Худогоҳӣ

Худогоҳӣ. Раванди дигаре, ки робитаи ногусастани бо ташаккули шуури инсон дорад ин падидаи худшиносӣ мебошад. Шуур на танхо марбут ба инъикоси олами берунӣ, яъне табиат, балки ба инъикоси вижагиҳои олами фардии инсон низ нигаронида шудааст. Аслан дар аввали зуҳури худ фалсафа мундариҷаи шуурро бо самтгирии таваҷҷӯҳи инсон ба олами табиӣ маҳдуд месохт ва ин заминаи худро он дар кушиши инсон барои ҳарчӣ бештар ба даст овардани дониш оид ба олами атрофаш дошт. Болоравии таваҷҷӯҳи мутафаккирон ба дарки асрори олами фардии инсон аз таълимоти Сукрот сарчашма мегирад, ки у инро бо ибораи маъруфи «Худро бишинос» роҳнамойӣ кард. Ба андешаи у дарки олами инсонро иҳотанамуда бидуни таваҷҷӯҳи ҳамзамон ба маърифати олами ботинияш нокомил бокӣ мемонад. Бо мурури пешрафти фалсафа дар ин самт тадриҷан андеша оид ба хусусияти фаъолнокӣ, гуфтугӯйӣ, мубоҳисавӣ ва танқидӣ доштани хиради инсон нисбат ба худаш ташаккул меёбад. Масалан, Афлотун таъқид мекард, ки фаъолияти Рух танҳо иборат аз дарки ғайрифаъол нест, балки он амали ботинии фирдиест, ки хусусияти гуфтугӯӣ бо худи худашро дорад; зимни андешарони Рух чизе дигареро магар ғайр аз гуфтугу бо худ, худро суол кардан, тасдиқу рад намудан анҷом намедиҳад. Ба андешаи Декарт низ худогоҳӣ ягона падидаест, ки наметавон нисбати он шубҳа намуд. Агар ман чизеро мебинам мумкин аст он маҳсули ҳаёлоту таваҳҳумам бошад, вале он чи маҳз ман олами атрофро тасаввур мекунам ва мутаносиб бо он ман вуҷуд дорам, наметавонад боиси шубҳа бошад.

Дар ҳамин замина агар ба афкори фалсафии машриқзамин назар андозем мебинем, ки дар  ин ҷо низ тасаввуф зарурати ҷалби талаботи инсонро ба кашфу тарбияи олами ботинияш аз дарки олами атроф муҳимтар мешуморид. Зеро вижагиҳои олам, мавҷудияти ашё ваҷҳи муштарак бо он раванду ҳодисаҳое дорад, ки дар таҷриба ва олами ботинии инсон мегузарад. Ҳамакнун чунин андешае роиҷ мегардад, ки шуур замоне ба худогоҳӣ табдил меёбад, ки «Ман» ба андешае мерасад, ки муайянии олами беруна на танҳо марбут ба худи у, балки ба «Ман»и онро тасаввуркунанда, дарккунанда аст. Аммо тазаккур бояд дод, ки баррасии масъалаи худогоҳӣ дар тасаввуф минбаъд ба нодида гирифтани робитаи он бо зарурияти дарки олами атроф ва вижагиҳои ҳаёти иҷтимоӣ мувоҷеҳ гашт. Дар анъанаи фикрии ғарбӣ баръакси ин равандро мушоҳида менамоем.

Анъанаи фикрии ғарбӣ дар ин масъала таъқид менамояд, ки худогоҳӣ  ин равандест, ки дар заминаи он «Ман» вобастагии бевоситаашро ба дониш оид ба олами атроф пайхас менамояд ва пеши худ саволеро матрах менамояд, ки оё донишхои дар таҷрибаи «Ман» мавҷудбуда метавонанд мухторият дошта бошанд. Дар зинаи худогоҳӣ барои инсон ҳам донишҳо оид ба олами атроф ва ҳам донишҳо оид ба худи у дастрасанд. Шуур дар ҳолати муқаррарӣ иборат аз муайянсозии муносибати инсон ба олам аст: ман мебинам; ман ҳис мекунам, ман тасаввур мекунам ва ғайра. Бо мурури боло рафтан ба зинаи худогоҳӣ шуур қобилияти ба ҳамдигар созгор намудани дониши худро дар бораи шайъи беруна бо дониши худ дар бораи ин дониш ба даст меорад. Пас формулаи худогоҳӣ метавонад чунин бошад: «ман фикр мекунам, ки фикр мекунам», «ман медонам, ки медонам» ва ғайра. Барои ба дараҷаи худогоҳӣ расидан танҳо фикр кардан, тасаввур кардан кифоя нест, балки лозим меояд, ки он ҳолати олами ботиние ба даст оварда шавад, ки қодир ба андешидан, тасаввур кардан бошад. Аз ин ру аксари мутафаккирон мундариҷаи шуурро ба ду даста ҷудо мекунанд – шуури шайъӣ(предметӣ) ва худогоҳӣ. Агар шуури шайъӣ ба маърифати олами атроф нагаронида шуда бошад, пас дар зинаи худогоҳӣ субъект худро ба объекти худ табдил медиҳад. Объекти таҳлил дар ин маврид тасаввурот, андешаи худ, мақоми хеш дар ҷомеа ва ғайра мегардад. Худогоҳӣ ин танҳо иборат аз маърифати худ нест, балки муносибат ба худ, ба сифату ҳолат, имконият. Неруи ҷисмонию маънавии худ, яъне худбаҳодиҳӣ аст. Бидуни худбаҳодиҳӣ ҷойи худро ёфтани инсон дар зиндагӣ мушки ласт. Бинобар ин инсон ба маънои дигар мавҷуди худбаҳодиҳанда аст.

Худогоҳӣ дар таърихи инсоният ва дар раванди инкишофи фардияти инсон бидуни иштироки авомили иҷтимоӣ, барқароркунии иртибот бо соири одамон, ба инобат гирифтани мавқеи ҳаётии онҳо, баҳодихии худ аз диди дигарон номумкин аст. Ҳамин тавр иҷтимоияти инсон боиси ташаккули худогоҳи дар олами психикии у мегардад. Инсон худогоҳияшро на танҳо бо баракати одамони дигар, балки дар заминаи дарку инкишофи олами тавассути фаъолияти моддияш офаридашуда ба даст меорад. Дар ҷараёни худогохӣ инсон худро аз олами атрофаш ҷудо месозад ва кушиш менамояд, ки муносибаташро бо он муайян менамояд. Агар шуур ба инсон имконияти таҳти назорат гирифтани фаъолияти амалияшро фароҳам орад, пас худогоҳӣ расолати фаъолияти худи шуурро таҳти назорат гирифтан дорад, ки ин мундариҷаи шуурро сифатан тағйир медиҳад. Дар ҷараёни худогоҳи инсон ба дараҷаи шахсият камолот ёфта, худро ҳамчун субъекти фаъолияти амалию маънавӣ дарк менамояд.

Худогоҳӣ дорои сохтор ва шаклҳои муайян мебошад. Муҳтавои яке аз шаклҳои аввалаи худогоҳӣ, ки худҳискунӣ ном дорад, иборат аз дарки ибтидоии ҷисми худ ва ҷойгоҳи он дар олами муҳити ашё ва одамон аст. Аз ин ру тасаввури соддаи ашё ҳам ба сифати воқеияти новобаста аз инсон вуҷуддошта низ худогоҳии муайянро тақозо менамояд. Шакли дигари баландтари зуҳури худшиносӣ ин дарки вобастагии худ ба ин ва ё он умумияти инсони ва гуруҳи иҷтимоӣ аст. Дар ин замина ташаккули «Ман»и худро аз «ман»и дигарон фарккунандаи инсон сурат мегирад ва рафтори у бештар хусусияти бошуурона пайдо мекунад. Зеро у ҳамеша дар ин маврид натиҷаи ҷамъиятии рафторашро пеши назар дорад. Ҳар қадар дар ангезаҳои рафтори у ҳисси вазифаю масъулиятшиносии ҷамъиятӣ бартарият дошта бошад инсон ҳамон қадар ба иҷрои бошууронаи амали иҷтимоӣ моил мегардад. Дар ин маврид у худогоҳии инсон ба дараҷаи баландтари худбаҳодиҳию худназоратӣ мерасад.     Ҳамин тавр, худогоҳии инсон на танҳо дар заминаи муносибату муошират бо одамони дигар, балки дар заминаи неъматҳои офаридаи моддию маънавӣ ва фаъолияташ дар ҷомеа ташаккул меёбад. Бинобар ҳамин маҳдуд намудани баррасии худогоҳӣ танҳо дар ҳудуди шуури фардӣ ҳамчун фарогирандаи масоили марбут ба «Ман»и инсон  мувофиқи мақсад нест. Мансубияти инсон ба умумиятхои гуногуни иҷтимоӣ низ шаклҳои муайяни худогоҳиро ташаккул медиҳанд ва худогоҳии миллӣ яке аз намунаҳои барҷастаи он аст. Ташаккули худогоҳии иҷтимоӣ, аз ҷумла худогоҳии миллӣ, дар баробари худогоҳии фардӣ метавонад барои таъмини суботи иҷтимоӣ саҳми беназир дошта бошад. Бинобар ҳамин ҳам таваҷҷӯҳи ҷомеаҳои муосир, аз ҷумла ҷомеаи муосири тоҷик низ, ба ин масъала хеле зиёд аст. Худогоҳии миллӣ ин дарки талаботу манфиат ва ҳадафу ниёзҳои инкишофи давлати миллӣ аз ҷониби афрод ба сифати талаботу манфиат ва ҳадафу ниёзҳои умумӣ аст, ки дар сурати татбиқи онҳо афрод метавонанд барои ба даст овардани мақсадҳои ҳаётияшон имконият пайдо намоянд.

Шарҳ баста аст.