Географияи нақлиёт

Нақлиёт яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсолии хоҷагии халқ буда, он яке аз омилҳои асосии ҷойгиронии истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Ба ҳисоб нагирифтани масофаи боркашонӣ хароҷоти роҳро афзун мегардонад, нархи аслии маҳсулотро қимат менамояд. Бинобар он ҳангоми сохтани ин ё он корхона наздики ба роҳҳои оҳан ва мошингард ҳатман ба инобат гирифта мешавад. Аз ин ҷо ташаккул ва инкишофи истеҳсолот ва нақлиёт ба ҳам вобастаанд.

Баъди аз тарафи Россия забт кардани Осиёи Миёна (Осиёи Марка-зӣ) дар ҳаёти иқтисодии қисми Шимолии Тоҷикистон дигаргуниҳои назаррас ба миён омад. Соли 1897 аввалин хатти роҳи оҳан аз истгоҳи Урсатевск то Андиҷон ба кор даромад, ки қаламрави Тоҷикистони Шимолиро аз Ғарб ба Шарқ бурида гузашта буд. Ин роҳ барои инки-шофи баъзе соҳаҳои кишоварзӣ: пахтакорӣ, токпарварӣ, кирмакпарварӣ мусоидат намуд. Зимни ашёи хоми соҳаҳои мазкур корхонаҳои хурди саноати хориҷӣ ва маҳаллӣ ташкил ёфтанд. Барои аз худ намудани сарватҳои зеризаминӣ низ корҳои тадқиқотӣ гузаронида шуд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ ангишт, нефт ва азокерит истеҳсол мекарданд.

Тоҷикистони Ҷанубӣ ба ҳайати аморати Бухоро дохил мешуд, бинобар он дар ин ҷо ҳамчун дигар минтақаҳои дурдасти он  бероҳӣ ҳукмфармо буд. Аз ин сабаб иқтисодиёт бештар хусусияти натуралӣ нимнатуралӣ дошт. Баробари дар Тоҷикистон барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ, иқтисоди ҷумҳуриро аз сохтани роҳҳо оғоз намуданд. Хусусан сохтани роҳҳо барои Тоҷикистони Ҷанубӣ ниҳоят зарур буд. Ба он хотир, ки қисмҳои алоҳидаи он аз истгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард садҳо километр дур воқеъ гардида буданд.

Нақлиёти роҳи оҳан — дар ҳаҷми умумии гардиши бор ҷои аввалро ишғол мекунад (ҷадвал).

Боркашонӣ аз рӯи намудҳои нақлиёт (ҳаз. тонна — километр)

Намудҳои нақлиёт 1991 1998 2000 2003 2005 2006 2007 2008
Ҳамаи нақлиёт

Аз он ҷумла бо нақлиёти истифодаи умум

Роҳи оҳан

Автомобилӣ

Ҳавоӣ

303055,0

 

79845,0

 

 

 

6432,0

73388,0

11,0

34585,7

 

16511,6

 

 

 

12705,6

3802,0

4,0

27676,3

 

15347,7

 

 

 

13101,9

2243,8

2,0

32605,4

 

13980,4

 

 

 

11720,5

2256,1

3,8

38594,0

 

12638

 

 

 

12114

520

3,7

39541,0

 

14523

 

 

 

13935

586

2,4

44998,0

 

15148

 

 

 

14529

617

2,1

47732,0

 

15196,0

 

 

 

14544,2

649,3

2,5

Соли 1926 ба сохтани роҳи оҳани Термиз-Душанбе (250 км), шурӯъ намуданд, ки соли 1929 пурра ба кор даромад. Баъд ин роҳро аз Душанбе то Кофарниҳон (Ваҳдат) давом доданд. Соли 1938 аз истгоҳи Мелников то шаҳри Шӯроб дар масофаи 42 километр роҳи оҳан сохта шуд. Дар ҳамон солҳо истгоҳи роҳи оҳани Ленинобод бо шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) пайваст (12 км) карда шуд. Барои пайваст намудани бандари Панҷи Поён бо Қӯрғонтеппа солҳои 1931-1935 роҳи оҳани камбар сохта шуд. Вай борҳои ба воситаи киштӣ аз истгоҳи Термиз овардаро аз бандари Панҷи Поён ба дохили водии Вахш мекашонид. Ин роҳ сохтмони канали Вахшро бо масолеҳи сохтмон таъмин менамуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хатти роҳи оҳани камбар шаҳрҳои Сталинобод ва Қурғонтеппаро пайваст кард. Ин барои бо маркази ҷумҳурӣ ва роҳи оҳани умумӣ баромадани водии Вахшро таъмин намуд. Бо ин сохтмони роҳи оҳани камбар ба охир нарасид. Солҳои минбаъда роҳи оҳани камбари Қӯрғонтеппа-Кӯлоб сохта шуд. Ҳамин тавр,  ноҳияҳои пахтакори ҷумҳуриро роҳи оҳан нафақат бо ҳам пайваст кард, балки он барои инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистони Ҷанубӣ ва беҳбудии алоқаи иқтисодии он бо дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигар аҳамияти калон дошт.

Нақлиёти роҳи оҳан асосан барои боркашонии байни ноҳиявӣ ва берунмарзӣ истифода мешавад. Вай роҳи оҳани сербар ва камбарро дарбар мегирад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 944,4 километр роҳи сербар ва  422 километр роҳи оҳани камбар вуҷуд дорад. Ба воситаи роҳи оҳан то 90 %-и боркашонии берунмарзӣ, 7 %  байни ноҳиявӣ ва тақрибан 3 %  боркашонии маҳалӣ анҷом дода мешавад. Ба воситаи роҳи оҳан ба ҷумҳурӣ аз дигар мамлакатҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама аз мамлакатҳои ИДМ металл, мошина, нурии минералӣ, чӯбу тахта, маҳсулоти коркарди нефт, ашёи хом, ғалла, қанд, матоъҳои пахтагин, моҳутӣ, трикотаж, пойафзол ва ғайра ворид мегарданд. Аз ҷумҳурӣ ба он мамлакатҳо консентрати  металҳои ранга, ангишт, нефти хом, алюминий, кабел, яхдон, дастгоҳҳои бофандагӣ, нурии азотӣ, мева, сабзавот, пахта, консерваҳои меваю сабзавотӣ, вино, пашм, қолин, пӯст ва ғайра интиқол мешаванд. Ҷумҳурии мо ҳанӯз дар давраи  Шӯравӣ бо 30 давлатҳои ҷаҳон алоқаи иқтисодӣ дошта барои онҳо яхдон, қолин, арматура, дастгоҳхои бофандагӣ, пахта, кабел, алюминий ва ғайра истеҳсол мекард. Бо роҳи оҳани байни ноҳияҳо асосан маҳсулоти нефтӣ, ғалла, чӯб, семент, деворҳои тахтасангӣ, хонаҳои бисёрзина, ашёи хом, чигит, пахта, ва ғайра кашонда мешаванд. Ғайр аз ин роҳи оҳан барои мусофирон низ истифода мешавад. Қатораҳои мусофиркаши Конибодом-Душанбе, Турсунзода-Душанбе Қурғонтеппа-Кӯлоб амал мекунанд.

Нақлиёти автомобилӣ. Дар ҷумҳурӣ шабакаҳои васеи роҳҳои мошингард амал мекунад. Вобаста ба талаботи хоҷагӣ он дар давраҳои гуногун сохта шудааст. Аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ баробари сохтани роҳҳои оҳан ба сохтани роҳхои мошингард сар карданд. Роҳҳои мошингард нафақат водиҳо, инчунин қаторкӯҳҳоро (ба воситаи ағбаҳо), бурида гузаштанд. Инро релефи қаламрави ҷумҳурӣ, ки асосан аз кӯҳу адирҳо иборат аст, тақозо мекард. Аз дигар тараф, дар минтақаи кӯҳистон сохтани роҳҳои мошингард нисбат ба сохтани роҳи оҳан арзон меафтад. Аз ҳамин сабаб сохтмони роҳи мошингард дар ҷумҳурӣ бештар инкишоф ёфт. Аввалин роҳи мошингард солҳои 1925-1927 Сталинобод-Термиз, Сталинобод-Қӯрғонтеппа, Сароикамар-Кӯлобро ба ҳам пайваст. Ин роҳҳо бе рӯпӯш сохта шуда буданд. Баъд аз сохтани ин роҳҳо дар ҷумҳурӣ барои сохтмони роҳҳои нисбатан калон шурӯъ намуданд. Аз ҷумла, солҳои 1931-1933 дар ҷаҳон баландтарин шоҳроҳи Ош-Хоруғ сохта шуд, ки он қаторкӯҳҳои Олой ва Паси Олойро бурида (ба воситаи ағба), гузашт. Ин ба вилояти Бадахшон имконият дод, ки аз ҷудогии иқтисодии тӯлонӣ раҳо ёбад. Аммо бо ин роҳ ба воситаи Қирғизистон ба Сталинобод омадан вақти зиёдро талаб мекунад. Бинобар он соли 1940 шоҳроҳи Сталинобод-Хоруғ сохта шуд. Ин нисбат ба роҳи Хоруғ-Ош-Сталинобод чор маротиба кӯтоҳ буд. Соли 1935 роҳи ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон ба кор даромад. Ин роҳ нафақат Сталинобод-Ӯротеппа-Хуҷандро бо ҳам пайваст намуд, балки барои беҳтар шудани алоқаи иқтисодии водии Зарафшон ва инкишоф ёфтани хоҷагии он мусоидот намуд. Роҳи номбурда масофаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубиро чор маротиба кӯтоҳ намуд.

Соли 1937 роҳҳои Сталинобод-Қӯрғонтеппа-Ҷиликӯл ва Сталинобод-Обигарм-Ғарм сохта шуданд. Дар давоми ҳамин солҳо роҳи даврии Сталинобод-Қӯрғонтеппа-Кировобод-Кӯлоб-Сталинобод таҳти истифода қарор гирифт. Ҳамин тавр, шабакаи роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ асосан  солҳои 20-30 арзи вуҷуд кард. Солҳои минбаъда онҳо васеъ карда шуданд. Аммо то солҳои 70-уми асри гузашта аксари роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ рӯкаш надоштанд. Бинобар он аз соли 1970 сар карда, роҳҳои мошингард асфалт ва бетон карда шуданд.

Бо ин мақсад, дар зарфи солҳои 1970-1974 роҳҳои Душанбе-Қӯрғонтеппа, Душанбе-Ғарм, Душанбе-Кӯлоб, Ленинобод-Ӯротеппа ва қитъаҳои алоҳидаи Ленинобод-Конибодом-Исфара, Душанбе-Ленинобод, Душанбе- Хоруғ, Колхозобод- Узун, Қӯрғонтеппа-Калининобод, Панҷакент-Самарқанд боз соз рӯйпуш карда шуданд. Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд, Душанбе-Панҷакент аз сабаби дар ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон муддати дароз хобидани барф (6-7 моҳ) пурра кор намекард. Барои он ки ин роҳ тамоми сол мунтазам кор кунад, сохтани туннели Анзоб (5 км) ва Шаҳристон (4,5 км), ба миён омад. Барои ба Помир ташкил намудани боркашонии мунтазам ва мусофиркашӣ роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма сохта шуд.

Дар айни замон дарозии умумии роҳи мошингарди ҷумҳурӣ 26,7 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Аз ин 11,8 ҳазор километр мумфарш мебошад. Нақлиёти мошинӣ дар шароити Тоҷикистон деҳаҳои дурдастро бо марказҳои саноатӣ ва истгоҳҳои нақлиётӣ пайваст менамояд. Аз ҳамин сабаб, нақлиёти мошинӣ дар ҷумҳурӣ васеъ истифода бурда мешавад. Дар шароити кунунӣ баробари марказҳои мошинии давлатӣ шакли иҷоравӣ ва хусусии истифодаи мошинҳо вучуд дорад. Ин барои самаранок истифода бурдани мошинҳо мусоид аст. Гардиши борро дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он (дар асоси шартнома) меафзояд.

Нақлиёти ҳавоӣ. Дар шароити Тоҷикистон бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешавад. Пеш аз ҳама он мусофиркашонии дохилӣ ва беруниро таъмин менамояд. Дар мавридҳои зарурӣ ба деҳаҳои кӯҳӣ ғайр аз мусофирон ва почта бор (хӯрокворӣ ва ғайра), мекашонад. Дар сохтмони хатҳои баландшиддати барқӣ, истгоҳхои барқӣ ва нест кардани ҳашароти зиёновари кишоварзӣ иштирок менамояд. Ғайр аз ин нақлиёти ҳавоиро барои тадқиқи сарватҳои табиӣ, нақшагирии маҳал, ва ёрии тиббӣ васеъ истифода мебаранд. Майдонҳои ҳавоии Хоруғ, Ғарм, Исфара, Панҷакент ва ғайра аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ҳоло барои таъмини талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ дар қаламрави ҷумҳурӣ даҳҳо бандарҳои нақлиёти ҳавоӣ амал мекунанд. Калонтарини онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хӯҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб воқеъ гардиданд. Бандарҳои ҳавоии Душанбе ва Хуҷанд ва Кӯлоб нафақат ҳавопаймоҳои дохилӣ, инчунин ин хориҷиро қабул мекунад.

Нақлиёти обӣ. Тоҷикистон дарёҳои пуроб дошта бошад ҳам, аз сабаби серостонагӣ ва зиёдии харсангҳои зериобӣ на ҳамаи онҳо ба киштигардӣ мувофиқанд. Ҳоло ҳамчун нақлиёти обӣ дар дарёҳои Панҷ (аз бандари Файзобод-Қалъаи поён) ва Ому истифода бурда мешаванд. Дарозии ин роҳ аз бандари Файзобод-Қалъа то Термиз 260 километр аст. Аз ин 40-45 километри он аз қаламрави Узбекистон мегузарад. Онҳо барои ба ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани алоқаи иқтисодӣ бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мусоидат менамоянд.

Барои алоқаи дохилӣ ва дамгирии аҳолӣ қитъаи ками дарёҳои Вахш ва Сирро низ истифода мебаранд. Дар дарёи Сир киштии хурд ва қаиқҳо аз истгоҳи барқии Қайроқум то истгоҳи барқии Фарҳод рафтуо мекунанд. Киштӣ ва қаиқҳо дар обанбори Қайроқум низ шино менамоянд. Бояд хотирнишон кард, ки нархи боркашонии нақлиёти дарёи нисбат ба роҳи оҳан қимат аст. Бинобар ин ҳоло ба роҳи обӣ бор намекашонанд.

Нақлиёти қубурӣ дар ҷумҳурӣ он қадар инкишоф наёфтааст. Пештар ба воситаи қубурҳо Тоҷикистони Шимолӣ аз вилояти Бухоро, ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ аз Қизилтумшук (Ҷалолиддини Румӣ), Туркманистон ва Шибирғони Афғонистон гази табиӣ мегирифт. Кони гази Хоҷасартез ноҳияи Кӯлоб ва дар оянда ноҳияи Вахшро низ аз газ таъмин менамояд. Кофтукови захираҳои нави нефту газ дар вилояти Хатлон сохтани якчанд хатҳои қубури газкашонии навро талаб менамояд.

Баъди Истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон барои баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ як қатор чорабиниҳои муҳим андешид. Ин пеш аз ҳама сохтмони якчанд роҳҳои муҳими автомобилӣ ва роҳҳои оҳан мебошанд.

Пеш аз ҳама мувофиқи талаботи иқтисодиёти бозаргонӣ ва тағйироти географияи вазъияти бозори ҷаҳонӣ шоҳроҳи автомобилии мамлакат дар асоси меъёрҳои роҳсозии ҷаҳонӣ таъмир ва сохта мешавад. Ин шоҳроҳ қитъаҳои роҳи байни Чанак-Бӯстон-Хуҷанд-Шаҳристон-Айнӣ-Анзоб-Душанбе-Ваҳдат-Норак-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қул-маро дар бар бегирад. Дар дохили мамлакат шоҳроҳ ба якчанд шоха ҷудо мешавад. Он нафақат водиҳои алоҳидаи Тоҷикистонро ба шоҳроҳ пайваст мекунад, инчунин барои ба роҳи давлатҳои ҳамсоя баромадан имконият медиҳад. Ин шохаҳо ба самтҳои гуногуни ҳудуди давлатҳои ҳамсоя нигаронда шудааст. Самти баромади шохаи Душанбе-Турсунзода-Айнӣ-Панҷакент-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак ба Ғарб ва Шимолу Ғарб нигаронда шудааст. Аз қисми шимолии шаҳроҳ, шохае аз Хуҷанд-Исфара ба самти Шарқ тӯл кашидааст. Ин шоха дар гузашта тавассути қаламрави Ӯзбекистон Тоҷикистонро бо Қирғизистон пайваст менамуд. Дар айни замон дар натиҷаи монеаҳои гумрукии Ӯзбекистон, ин шохаро берун аз қаламрави он сохта истоданд. Вай ноҳияи Исфараро бо вилояти Оши Қирғизистон мепайвандад. Шохаи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол-Саритош ба роҳи Қирғизистон мебарояд. Дигар шохае аз Кӯлоб тавассути шаҳрчаи Панҷ ба бандари Панҷи Поён тӯл кашидааст. Баромади ин шоха ба Афғонистон нигаронида шудааст. Ба ин мақсад дар Панҷи Поён чандин кӯпрукҳои нав сохта истодаанд. Барои шоҳроҳ ва шохаҳои онро бехатар намудан ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудан ғайр аз кӯпрукҳое, ки дар дарёи Панҷ сохта шуданд, боз дар шоҳроҳ ва шохаҳои алоҳидаи он зиёда аз 10-то кӯпрукҳо сохта мешаванд. Пас аз қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳ, шохаҳои алоҳидаи он ва кӯпрукҳо пурра ба кор даромадан, Тоҷикистон барои ба роҳҳои давлатҳои ҳамсоя пайвастан тайёр мешавад. Аз он ҷо роҳҳои мамлакатҳои ҳамсоя оғоз меёбад. Муҳимтарин ҷое, ки роҳҳои миллии Тоҷикистон ба дигар мамлакатҳо мебарояд (аз ҷумла транзит), мавзеи Сари Осиё ва Ойбек (Ӯзбекистон), Панҷи Поён, Ишкошим (Афғонистон), Қулма (Хитой), Боткент, Ҷиргатол (Қирғизистон) ба ҳисоб мераванд. Ин мавзеъҳо (роҳгузарҳо) ҷойҳое мебошанд, ки Тоҷикистонро ба мамлакатҳои ҳамсоя ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон пайваст менамояд. Тавассути мавзеи Ойбек роҳгузари Алма-Ато-Бишкек-Тошкент, тавассути Панҷи Поён роҳгузари Хуҷанд-Душанбе-Қундуз-Бағлон-Кобул, тавассути мавзеи Қулма ва Панҷи Поён яке аз роҳгузарҳои нақлиётии оянда Қашқар-Хоруғ-Кӯлоб-Имом Соҳиб-Мазори Шариф, — Ҳирот-Машҳад-Теҳрон мегузаранд. Охирин роҳгузар дар натиҷаи сохтани қитъаи роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ва Қулма пайдо шуд, ки он ноҳияҳои Шимолии Афғонистонро бо Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Хитой пайваст менамояд. Баробари таъмир ва васеъ кардани баъзе қитъаҳо ба қариби роҳгузари Душанбе- Ҷиргатол-Ош-Бишкек-Алма-Ато ба кор медарояд. Ин роҳгузари нақлиёти автомобилӣ барои озод фаъолият кардан дар қаламрави Қиғизистон, Қазоқистон, Россия ва Хитой имконият фароҳам меоварад. Борро аз як намуди нақлиёт фароварда, ба дигар намуди он боркарданро аз миён мебардорад. Аз дигар тараф, ин роҳгузар Тоҷикистонро аз он маҳдудкуниҳои гумрукие, ки Ӯзбекистон нисбат ба борҳои транзитӣ гузоштааст, раҳо медиҳад.

Ҳамин тавр дар асоси талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, сохтан, таъмир ва васеъ намудани роҳҳои мошингард ва шохаҳои он нафақат ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии мардуми моро зимни ваҳдати миллӣ пурзӯр менамояд, балки имконияти иқтисодиёти Тоҷикистонро бо иқтисодиёти ҷаҳон ҳамгироӣ намуданро  пайдо менамояд.

Шарҳ баста аст.