Фазо ва вақт

Фазо ва вақт аз ҷумлаи муҳимтарин шаклҳои ҳастӣ ба шумор мераванд. Барои равшан сохтани фаҳмиши фалсафии ин атрибутҳои ҳастӣ лозим аст, ки бо таърихи тасаввурот доир ба ин мавзӯъ мухтасар шинос гардем.

Инсон дар ҳаёти ҳаррӯзааш оламро дар сатҳи муроқибаи ҳиссӣ дарк мекунад, ки дар он материя, ҳаракат, вақт ва фазо аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Аз ҷумла инсон эҳсос мекунад, ки ӯ дар фазо зиндагии хешро пеш мебарад, аз андоза, ҳудуд ва ҳаҷми он як навъ вобастагӣ дорад. ӯ ин андозаҳоро чен мекунад, ҳудудҳоро убур месозад, ҳаҷмҳоро пур мегардонад, яъне бо фазо ҳаммавҷудиятӣ дорад. Чунин ҳаммавҷудиятӣ дар ҷаҳонфаҳмии асотирӣ нақши худро гузоштааст: фазо ҳамчун маҷмӯи муташаккилонаи объектҳо ва равандҳо тасаввур карда мешуд.

Аз ин нуқтаи назар, фазо натиҷаи гузариши тадриҷӣ аз бенизомӣ (хаос) ба низомнокӣ аст. Дар тасаввуроти асотирӣ «маркази олам» ба мисли «меҳвар»-и фазо буда, фазо аз ин меҳвар ба намуди спиралӣ паҳн шудааст. Чунин паҳншавӣ муташаккилона ва мутобиқи қонуниятҳои муайян сурат гирифтааст. Ғайр аз ин, нисбати ҳамдигар бо тартиби муайян ҷойгир шудани қисмҳои фазо ба инобат гирифта мешуд. Бинобар ин, маърифати фазо дар ибтидо бо ду амал асос меёфт: таҳлил (ҷудосозӣ) ва таркибдиҳӣ (ҳамҷоясозӣ). Дар фаҳмиши асотирӣ фазо асосан номуттасил, фосиладор ва ҳархела буда, он бо вақт ҳамҷоя аст. Дар доираи баъзе адабиёти муосири илмӣ барои андешидани алоқамандии вақтӣ ва фазоии ҳодисот аз мафҳуми «хронотоп» (аз юнонӣ, chronos – вақт + topos – ҷой) иcтифода карда мешавад.

Ҳамин тавр, дар тафаккури асотирӣ фазо на ҳамчун хосияти физикии ҳастӣ, балки ҳамчун ҷои махсуси коинотӣ тасаввур мешуд, ки дар он муборизаи худоёни хайр ва шарр сурат мегирад. Алҳол ин образи фарҳангии фазо аст, ки дар он ҳамаи ҳодисот муназзам ва сифатан ҳархела буда, мавзеҳои алоҳидааш барои инсон бо маъною мазмунҳои махсус пур карда шудааст.

Одамони давраи қадим ҳамчунин аз вақт вобастагӣ доштани худро равшантар ҳис мекарданд, зеро бо он фаҳмиш дар бораи марг алоқаманд буд: бо гузашти вақт инсон ва ашёҳо фано мешаванд. Дар тасаввуроти асотирӣ вақт хосияти хаттӣ ва даврӣ дорад. Вақт аз нуқтаи ибтидоӣ, аз лаҳзаи офариниши олам оғоз гардида, паҳн мешавад ва ҳамзамон хосияти даврӣ (такрорёбӣ) касб мекунад. Мувофиқ ба ин, марҳилаҳои ҳаёти худи инсон бо қайд кардани идҳои маросимӣ, ки ҳодисаҳои гузаштаи асотириро такрор мекунанд, фарқ карда мешуд.

Тасаввуроти асотирӣ дар бораи фазо ва вақтро набояд маҳсули шуури содда фаҳмид. Алалхусус ин ба фаҳмиши робитаи фазо ва вақт, даврӣ ва хаттӣ будани мавҷудияти олам дахл дорад. Муттасилии фазоӣ-вақтӣ дар шуури асотирӣ ҳамчун нишонаи асосии сохтори Кайҳон баромад мекунад. Бенизомии азалӣ тавассути муносибатҳои фазоӣ-вақтӣ ва амалҳои бо ин муносибатҳо асосёфтаи маросимии сохторбахшанда ба низом дароварда мешавад.

Муҳимияти фазо ва вақт барои инсон ҳам дар давраи пайдоиши фалсафа ва ҳам дар фалсафаи муосир яке аз масъалаҳои марказӣ ба шумор меравад. Бояд қайд кард, ки тасаввуроти фалсафӣ дар бораи фазо ва вақт дар замони муосир низ комилу хотимавӣ нестанд.

Ҳеҷ гоҳ касе вақту фазои «холис», ҷисмҳои моддии берун аз вақту фазоро дарк накардааст. Аммо фалсафа ва илм дар давоми таърихи худ кӯшидаанд, ки чӣ будани вақт ва фазоро фаҳманд. Умуман, агар ба таърихи ҳалли ин масъала назар карда шавад, тафсирҳои зерини фазо ва вақтро ҷудо кардан мумкин аст.

Мисоли тафсир карда шудани фазо:

— масофати холӣ, ки бо кулли чизҳо пур шудааст, аммо худаш аз онҳо вобаста нест (Демокрит, Эпикур, Нютон);

— имтидолнокии материя ё эфир (Афлотун, Арасту, Декарт, Спиноза, Ломоносов); ҳамчун шакли мавҷудияти материя (Голбах, Энгелс);

— тартиби ҷойгиршавӣ ва ҳаммавҷудиятии объектҳо (Лейбнитс, Лобачевский);

— комплекси эҳсосоту далелҳои таҷрибавӣ (Беркли, Мах) ё шакли тотаҷрибавии муроқибаи ҳиссӣ (Кант).

Мисоли тафсир карда шудани вақт:

— ҷавҳар ё моҳияте, ки ба ягон чиз ниёз надорад, вобаста аз ин маълум кардани хосиятҳои метрикӣ (ченакӣ)-и он (Фалес, Анаксимандр); бо тафсири мазкур пайдоиши назарияи субстансионалӣ (ҷавҳарӣ)-и вақт алоқаманд аст;

— тафсири динамикии вақт: доимо ҷорӣ будан, муттассилӣ ва универсалӣ будани вақт (Гераклит);

— тафсири статикии вақт: тағйирнопазир будани вақт (Парменид);

-тафсири релятсионии вақт аз мавқеи идеалистӣ (Афлотун). Вақт дар олами идеяҳо тағйирнопазир буда, дар он ҷо абадият ҳукмрон аст, вале дар олами «ғайриҳақиқӣ»-и чизҳои моддӣ вақт динамикию релятивӣ аст. Инҷо гузашта, ҳозира ва оянда вуҷуд доранд;

— давомнокии мавҷудият ва андозаи тағйироти материя (Арасту, Декарт, Голбах); тафсири релятсионии вақт аз мавқеи материалистӣ – вақт ҳамчун шакли мавҷудияти материя, ки давомнокӣ ва тартиби ивазшавии тағйиротро ифода мекунад (Энгелс, Ленин);

— давомнокии ҷавҳарии мутлақ, якҷинса барои кулли Кайҳон, ки аз ҳеҷ гуна таъсири мутақобила ва ҳаракати ҷисмҳо вобастагӣ надорад (назарияи субстансионалии классикии Нютон);

— хосияти нисбии чизҳои феноменалӣ, тартиби ба амал омадани ҳодисаҳо (назарияи релятсионии классикии Лейбнитс);

— шакли ба тартиб даровардашудаи комплексҳои эҳсосот (Беркли, Юм, Мах) ё шакли априории (тотаҷрибавии) муроқибаи ҳиссӣ (Кант).

Арасту вақт ва ҳаракатро айният дода, навишта буд, ки ҳам дар вақт ва ҳам дар ҳаракат ҳамеша ҳолати «пеш» ва «баъд» вуҷуд дорад. Маҳз вобаста ба ҳаракат мо «ҳоло»-ҳои фарқиятдоштаро мефаҳмем. Вақт – ин тартиби «ҳоло»-ҳо, ивазшавии онҳо, шумораи онҳо. Вақт – «миқдори ҳаракат вобаста ба ҳолати гузашта ва оянда».

И.Нютон дар бораи вақти мутлақ сухан карда, қайд намудааст, ки вай «худ ба худ аз рӯи моҳияташ, бе ягон робита ба чизи беруна, яксон ҷорӣ мешавад ва ба тарзи дигар дарозӣ номида мешавад». Инчунин И.Нютон фазои мутлақро «махзан»-и ҷисмҳо номидааст. Таърихан дар давоми асрҳои ХVIII-XIX назариёти вақти мутлақ ва фазои мутлақ дар фалсафа ва табиатшиносӣ назарияи асосӣ буд. Дар фалсафа онро назарияи субстансионалӣ (ҷавҳарӣ) меноманд. Дар ин назария тасдиқ карда мешавад, ки фазо ва вақт ҳамчун ҷавҳар ё моҳиятҳои мустақил бе материя вуҷуд дошта метавонанд. Муносибати байни фазо, вақт ва материя тимсоли муносибати ҷавҳарҳои мустақил мебошад. Аз ин рӯ, хулоса карда мешуд, ки хосиятҳои фазо ва вақт аз хусусияти равандҳои моддӣ вобастагӣ надоранд.

Ин назариёт метафизикӣ буд, чунки дар он робитаи материяи муҳаррикро бо фазо ва вақт ба инобат гирифта намешуд: эътироф мешуд, ки фазои «холис»-и берун аз материя ё вақти «холис»-и аз равандҳои моддӣ умуман новобаста вуҷуд дошта метавониста бошад. Ба ҳар ҳол ин тасаввуроти метафизикӣ дар бораи фазо ва вақт асосҳои таҷрибавии худро дошт. Дар олами кабир, ки муҳити асосии зиндагии инсон аст, робитаи бевоситаи фазо, вақт ва ҷисми муҳарик эҳсос карда намешавад. Объект мумкин аст, ки аз ҷои муайяне дур шавад, аммо баъди ин худи ҷои фазоӣ тағйир намеёбад ва дур намешавад. Ҳамин тарз, вақт низ ҳамчун ба объект муносибатнадошта фаҳмида мешуд.

Ҳанӯз дар даврае, ки илм метафизикию механистӣ буд, ин тасаввурот мавриди танқиди Гегел қарор гирифтанд. «Мо, — менависад ӯ, — ҳеҷ кадом фазоро маълум карда наметавонем, ки фазои мустақил бошад; вай ҳамеша фазои фарогирифта мебошад ва аз фарогирифтаҳои худ тафовут надорад», «на дар вақт ҳама чиз пайдо ва табдил мешавад, балки худи вақт ҳамин ташаккулёбӣ, пайдоиш ва гузариш мебошад». Яъне ҳанӯз то А.Эйнштейн файласуф Гегел дар асоси методи диалектикӣ доир ба алоқамандии материя, вақт ва фазо хулоса кардааст. Далелҳои илми табиатшиносӣ, ки тасаввуроти метафизикӣ доир ба фазо ва вақтро инкор мекарданд, танҳо дар охири асри ХIХ ҷамъ карда шуданд.

Дар назарияи релятсионӣ (аз лот.relatio – нисбӣ; муносибат) фазо ва вақт ҳамчун муносибати махсуси байни объектҳо, равандҳо фаҳмида мешавад. Физика то пайдо шудани назарияи А.Эйнштейн ба назарияи субстансионалии (ҷавҳарии) фазо ва вақт такя мекард, ҳарчанд ки дар фалсафа тасаввуроти дигар низ мавҷуд буд.

Дар физикаи охири асри XIX мафҳуми майдон бо таълимот дар бораи эфир, ки ҳамчун як навъ «боқимонда»-и манзараи механикии олам фаҳмида мешавад, сахт алоқаманд буд. Эфир ҳамчун муҳити муттасили механикӣ, ки тамоми фазоро яксон пур кардааст, фаҳмида мешуд. Ғалаёни ин муҳит ҳамчун майдони электромагнитӣ баён мегардид. Ба эфир мафҳуми низоми сарҳисоб ҳамшабоҳат дониста мешуд, ки он бо мафҳуми фазои мутлақ ҳанӯз зич алоқаманд буд.

Таҷрибаи Майкелсон-Морли нуқтаҳои назариёт дар бораи эфирро тасдиқ накард ва ба пайдоишу устуворгардии назарияи нисбият, ки мафҳуми фазо ва вақтро ба таври куллӣ аз нав дида баромад, сабаб гардид. Манзараи релятивистии олам ташаккул ёфт. Ба ҷои фазои мутлақ ва вақти мутлақ, ки як навъ «саҳна»-и номуҳаррик барои амали зуҳуроти физикӣ тасаввур карда мешуд, фаҳмиши дигар дар мавзӯи фазо ва вақт арзи вуҷуд кард. Маълум шуд, ки хосиятҳои фазо-вақт мутлақ нестанд, онҳо ҷавҳар ё моҳиятҳои мустақили онтологӣ нестанд, хосиятҳои ҳар дуи онҳо бо ҳамдигар алоқамандӣ доранд; ҷоиз аст, ки дар бораи ягонагии фазоӣ-вақтии чорченакӣ сухан карда шавад. Хосиятҳои мушаххаси фазо ва вақт (масофае, ки мушоҳида карда мешаванда ва фосилаи вақт) дар назарияи махсуси нисбият аз интихоби низоми сарҳисоби инерсиалӣ ва дар назарияи умумии нисбият аз тағйирёбии массаи ҷисм вобаста аст.

Дар назарияи махсуси нисбият (соли 1905) А.Эйнштейн муайян намуд, ки хосиятҳои геометрии фазо ва вақт аз тақсим шудани ҷисмҳои ҷозибавӣ дар онҳо вобастаанд: дар қарибии объектҳои вазнин хосиятҳои геометрии фазо ва вақт аз евклидӣ ба дуршавӣ дучор мешавад ва гузашти вақт суст мегардад. Назарияи умумии нисбият, ки соли 1916 А.Эйнштейн анҷом бахшид, вобастагии хосиятҳои фазоӣ-вақтиро аз суръати ҳаракат ва таъсири мутақобилаи низомҳои моддӣ нишон дод: ҳангоми наздик шудани суръати ҳаракати ҷисм ба суръати рӯшноӣ масса меафзояд, аммо ҷараёнҳои вақтӣ суст мешаванд. Худи А.Эйнштейн моҳияти назарияи нисбиятро шарҳ дода, соли 1921 гуфта буд: «Моҳият ин тавр аст: пештар чунин мешумориданд, ки агар бо мӯъҷизае ҳамаи чизҳои моддӣ якбора нест мешуд, пас фазо ва вақт боқӣ мемонд. Мувофиқи назарияи нисбият бошад, якҷоя бо чизҳо ҳам фазо ва ҳам вақт нест бояд шавад».

Ҳамин тавр, фазо чунин шакли ҳастӣ аст, ки робитаи куллии байни объектҳо, ҳаммавҷудиятӣ, тартиби ҷойгиршавии онҳо ва дорои имтидол буданро ифода мекунад. Вобаста аз далелҳои таҷрибавӣ маълум мегардад, ки фазои Галактикаи мо се ченак дошта, ченаки чоруми он вақт мебошад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар назариётҳои муосири супергравитатсионӣ тасаввурот дар бораи даҳченакии фазоӣ-вақтӣ ҷой дорад. Яъне дар Метагалактика имкони вуҷуд доштани «оламҳо»-и гуногун бо ченакҳои гуногуни фазоӣ-вақтӣ ба назар гирифта мешавад.

Вақт чунин шакли ҳастӣ мебошад, ки давомнокии мавҷудияти ҳамаи объектҳо, тартиби ивазшавии ҳолати онҳо, яъне тағйирот ва инкишофро ифода менамояд. Вақт на танҳо тартиби вақтиро ташкил медиҳад, ҳамчунин сохтори сабабии оламро ифода менамояд. Хосияти ом доштани вақт маънои онро дорад, ки вай ба ҳамаи сохторҳои ҳастӣ мансуб буда, аммо дар ҳар кадом сатҳи ташкили материя худро мушаххас баён месозад. Вобаста ба ин, дар бораи микро -, макро — ва мегаолам, материяи зинда (вақти биологӣ ва психологӣ) ва ташкили иҷтимоии материя (вақти иҷтимоӣ) ҳарф мезананд. Объективӣ будани вақт маънои онро дорад, ки вай дар мағзи ҳамаи сохторҳои ҳастӣ, новобаста аз имконияти идрокшавӣ ё идрокнашавиашон ҷой дорад.

Олимон хосиятҳои метрикӣ (ченакӣ) ва топогенӣ (мавзеӣ)-и вақтро ҷудо мекунанд. Дарозӣ ва лаҳза хусусияти асосии метрикии вақт мебошанд. Лаҳза – ин ҳадди тақсимнашаванда, ё худ кванти дарозӣ мебошад. Дарозӣ ҳамчун маҷмӯи лаҳзаҳое, ки дар байни лаҳзаҳои ибтидоӣ ва интиҳоии мавҷудияти объект ҷойгиранд, фаҳмида мешавад. Дарозӣ – ин давомнокӣ мебошад, ки дар муддати он мавҷудияти объект нигоҳ дошта мешавад. Лаҳза ва дарозӣ хосиятҳои ҷудонашаванда, сабаби ҳамдигарӣ ва мутақобилаи вақт мебошанд.

Ба хосиятҳои топологии вақт яксамтӣ, якандозагӣ, барнагардандагӣ мансуб мебошанд. Бояд қайд намуд, ки ин хосиятҳои зикрёфта то имрӯз дар адабиёти илмӣ ба таври бояду шояд асоснок карда нашудаанд. Инҷо бамаврид аст, ки дар бораи аҷибият (парадокс)-и вақт хотиррасон намоем. Аҷибияти вақтро Арасту мухтасар ифода карда буд ва Августини Муқаддас ба он илова дохил намуд. Арасту чунин музоҳиза рондааст: «Гузашта аллакай вуҷуд надорад, оянда ҳанӯз мавҷуд нест, бинобар ин, танҳо ҳозира мавҷудияти актуалӣ дорад». Агар тахмин кунем, ки худи ҳозира ба лаҳзаи бедарозӣ тӯл мекашад, он гоҳ хулосаи Августин дар бораи он, ки ҳозира ҳамчунин вуҷуд надорад, ҳаққонӣ мебошад. Ҳамин тавр, ба назар мерасад, ки гӯё вақт умуман воқеият надошта бошад. Ин хулосаи нодуруст дар бораи «ғайб задани вақт» вобаста аз фарзияи ҷудо аз объектҳои моддӣ вуҷуд доштани вақт бармеояд.

Шарҳ баста аст.