Иқтисод ҳамчун мафҳуми хоҷагидорӣ ва илмӣ

Инсон табиатан аз ибтидои офарид то кунун баҳри қонеъ гардонидани талабу ниёзҳои худ эҳтиёҷ ба хӯрдан, пӯшидан, кор кардан, сохтан, хондан, истироҳат, маишат ва ғайра дорад.

Ҳаёти инсон мисли ҳаёти ҷомеа, бисёрҷабҳаву гуногуншакл ва нисбатан мураккаб мебошад. Он ҳамчун низоми муташаккил ва муайяни фаъолият дар ҳавза ва бахшҳои гуногун (сиёсат, идеология, илм, маориф, фарҳанг, маданият, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра) зуҳур мегардад.

Бузургон ва донишмандони аҳли адаб эътироф кардаанд, ки мояи ҳастиву рушди ҷомеаи инсониро соҳаи иқтисод муайян мекунад.

То кунун, байни донишмандон ва мутафаккирон оиди тасвири мавқеъ ва нақшу равандҳои ҳодисаҳои иқтисодӣ андешаву ақидаҳои гуногун ба назар мерасанд. Охирон, ҳамчун кулли тафаккур ё худ назариёти мушаххаси иқтисодӣ, таҳти таъсири шароитҳои мухталифи таърихӣ, ҷуғрофиёт, маданият, иҷтимоиёт, сиёсат, хусусиятҳои табиию муҳити зист ва ғайра ҳархела сурат мегирад.

Иқтисод ва муносибатҳои иқтисодӣ баробари ташаккул ва таҳаввули низомҳои иқтисодӣ густариш ёфта, дар махзанҳои таърихию достонҳои афсонавӣ ҳамчун падидаҳои пароканда ва гусаста тасниф шудаанд. Аз ҷумлаи он метавон китоби Зардушт «Авесто», китоби «Архашастра» дар Ҳинди бостон ва садҳо дигаронро номбар кард.

Чӣ тавре аз «таърихи афкори иқтисод» зуҳур мегардад, вожаи иқтисод ҳамчун ваҳдати мафҳумҳои юнонии «ойкос» — хоҷагӣ ва «номос» — қонун, яъне «ойкономия» ба вуқӯъ пайвастааст. Он сароғоз аз ҷониби Ксенофонт ҳамчун фаҳмиш тибқи меъёр, қоида ва қонунҳои пеш бурдани хоҷагӣ истифода карда шудааст.

Азбаски дар он замонҳо иқтисод ҳамчун хоҷагиҳои натуралӣ ва хонавода ба тавсиб мерасид ва робитаҳои иқтисодӣ шакли молӣ дошта, бидуни мубодила сурат мегирифтанд, «ойкономия» на ҳамчун ҳавзаи ҷудогонаи хоҷагии халқ, балки чун соҳаи нисбатан маҳдуди хонадорӣ1 тасаввур карда мешуд. Аз ин сабаб вожаи “ойкономия” дар маҳзанҳои таърихию вожаномаҳои иқтисодӣ перомуни “санъати пешбурдани (хоҷагиҳои) хонавода” номбар ва шарҳ дода мешавад.

Тӯли ҳазорсолаҳо инсоният аз зинаи сукунат то ба зинаи фавқулинкишоф рушду камол ёфт. Таносубан, шакл ва намуди хонаводаю хоҷагидорӣ, давлатдорию ҷаҳондорӣ низ куллан дигар шуд. Дар ин асно, мазмуну мундариҷа, нақш ва мақоми «ойкономия» вобаста ба гузаштани замонҳову маконҳо, бешубҳа тағйир ёфт.

Иқтисод ва густариши доираи мафҳумҳои иқтисодӣ, маҳз пас аз заволи низоми ғуломдорӣ, чуқур гаштани тақсими ҷамъиятии меҳнат (кор) ва ҷамъиятигардонии истеҳсолот дар шароити капитализм амиқ мегардад.

Аз ин рӯ, таҳти иқтисод нафақат муносибатҳои байни шах-сони алоҳида, оила, гурӯҳҳо, синфҳо, корхона, соҳа, давлат оиди тарз ва услуби хонаводаю хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ, балки муносибатҳои умумибашарӣ перомуни ташаккули равандҳои байналмиллалии истеҳсолот, илму техника, асъор, молия, муҳоҷирати қувваи коргарӣ, ҳамкорӣ доир ба коинот, экология, сарфаю сариштакорӣ ва ғайра дар назар дошта мешаванд.

Ботадриҷ, донишҳои (афкори) иқтисодӣ ба пажӯҳишгоҳи ақоиду андеша оиди идораю танзими давлат, истиқрори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, меъёри қонунҳо, ташкили хоҷагӣ, соҳиб-корию бизнес, маркетингу менеҷмент ва ғайра табдил меёбанд.

Тибқи тақозои замони ҳозира иқтисодро ба чунин унсурҳо тафриқабандӣ менамоянд:

  • иқтисоди бахшҳои алоҳида (иқтисоди саноат, кишоварз, сохтмон, тиҷорат, нақлиёт…);
  • ҷойгиронии ҷуғрофӣ(иқтисоди ноҳия, вилоят, шаҳр, губерния, штатҳо, иқтисоди миллӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ…);
  • маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ (муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол);
  • зуҳури низомҳои иқтисодӣ ва моликият (иқтисоди суннатӣ, амрӣ, капиталистӣ, бозорӣ, мухталат, меъёрӣ, воқеӣ…);
  • натиҷаи амалиётҳои агентҳо (намояндаҳо) ва субъектҳои иқтисодӣ (иқтисоди хона, оила, корхона, давлат…);
  • фанни илмию таълимӣ (иқтисоди сиёсӣ, назарияи умумии иқтисодӣ, “Экономикс”, “Микро”, “Мезо”, “Макро”, “Мегоиқтисод” ва боқимонда фанҳои тахассусии иқтисод — молия, бонк, пул, қарз…);
  • кулли ҳавзаҳои дониш оиди истифодаи сифру рақам, тасвири ҳодисаҳои иқтисод ва дигар зергурӯҳу гурӯҳҳо (омор, кибернетикаи иқтисодӣ, тамсиласозии иқтисодию риёзӣ, эконометрия, иқтисоди амалӣ, пешбинии иқтисодӣ…).

Дар ин асос метавон гуфт, ки иқтисод дар асл фаъолият ва санъат оиди ташкили хонадорӣ, хоҷагию хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ аст. Ба ин мақсад инсон ва аҳли башарият, тамоми воситаю предметхои мавҷудаи олами моддӣ ва маънавиро барои беҳтару афзун гардондани шароити меҳнату зист ва қонеъ гардондани талаботи худ истифода мебарад. Дар ин мазмун ҳамаи неъматҳои иқтисодӣ, дороиву санъат, воситаҳои подошу таъмини ҳаёт, кору фаъолият, шароити меҳнат, маишат, истироҳат ва ғайра, ки инсоният дар гузашта эҳё намуда, имрӯз истифода мекунад  иқтисод аст.

Аз нигаҳи дигар, иқтисод — илм аст. П.Самуэльсон андеша ба он дорад, ки иқтисод илмест оиди он ки чӣ тавр ҷамъият истеҳсоли маҳсулотҳои нафъоварро истифода мебарад ва тақ-сими онро дар байни гурӯҳҳои гуногун ба роҳ мемонад1. Аз ин ҷиҳат иқтисод, ба андешаи мо ҳамчун тадбир, тарз ва усулҳои гуногун оиди фаҳмиш ва дарки қонуну қонуниятҳои ташаккули хоҷагидорӣ, низом, марҳала ва таҳаввули он, истифодаи захира-ҳои иқтисодӣ (табиат, капитал, меҳнат…) барои қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷи инсону ҷомеа ва ташаккули муносибатҳои байни агентҳову субъектҳои иқтисодӣ сурат мегирад.

Дар асоси ин гуна тафриқабандӣ дар адабиёти Ғарб ду тариқи истифодаи “ойкономия” — “экономика” ва “экономикс” ба назар мерасад. Якум, ҳамчун фаъолият оиди хоҷагидорӣ дар мазмун ва маънии аслӣ ва дуввӯм — ҳамчун илми иқтисод, яъне назарияи иқтисод тасаввур карда мешавад. Қисме аз иқтисоддонон, вобаста ба хусусиятҳои миллӣ, марҳалаҳои гузариш ба бозор, зарурият ва имконияти истифодаи он (Экономикс) дар амалия ва сатҳу дараҷаи ташаккулу таҳаввули илми иқтисод, назар ба он доранд, ки илми иқтисод на ҳамчун қисматҳои алоҳидаи “Экономика” ва “Экономикс”, балки ҳамчун илми ягонаи “назарияи иқтисодӣ” дониставу эътироф карда шавад (20, 7-10).


Иктисод хамчун мафхуми хочагидори ва илми, иктисод чист? Иктисод чист? Унсурхои иктисод, унсурхои иктисод кадомхоянд, мафхуми иктисод аз кучо пайдо шудааст, иктисод чи маъно дорад.


1 Саркорӣ, ҳавлидорӣ, хоҷагидорӣ, хонавода…

1 Ковалев И.М. История, экономики и экономических учений. М.,1999.

Шарҳ баста аст.