Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Фариддудин Аттори Нишопурӣ

0
20

Фариддудин Аттори Нишопурӣ (1140-1221) дар асри XIII тасаввуфи исломиро ҳамаҷониба инкишоф додаст. Атторро дар тариқат увайсӣ дар ҷаҳонбинӣ пайрави ваҳдати вуҷуд аст, ки соликони он баъд аз гузаштани пояҳои шариат ва тариқат, бо рӯҳи мутлақ, яъне Худо як мешавад. Масъалаи мазкурро мутафаккир дар маснавии «Мантиқ-ут-тайр» дар ҳикояти сафари мурғон ва расидани онҳо ба кӯҳи Қоф ва бо Симурғ як шуданашон хеле равшан ифода кардааст. Ин косепсия агарчи рамзист, вале тариқи он қобилият ва дараҷоти инсонро, ки махлуқи олӣ ва тоҷи офариниш дониста шудааст, метавон сареҳан дарк намуд. Таълимоти Атторо тасвири сайру сулуки солик дар роҳи расидан ба дараҷаи камолоти маънавӣ ташкил медиҳад. ӯ масъалаи мазкурро тариқи офаридани асарҳои рамзӣ матраҳ намуда, таъкид месозад, ки инсон чун майл ба камолоти маънавӣ кунад ва ҷиддан ҷаҳду талош намояд, ҳатман ба мақсад мерасад. Марҳалаҳое, ки ӯ барои сайр ва сулук, яъне расидан ба дараҷаи камол ва шинохти ҳақиқати мутлақ баршумурдааст аз талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат, фақр ва фано иборатанд. Ҳар кадоми марҳилаҳои зикршударо мутафаккир вобаста ба мақом ва ҷойгоҳи солик матраҳ намуда, риояи одот ва тариқи гузазшти онҳоро аз дидгоҳи ирфон таҳлил намудааст. Дар таърихи фалсафа ва ирфони исломӣ осори гаронқадри Аттор ҷойгоҳи махсус доранд. Намоёнтарин осори ӯ иборатанд аз «Тазкират-ул-авлиё», «Илоҳинома», «Асрорнома», «Ҷавоҳирнома», «Хусравнома», «Шарҳ-ул-қалб», «Мусибатнома», «Мантиқ-ут-тайр», «Мухторнома» ва ғайра иборатанд.


Калидвожаҳо: акидахои фалсафии Фариддудин Аттори Нишопури, ақидаҳои фалсафии Фариддудин Аттори Нишопурӣ, реферат, фалсафаи тоҷик, фалсафаи точик.

Загрузка...