Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Ибни Ровандӣ

Абдулҳасан Аҳмад ибни Яҳё ибни Исҳоқ маъруф ба Ибни Ровандӣ (816-899) аз    шаҳиртарин намояндаи фалсафаи   асҳоби ҳаюло маҳсуб мешавад. Вай дар оғози   фаъолияти илмию фалсафии худ ба ҷараёни мӯътазилия   майл доштааст. Баъдан ба ҳикмати дини мубини ислом — калом рӯ овардааст. Ибни Ровандӣ баъди гузашти айём аз он ҳам канорагирӣ карда ба ботил сохтани усули онҳо пардохтааст. Ба туфайли ақоиди илҳодии худ дар таърихи фарҳанги исломӣ бо номи Аҳмади Зиндиқ шӯҳрат   ёфтааст.

Ба иттилои сарчашмаҳо, Ибни Ровандӣ беш аз 114 асару рисолаҳо таълиф кардааст,ки онҳо ба таҳқиқи масъалаҳои муҳиму баҳсталаби   ақидатию мафкуравии замони худ  равона карда шудаанд. Осори ӯ аз «Китоб ут –тоҷ», « Китоб уз- зумуррад », «Наът ул-ҳакима», «Китоб ул -қасаб», «Китоб ул — фарид», «Китоб ул- марҷон», «Китоб ул-лӯълу» ва ғ. иборат аст, ки аксарияташон дар қураи оташ сӯзонда шудаанд.

Аз   омӯзишу баррасии баъзе порчаҳои осори фалсафии Ибни Ровандӣ, ки он порчаҳо тавассути манбаъҳо ҳифз шудаанд,бармеояд,ки усули ақоиди фалсафии мутафаккир аз инҳо иборатанд :

(1)   Ибни Ровандӣ монанди даҳриёну табоиён қадим будани оламро эътироф карда, ҳастии Худовандро инкор менамуд. ӯ ҳамчунин ҳудуси оламро рад карда собит менамуд,ки олам бо ин офтоб,моҳ ва ситораҳояш бе ҳеҷ гуна сонеъ ва мудаббиру холиқ қадим аст. Касоне,ки барои олам ба қадим будани Офаридгор қоил шудаанд, бо таноқузу муҳол сухан гуфтаанд.

(2) Ибни Ровандӣ ба ҳеҷ яке аз динҳои маъмул мӯътақид набудааст ва аз ин рӯ,усули дини тавҳидӣ ва ҳакиму раҳим будани   Худоро бо далелҳои ақливу мантиқӣ рад мекунад. Ба ақидаи ӯ, Худое,ки бандагони   худро бо касаливу заифӣ ва фақирӣ мубтало карда , ба онҳо бо назари раҳмат наменигарад,ҳаким нест. Касе,ки ба ӯ мутеъ набудани бандагонро дониста,онҳоро ба тоат даъват мекунад,набояд ҳаким бошад. Зеро ҳар касе,ки бандаи гунаҳкори худро то абад дар оташ сӯзонданист,ҳаргиз набояд ҳакиму олим бошад.Ба қавли Абулҳасани Ҳайёт, ин файласуф китобҳои зиёде дар исботи илҳод, ботил сохтани тавҳид, инкори нубувват ва пешвоён навиштааст,ки якеи онҳо «Китоб ут-тоҷ» мебошад.

(3) Азбаски Ибни Ровандӣ ба ақоиди динӣ мӯътақид набуд, китобҳои диниро ҳам муқаддасу осмонӣ намеҳисобид.Вай собит мекард,ки Қурон дар шакле,ки ба мо расидааст,на китоби муқаддасу осмонӣ ва ҳакимона,балки китобест пурихтилоф ва ба далелҳои ақливу мантиқӣ носозгор.

Шарҳ баста аст.