Гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Тайёр намудани аввалин лоиҳаҳои тақсимоти ҳудуди миллӣ. Анҷумани ХII ҲК(б) Русия (апрели соли 1923), ки масъалаи миллиро муҳокима карда буд, дар навбати худ диққати сарварони ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро низ ба ҳалли ин масъала ҷалб намуд. Вале зарур шуморида шуд, ки оғози ин маъракаро на ҳамчун нишондоди марказ, балки чун ташаббуси худи халқ ба миён гузоранд. Дар натиҷа баъди анҷуман аллакай аз номи ташкилотҳои ҳизбии ҲК(б) Туркистон ба номи КМ ҲК(б) Русия оиди дар Осиёи Миёна ташкил додани ҷумҳуриҳои нави миллӣ фикру дархостҳо фиристода шуданд.

31 январи соли 1924 дар маҷлиси Бюрои ташкилии КМ ҲК(б) Русия аввалин бор масъалаи ҷумҳуриҳои нави миллии Осиёи Миёна муҳокима гардид. Дар ин маҷлис раиси бюрои Осиёи Миёнагии КМ ҲК(б) Русия Я.А.Рудзутакро вазифадор намуданд, ки ҳангоми дар Осиёи Миёна будан масъаларо бо ҷалб намудани ходимони масъули ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм аз ҳар ҷиҳат санҷида барояд.

25 феврали соли 1924 пленуми васеи КМ ҲК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҷумҳурии Бухоро Ф.Хоҷаев аз рӯи масъалаи «Дар бораи аз рӯи нишонаҳои миллӣ ба ҷумҳуриҳо тақсим намудани Осиёи Миёнаи шӯравӣ» маърӯза кард. Дар маърӯза ва қарори пленум тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ва ташкили ҷумҳуриҳои нави миллӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таклиф пешниҳод карда шуд, ки дар асоси ҷумҳурии Бухоро, бо ба он ҳамроҳ намудани сарзамини ҷумҳурии Хоразм (ба ҷуз вилояти Ташауз, ки аҳолиаш асосан туркманҳо мебошанд), вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи ҷумҳурии Туркистон — Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Ин пленум тавсия намуд, ки аз ҳисоби вилоятҳои Чорҷуйи ҷумҳурии Бухоро, вилояти Ташаузи ҷумҳурии Хоразм ва вилояти Моварои Каспии ҷумҳурии Туркистон Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Туркманистонро ташкил намоянд. Оиди тоҷикон бошад он пленум тавсия намуд, ки «аз ҳисоби Мастчоҳ ва Қаротегину Ғарм вилояти мухтори Тоҷикистонро бунёд кунанд ва он бояд дар ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад». Бояд таъкид намуд, ки ин аввалин пешниҳодот оиди ташкил намудани вилояти мухтори тоҷикон, вале фақат дар ноҳияҳои санглохи кӯҳӣ мебошад.

10 марти соли 1924 маҷлиси аъзоёни бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия бо иштироки аъзо ва номзадҳои КМ ҲК Туркистон ва раёсати КИМ Туркистон барпо гардид. Дар он А. Раҳимбоев, чун котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия баромад карда, таъкид намуд, ки «Осиёи Миёна аз рӯи ҳайати милли мамлакате мебошад, ки дар он аксариятро ӯзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо, баъд баъзе халқиятҳои майда ташкил мекунанд». Дар ин маҷлис низ гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро маъқул шуморида, қарор карда шуд, ки бюрои иҷроияи КМ ҲК Туркистон масъаларо васеътар омӯхта, ба муҳокимаи пленуми худ пешниҳод кунад. Бюрои иҷроия бошад барои ин комиссияи махсусеро ташкил дод. Он комиссия агарчанде зарурияти гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллиро танҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон пешниҳод карда бошад ҳам, вале қисми зиёди мутасаддиёни чӣ кишварию, чӣ марказӣ гузаронидани он маъракаро дар тамоми Осиёи Миёна, яъне бо ҷалб намудани ҷумҳуриҳои Бухорою Хоразм низ лозим ҳисобиданд.

23-24 марти соли 1924 Пленуми КМ ҲК Туркистон масъаларо «Дар бораи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳурии Туркистон» муҳокима намуд. Он гузориши масъаларо маъқул шуморида, оиди тақсими Туркистон ба ҷумҳуриҳои миллӣ андешаҳои худро баён кард.

5 апрели соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия дар маҷлиси худ маърӯзаи котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия А. Раҳимбоевро «Дар бораи Туркистон, Бухоро ва Хоразм (дар бораи ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ)» шунида, муҳокима намуд. Дар он КМ ҲК(б) Русия фикру андешаҳои оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пешниҳод гардидаро маъқул шуморида, ҳалли онро то охири моҳи майи ҳамон сол мавъқуф гузошт.

Баъди он ки КМ ҲК(б) Русия андешаро оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маъқул шуморид, КМ ҲКБухоро дар асоси қарори худ аз 10 апрели соли 1924 Комиссияеро барои тайёр намудан ва гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ ташкил намуд. Ба он комиссия Ф. Хоҷаев, К. Атобоев, К. Пӯлодов, А. Муҳиддинов ва Наврӯзбоев дохил шуданд.

28 апрели соли 1924 маҷлиси якҷояи бюрои Осиёимиёнагӣ ва Бюрои иҷрояи КМ ҲК Туркистон барпо гардид. Он оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қарорҳои дахлдор қабул кард. Дар он тақсимоти ҳудуди миллиро дар шароити ҳамонвақта зарур ва мувофиқи мақсад шуморида шуд. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки фикру андешаҳоро оиди ин масъала ба Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ супоранд. Ба ҳайати он комиссия А. Раҳимбоев, К. Атобоев, Ф. Хоҷаев, Одинаев, Т. Рискулов, Абдураҳмонов, К. Пӯлодов ва дигарон дохил шуданд. Комиссия дар навбати худ вазифадор карда шуд, ки то 10-уми май омӯзиши масъаларо анҷом дода, фикру андешаҳои худро ба Бюрои Осиёимиёнагӣ супорад. Дар қатори комиссияи умумӣ, ё худ марказӣ, инчунин комиссияҳои хурди миллӣ низ ташкил доданд. Ин комиссияҳо аввали моҳи май дар маҷлиси нахустини худ ҷамъ омаданд. Минбаъд андешаҳои ин комиссияҳои хурди миллӣ оиди ҷумҳуриҳои нави миллӣ ва вилоятҳои мухторӣ, бо назардошти ҳудуди онҳо ба Комиссияи марказӣ пешкаш гардиданд.

11 майи соли 1924 бюрои Осиёимиёнагӣ дар маҷлиси худ маърӯзаи Комиссияи марказиро оиди тақсимоти ҳудуди миллӣ шунида, бори дигар зарурияти онро таъкид кард. Бюро пешниҳод кард, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон чун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ташкил карда шаванд ва онҳо ҳамчун ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ бевосита ба ҳайати ИҶШС (СССР) дохил шаванд. Инчунин таклиф намуд, ки вилояти мухтори Тоҷикистон дар ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ёбад.

 Бюрои Осиёимиёнагӣ ба Комиссияи марказии тақсимот тавсия намуд, ки ҳангоми тайёрии масъала барои ҳар воҳиди алоҳида нишонаҳои зеринро ба инобат гиранд: алоқаи иқтисодӣ; сарҳади тахминии миллӣ; имкониятҳои идоракунии маъмурӣ; хусусиятҳои психологии мардуми (этнографӣ) ноҳияҳо; мавқеи ҷуғрофӣ ва ғайраҳо. Дар асоси ҳамин пешниҳодот гурӯҳе, ки дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро аксариятро ташкил намудани тоҷиконро ночор эътироф менамуданд, мегуфтанд: «аз сабаби дар атрофи ин шаҳрҳо аксариятро ташкил намудани ӯзбекҳо, ноҳияҳои иқтисодиро аз ин марказҳо, бо хусусиятҳои миллӣ ҷудо кардан мумкин нест». Ҳол он ки дар атрофи шаҳри Бухоро ҳамон вақт ва ҳоло ҳам ноҳияе нест, ки дар онҳо амалан ӯзбекҳо нисбати тоҷикон аксариятро ташкил намоянд.

Умуман аз моҳи феврал то майи соли 1924 дар ташкилотҳои гуногун, махсусан ҳизбӣ, масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна муҳокима гардид. Аз тарафи онҳо оиди масъалаи ба миён гузошташуда аввалин фикру андешаҳо ва лоиҳаҳо пешкаш карда шуданд. Вале аксари ин ташкилотҳо андешаи якдигарро, махсусан оиди тақдири тоҷикон, тӯтивор такрор мекарданд. Дар аксари он ташкилотҳо тақдири бисёре аз халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ба тарзи объективӣ муҳокима нагардид. Зеро, барои худи онҳо масъалаи гузошташуда чандон фаҳмо набуд, ё худ мавқеи онҳое, ки чун маърӯзачӣ баромад намуда, масъаларо мегузоштанд, яктарафа ва хато буд. Мутасаддиёни масъала ҳамон лаҳза барои омода намудани он андешаи олимони ширқшиноси Русия, аз ҷумла В.В. Бартолд, М.С. Андреев ва дигаронро ба инобат нагирифтанд. Ҳол он ки шарқшиноси машҳури рус В.В. Бартолд ба ҳамон тарзе, ки болшевикон аз рӯи нишонаи миллӣ ташкил намудани ҷумҳуриҳои миллиро дар Осиёи Миёна пешкаш кардаанд, чандон розӣ набуд. Ин олими дурандеш оқибати чунин марзбандиро тасаввур намуда, онро хилофи анъанаҳои таърихии ин сарзамин, ки форсизабонон пеш аз ҳама тоҷикон, бо туркзабонон дар давлатҳои ягонаи сермиллат мезистанд, ҳисобидааст.

Яке аз арбобони барҷастаи шӯравии он давр, комиссари халқии корҳои хориҷӣ Георгий Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус такя намуда, ба муқобили лоиҳаҳои ҳозиргардида, лоиҳаеро пешниҳод намуд, ки он дар таърих бо номи “лоиҳаи Чичерин” маълум аст ва мувофиқи он дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳайати он ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид. Вале бо сабаби дар ҳайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон, “лоиҳаи Чичерин” қабул нагардид.

Лоиҳаи асосии тақсимот ва андешаҳо оиди мухторияти тоҷикон. Ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон. 12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия дар асоси ҳуҷҷату таклифҳои пешниҳодшуда «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он пешниҳод карда шуд, ки ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Инчунин зарурияти муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизии (қазоқии) Туркистонро бо ҶМШС Қирғизистон (Қазоқистон), ташкил додани вилояти мухтори Қара-Қирғизро (Қирғизистон) дар ҳайати Федератсияи Русия, вилояти мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон пешниҳод кард. КМ ҲК(б) Русия инчунин масъалаи ба Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудани ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ ва барпо намудани ташкилотҳои ҳизбии онҳоро дид.

3 августи соли 1924 дар маҷлиси бюрои Осиёимиёнагӣ бо иштироки котиби КМ ҲК(б) Русия И.А. Зеленский, «Лоиҳаи таклифҳо дар бораи кори комиссияҳои тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» муҳокима гардид. Дар он ба бюроҳо ё худ комиссияҳои миллӣ супориш дода шуд, ки то 12-уми август лоиҳаи пешакии ҳудудҳои ҷумҳурию вилоятҳои миллии навбунёдшавандаро пешкаш намоянд. Инчунин ба онҳо ҳуқуқ дод, ки ба кори комиссия, аз рӯи зарурият, шахсони алоҳидаро бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратӣ ҷалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил диҳанд.

То миёнаи августи соли 1924 ягон гурӯҳ ё худ комиссияе вуҷуд надошт, ки он бевосита бо тақдири тоҷикон машғул шавад. Танҳо 16 август дар маҷлиси бюрои Осиёимиёнагӣ ба ҳайати аъзоёни комиссияи сарҳадӣ аз тоҷикон Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов дохил гардиданд. Вале аъзоёни ин комиссия ҳангоми муҳокимаи масъала соҳиби танҳо ҳуқуқи овози машваратӣ буданду халос. Онҳо инчунин мӯҳлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзи лозимӣ омӯзанд. Зеро, ба онҳо ҳамагӣ 5 рӯз мӯҳлат дода буданд, ва дар ин муддат бояд ҷамъбасти фикру андешаҳоро оиди тақдири тоҷикон пешкаш менамуданд. Бо ҳамин сабаб ин комиссияи бо ном тоҷикӣ, танҳо имконият пайдо кард, ки лоиҳаи тайёрнамудаи комиссияи ӯзбекиро омӯзад ва бо ҳамон “марҳамате”, ки онҳо нисбат ба тоҷикон кардаанд, қаноатманд гарданд ва он андешаҳоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияҳои комиссияи тоҷикӣ пешкаш намоянд.

21 августи соли 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар ин маҷлис А.Хоҷибоев, чун раиси комиссияи тоҷикӣ баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз ҷумла ӯ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки тоҷикони Бухорои Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Туркистон «ҳам аз ҷиҳати хоҷагӣ, ҳам аз ҷиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқӣ таъсис хоҳад ёфт, ҳамроҳ шуда наметавонанд». Вале раиси маҷлис аз А.Хоҷибоев пурсид, ки чаро ӯ дар маърӯзааш тоҷикони Фарғона, Самарқанд ва Бухороро зикр карда, дар бораи тоҷикони Хуҷанд чизе нагуфт. Пас маърӯзачӣ дар ҷавоб: дар Хуҷанд тоҷикон бартарӣ доранд, онҳо «он ҷо дар баъзе волостҳо низ ҳастанд, онҳоро ба вилояти Тоҷикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст, аммо роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранд ва онҳо аз ҷиҳати тиҷорату иқтисод бо ӯзбекҳо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онҳоро дар ҷумҳурии Ӯзбекистон мондан лозим аст».

Дар ин ҷамъомад, аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда, ҳангоми музокирот Ҳоҷибоев роҷеъ ба маркази мадании тоҷикон чунин изҳор дошт: «мо ақида дорем, ки шаҳри марказии тоҷикон Самарқанд хоҳад буд, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон мемонад, он бояд маркази муваққатии маданияти тоҷик бошад, он ҷо мо бояд мактабҳо ва ғайра ташкил кунем».

Аз ин далелҳои овардашуда баралло равшан аст, ки А. Ҳоҷибоеви ҳамон лаҳза 24 сола, аз қолаби тавсиякардаи комиссияи ӯзбекӣ берун баромада натавонистааст.

24 августи соли 1924 Комиссияи марказии ҳудудӣ аз комиссияи миллии тоҷикӣ хоҳиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лаҳза ҳам комиссияи бо ном тоҷикӣ ақалан ҷуръат накард, ки масъалаи соҳиб шудан ба яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба миён гузорад. Ҷавонӣ ва дуруст надонистани масъала, ба аъзоёни ин комиссия имконият намедод, ки оқибати мавқеи худро дуруст сарфаҳм раванд. Барои онҳо тақдири миллати худ – тоҷикон гӯё бегона буд. Дар лаҳзаҳои ҳалкунанда барои ҳимояи манфиати халқи худ ягон хел ҷонбозӣ накарда, лаҳза ба лаҳза ба хатогӣ роҳ медоданд. Ниҳоят, ин комиссия саховатмандона аз чунин шаҳрҳои машҳури қадимаи тоҷикон – Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Хуҷанд ҳам даст кашида,  сараввал деҳаи Қаротоғро чун маркази вилояти мухтории тоҷикон пешниҳод кард. Аммо ин таклиф ба ҳарбиён маъқул набуд. Бинобар ин бо таклифи ҳарбиён, дар он вақт як деҳаи назарногири дурдаст- Душанбе ҳамчун пойтахт қарор гирифт. 6 сентябр Комиссияи марказии ҳудудӣ лоихаи ҳудуди вилояти мухтории Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Дар мавқеи амалдорони ҷумҳурии Туркистон аз моҳи августи соли 1924 сар карда, оиди мавҷудияти тоҷикон тағйироте ба амал омад. Онҳо акнун  мавҷудияти тоҷиконро рӯйрост рад накарда, ночор, қисман барои қонеъ гардондани талаботи маънавиашон розӣ шуданд. Аз ҷумла, худи ҳамон  моҳ КИМ Туркистон  дар  пленуми охирини худ қарор  кард, ки Донишкадаи омӯзгории  тоҷикӣ ташкил  карда  шавад. Дар  натиҷа  декабри он сол дар Тошкент   Донишкадаи маорифи тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он аввал донишҷӯён асосан аз ҳисоби тоҷикони Ӯзбекистон таҳсил мекарданд. 25 августи ҳамон сол дар Самарқанд нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» (холо ин рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, бо ҳамон ном нашр мешавад) оғоз ёфт.

Сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар қарорҳои органҳои болоии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шакли қонун даромад. Чунончӣ, 15-16 сентябр сессияи фавқулоддаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар ҳуқуқ дод, ки аз ҳайати ҷумҳурии Туркистон баромада, ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои миллии худро ташкил диҳанд. 20 сентябр анҷумани Умумибухороии шӯроҳо ҳам ҳамин гуна ҳуқуқро ба мардуми ҷумҳурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад анҷумани Умумихоразмии Шӯроҳо низ ҳамин гуна қарор қабул кард.

 11 октябри соли 1924 бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия маърӯзаи сардори Комиссияи худ В.В. Куйбишевро оиди тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна шунида, қарорҳои қатъӣ қабул кард. Дар ҳамин маҷлис нақшаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ва тақсими фонд ва сармояи давлатӣ дар байни ҷумҳурӣ ва вилоятҳои нави миллӣ дида шуд. Бюрои сиёсӣ ба масъалаи тоҷикон таваққуф намуда, дар ҳамин ҷамъомад зарур шуморид, ки ба ҷои вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтории Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Иттифоқии сотсиалистиии Ӯзбекистон ташкил дода шавад.

14 октябри соли 1924 иҷлосияи II КИМ Умумирусиягӣ қарори КИМ Туркистонро «Дар бораи ба мухториҳои алоҳида тақсим намудани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии сотсиалистии Туркистон» маъқул шуморид. Ин иҷлосия низ ба тоҷикон ҳуқуқ дод, ки ба ҷои вилояти мухтор (ташкил додани вилояти мухтори Тоҷикистон — ин пешниҳоди КИМ Туркистон ва қарори қурултойи V Умумибухороӣ буд) ҷумҳурии мухторро ташкил диҳанд. Дар натиҷа Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон- ҷумҳурияти мухторӣ дар ҳайати Ӯзбекистон, вилояти мухтории Қирғизҳо дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ 14 октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 27 октябр иҷлосияи  II КИМ ИҶШС, даъвати 2-юм қарорро оиди тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна маъқул шуморид. ҶМШС Тоҷикистон ба воситаи ҶШС Ӯзбекистон ба ҳайати ИҶШС  (СССР) дохил шуд.

Ҳангоми ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати он: аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа; аз ҶМШС Туркистон вилоятҳои Панҷакент ва Ӯротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Ҳамон лаҳза масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор км2 буда, аҳолияш 739,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тоҷикон иборат буд.

26 ноябри соли 1924 дар Тошкент Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев ташкил ёфт. 6 декабри он сол бюрои Осиёимиёнагӣ роҳбарияти муваққатии ҳизбӣ — бюрои ташкилии ҲК(б) Ӯзбекистонро дар ҶМШС Тоҷикистон барпо намуд. 3 феврали соли 1925 хукумати ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба Душанбе омад. Рӯзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдиҳамоии серодам барпо гардид. Дар он эъломияи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд.

Баъди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ашт ки ба уезди Қӯқанди вилояти Фарғона дохил мешуданд, бевосита ба ҳайати Ӯзбекистон монданд. Вилоятҳои Панҷакенту Ӯротеппа (Истаравшан) агарчанде аз рӯи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба ҶМШС Тоҷикистон дохил шуданд, вале бо сабабҳои гӯё ҷуғрофӣ, роҳбарии давлатию ҳизбии онҳо то соли 1926 бевосита аз тарафи органҳои ҶШС Ӯзбекистон ҷорӣ мешуд. Кӯҳистони Бадахшони ҳам аз соли 1923 чун вилояти мустақил аввал дар ҳайати ҶМШС Туркистон, баъд ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон монд. 2 январи соли 1925 вилояти Кӯҳистони Бадахшони ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табдил дода шуд ва худи ҳамон рӯз бо қарори раёсати КИМ ИҶШС ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд.

Тоҷикони баъзе ноҳияҳои бевосита дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон монда, аз натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ чандон розӣ набуданд. Аз ҷумла охири соли 1924 мардуми Конибодом, чун эътироз, пеши роҳи раиси КИМ ИҶШС (СССР) М.И. Калининро гирифтанд. Дар натиҷа онҳо соли 1925 ҳуқуқи “ноҳияи мухторӣ”-ро соҳиб шуданд.

Воситаҳое, ки ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ барои маҳдуд намудани мавқеи тоҷикон истифода бурдаанд. Чуноне аллакай таъкид намудем, сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро Ф. Хоҷаев аввалин шуда пешниҳод карда буд, ки аз ҷумлаи ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва Қаротегин вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд карда шавад. Дигар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурии Бухоро бояд асоси ҷумҳурии Ӯзбекистонро ташкил медоданд. Амалдорони ҷумҳурии Бухоро ҳангоми гузаронидани маъракаи тақсимоти ҳудудии миллӣ аз рӯи ҳамин нақша амал карданд. Онҳо дар байни мардуми шаҳру деҳот ташвиқ карданд, ки “аз ҳисоби сарзамини  ҷумҳурии Бухоро ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд мегардад. Бо сабаби он ки вилояти мухтори тоҷикон дар ноҳияҳои кӯҳистон барпо мегардад, бинобар ин ҳар касе худро дар рӯйхат “ӯзбек” нависад, дар манзили худ озодона истиқоматро идома дода метавонад. Ҳар касе, ки худро “тоҷик” сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, ба ҳамон мулкҳое, ки барои вилояти мухтори тоҷикон муайян шудаанд, раванд ва ё онҳо маҷбуран фиристода мешаванд”. Дар асоси ин ташвиқот қисме аз тоҷикони на танҳо Бухоро ва атрофи он, ҳатто тоҷикони дигар вилоятҳои Осиёи Миёна ҳам баҳри дар манзили худ оромона мондан, ба рӯйхат худро ҳамчун “ӯзбек” номнавис намуданд. Зеро, барои онҳо Қаротегину Мастчоҳ ҳамчун гӯшаи қафомондатарин ва мардуми он бечоратарин маълум буд.

Ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна на дар ҷумҳурии Туркистон ва на дар ҷумҳурии Бухоро ба рӯйхатгирии ҳақиқии объективии аҳолӣ гузаронида нашуд. Зеро, барои ин чуноне таъкид намудем, заминаҳои объективӣ ва субъективӣ ҳанӯз муҳайё нагардида буд. Дар баробари паст будани худшиносии миллӣ, инчунин кадрҳои лаёқатманд намерасиданд. Бинобар ҳамин ҳам, дар рафти маъракаи тақсимоти ҳудуди миллӣ, амалдорон бештар аз кабинети кории худ истода, кӣ будани мардуми ин ё он маҳал ё худ ноҳияро муайян мекарданд. Баъзан онҳо намояндагони худро ба ноҳияҳои гуногун фиристода, бо дасти онҳо рӯйхати муфассалро, бо нишон додани миллати барояшон дилхоҳ, ҳозир менамуданд.

Ҳуҷҷатҳои гуногуни бойгонии шаҳри Москва аз он далолат медиҳанд, ки дар баъзе ноҳияҳои тоҷикнишин мутасаддиёни ба рӯйхатгирии аҳолӣ ба тамоми фишорҳо нигоҳ накарда, рӯйхати ҳақиқии аҳолиро ба нишон додани миллаташон ҳамчун “тоҷик” пешниҳод кардаанд. Вале чунин ҳолат, ки ба амалдорони болоӣ маъқул набуд, бинобар ин дар чунин рӯйхатҳо калимаи “тоҷик”-ро хат зада, аз болои он “ӯзбек” навиштаанд. Мутаассифона ин гуна рӯйхатҳои ислоҳшуда хело бисёранд.

Ҳангоми маъракаи ба рӯйхатгирӣ, баъзе аз амалдорон бо дастаҳои силоҳбадаст дар гузару маҳаллаҳои тоҷикнишин ва ҳатто масҷиду мадрасаҳо мардумро “ташвиқ” намудаанд, ки дар рӯйхат худро ҳатман “ӯзбек” нависанд, ё худ ҳангоми пурсидани касе худро ҳамчун “ӯзбек” муаррифӣ намоянд. Чунин шахсони силоҳдор баъзан шабона ба хонаи тоҷикон даромада, онҳоро гӯё бори дигар “огоҳ” намудаанд, ки “ӯзбек” будани худро фаромӯш накунанд.

Ҳамон лаҳза яке аз мақсадҳои асоситарин ва наздиктарини амалдорони ҷумҳуриҳои чӣ Бухоро ва чӣ Туркистон ин ба инобат нагирифтани мавҷудияти тоҷикон буду бас. Дар ин ҷода онҳо аз дин ҳам моҳирона истифода бурдаанд. Худ тасаввур кунед, ҳанӯз ҳам аз тоҷик ё худ ӯзбек, ки ба дин эътиқоди сахт дорад, саволомез пурсед: «тааллуқ ба кадом миллат дорад?». Дар ҷавоб албатта мегӯяд: «Алҳамдулиллоҳ мусулмонам!» Пас, дар он солҳои пурфоҷиаи 20-ум тоҷики аз тарсу ваҳм гумроҳгардида аз куҷо медонист, ки ҳангоми пурсидани миллат ба ҷои “мусулмон” бояд “тоҷик” гӯяд!

Ғайр аз ин сиёсатмадороне, ки ҳаллу фасли миллиро ба дӯш доштанд, чунин ташвиқ мекарданд, ки «ҳар ки суннимазҳаб аст, туркасл ва ҳар ки шиамазҳаб аст, ирониасл мебошад». Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро ва Самарқанд дар радифи тоҷикон ирониён низ зиндагӣ мекунанд. Агарчӣ тоҷикону ирониён ба гавҳар як халқ мебошанд, тафовути мазҳабӣ онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Чуноне пештар таъкид намудем, дар аморати Бухоро ихтилофҳои мазҳабӣ бо ихтилофҳои мансабӣ омехта шуда, январи соли 1910 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна сабабгори хунрезии сахт гардида буд. Соли 1924 бошад амалдорони Бухоро чунин ихтилофоти мазҳабии тоҷикон ва ирониёнро ба инобат гирифта ба гумоштагони худ дастур доданд, ки: «ҳар касе худро суннимазҳаб ҳисобад, вай ӯзбек аст, ҳар касе худро тоҷик ҳисобад, вай шиамазҳаб аст». Дар натиҷаи чунин «муайян» кардани миллат бисёр тоҷикони бухороӣ худро «ӯзбек» ҳисобиданд. Зеро, онҳо шиамазҳабиро барои худ ҳам таҳқир ва ҳам гуноҳи азим меҳисобиданд.

Як нуқтаи дигарро низ хотирнишон карданием, ки дар замони бунёди ҷумҳуриҳои миллӣ ва баъди он ҳам, баъзе тоҷикони ҳаваси мансаб намуда, маҳз сиёсати туркпарастӣ, баъд ӯзбекпарастии ҳукуматдорони сараввал ҷумҳуриҳои Бухорою Туркистон, сипас Ӯзбекистонро ба инобат гирифта, баҳри мансаб аз асли хеш даст кашида, барои “исботи” туркнажодӣ худро ҳатто аз авлодони “яссавӣ” ё худ “ҷағатойӣ” ба қалам медоданд. Минбаъд тоҷикони “ӯзбек” номнависшуда худро барғалат “ӯзбекони тоҷикзабон” меҳисобиданд, ки чунин шахсон хело бисёранд.

Дар охир бори дигар таъкид намуданием, ки дар марҳилаи гузаронидани тақсимоти ҳудудӣ миллии Осиёи Миёна беадолатиҳо нисбати халқи тоҷик на аз тарафи халқи ӯзбек, туркман, қирғиз, қазоқ ва ғайра, балки дар натиҷаи бемасъулиятию бераҳмӣ ва мавқеи нодурустро ишғол намудани арбобони масъули чӣ ҳизбию шӯравии маҳаллӣ ва чӣ марказӣ, махсусан дар натиҷаи шитобкории онҳо дар гузаронидани ин гуна чорабиниҳои муҳими ҳалқунандаи тақдири халқҳо содир гардидааст. Бинобар ин оиди беадолатиҳои содиршуда гуноҳ, ақалан масъулиятеро ба дӯши ин ё он халқе гузоштан асос ва маъние надорад. Махсусан, чуноне дар боло таъкид намудем, халқҳои тоҷику ӯзбек асрҳо боз дар сарзамини Осиёи Миёна бо ҳам унс гирифта, бародарвор кор ва зиндагӣ доранд. Имрӯз ҳам мардуми асосии аксари ноҳияҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро (ба чуз ноҳияҳои кӯҳӣ) тоҷикону ӯзбекҳо ташкил мекунанд. Аз ин рӯ дар дохили ин ё он ҷумҳурӣ ба эътибор нагирифтани манфиати маънавии ин ҳарду миллати бо ҳам дӯст, ҷинояте дар назди руҳи поягузорони дӯстии ин ду халқ мебуд. Албатта онҳое, ки дар он солҳои душвор ба хатогиҳои ҷиддӣ, ё худ нисбати тоҷикон ҷинояте содир намудаанд, намедонистанд, ки рӯзе ин ҷумҳуриҳо мустақил мегарданду, хати нодурусти сарҳадии бо қалам муайянкардаашонро симхорҳои касногузар иваз мекунад.

Новобаста аз ҳама душвориҳо ва хатогиҳое, ки ҳангоми тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна нисбати тоҷикон рух додаанд ва дар таърих ин тақсимот ҳатто номи «табартақсим»-ро гирифтаст, бунёди ҶМШС Тоҷикистон барои халқи тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. Зеро он қадами аввал ба соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар ҷумҳурии мухторӣ намебуд, он гоҳ ҷумҳури иттифоқии Тоҷикистон ҳам намешуд. Дар ҳолати набудани ин ҳар ду ҳоҷат ба истиқлолияти давлатии тоҷикон ҳам намешуд.


Калидвожаҳо: Гузаронидани таксимоти худуди милли дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Чумхурии мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон, Воситахое, ки хангоми гузаронидани таксимоти худуди милли барои махдуд намудани мавкеи точикон истифода бурдаанд, Лоихаи асосии таксимот ва андешахо оиди мухторияти точикон. Ташкилёбии ЧМШС Точикистон, Тайёр намудани аввалин лоихахои таксимоти худуди милли, Ташкилёбии чумхурии мухтори шуравии сотсиалистии Точикистон, тақсимоти миллӣ ҳудуди дар осиёи миёна соли чанд баргузор гардидааст, чаро Бухоро аз Точикистон нест, чаро Самарканд дар худуди Точикистон нест.

Шарҳ баста аст.