нафар ва 3 ҳазор аспу уштур иборат будааст. Тиҷорат бо гӯшаву канори хилофати аббосӣ ва кишварҳои Чин, Ҳинд, Рус, Аврупо густариш ёфт. Хидмати Сомониён дар ин ҷода пеш аз ҳама таъмини амният дар роҳҳо ва фароҳам овардани шароити осудаи хариду фурӯш дар шаҳрҳо ба ҳисоб мерафт.

Загрузка...