Феъли модалии “may” [мей]

Тарҷумаи тиҷикии феъли модалии “may” ҳам “тавонистан” аст. Пас чӣ тафовуте миёни “саn” ва “may” мавчуд аст?  Феъли модалии  “саn” аз  он  хабар медиҳад, ки шахсе аз ӯҳдаи иҷро намудани коре мебарояд, яъне қобилияти иҷро кардани кореро дорад. Дар зер ду ҷумларо бо истифодаи феълҳои мазкур шарҳ медиҳем, 1.Madina can dance. — Мадина рақсида метавонад.

2.Madina may dance. — Мадина метавонад рақсад.

Аз мисолҳои боло ҷумлаи якум, ки бо феъли модалии “саn” сохта шудааст, аз он хабар медиҳад, ки Мадина умуман рақс карда метавонад, яьне қобилияти рақскунӣ дорад. Ҷумлаи дуюм , ки бо феъли модалии “may” сохта шудааст, аз он дарак медиҳад, ки Мадина имконияти рақсидан дорад, яъне барои рақсидани ӯ имконият пайдо шудааст.

Пас мо ҳангоми истифодаи феъли модалии “саn” қобилияти иҷроиши амалеро аз ҷониби шахсе ва ҳангоми истифодаи феъли модалии “may” имконияти иҷроиши амалеро аз тарафи шахсе метавонем дарк кунем.

Мисолҳо:

You may take my bike.

They may come in.

She may go now.

He may open his eyes.

We may not go to the shop.

You may not help us.

She may not read this article.

They may not wait for us.

You may not give your book to me.

I may not answer your question.


Ибораи “to be allowed to”

Ин ибора муродиф ё ҳаммаъно бо феъли модалии “may” аст. Калимаи “allow” асосан “иҷозат додан”, “рухсат додан” тарҷума мешавад. Ду ҷумларо бо феъли модалии “may” ва ибораи “to be allowed to” муқоиса мекунем:

I may go. — Ман метавонам равам.

I am allowed to go. — Ман метавонам равам.

Ҳap ду ҷумлаи боло ҳаммаъно буда, аз он хабар дода истодаанд, ки шахсе иҷозати рафтан дорад.

Ибораи “to be allowed to” аз рӯи шахсу шумора тағйир ёфта, дар шаклҳои “am allowed to”, “are allowed to”, “is allowed to” дар замони ҳозираи феъл баромад мекунад.

You are allowed to open your books. — Шумо метавонед, ки китобҳоятонро кушоед.

She is allowed to say you Good bye. — Ӯ метавонад, ки ба шумо хайрбод гӯяд.

Мисолҳои дигар:

They are allowed to close the windows.

You are allowed to tell me about your family.

I am not allowed to watch that film.

The children aren’t allowed to play near the bus stop.

She isn’t allowed to go to the park alone.

Are you allowed to bring the book? No, I am not.

Is he allowed to go fishing with us? Yes, he is.

Are they allowed to buy sugar? No, they aren’t.

Am I allowed to take your bike? Yes, you are.

Шарҳ баста аст.