Гуфтахои бузургон дар васфи муаллим — омузгор

2
336

Якчанд гуфтаҳои бузургон дар васфи муаллимро меорем:


Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.

Загрузка...

(Эмомали Раҳмон)


Муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад: Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад.

(К. Д. Ушинский)


Агар дар ҷаҳон набвад Омузгор

Шавад тира аз бехирадон Рузгор.

(Ҷомӣ)


Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

(Халқ)


Ҳар кӣ номӯхт аз гузаши рӯзгор,

Низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

(Рӯдакӣ)


Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад.

(Д. И. Менделеев)


Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳзам ҳам пеш намерафт.

(А. С. Макаренко)


Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз Муаллимӣ нест.

(Ҳусейн Мазоирӣ)

Шеър дар васфи муаллим — омӯзгор<<


гуфтахои бузургон дар васфи омузгор, устод, муаллим.

Мухсин

Устод агар намебуд мо хатто рохидурусти зиндагиро хам намедонистем. Ин устод хаст ки мо то ба дарачахои хеле баланд расидаем ин хама бо захматхои устод аст. Устод шабу руз хуни чигар мехурад то як шогирди у ба мартабахои баланд расад.

Азизбек

👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍👍