Фалсафаи шуур. Масъалаи шуур дар фалсафа

0
36

Масъалаи шуур дар фалсафа. Инсон қобилияти фавқуллодаи пеши назар овардани таҷрибаи ҳаётию ҳодисаҳои муддатҳо пеш пушти сар намудаи худ ва инсониятро дар маҷмуъ доро мебошад. У дар ин замина гоҳе вориди дунёи андешаҳояш мешаваду онҳоро бознигарию варақгардонӣ менамояд ва аз нигоҳи бурду бохташон мунсифона арзёбӣ мекунад. Дар ҳошияи сатрҳои бознигаришудаи андешаҳояш ӯ мумкин аст муҳокимаҳоеро дар шакли казоват, таассурот, эҳсосот, баҳодиҳиҳои арзиши ва ғайра раддабандӣ мекунад ва барои ташкили бомақсадонаи фаъолияти минбаъдааш тарҳҳои эҳтимолиро наққошӣ месозад. Чунин манзараи зуҳури қобилияти беназири инсон шаҳодати он аст, ки у дар ҳаёт дар фарқият аз аксарияти мавҷудоти зинда такя танҳо ба гаризаҳои худ намекунад ва бештари маврид рафтораш бошуурона амалӣ мегардад. Маҳз мушоҳидаи чунин қобилияти беназири инсон тули таърих боиси зуҳури суолгузориҳои зиёд оид ба ҷустуҷӯи сарчашмаи қобилияти бошуурона рафтор намудани у гардид, ки дар натиҷа диду назарҳои мухталиф вобаста ба ҷавоби ин саволҳо ба миён омаданд. Агар дар баъзе андешаҳо зимнан мавзӯи табиатан ба инсон хос будани шуур матрах гардида бошад, пас аз диди дингаройӣ шуури инсон ҳамчун таҷассуми хиради офаридгор маънидод мегардад. Ҳамчунин дар таърихи андешаронии фалсафӣ нигоҳи дигаре нисбат ба ин масъала ташаккул ёфт, ки тибқи он ҳама олам саршори шуур аст. Ин диди фалсафи таҳти унвони панлогизм маълум аст. Панлогизм ин чунин тасаввуротест, ки тибқи он шуур воқеияти мутлақ аст ва олам танҳо маҳсули татбиқи он аст.  Назари дигари вобаста ба ин мавзӯъ дар фалсафа ташаккулёфта ин орои натурфалсафӣ (унвони гуруҳи файласуфони ба омӯзиши табиат таваҷҷӯҳдошта) буд, ки тибқи андешаи онҳо шуур танҳо хоси инсон набуда, балки дар шаклҳои махсус он ҳам дар моддаи мунҷамид ва ҳам зинда вуҷуд дорад. Дар ин замина баъзе равияҳои фикрӣ сайёраи мо Заминро ҳам ҳамчун мавҷудоти ҷондоре тасаввур менамоянд, ки метавонад ҳар лаҳза ба доройиҳои худ тасаллут пайдо кунад ва инсонро ба ҷурми амали бешууронааш аз души худ канор афшонад. Яъне у метавонад қасдашро аз инсон ба хотири зарарҳои барои у воридкардааш ситонад. Ин андешаро на танҳо намояндагони фалсафаи динӣ ва натурфалсафа ҷонибдорӣ мекунанд, балки имрӯзҳо низ баъзе аз олимони варзидаи физика моил ба чунин андешаанд, ки коинот дар худ қобилияти ҷилва додани бузургии шуури руҳҳониятёфтаро дорад. Дар радифи ин андешаҳо таъбири дигари масъалаи ҷустуҷӯи сарчашмаи асрори ба шуурнокии ҳайратангез мушарраф гаштани инсон мавҷуд аст, ки тибқи он шуур абадан вуҷуд надошт ва он махсули инкишофи тулонии олами зинда мебошад. Дар афкори фалсафӣ назарияи мазкур анъанаи тулонӣ дорад ва мо онро дар ин ҷо ҳамчун баррасии фалсафии шуур матрах месозем.

Дар баррасии фалсафии шуур аввалан таваҷҷӯҳи асосӣ ба муайян намудани таносуби идеалиёт ва моддиёт равона мегардад, зеро он аз бисёр ҷиҳат барои дарки мухтавои моҳияти фалсафии шуур аз шаклҳои дигари омӯзиши он, ба монанди равоншиносӣ, биология, физиология ва ғайра, мусоидат менамояд. Идеалӣ мафҳуми фалсафӣ буда, воқеияти ғайришайъӣ ва номуттасилро, ки дар шакли ғояҳо, ормонҳо, пешнамунаҳои дар шуури инсон ҳамчун моҳияти қобили дарк додашударо ифода менамояд. Воқеияти идеалӣ дар муқоиса бо воқеияти материалие, ки барои он муайянии фазоию вақти ва шайъидошта хос буда, ба тариқи ҳисси бевосита дода шудааст, шинохта мешавад. Идеалиёт дорои муайянии шайъӣ набуда, он инъикос ва тарҳи фикрии азнавсозии материалиёт аст. Идеалиёт фақат чун падидаи холиси психикӣ набуда, балки бо соири воқеиятҳои ҳаёти иҷтимоии одамон робитаи ногусастанӣ дорад.

Загрузка...

Аҳамияти арчгузорӣ аз мафҳуми идеалӣ барои инсон вобаста ба он аст, ки он дар худ имконияти таҷассуми хусусияти умумӣ — арзишӣ ва моҳиятӣ доштани воқеият, намунаи ҳолатҳои матлуб, ҳадафу шаклҳои дастёбии онҳоро дорад. Бидуни ин шуур, забон ва фарҳанг наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Аз ин ру метавон гуфт, ки бидуни идеалиёт инсон наметавонад вуҷуд дошта бошад. Хизмати ҷовидонии Афлотун дар назди фалсафа ба равшан кардани арзиши идеалиёт, татбиқи усули мантиқии тафаккур, пешниҳоди таълимот оид ба идея ҳамчун усули дарки ашё алоқаманд аст.

Таносуби идеалиёт ва моддиёт яке аз мавзуъҳои баҳси густурдаи фалсафӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли баҳси ғоятгароёну моддигароён хеле амиқ ба миён гузошта шудааст. Дар заминаи онтологӣ идеалистон идеалиётро ҳамчун иллат нисбат ба воқеияти материали арзёбӣ мекунанд. Тибқи андешаи онҳо идеалиёт дар худ пешнамуна ва моҳияти ашёҳои моддиро дошта, дар шаклҳои муайян дар онҳо ифода меёбад ва боиси офариниши онҳо мегардад. Яъне дар ин маврид шуур ҳамчун моҳияти мустақилу эҷодгари ҳастӣ шинохта шуда, он ҳамчун воқеияти мустақили боэътимод дониста мешавад.

Моддигароён баръакс муътақиданд, ки идеалиёт аз натиҷаи инкишофи фаъолияти мақсадноки дигаргунсозандаи иҷтимоии инсон бармеояд. Бинобар ҳамин ҳам дар фаҳмиши материалистии шуур ба ду принсипи муҳим, яъне эътирофи мағзи сар ҳамчун органи шуур ва ба инъикоси олами берунӣ вобаста будани шуур такя карда мешавад. Дар машраби материалистӣ чунин тарзи шинохти шуур маҳсули андешарониҳои замони на чандон дури таърихӣ аст. То ин муддат дар мактабҳои моддигаройӣ низ шинохти шуур хусусияти маҳдуд ва аксар вақт метафизикӣ дошт. Дар заминаи ин мактабҳо аслан шуурро иборат аз инъикоси ғайрифаъоли олами объективӣ дониста, моҳияти иҷтимоию таърихӣ ва робитаи ногусастани доштани онро бо амалияи ҷамъиятӣ аз мадди назар дур месохтанд. Намунаи барҷастаи ин равиши фикрии моддигароёнаро дар назарияи ифротӣ ё омиёнаи материалистӣ оид ба шуур, ки марбут ба Малешот, Фохт ва дигарон аст, метавон мушоҳида намуд. Дар ин ҷо мундариҷаи шуурро бо воқеияти инъикоснамудааш тавъам бо ҳамдигар меҳисобиданд. Ин равишро моддигаройии оммиёна ном мебаранд, зеро тафаккур ва моддаро яке медонанд.

Дар заминаи модигаройии диалектикӣ идеалиёт хоси одамони ба мадори фаъолияти якҷоя ва муносибатҳои гуногуни ҳамдигарӣ воридшуда дониста мешавад. Идеалиёт тибқи назари Маркс чуз шакли дар ашё таҷассумёфтаи фаъолияти инсони ҷамъиятӣ нест. Ё ба ибораи дигар, он шакли фаъолияти инсонист, ки чун ашё, предмет зоҳир шудааст. Аз ин ру тамоми ашёи ба раванди ҳаёти ҷамъиятӣ дохилшуда шакли нави мавҷудият, яъне шакли идеалиро мегирад, ки табиатан дар сиришти он ниҳон нест ва аз он фарқ мекунад. Идеалиёт дар заминаи фаъолияти ҷамъиятии одамон ташаккул меёбад ва ҳама гуна ашё берун аз фаъолияти инсон чун шакли табиии худ қарор дорад. Бинобар ҳамин ҳам идеалиёт ҳарчанд бо шуур алоқаи ногусастанӣ дорад, вале худи хусусияти бошууронаи психикаи инсон шакли муайяни зуҳуроти муносибати эҷодкоронаю дигаргунсозандаи у ба табиат ва умуман олам мебошад, ки дар заминаи ҳаёти иҷтимояш таърихан ташаккул ёфтааст. Ин нуқтаи назар дар мавриди баррасии моҳияти шуури ҷамъиятӣ ва шаклҳои он истифода бурда мешавад. Аз ин ру гуфтан мумкин аст, ки шакли идеалӣ ин шакли чиз, вале берун аз ин чиз аст ва дар инсон ҳамчун шакли фаъоли амалиёти ҳаётияш ба сифати мақсад ва талабот вуҷуд дорад.