Гуногунии зинаҳои сохторӣ ва шаклҳои ҳастӣ

Назариёти низомӣ ва тадқиқотҳои муосири синергетикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки олам ҳамчун низоми махсус маърифат карда шавад. Яъне мо метавонем дар он зинаҳо ва зерзинаҳоро ҷудо намоем, низоми робитаҳои гуногунро маълум намуда, қонуниятҳои онро маърифат кунем. Дар намуди умумӣ ин зинаҳо – табиати ғайризинда, табиати зинда, ҷамъият. Ҳар кадоми ин зинаҳо ба худ хос зерзинаҳо доранд. Чунончи, дар ҷамъият ба сифати чунин зерзина фард (инсони алоҳида), инчунин маҳсули идеалии (ё маънавии) фаъолияти одамон баромад карда метавонад. Ҳастии табиат тартиботи муайян дорад. Мавҷуд будани шумораи беинтиҳои зинаҳои сохторӣ ба хулоса меоварад, ки табиат сохторҳои беинтиҳо дорад. Вай аз сохторҳои гуногун, низомҳои томи гуногун иборат аст, ки ҳар кадомаш, дар навбати худ, дар доираи низоми азимтар бо ҳамдигар алоқамандӣ дорад.
Сохторнокии ҳастӣ дар мавҷудияти шаклҳои гуногуни низомҳои моддӣ, ки робитаҳои махсуси худро доранд, зоҳир мегардад. Чунончи, материя дар шаклҳои моддиёт ва майдон вуҷуд дошта метавонад. Моддиёт – ин заррачаҳою ҷисмҳои гуногун мебошанд, ки ба онҳо номуттасилӣ (дискретӣ будан) ва массаи оромӣ (барои заррачаҳои элементарӣ, атомҳо, молекулаҳо) хос мебошанд. Майдон – ин яке аз намудҳои материя аст, ки заррачаҳо ва ҷисмҳоро бо ҳам мепайвандад. Заррачаҳои майдон массаи оромӣ надоранд: рӯшноӣ ором буда наметавонад. Аз ин сабаб, майдонҳо дар фазои олами мо муттасил, саросар тақсим шудаанд.
Ҳамчунин зинаҳои сохтории алоҳидаи ҳастиро ҷудо кардан мумкин аст. Аз ҷумла, табиати ғайриорганикӣ, ки дар худ ҳаракатҳои ҳар гуна заррачаҳои элементарӣ, атомҳо ва молекулаҳо, ҷисмҳои азим, тағйироти сайёравиро таҷассум мекунад, ҷудо карда мешавад. Дар заминаи маърифати табиати ғайриорганикӣ аз зинаҳои содда ба мураккаб гузашта, чунин тартиби зинаҳои сохтории онро ҷудо кардан мумкин аст: вакуумӣ – субмикроэлементарӣ – микроэлементарӣ – ядроӣ – атомӣ – молекулярӣ – макро-зинаҳо – мега-зинаҳо (сайёраҳо, галактика, метагалактика ва ғ.).
Табиати зинда – ин зуҳуроту равандҳои гуногуни биологӣ. Вай давоми табиати ғайризинда буда, аз зинаи муайяни он ибтидо мегирад. Ин нуқтаро дуруст бояд фаҳмид. Агар дар табиати ғайризинда зинаи поёнӣ зинаи субмикроэлементарӣ бошад, пас дар табиати зинда зинаи поёнӣ зинаи молекулярӣ мебошад. Агар заррачаҳои элементарӣ 10-14см андоза дошта бошанд, пас андозаи молекулаҳо ба 10-7см баробар аст. Мутаносибан чунин зинаҳои табиати зинда ҷудо карда мешаванд: молекулярӣ – ҳуҷайравӣ – микроорганизмӣ – бофтаӣ – организмию популятсионӣ – биосенозӣ – биосферӣ.
Дар ҷомеа низ зинаҳоро ҷудо кардан мумкин аст: фард – оила – гурӯҳ – синф – миллат – давлат – халқ – инсоният. Дар ин ҷо тартиби тобеияти ҳамдигарии онҳо дигаргунтар аст; агар шартан гӯем, онҳо «робитаҳои гуногунхатии байниҳамдигарӣ» доранд, ки тасаввурот доир ба ҳукмрон будани тасодуфу бетартиботӣ дар ҷамиятро ба миён меоваранд. Таҳлили иҷтимоӣ-фалсафии ҷамъият ошкор месозад, ки дар сохтори он соҳаҳои асосии ҳаётӣ ҷамъиятӣ (истеҳсолоти моддӣ, илм, соҳаи иҷтимоӣ, маънавӣ ва сиёсӣ) бо сохтори худ ҷой доранд.
Ҳамчунин ҷудо кардани зинаи сохтории ғояҳо, идеалҳо ва арзишҳо асоснок карда мешавад, ки барандаи моддии худро (ягон ашё, китоб, воситаҳои электронӣ-иттилоотӣ, коллективҳои илмӣ, одамони алоҳида ва ҷомеа) доранд, аммо ба ин воситаҳо пурра шабоҳат надоранд ва дар асоси онҳо сабабашон маънидод намешавад. Қонунҳои ҳаёти маънавӣ хусусияти худро доранд, ки пайвастагии бевоситаи онҳо бо таъсиру вазъи омилҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, психологӣ, биографӣ ва ғ. назаррас нест.
Ҳамин тавр, чуноне маълум мегардад, олами табиӣ дар худ ба сифати зернизом ҳам табиати зинда, ҳам ҷомеа, ҳам сохторҳои махсуси идеалӣ-маънавиро фаро мегирад, ки ҳар кадоми онҳо миқёси муносиби фазоӣ-вақтӣ дошта, нисбати объектҳои зинаҳои поёнӣ хосиятҳои махсус пайдо мекунанд. Кулли ин дар якҷоягӣ низоми ягона бо номи олам аст, ки зинаҳои гуногуни сохторӣ дорад. Маърифат кардани ин зинаҳои сохторӣ ҳамчун маърифати қонуниятҳои муайян, ки дар доираи ҳар кадом зина ва ҳар кадом том бешумор аст, амалӣ мегардад, вале чунин маърифат вобаста аз имкониятҳои илмӣ-техникӣ ва антропологии мо (аз юнонӣ, anthropos – одам + logos – таълимот) маҳдуд аст.
Олам воқеияти гуногунранг ва дар айни ҳол ягона аст. Дар ин гуногунрангӣ ҳар як мавҷуд ҳастии фардии худро дорад. Фалсафа монандии шароиту ҳастии мавҷудҳои фардиро, яъне алоҳидаро ба қайд гирифта, онҳоро аз рӯи умумияти шакли ҳастӣ дар гурӯҳҳои гуногун муттаҳид месозад. Шаклҳои асосии ҳастӣ, ки бо ҳамдигар алоқаманданд, инҳо мебошанд:
1) ҳастии чизҳо (ҷисмҳо) ва равандҳои табиат, ки дар навбати худ ҳастии чизҳо, равандҳо, ҳолатҳои «табиати якум» ва «табиати дуюм»-ро дар бар мегирад. Ҳастии чизҳо заминаи ҳаёту фаъолияти одамон аст. Табиати якум пеш аз шуур, новобаста ва берун аз он вуҷуд дорад. Инсон ва ҷамъият худ зодаи ҳамин табиат мебошанд. Одамон дар асоси табиати якум вобаста ба ақлу заковати худ табиати дуюмро меофаранд. Табиати дуюм (сунъӣ) маҳсули амалияи якҷояи одамон аст. Агар мухтасар гӯем, ҳастии чизҳо тамоми муҳити моддии заминию кайҳониро, ки берун аз шуури инсон вуҷуд дорад, инчунин ҳамаи ашё ва дастовардҳои офаридаи инсонро фаро мегирад. Хулоса, он ҳастиеро, ки новобаста аз шуури инсон вуҷуд дорад (ҷамъи наботот, ҳайвонот, маъданҳо), табиати якум ва ҳамаи офаридаҳои дасти инсон (олоти меҳнат, воситаҳои истеҳсолот, нақлиёт ва ғ.) табиати дуюм номида мешавад;
2) ҳастии инсон, ки ба ҳастии инсон дар олами ашёҳо ва ҳастии махсуси инсон ҷудо карда мешавад. Ҳастии инсонро ягонагии тан ва рӯҳи ӯ ташкил медиҳад. Тани инсон ҷисми табиӣ аст. Аз ин лиҳоз, инсон ҷузъи таркибии табиати якум буда, ба ӯ даргузарӣ ва фаноёбӣ хос аст. Рӯҳи инсон ҷиҳати муҳими вайро нишон медиҳад. Чунки инсон ба туфайли ақл, хирад, нутқ, эҷодкорӣ ва камоли маънавиаш фарқ мекунад;
3) ҳастии маънавӣ, ки фардӣ ва ғайрифардӣ (таҷассумшуда) буда метавонад. Ҳастии маънавӣ аз маҷмӯи равандҳои шууру бешуурона, донишҳои дар шакли забонҳои сунъӣ ифодашуда, меъёрҳои муносибати байни одамон, аз ҷумла меъёрҳои ахолқӣ, ҳуқуқӣ, бадеиро дар бар мегирад. Шакли фардии ҳастии маънавӣ ҳамроҳи инсони алоҳида пайдо шуда, боз ҳамроҳи ӯ аз байн меравад. Вале баъзе натиҷаҳои фаъолияти шуур, масалан ғояҳо, арзишҳо, андешаҳо ба шакли ғайрифардӣ (таҷассумшуда) табдил ёфта, дар хотираи иҷтимоӣ нақш мебанданд, ба наслҳои оянда мерос мемонанд ва такмил дода мешаванд. «Барандагон»-и моддии шакли ғайрифардӣ (таҷассумёфта)-и ҳастии маънавӣ – ин ашёю равандҳои моддӣ (китобҳо, нақшаю формулаҳо, лоиҳаҳо, пайкараҳо, нотаҳои мусиқӣ, филмҳо, воситаҳои гуногуни маҳфуздории иттилоот ва ғ.);
4) ҳастии иҷтимоӣ, ки ҳастии инсони алоҳида ва ҳастии ҷамъиятро фаро мегирад. Ин шакли ҳастӣ маҷмӯи фаъолиятҳои фардҳо, синфу табақаҳои иҷтимоиро, ки дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ сурат мегирад, дар бар мегирад. Бояд ба инобат гирифт, ки воқеияти иҷтимоӣ на танҳо ҷузъиёти моддӣ, инчунин маънавӣ дорад.
Доир ба чор шаклҳои ҳастӣ, ки дар боло номбар гардид, дар мавзӯҳои алоҳида маълумоти муфассалтар дода мешавад.

Шарҳ баста аст.