Хусусиятҳои ниҳоди сарварӣ дар Тоҷикистон

Таърих мисолҳои зиёдеро медонад, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллатҳо ва давлатҳоро аз нестшавӣ эмин медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Фаъолияти Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ин амалияи зиёда аз биступанҷсолаи худташаккулдиҳии шахсиятест, ки худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст.

Роҳ ба сӯйи сиёсати калон хусусиятҳои хосси худро дошта, замону макон ҳам ба он таъсири амиқи худро расонида метавонанд. Аз ин нуқтаи назар, нишондиҳандаҳои замонию маконӣ дар марҳилаи ба сари қудрат омадани ӯ бисёр мушкилу пурпечутоб буданд. Аз ин рӯ, усули махсуси муносибат ба мушкилиҳое зарур буд, ки таҳдиди ҷиддӣ барои тамоми низоми сиёсӣ доштанд. Маҳз тавассути қобилияти фитрии дарки амиқи воқеият, ба инобат гирифтани хусусияти вақт, ҷасорат, иродаи қавӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ тавонист шиддати баланди иҷтимоиро, ки ба авҷи аълои худ расида буд, паст намояд.

Мактаби сарварии Пешвои миллат мактабест, ки дар марҳилаҳои бисёр мураккабу таърихӣ ташаккул ёфта, мавқеъ пайдо намудааст. Ин ниҳод ниҳоди сарварии вазъиятӣ набуда, дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад. Ин аст, ки ҳокимият ва муносибатҳои ҳокимият аз ҷониби ин ниҳоди муҳимми иҷтимоию сиёсӣ бо риояи принсипҳои умумипазируфта амалӣ гашта, манфиати давлату миллат дар он аз ҳама боло гузошта мешавад. Ин ниҳод дар марҳилае ташаккул ёфт, ки мардум ба фардо умеди нек надоштанд. Интихоб гаштан ба сифати сарвари давлат санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки бояд ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор мекард.

Таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида, ӯ тавонист вазифаи танзимнамоии муносибатҳо ва роҳнамоии ҷомеаро баҳри ба даст овардани мақсад сарбаландона иҷро намояд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ифодагари иродаи матини сарвари сиёсӣ баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар мебошад. Чунин мавқеъ ва иродаи роҳбарияти давлат имконият дод, ки дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ва кӯшиш баҳри ҳамгироии иҷтимоӣ пурзӯр гашта, пеши роҳи бегонашавӣ аз ҳокимият гирифта шавад.

Нақши ниҳоди сарвариро дар ҳалли низоъ қайд намуда, бояд ба инобат гирифт, ки ин ниҳод нақши танзимнамоии худро ба пуррагӣ иҷро намуд.

Мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гаштани Президенти мамлакат далели ин гуфтаҳост.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар раванди рушди ниҳоди сарварӣ дар Тоҷикистон марҳилаи навро кушод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеияти таҳаввулот ва рушди ниҳоди сарвариро, ки дар заминаи талошҳо, азхудгузариҳо баҳри таъмини ҳамгироии ҷомеа ва якпорчагии кишвар, ҷасорат дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва умумидавлатӣ, пешбурди сиёсати муваффақонаи хориҷӣ тавонист эътирофи умумимиллиро ба даст оварад, нишон медиҳад. Эътирофи шахсият ҳамчун Пешво аз ҷониби ин ё он миллат ин, пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсиятест, ки тавонист аз мушкилтарин санҷишҳои таърих миллатро бо сарбаландӣ гузаронида, пойдории онро таъмин намояд.


Калидвожаҳо: Хусусиятхои ниходи сарвари дар Точикистон.

Шарҳ баста аст.