ИҚТИДОРИ ТУРИСТИИ ҲУДУД

 Иқтидори туристии ҳудуд шарти муҳими рушди туризм мебошад, ки он аз рӯи фарогирӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ, кишвар, ноҳия ва мавзеъ ҷудо мешавад. Зери мафҳуми  иқтидори туристӣ маҷмӯи ҳамаи унсурҳои табиӣ, фарҳангӣ – таърихӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ фаҳмида мешавад, ки он барои фаъолияти туристӣ дар ҳудуди муайян пешниҳод мегардад. Баъзан иқтидорҳои туристиро дар муносибати байни далелӣ ва тахминии миқдори туристон шарҳ  медиҳанд ва аз ин хотир ин назари мо чандон дуруст нест.

Иқтидори туристии ҳудуд вобаста ба маърифати иҷтимоӣ-фарҳангӣ хеле  тағйирёбандаанд. Зери иқтидори туристӣ мафҳуми шароит ва омилҳои рушди фаъолияти туристӣ фаҳмида мешаванд.

Ба ақидаи баъзе коршиносон мафҳуми арзишҳои туристӣ маънои  захираҳои туристӣ ё иқтидорҳои туристӣ -рекреатсионии ҳудудро  дорад. Аз рӯи миҷози худ онҳо  пайдоиши гуногунранг дошта, қисми он дорои хусусияти табиӣ буда, қисми дигар дар натиҷаи фаъолияти инсон ба амал омадааст, яъне ба тарзи сунъӣ офарида шудааст.

Миёни арзишҳои туристии антропогонӣ, сунъӣ ва табиӣ марзбандӣ вуҷуд дорад, зеро ин арзишҳо бо иштироки фаъолияти муштараки инсон дар табиат офарида шудаанд. Сохтори иқтидори туристии ҳудуд дар зер оварда шудааст.

Сохтори иқтидори туристии ҳудуд.

Аз расми овардашуда аён аст, ки иқтидорҳои туристӣ- захираҳои туристӣ ва инфрасохтори туристиро дар бар мегирад.

Захираҳои туристӣ аз се гурӯҳи асосӣ таркиб ёфтаанд:

— табиӣ;

— фарҳангӣ — таърихӣ;

— иҷтимоӣ — иқтисодӣ.

Ба инфрасохтори туристӣ унсурҳои иттилоотӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, моддию техникӣ, идоравӣ ва ғайра шомиланд.

Захираҳои туристию рекреатсионӣ барои идораи туризм аҳамияти аввалиндараҷа доранд ва он тиҷорати туристиро дар ин ё он минтақа, ташаккул медиҳад. Маҳз онҳо асоси рушди босуботи тиҷорати туристиро ташкил намуда, хусусияти хоси туризмро дар минтақа муайян менамоянд. Ғайр аз ин ба сифати зербино барои истеҳсоли маҳсулоти туристӣ хизмат менамоянд.  Ба захираҳои табиӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ — фарҳангӣ, моддӣ — техникӣ ва меҳнатӣ дохиланд.

Шарҳ баста аст.