Хурӯс ва рӯбоҳ (ҳикоя)

0
207

Зирак гуфт: – Шунидам, ки хурусе буд ҷахонгардида ва домҳои макр дарида ва бисёр достонҳои рубоҳон дида ва достонҳои ҳайли эшон шунида. Рӯзе ин хурус ба тамошои бустон мегашт.

Фаротар рафт бар сари роҳе биистод. Чун лолаи шукуфта, лолаҳои ҷадид мушкин аз фарқу торак бар душ ва гардан афтода, хукаи лаъл бар гушаи кулоҳ пушонида, дар қисмати мунакдаш бинишонда. Чун арус дар ҳиҷла ва товус дар чилва домани раъное пойкашон мегардид. Овозе бикард. Рубоҳе бишнид. Тамаъ дар он Хурус овард ва ба ҳирсе тамом бидавид, то ба наздики Хурус омад. Хурус аз бим бар деворе ҷаст. Рубоҳ гуфт:

Загрузка...

-Аз ман чаро меҳаросӣ? Бидон, ки ман ин соат дар ин перомун мегаштам. Ногоҳ бонги намози ту ба гуши ман омад. Аз нағамоти ту дил дар панҷаи синаи ман тапидан гирифт. Агарчӣ ту мавзунӣ, руминажодӣ, дар пардаи завқ ва шавқ ба самъи ман расониданд ва силсилаи ваҷди ман биҷунбониданд, то ҳамчун Билол аз Хабата, аз Рум дуойи ту маро ба ин ҷо кашонид.

-Байт:

Ман гирди сари куйи ту аз баҳри ту гардам,

Булбул зи пайи гул ба канори чаман ояд.

Инак бар азми ин табрик омадам, то баракоти анфосу истиноси ту дарёбам ва лаҳзае биосояму туро огоҳ кунам, ки подшоҳи вақт мунодӣ фармудааст, ки хеҷ кас мабод, ки бар кас бедод кун аду андешаи ҷавру ситам дар дил гирад, то зурманде даст дароз накунад. Ва ҷуз ба лутфу эҳсон ба якдигар зиндагӣ накунанд.

Чунон, ки кабутар ҳам ошёни укоб бошаду магас ҳам хоҷаи анкабут. Шер дар беша ба таарӯзи шағол машғул нашавад ва юз дандони тамаъ аз оҳу баркашад. Саг дар пустини рубоҳ наяфтад ва боз кулоҳи хурус нарабояд.

Хурус дар миёнаи сухан гардан дароз карду суи роҳ нигарист. Рубох гуфт:

-Чӣ менигарӣ?

Гуфт:

-Ҷонваре мебинам, ки ба ин ҷониб меояд. Чунон, ки бод бар гардаш намерасад. Гурге бо думи дарозу гушҳои бузург ру ба мо ниҳодаасту чунон меояд, ки чун тир аз камон.

Рубоҳро аз ин сухан санги ноумедӣ дар дандон омад ва табларзаи ҳавл бар аъзо афтоду аз қасди хурус даргузашт. Саросема паногоҳе талабид, ки бад-он пинҳон шавад. Хурус гуфт:

-Биё, беҳтар бингарем, кӣ меояд?

Рубоҳ гуфт:

-Ин иморату аломат, ки шарҳ медиҳӣ, чунон менамояд, ки саги тозӣ аст ва маро аз дидани ӯ басе хуррамӣ набошад.

Хурус гуфт:

-На ту мегуӣ, ки мунодӣ аз адли подшоҳ нидо дар чаҳон додааст, ки касро бар кас адоват нарасад. Ва имрӯз ҳамаи ботилҷуёни ҷаврпеша аз бими каҳру сиёсати ӯ озари халқ раҳо кардаанд?

Рубоҳ гуфт:

-Аммо имкон дорад, ки ин саг он бонги мунодӣ нашунида бошад ва ин овоза бад-у нарасида. Беш аз ин дар мақом таваққуф шоиста нест.

Аз он ҷо барчаст ва ба сурохие дархазид.

Ин афсона аз баҳри он гуфтам, ки шояд яке аз ҷумлаи ин қавм овозаи мувофиқати аҳд нашнида бошад, бишнавад ва адлу дод баргузинад.


Ҳикояи Хурус ва рубоҳ, хикояи хурус ва рубох, хикоя дар бораи хайвонот, хикояи точики, хикояхои точики, ҳикояҳои тоҷикӣ бо забони тоҷикӣ