географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Гиреҳ ва марказҳои саноатӣ қисми таркибии ноҳияи интегралӣ-саноатӣ буда, дар ташаккул ёфтани он аҳамияти куллӣ дорад. Гиреҳи саноатӣ аз маркази саноатӣ фарқ дорад. Асоси ин фарқиятро хусусияти хоси алоқамандии байни корхонаҳои гиреҳ ва маркази саноатиро ташкилкунанда ташкил менамояд. Корхонаҳои маркази саноатӣ бо якдигар алоқаи умумииқтисодӣ доранд. Яъне онҳоро пеш аз ҳама мавқеи ягонаи нақлиётию географӣ ва бо ҳам истифода бурдани иншоотҳои хизматрасон муттаҳид менамояд.

Асоси бо ҳам вобастагии корхонаҳои гиреҳи саноатиро алоқамандии истеҳсолӣ ва истеҳсолӣ-технологӣ ташкил мекунад. Он дар заминаи бо ҳам истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва пайдарҳам кор кардани ашёи хом ба амал меояд. Ин яке аз аломатҳои асосии муайян намудани гиреҳи саноатӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба характери инкишофи саноат гиреҳи саноатӣ як ё якчанд марказҳои саноатиро дар бар мегирад. Дар шароити Тоҷикистон, дар рафти ҷараёни индустрикунонӣ марказҳои гуногуни саноатӣ ба амал омада буданд. Марказҳои ҳунармандии то инқилобӣ (Хӯҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа) ба шаҳрҳои ҳозиразамони саноатӣ табдил ёфтаанд.

Дар заминаи аз худ намудани сарватҳои табиӣ шаҳри Норак, Ёвон (дар оянда Роғун) ва бисёр шаҳракҳои саноатӣ (дар асоси саноати кӯҳӣ) ба миён омаданд. Водии Ҳисор қишлоқи бисёрсоҳа ва тараққикарда дорад. Дар ин ҷо ба ҷои се қишлоқи кӯҳна:- Душанбе, шаҳри Кофарниҳон ва дар самти ғарбии водӣ шаҳри саноатии Регар (ҳозира Турсунзода) ва якчанд шаҳракҳо бунёд гардидаанд.

Марказҳои калони саноатӣ якҷоя бо шаҳр ва шаҳракҳои атрофашон гиреҳҳои саноатиро ташкил мекунанд. Ин барои мустаҳкам намудани ягонагии хоҷагии ҷумҳурӣ ва қисмҳои алоҳидаи он аҳамияти муҳим дорад.

Баробари инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар робитаҳои иқтисодӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Аз як тараф, алоқаи иқтисодии байни марказҳои саноатии алоҳида ва гиреҳҳои саноатӣ инкишоф ёфт. Аз дигар тараф, алоқаи иқтисодии «марказгурез», ки барои иқтисодиёти то инқилобӣ хос буд, ба туфайли бунёд гардидани марказҳои саноатии алоҳида ва гиреҳҳои саноатӣ ба «марказшитоб» табдил ёфт. Яъне, ҳар як маркази саноатӣ ва гиреҳҳои саноатӣ аз ноҳияҳои гирду атроф ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр гирифта, маҳсулоти тайёри худро ба он ҷойҳо мебароранд.

Вобаста ба шароити сарватҳои табиӣ, фарқияти минтақавӣ ва истифода бурдани онҳо дар ҷумҳурӣ гиреҳҳои саноатии зерин ташаккул ёфта истодаанд: Қарамазор, Хӯҷанд-Қайроққум, Конибодом-Исфара, Турсунзода-Шаҳринав, Душанбе-Ваҳдат, Қӯрғонтеппа-Сарбанд, Кӯлоб-Восеъ-Данғара.

Гиреҳи саноатии Қарамазор қисми Шимолӣ ва Шимолу Ғарбии Тоҷикистони Шимолиро дарбар мегирад. Ҳудуди он аз маъдани металлҳои ранга бой мебошад. Ғайр аз ин, дар ин ҷо захираи маъдани оҳан ва канданиҳои фоиданоки ғайриметаллӣ мавҷуданд. Солҳои охир аз ҳисоби аз худ намудани замини Ашти калон масоҳати заминҳои обӣ афзуда истодааст. Дар ин заминҳо хоҷагиҳои пахтакорӣ ва боғутокпарварӣ ташкил шуданд. Ин барои минбаъда тараққӣ додани саноат, пеш аз ҳама саноати хӯрокворӣ аҳамияти калон дорад. Ин гиреҳи саноат вобаста ба мавчуд будани захираи калони металлҳои ранга ва равияи инкишофи хоҷагии қишлоқ ба истеҳсоли консентрат (орда)-и металлҳои ранга (сурб, рӯҳ, волфрам, мис, висмут), коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли аппаратҳои пастшиддат махсус гардонида шудааст. Гиреҳи саноатӣ шаҳракҳои Консой, Қуруқсой, Адрасмон, Олтин-Топган, Чоруқдарон, Такели, Бӯстон, Палос ва Шайдонро дар бар мегирад. Дар аксарияти ин шаҳракҳо корхонаҳои гуногун (шахтаҳои маъданканӣ, фабрикаҳои маъдантозакунӣ ва комбинатҳои саноати металлургияи ранга) ҷойгир шудаанд. Дар шаҳраки Бӯстон заводи нон, пахта, дар Шайдон — комбинати консерва ва шарбатҳои мевагӣ, дар Палос заводи винобарорӣ воқеъ гардидааст.

Гиреҳи саноатии Хӯҷанд-Қайроқум яке аз пуриқтидотарин гиреҳи саноатии  ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Вай шаҳрҳои Хӯҷанд, Қайроққум, Чкаловск, Ғафуровро дар бар мегирад. Ин шаҳрҳо бо якдигар наздик ҷойгир шудаанд. Онҳоро хатти роҳи оҳан ва автомобилгард бо ҳам пайваст менамояд. Соҳаҳои асосии саноати гиреҳ — саноати сабук (қолинбофӣ, шоҳибофӣ, рӯймолбофӣ, пахтатозакунӣ, пойафзолдӯзӣ), хӯрокворӣ (истеҳсоли консерваю вино), электроэнергетикӣ, мошинсозӣ ва металлкоркунӣ, чӯбкоркунӣ ва шишабарорӣ мебошанд. Калонтарин маркази саноатии гиреҳ шаҳри Хӯҷанд ба ҳисоб меравад. Дар он комбинати абрешим, комбинати консерв, заводи шиша, мебелбарорӣ, истеҳсоли таҷҳизоти муассисаҳои хӯрокворӣ (торгмаш), фабрикаи рӯймолбофӣ, пойафзолдӯзӣ, заводи зарфҳои алюминӣ, эмалӣ воқеъ гардидааст. Дигар шаҳрҳое, ки ба ҳайати гиреҳи саноатӣ дохил мешаванд аз чиҳати таркиби соҳавии саноат аз шаҳри Хӯҷанд фарқ мекунанд. Дар шаҳри Қайроқум асосан саноати гидроэнергетикӣ, қолинбофӣ ва ордкашӣ, дар Ғафуров пахтатозакунӣ, консерва, винобарорӣ равнақ ёфтаанд.

Ҳамин тавр, дар гиреҳҳои саноатӣ ҳамон соҳаҳои саноат инкишоф ёфтаанд, ки дар асоси сарвати табиӣ, энергияи обӣ, ашёи хоми маҳаллӣ ва кашонида кор мекунанд. Ба ин мавқеи географии гиреҳи саноатӣ мусоидат менамояд.

Гиреҳи саноати Конибодом-Исфара аз ҷиҳати дараҷаи инкишоф ва гуногунии таркиби соҳавии саноат пас аз гиреҳи саноатии Хӯҷанд-Қайроқум ҷои дуюмро ишғол менамояд. Он дар қисми Шимолу Шарқии ноҳияи саноатии назди Сирдарё воқеъ гардида, ба хатти роҳи оҳан (Москва-Андиҷон) ва автомобилгарди водии Фарғона бевосита баромад дорад. Марзи гиреҳи саноатӣ аз канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ бой аст. Дар ин замина ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ соҳаҳои гуногуни саноат ташаккул ва инкишоф ёфтанд.

Дар дохили гиреҳ мавқеи муҳимро саноати химия, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва баъзе соҳаҳои мошинсозӣ ишғол менамоянд. Корхонаҳои ин соҳаҳо дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Шӯроб, шаҳраки Нефтобод ва қишлоқи Маҳрам ҷойгир шудаанд. Дар шаҳри Конибодом заводи «Автозапчаст»,  равғанкашӣ, пахтатозакунӣ, комбинати консерв, фабрикаи ресмонресӣ, бофандагӣ ва  ғайра воқеъ гардидааст. Маҳсулоте, ки ин корхонаҳо истеҳсол мекунанд, на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди он истифода бурда мешаванд. Маркази дигари гиреҳи саноатӣ шаҳри Исфара ба ҳисоб меравад. Дар он комбинати консерв, маснуоти сохтмон, заводи спирт, лаку ранг, лампаҳои электрикӣ ва ғайра амал мекунанд. Аз Исфара начандон дур шаҳри шахтиёрон (Шӯроб) ва шаҳраки нефтчиён (Нефтобод) воқеъ гардидаанд. Дар ин марказҳои саноатӣ ангишт ва нефт истеҳсол менамоянд.

Ҳамин тавр, дар заминаи истифода бурдани сарватҳои минералӣ, ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва бартарии мавқеи географӣ (аз марзи гиреҳи саноатӣ гузаштани хатти роҳи оҳани Фарғона) дар ин ҷо соҳаҳое ташкил ва инкишоф ёфтаанд, ки аҳамияти байниноҳиявӣ доранд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ ғайр аз гиреҳҳои тавсиф шуда, марказҳои алоҳидаи саноатӣ вуҷуд доранд. Ба он пеш аз ҳама Истаравшан, шаҳракҳои Пролетар, Спитамен, Ғончӣ дохил мешаванд.

Дар шаҳри Истаравшан фабрикаи трикотажӣ, заводҳои консерв ва винобарорӣ, дар посёлкаи Ғончӣ филиали фабрикаи трикотажӣ ва корхонаи коркарди якуми ангур воқеъ гардидааст. Шаҳракҳои Спитамен ва Пролетар мавқеи муҳими географӣ доранд. Ба воситаи онҳо хатти роҳи оҳани Москва-Андиҷон, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хӯҷанд, Самарқанд-Хӯҷанд мегузаранд.

Мавқеи географии мувофиқ ва мавчуд будани ашёи хоми минералӣ ва хоҷагии қишлоқ ин шаҳракҳоро ба марказҳои саноатӣ табдил дод. Дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар Спитамен заводи пахтатозакунӣ, дар Пролетар заводи пахтатозакунӣ ва фабрикаи қуми квартсӣ кор мекунанд. Дар асоси ашёи хоми кашонида бошад, дар Спитамен комбинати ордкашӣ  ва заводи механикӣ бунёд гардидааст.

Гиреҳи саноатии Душанбе-Ваҳдат дар ҷумҳурӣ яке аз гиреҳҳои саноатии тараққиёфта мебошад. Ин гиреҳ шаҳри Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, шаҳраки Майхӯра, Варзоб, Такоб ва ғайраро дар бар мегирад. Марзи гиреҳ ба хатти роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе бевосита баромад дорад. Бо воситаи роҳҳои автомобилгард бо ҳама қисмҳои ҷумҳурӣ алоқа дорад. Дар гиреҳи саноатӣ кадрҳои баландихтисос зиёданд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, институтҳои лоиҳакашӣ ва ғайра воқеъ гардидаанд. Ин омилҳо ва истифода бурдани сарватҳои табиии минералӣ, гидроэнергетикӣ ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ имконият дод, ки гиреҳи саноатӣ ташаккул ва инкишоф ёбад. Саноати гиреҳ бисёрсоҳа мебошад. Он ба саноати электроэнергетикӣ, мошинсозӣ ва металлкоркунӣ, чӯбкоркунӣ, истеҳсоли маснуоти сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ махсус гардонидааст. Қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд. Комбинати истеҳсоли матоъҳои пахта, фабрикаи кешбофӣ, комбинати шоҳибофӣ, комбинати равғанкашӣ, заводи винобарорӣ, «Тоҷиктекстилмаш», «Тоҷиккабел», «Торгбитмаш», комбинати сементи шифер, хонасозии рехтаҳои оҳану бетонӣ, мебелсозӣ, стансияи электрикии оловӣ (СЗО) ва ГЭС-и Варзоби поён аз қабили он корхонаҳо мебошанд.

Шаҳри Турсунзода дар мавқеи мувофиқи географӣ ҷойгир шуда, аз он хатти роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе гузашта, дар ин ҷо корхонаи бузурги истеҳсоли алюминий, корхонаи чинибарорӣ ва якчанд корхонаҳои хӯрокворӣ ҷойгир шудаанд.

Шаҳри Ваҳдат дар сари роҳи автомобилгарди аз Душанбе ба тарафи қисмҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ тӯл кашида воқеъ гардидааст. Хатти роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе ҳам дар ҳамин шаҳр ба охир мерасад. Чунин мавқеи қулаи географӣ-иқтисодӣ имконият дод, ки дар шаҳр комбинати калони ордкашӣ, истеҳсоли маснуоти сохтмон ва ғайра бунёд намоянд. Дар шаҳраки Варзоб НБО-и Варзоби боло, дар Такоб ва Майхӯра корхонаҳои маъданканӣ ва маъданбойгардонӣ сохта шуда буданд, ки ҳоло кор намекунанд.

Гиреҳи саноатии Қӯрғонтеппа-Сарбанд дар маркази водии Вахш ташаккул ёфта истодааст. Гиреҳ шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, шаҳракҳои Уялӣ, Кӯйбишев, Вахш, Колхозобод ва ғайраро дарбар мегирад. Аз марзи гиреҳи саноатӣ хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа-Ёвон, Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва автомобилгарди Панҷ-Душанбе ва Шаҳритус-Душанбе мегузарад. Инчунин ба воситаи роҳи автомобилӣ ба бандари дарёи Панҷ баромад дорад. Мавқеи географии мувофиқ, мавҷуд будани баъзе намудҳои сарватҳои табиӣ, ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва энергияи арзони НБО-и Норак дар солҳои охир барои дар ин гиреҳи саноатӣ инкишоф додани саноат шароити хуб фароҳам овард.

Дар айни замон дар дохили гиреҳҳои саноатӣ аз ҷиҳати тараққиёти саноат ҷои сеюмро ишғол менамояд. Саноати электроэнергетика, кимиёвӣ, пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ соҳаҳои махсусгардида ба ҳисоб мераванд. Калонтарин маркази саноатии гиреҳ — шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Заводи трансформатор, пахтатозакунӣ, ресмонресӣ, равғанкашӣ ва консервабарорӣ корхонаҳои калонтарини шаҳр ба ҳисоб мераванд. Дар шаҳри Сарбанд НБО-и Сарбанд ва корхонаи саҳҳомии «Тоҷиказот» воқеъ гардидааст. Он дуюмин маркази саноати кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Солҳои охир дар ин ҷо корхонаи пиллакашии ООПС «Сарбанд-Силк» сохта шудааст, ки дар як сол 120 тонна пилла кор мекунад. Дар шаҳракҳои гирду атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа заводҳои пахтатозакунӣ ҷойгир шудааст. Маҳсулоте, ки дар гиреҳи саноатӣ истеҳсол карда мешавад, дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он истифода бурда мешавад.

Дар қисми Шимолии гиреҳи саноатии Қӯрғонтеппа-Сарбанд маркази саноатии Ёвон ташаккул ёфтааст. Ин маркази саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни кимиёвӣ махсус гардонида шудааст, ки дар заводи электрокимиёвии Ёвон истеҳсол карда мешаванд. Мавҷуд будани ашёи кимиёвии маҳаллӣ  намаки оши Тут-Бӯлоқ, оҳаксанги Пусхур, доломити Ёвон ва энергияи арзони Норак барои минбаъда инкишоф додани саноати кимиёвӣ ва ташкил намудани дигар соҳаҳои саноат имконияти калон фароҳам меоварад. Баробари сохтани корхонаҳои нави саноатии аз ҷиҳати истеҳсолӣ-технологӣ ва иқтисодӣ бо ҳам алоқаманд буда, маркази саноати Ёвон ба гиреҳи саноатӣ табдил меёбад.

Гиреҳи саноатии Кӯлоб-Восеъ-Данғара дар қисми ҷанубу ғарбии водии Кӯлоб воқеъ гардидааст. Ин гиреҳи саноатии нав ташкилёбанда, шаҳри Кӯлоб, шаҳраки Данғара, Восеъ, Ҳамадонӣ, деҳаи Даштиҷум (НБО-и Даштиҷум сохта мешавад), Темурмаликро дар бар мегирад. Барои ташаккул ва инкишоф ёфтани ин гиреҳ сарватҳои минералӣ (намаки ошӣ, селестин), захираи калони энергияи электр ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ҳамчун замина хизмат мекунад. Дар айни замон дар ин ҷо саноат он қадар тараққӣ накардааст. Дар таркиби он асосан саноати сабук бартарӣ дорад. Аз он зерсоҳаи пахтатозакунӣ — соҳаи махсусгардида ба ҳисоб меравад. Ҷои дуюмро саноати хӯрокворӣ ишғол менамояд. Маркази асосии гиреҳи саноатӣ шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар он заводи пахтатозакунӣ, равғанкашӣ ва корхонаҳои саноати маҳаллӣ воқеъ гардидаанд.

Баъзе корхонаҳои саноатӣ дар шаҳракҳои гирду атроф ҷойгир карда шудаанд. Аз ҷумла, дар Восеъ ва ноҳияи Ҳамадонӣ заводҳои калони пахтатозакунӣ амал мекунанд. Солҳои охир дар ин гиреҳи саноатӣ дар Кӯлоб фабрикаи истеҳсоли газвори пахта, пиллакоркунӣ, дар Данғара фабрикаи қолинбофӣ, пӯсткоркунӣ ва пиллакоркунӣ сохта шуданд.

Шарҳ баста аст.