Фарсоиш (хӯрдашави)-и фондҳои асосӣ. Истеҳлок

0
37

Фондҳои асосӣ аз ҷиҳати сохт, таркиб, имконияти ҷисмонӣ, муҳлати амал аз 1 то 50 сол ва аз он зиёдтар хизмат мекунанд. Бешубҳа, дар ин давра таҳти таъсири омилҳои табиию иқтисодӣ ва техникию технологӣ ба хӯрдашавӣ дучор мегарданд.

Механизми иқтисодии такрористеҳсоли фондҳои асосӣ чунон сохта шудаанд, ки онҳо бояд маҳсулнок истифода карда шаванд, дар ин ҷараён хӯрда шаванд, захираҳо ба вуҷуд оварда шуда, аз нав барқарор гарданд. Ин қонунияти такрористеҳсоли инфиродӣ мебошад.

Загрузка...

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ ду намуди (шакли) фарсоиши (хӯрдашавии) фондҳои асосиро фарқ мекунанд: 1) фарсоиши ҷисмонӣ ва 2) фарсоиши маънавӣ. Ба назар гирифтан ва дурусту оқилона ҳисобу китоб кардани фарсоиши фондҳо имкон медиҳад, ки дар шароити рушду нумӯъи босуръати илму техника, мӯҳлати хизмати аз нуқтаи назари илмӣ асосноки фондҳо (мошин, агрегат, механизмҳо, таҷҳизот…) ва меъёри истеҳлоки (амортизатсия)-и онҳо муайян карда мешавад.

истехсолот, мехнат

Фарсоиши ҷисмонӣ (моддӣ), раванде мебошад, ки фондҳо дар давоми мӯҳлати хизмати худ хурда шуда, барои истифодаи минбаъда нодаркор мегарданд ва арзиши истеъмолии (манфиатнокии) худро гум мекунанд.

Ин фарсоиш аз сабаби: дар ҳолати корӣ будани сармояи амалкунанда ва беинтиҳо истифода кардани он ва ҳангоми бекор хобидани он таҳти таъсири омилҳои табиат ба вуҷуд меояд.

Одатан, дар симои фарcоиши ҷисмонӣ ду ҷанбаи муҳимро фарқ мекунанд: 1) техникию истеҳсолӣ — аз даст додани арзиши истеъмолӣ, яъне қобилияти манфиатнокии фондҳо ва 2) арзишӣ — қисм ба қисм ба маҳсулоти тайёр гузаронидани арзиш (дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ).

Фарсоиши маънавӣ, ҳамчун раванди арзон шудани фондҳои асосӣ дар натиҷаи баланд шудани ҳосилнокию шиддатнокии меҳнат ва дар ин асос паст гардидани арзиши воситаҳои меҳнат ва пайдо шудани воситаҳои навтарин ва боиқтидортарини меҳнат нисбат ба олотҳои мавҷуда ба миён меояд.

Дар таҷрибаи хоҷагидорӣ ду шакли фарсоиши маънавиро аз ҳам фарқ мекунанд: 1) баробари афзун гаштани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаҳое, ки воситаҳои меҳнат истеҳсол мекунанд, арзишашон ботадриҷ паст гардида онҳо арзон мешаванд. Ин шакл зарурияти ҳатмии иваз намудани таҷҳизоти амалкардаистодаро ба миён намеоварад, зеро дараҷаи техникии таҷҳизоти амалкунанда ва нав якхела мебошанд. Вале истифодаи васеи воситаҳои пешакӣ ба даст овардашудаи меҳнат қисми арзиши худро гум мекунад ва соҳибкорон барои боташдид истифода карда натавонистани онҳо зарар мебинанд; 2) мошин ва воситаҳое аз нав таҷлил карда мешаванд, ки аз рӯи нерӯю қудрат, нисбат ба ҳамингуна воситаҳо қавитару устувортар ва аз нигоҳи арзиш арзону қулайтар мебошанд.

Ин тарзи фарсоиш ба талафоти ҳиссаи арзиши воситаҳои пештар гузошташудаи камсамар оварда мерасонад. Истифода кардани олотҳои аз ҷиҳати техникӣ кӯҳнаи меҳнат ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат, боло рафтани самаранокии истеҳсолот ва дараҷаи даромаднокии корхона монеъ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар  ду ҳолат арзоншавии сармояи асосӣ ба вуҷуд меояд, чунки нархи воситаҳои меҳнат тибқи манфиатнокии интиҳоӣ дар ҳар як давра ва мӯҳлати муайян ба он пайваста амал мекунад.

Асоси моддии ҳар ду шакли фарсудашавии маънавиро пешрафти илмӣ-техникӣ, ки ба пайдо шудани техникаю технологияи нав, намудҳои нави маҳсулоту хадамот сабаб мегардад, ташкил медиҳад. Ҳар як унсури фондҳои асосӣ яку якбора метавонад зери таъсири ҳар ду ин шакл қарор гирад. Раванди фарсоиши маънавӣ паи ҳам, муозин ва калобишнок зери таъсири таҷдиди техника ва маҳсулоти нав сурат мегирад.

Барои сари вақт пешгирифтани раванди фарсудашавии маънавӣ дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ бештар ҷараёни модернизатсия, реконструксия (аз нав таҷҳизонӣ) ва ғайра истифода карда мешавад. Роҳи муҳимтарини барқарор кардани фарсоиши фондҳои асосӣ — ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ мебошад.

Дар шароити фаъолияти соҳибкорӣ, ки хоҷагидорӣ дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат сурат мегирад, такрористеҳсоли васеи фондҳои асосӣ аз ҳисоби фоидаи ба даст оварда шуда ва рупӯш кардани хароҷот таъмин карда мешавад. Ба ин мақсад, ҳиссаи фарсоиши ҷисмонӣ ва маънавии фондҳои истеҳсолӣ бояд барқарор ва аз нав карда шаванд. Ин ба воситаи ҳиссаҷудо-куниҳои истеҳлокӣ (амортизатсионӣ) ба роҳ монда мешавад.

Таҳти истеҳлок раванди бо қисмҳо (бо мурури хӯрдашавӣ) интиқол намудани арзиши фондҳои асосӣ ба маҳсулотҳои тавлидгардида ва истифодаи ин арзиш барои подош (рупӯш) кардани қисми фарсудашудаи воситаҳои меҳнат фаҳмида мешавад. Бо ибораи дигар, амортизатсия шакли пулии ба маҳсули меҳнат гузаронидашудаи арзиши фондҳои асосии дар ҷараёни истеҳсо-лоти амалкунанда мебошад.

Ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ ба хароҷоти инфиродии корхона ҳамроҳ карда шуда, баъди фурӯш, дар шакли фонди пулӣ дар счётҳои (ҳисоби ҷории) корхона андӯхта мешавад.

Ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсоинӣ барои ҳар як корхона мувофиқи нормаҳои муқарраргардида муайян карда мешавад.

Нормаи амортизатсия, ҳамчун нисбати маблағҳои солонаи ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ ба арзиши миёнаи солонаи фондҳои асосӣ, ки бо фоиз ифода карда шудааст, муайян карда мешавад.

Инро бо таври формула ин тавр тасвир кардан мумкин аст:

    Nам=_ҲА_ х100%

              ФА

дар ин ҷо:

Nам — нормаи амортизатсия,

ҲА — ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ ба фондҳои асосӣ (сармояи асосӣ),

ФА- фондҳои асосӣ.

Масалан, нормаи солонаи амортизатсияи таҷҳизот агар 10% бошад ин маънои онро дорад, ки 10% арзиши аз аввал гузошта шуда (авансгузошташуда) ҳарсол ба махсулоти тайёр гузаронида мешавад. Дар ин асно ҳамаи раванди ташаккули хароҷот, ки бо истифодаи қисми фонди асосии фирма алоқамандӣ дорад, 10 солро ташкил медиҳад.

Ба нормаи амортизатсионӣ омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Он мустақиман аз вақти фарсудашавии фондҳои асосӣ, алалхусус фарсоиши  ҷисмонӣ ва маънавӣ вобаста мебошад.

Аз нигаҳи технологӣ асоснок кардашудаи фарсоиши ҷисмо-нӣ, пурра раванди ба маҳсулоти тайёр гузаронидани арзиши фондҳоро таъмин менамояд. Фарсоиши маънавӣ бошад ҷараёни ташаккули амортизатсияро мушкил мегардонад, чунки дар раванди он арзиши фондҳои асосӣ ба маҳсулот гузаронида намешавад. Бинобар ин қисми хароҷот бо гардиши даврагии фондҳои асосӣ ворид намегардад ва дар натиҷа нормаи амортизатсия рӯ ба пасти мениҳад.

Нормаи амортизатсионӣ нишон медиҳад, ки дар кадом давра ва кадом мӯҳлат арзиши фондҳо пурра ё қисман барқарор карда мешаванд. Агар нормаи амортизатсионӣ барои фондҳо нисбатан пасттар гузошта шавад, онгоҳ суръати подошт ва таҷлили фондҳо суст шуда, садди роҳи пешрафти техникӣ мегардад. Нормаи аз меъёр баланди он низ хароҷоти истеҳсолиро беҳад зиёд менамояд. Бинобар ин дарёб кардани ҳадди оқилонаю муносиби он барои соҳибкорон аҳамияти бениҳоят калон дорад.

Дар раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва таҷрибаи оморӣ методҳои гуногуни ҳисобу китоби нормаи амортизатсионӣ истифода карда мешавад:

1) амортизатсияи мустақим, яъне дар давоми сол, муозин ва баробар соқит намудани қисми арзиши воситаҳои меҳнат. Ин ҳиссаҷудокуниҳо ба фонди амортизатсионӣ интиқол карда мешавад;

2) методи кам кардани қисми фондҳои бақиявӣ ҳангоми дучанд зиёд шудани нормаи амортизатсионӣ, дар аснои дучанд буданӣ норма нисбат ба фонди бақиявӣ. Ин тарзи ҳисобу китоб бори аавал дар соли 1954 дар ИМА истифода карда шудааст;

3) методи воҳиди хадамот ё худ воҳиди маҳсулот: масалан, ҳангоми мавҷудияти худ, автомобил чӣ қадар роҳро тай карда метавонад, чӣ қадар бор мекашад, адои хизмат чанд сӯм арзиш дорад ва ғайра;

4) методи дегрессивӣ — тарзи бо суръати хеле ҳам суст гузаронидани арзиши фондҳо ба маҳсулоти тайёр (7, 172);

5) дар шароити инқилоби илму техника мӯҳлати хизмати фондҳои истеҳсолӣ, махсусан, қисми фаъоли он кӯтоҳ мегардад. Аз ин нигаҳ, барои пешгирӣ кардани суръати тезафзояндаи фарсоиши маънавии фондҳо аксар вақт методи тезонидани амортизатсия истифода карда мешавад. Аз ин ҷиҳат дар аксарияти давлатҳои низоми бозорӣ оиди ин масъала “қонун дар бораи тезондани амортизатсия” қабул карда шудааст.

Тибқи тақозои қонун методи тезондани амортизатсия нисбат ба воситаҳои навтарини техникаи ҳисоббарорӣ, материалҳо, асбоб, дастгоҳ, таҷҳизот ва ғайра истифода карда мешавад. Ба ҳисоби миёна нормаи амортизатсионӣ бо назардошти тезонидани нормаи он аз 1 то 5 солро ташкил медиҳад.

Дар шароите, ки таваррум (инфлятсия) дар иқтисод мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад ва арзиши фондҳои асосӣ аз боиси устувор баҳо надодан аз қисматҳои фаъол қафо мемонад ва ҳамчун натиҷаи он ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ кам мешаванд, охирон ба яке аз омилҳои истиқрори фонди инвеститсионии корхона табдил меёбад.

Ҳолати корӣ ва қобилияти худкифоии фондҳо нерӯи иқтисо-дӣ ва самаранокии иқтисоди миллиро муайян мекунанд. Аз ин ҷиҳат муайян кардани мӯҳлати хизмати фондҳо аҳамияти беназир дорад. Донистани ҳаҷми умумии фондҳо, синну сол ва мӯҳ-лати зисти онҳо, мӯҳлати хизмат ва вақту соати иваз кардани онҳо имкон медиҳад, ки захираҳои мавҷудаи иқтисодӣ, махсусан, захираҳои дохилӣ ва берунии (молиявии) корхона барои ҳалли масоили умдаи иқтисод, қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳ ва дараҷаи некӯ-аҳволӣ истифода карда мешавад.

Дар ин ҷода муайян кардани коэффисенти (зариби) фарсоиш, махсусан барои он фондҳое, ки мӯҳлати хизматашон аз меъёри муқарраршуда гузаштааст, аҳамияти беназир дорад.

Дар шароити инқилоби илму техника мӯҳлати меъёрии хизмати фондҳо дар аксарияти давлатҳои инкишофёфтаи иқтисоди бозорӣ, аз 3 то 10 солро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда, масалан, дар Япония ба 8 сол баробар аст, дар Россия-13 сол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зиёда аз 20 солро ташкил медиҳад.


Фарсоиши фондхои асоси. хурдашави фондхои асоси, Истехлок, Фарсоиши чисмони (модди)