ФАРД, ХОС ВА КУЛЛ

ФАРД, ХОС ВА КУЛЛ, категорияҳои фалсафӣ буда, фард мустақилияти нисбии ашёю ҳодисаҳои алоҳида, кул умумияти хосият, муносибат ва робитаи ашёю ҳодисаҳо ва хос тарзи алоқаи фард ва кулро ифода мекунанд. Байни ин категорияҳои фалсафӣ алоқаи диалектикӣ мавҷуд аст. Зеро ашёву ҳодисаҳои алоҳида бо бисёр ашёву ҳодисаҳои дигар робитаи мутақобила дошта, ба инкишофи якдигар мусоидат мекунанд. Просесси инкишофи ҳодисаҳо ба табиати онҳо вобаста буда, хусусияти фардии онҳо дар ҳамин замина зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, маҷмӯи хосиятҳое, ки ба як ҳодисаи алоҳида мансубанд, фардро ташкил медиҳанд.

Ашё ва ҳодисаҳои олам алоҳида вуҷуд дошта бошанд ҳам, мустақил нестанд, зеро ашёи алоҳида ҷузъи олами ягонаро ташкил медиҳад ва дар алоқамандӣ бо он инкишоф меёбад. Дар ин ҳолат вай ғаир аз сифатҳои бо худ хос боз дорои хосиятҳое мегардад, ки ба дигар ашё низ хосанд. Хосиятҳое, ки ба онҳо системаи муайяни ашё молик аст, кулро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин минвол, кул хусусияти умуми дошта, моҳият ва тарафҳои объектҳои системаи муайянро иникос менамояд.

Ҳалгоми муайян намудани моҳияти ашё ё ҳодисаи алоҳида, онро бо гурӯҳи муайяни ашёву ҳодисаҳо муқоиса намудан лозим аст. Дар таърихи фалсафа, дар ҳалли масъалаи робитаи мутақобилаи фард ва кул ақидаҳои мухталиф мавҷуд буда, мафҳуми фарду кул, муносибати диалектикии онҳоро ба таври гуногун таъбир намудаанд. Масалан, идеалистони объективӣ кулро ба дараҷаи иғроқ бардошта, онро ба мисли рӯҳи мутлақ новобаста аз фард вуҷуд дошта мепиндоранд. Реалистҳо фардро ба кул вобаста медонанд. Номиналистҳо исбот карданӣ мешаванд, ки кул асоси реалӣ надорад, фард ягона мавҷудияти реалӣ мебошад. Аз ин рӯ, кул дар шуури одам вуҷуд дорад ва гурӯҳи ашёи муайянро ифода мекунад.

Ин таъбири идеалистони объективӣ, реалистон ва номиналистон фаҳмиши яктарафа ва нодурусти робитаи диалектикии фард, хос ва кул мебошад. Дар асри миёна Дунс Скотт ва баъдтар Ф. Бэкон, Ҷ. Локк, Л. Фейербах ва дигар ба муайян намудани муносибати фарду кул кӯшидаанд. Лекин онҳо алоқаи мутақобилаи ин категорияҳоро ошкор карда натавонистанд.

Танҳо материалиами диалектикӣ фаҳмиши дурусти фард, хос ва кулро асоснок намуд. Мувофиқи таълимоти он на фард ва на кул мустақилона вуҷуд дошта наметавонанд. Танҳо чизҳои алоҳида мустақилона вуҷуд доранд, ки онҳо ягонагии фард ва кулро ташкил медиҳанд. Фард ва кул дар предмет ва ҳодисаҳои алоҳида мавҷуданд, тарафҳо ва ҳолати онҳоро ифода мекунанд.

Фардро бо хос муқоиса намуда, мушоҳида намудан мумкин аст, ки фард ҳамеша ба сифати хос зуҳур меёбад. Фард маҷмӯи хосияти ашёи муайянро дар бар гирифта, онро аз дигар ашёи муқоисашаванда фарқ мекунонад. Агар фард ҳама вақт дар шакли хос зуҳур ёбад, он гоҳ муносибати кул ва хос фарқ мекунад. Дар як ҳолат кул ҳамчун хос ва дар ҳолати дигар ҳамчун кул зуҳур меёбад. Ҳангоми дар байни ашёи муқоисашаванда вуҷуд доштани фарқият кул ҳамчун хос ва дар ҳолати бо ҳам монанд будани ашёи муқоисашаванда кул ҳамчун кул зоҳир мегардад. Чигунагии он ба шароити конкретӣ вобаста аст.

Шарҳ баста аст.