Фалсафаи илм ва инкишофи он. Вазифаҳои илм дар ҷомеа

Фалсафаи илм –  қисми фалсафа, ки сохтори илм, қонуниятҳои умумии фаъолияту инкишофи онро (ҳамчун низоми донишҳои илмӣ, соҳаи фаъолияти маърифатӣ, ниҳоди иҷтимоӣ, асоси дигаргунсозиҳои навоваронаи ҷомеа) меомӯзад.

Илм дар ҳастии таҷрибавии худ дар бисёр масъалаҳо ҳамчун объекти пурихтилоф зуҳур мекунад. Ин гуфтаҳо ба ҳастии таърихии илм, бо назардошти ҳолати феълии он, алоқаманд аст.

Яке аз масъалаҳои зиддиятнок ин масъалаи мантиқан номувофиқ будани шаклҳои гуногуни «илм» аст: 1) давраи тоилмии Шарқи Қадим; 2) илми атиқа; 3) илми асримиёнагии аврупоӣ; 4) илми классикии нававрупоӣ; 5) илми ғайриклассикӣ; 6) илми баъдиғайриклассикӣ.

Хусусиятҳои давраи тоилмии шарқӣ аз инҳо иборат аст: омезиши бевосита ва тобеият ба талаботҳои амалӣ; таҷҳизотнокии донишҳои «илмӣ», хусусияти пайдоиши донишҳои таҷрибавӣ ва асосноккунии он, сулолавӣ ва махфӣ будани ҷамоатҳои илмӣ.

Хусусияти «илм»-и мавҷудаи Юнони Қадим ин буд: зеҳнӣ будан (сарчашмаи донишҳои илмӣ тафаккур аст); исботи мантиқӣ, новобастагӣ аз амалия, пазироии танқиди ошкоро, демократизм.

Хусусиятҳои «илм»-и асримиёнагӣ илоҳиётпазирӣ ба шумор мерафт. Дар маданияти асримиёнагӣ илм маҷбур буд, ки нақши хизматгори илоҳиётро ба ҷо оварда, бо он хулосаҳои худро мувофиқ гардонад. Ҳақиқатҳои илмӣ («ҳақиқатҳои хирад») нисбати ҳақиқатҳои динӣ («ҳақиқатҳои имонӣ») мақоми тобеияти маърифатӣ доштанд. Астрология, алкимиё, тафсироти динӣ намунаҳои назарраси «илм»-и асримиёнагӣ буданд. Маълум аст, ки «илм»-и асримиёнагӣ ба хусусияти донишу амали «илм»-и атиқа ва «тоилмият»-и қадим муқобил буд.

Охиран дар давраи Эҳё ва Замони нави аврупоӣ зуҳуроти иҷтимоӣ ва амиқияти падидаҳо, ки ҳаммаънои фаҳмиши имрӯзаи илм мебошанд, пайдо шуданд. Ба хусусиятҳои умумии «илм» дар қатори маърифати ақлониву предметӣ буданаш, инчунин се ҷанбаҳои он мансубанд: 1) илм ҳамчун навъи махсуси донишҳо; 2) илм ҳамчун навъи махсуси фаъолият; 3) илм ҳамчун ниҳоди махсуси иҷтимоӣ. Ин ҷанбаҳо байни худ алоқаманданд ва танҳо дар ягонагиашон имкон медиҳанд, ки фаъолияти воқеию томи илмиро пурраю айнӣ маълум карда шавад.

Ҷанбаҳои ҳастии илм

1) Илм ҳамун навъи махсуси донишҳо. Мантиқ ва методологияи илм илмро ҳамун навъи махсуси донишҳо мавриди баррасӣ қарор додаанд. Масъалаи асосӣ дар ин ҷо ошкорсозӣ ва шарҳу эзоҳи он аломатҳое мебошад, ки барои фарқ кардани дониши илмӣ аз натиҷаҳои дигари маърифати ғайриилмӣ заруранд. Ба донишҳои ғайриилмӣ, аз ҷумла, донишҳои муқаррарӣ, санъат, дин, баъзе қисматҳои фалсафа, таҷрибаи ҳадсию ирфонӣ, таассуротҳои экзистенсиалистӣ ва ғ. тааллуқ доранд. Бо вуҷуди кӯшишҳои файласуфони илм, масъалаи аниқ кардани меъёри илмият ҳанӯз ҳам ҳалли ягонаю умумиэътирофӣ наёфтааст. Одатан чунин меъёрҳои хоси донишҳои илмӣ номбар карда мешаванд: предметӣ (шайъӣ) будан, якмаъноӣ, муайяният, дақиқӣ, низомнокӣ, исботи мантиқӣ, санҷидашавӣ, асоснокшавии назариявӣ ё таҷрибавӣ, суднокӣ ва истифодашавии амалӣ. Ба инобат гирифтани ин хосиятҳо бояд объективӣ будани ҳақиқати донишҳои илмиро кафолат диҳад ва бинобар он, аксар вақт «донишҳои илмӣ» бо «донишҳои объективӣ-ҳақиқӣ» айният дода мешавад.

2) Илм ҳамчун фаъолияти маърифатӣ. Маълум аст, ки илм ин фаъолияти маърифатӣ ва зеҳнӣ мебошад. Ҳар як фаъолият ин амали мақсаднок ва самтгирифта мебошад. Сохтори ҳар як фаъолият аз се унсури асосӣ иборат аст: мақсад, предмет, воситаи фаъолият. Дар мисоли фаъолияти илмӣ: мақсад – ин ба даст овардани дониши нави илмӣ, предмет – ин иттилооти назариявӣ ва таҷрибавӣ, ки дар ҳалли масъалаҳои илмӣ истифода мешаванд, воситаи фаъолият – методи таҳлил ва интиқолдиҳӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

Се модели асосии баёнгари ҷараёни маърифати илмӣ мавҷуданд: 1) эмпиризм; 2) теоретизм; 3) проблематизм. Мувофиқи эмпиризм, оғозёбии маърифати илмӣ ба таври зайл сурат мегирад: бақайдгирии маълумотҳои таҷрибавӣ дар бораи предмети тадқиқоти илмӣ, дар асоси онҳо пешбарӣ кардани фарзияи таҷрибавӣ-ҷамъбастӣ, интихоби фарзия. Модели маърифати илмӣ, ки ҳамчун ҷамъбасти индуктивии таҷриба ва интихоби фарзияи беҳтарини дар асоси таҷриба тасдиқшаванда мебошад, дар фалсафаи илм индуктивистӣ номида мешавад.

Теоретизм ба методи қайдшуда зид мебошад. Теоретизм ҳамун модели маърифати илмӣ асоси фаъолияти илмиро кадом як идеяи кулл (мисол: детерминизм, индетерминизм, тағйирпазирӣ, низомнокӣ ва ғ.) мешуморад, ки дар батни тафаккури илмӣ пайдо  шудааст. Дар доираи теоретизм фаъолияти илмӣ ҳамчун тарҳрезии он мазмуне, ки ягон идеяи куллро дар бар мегирад, тасаввур карда мешавад. Таҷриба яке аз воситаҳои махсусгардонии идеяҳои назариявӣ мебошад. Яке аз шаклҳои маъмули теоретизм дар фалсафаи илм ин натурфалсафа (фалсафаи табиат) мебошад, ки кулли илмро фалсафаи амалӣ, мушаххасгардонии таҷрибавии идеяҳои фалсафӣ меҳисобад. Дар шароити имрӯза натурфалсафа дар фалсафаи илм мақоми баланд надорад, аммо дигар вариантҳои теоретизм рақобатпазир мебошанд (таҳлили тематикии Ҷ.Холтон, конвенсиализми радикалии П.Дюгем, А.Пуанкаре, методологияи барномаҳои илмии И.Лакатос ва ғ.).

Охиран, варианти сеюм, ки бештар паҳншуда ва дар фалсафаи илми имрӯза барои таҷассуми сохтори фаъолияти илмӣ қабул шудааст, ин консепсияи проблематизм мебошад. Мувофиқи модели мазкур, илм тарзи махсуси ҳалли он масъалаҳое аст, ки зинаи ибтидоии фаъолияти таҷрибавӣ ё назариявӣ буда, бо забони илмӣ тафсир карда шудаанд ва ҷавобан ҳосил кардани иттилооти нави таҷрибавӣ ё назариявиро талаб мекунанд.

Танҳо бо маърифат кардани олам илми муосир маҳдуд нест. Вай ҷиҳати муҳими фаъолияти навоварона аст, ки барои офаридани арзишҳои истеъмолӣ саҳм мегузорад. Навоварии илмӣ қисми ҷудонопазири иқтисоди муосир мебошад. Илм ҳамчун ҷузъи фаъолияти навоварона амалӣ гардонидани чунин сохторро ба ҷо меоварад: тадқиқотҳои бунёдӣ, тадқиқотҳои амалӣ, моделҳои судманд, тадқиқотҳои амалӣ-таҷрибавӣ. Илми муосир ҳанӯз аз охири асри ХIХ (аз замони ташкил шудани сектори саноатии илм) бо фаъолияти амалӣ сахт омезиш ёфта, тақвият ёфт. Дар ин давра, нисбати дигар давраҳои таърихӣ, рушду камоли илм бо талаботҳои амалӣ-иҷтимоии ҷамъият алоқамандии ногусастанӣ дошт. Амалигардонии ин талабот бо низоми ташкилу идораи илм ҳамун сохтори махсуси иҷтимоӣ (ниҳоди иҷтимоӣ) таъмин мегардад.

3) Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ. Мафҳуми ниҳоди иҷтимоӣ дар сотсиология ташкили муайяни фаъолияти ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро ифода мекунад, ки онҳо дар худ меъёрҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқии ҷомеа, инчунин қоидаҳои фаъолият ва рафтори одамонро, ки дар ҳуҷҷатҳои арзишоти иҷтимоидошта ба қайд гирифта шудаанд, инъикос мекунад. Раванди таъсиси ниҳоди нави иҷтимоӣ, инчунин таҳкими ҳуқуқӣ ва ташкилии ин ё он муносибати иҷтимоӣ, яъне раванди расмикунонии фаъолияту муносибатҳои иҷтимоиро ниҳодикунонии иҷтимоӣ номида мешавад.

Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ предмети сотсиологияи илм мебошад, ки вай муносибатҳои дохилии фаъолият ва инкишофи илм, мақоми фаъолияти илмӣ дар сохтори тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, вазифаҳои он дар фазои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва муносибатҳои он бо дигар ниҳодҳои иҷтимоиро меомӯзад.

Шароитҳои корбурди илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ мавҷудияти инҳо мебошанд: а) ҷамоати олимон, ки фаъолияти онҳоро принсипҳои этоси (ахлоқи) илмӣ танзим мекунанд; б) муассисаҳое, ки бо васоити муайяни моддӣ таъмин буда, фаъолияти худро тибқи низомномаи расмӣ-ҳуқуқӣ амалӣ мегардонанд. Яке аз асосгузорони сотсиологияи «ниҳодикунонӣ»-и асри ХХ Р.Мертон нишон додааст, ки этоси илмӣ маҷмӯи якчанд дастурҳои нонавишта ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ расминашуда, вале аз ҷониби ҳамаи аъзои ҷомеаи илмӣ мавриди эътироф ва иҷроиш қароргирифта, ба монанди инҳо мебошад: а) коллективизм; б) универсиализм; в) скептитсизми (шаккокияи) муташаккил; г) беғаразӣ.

Хусусияти ташаккули илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ чунин аст, ки қабл аз ниҳодикунонии иҷтимоӣ илм таърихан тартиботи ниҳодикунонии когнитивӣ (аз рӯи қаробати дониш) ба вуҷуд меояд. Одатан, ниҳодкунонии иҷтимоӣ ба таркиботи когнитивӣ ниёзе надорад.

Раванди ниҳодикунонии иҷтимоии илм силсилавӣ сурат мегирад: аз равияи илмӣ-ихтисосӣ, ҷамоати фаннӣ то бунёди ташкилоту муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ. Дар онҳо гурӯҳи махсуси одамон (ҷамоати илмӣ) тибқи қоидаҳои муайян фаъолияти худро баҳри дарёфти дониши илмӣ ва интиқоли он амалӣ месозад. Ниҳодикунонии когнитивии илм ҳамчун тартиботи созишҳои олимон доир ба масъалаи фаҳмиши сохтору усулҳои фаъолияти илмӣ, мундариҷаи тафаккури илмӣ, меъёрҳои ахлоқи илм ва ғ. сурат мегирифт. Бо тафовут аз ниҳодикунонии иҷтимоӣ, ниҳодикунонии когнитивӣ тибқи чунин пайдарҳамӣ мегузашт: пажӯҳиши тадқиқот – барномаи тадқиқотӣ – ихтисос – фанни илмӣ – маҷмӯи фанҳо.

Дар рафти ниҳодикунонии когнитивии илм ҷои махсусро ниҳодикунонии равияҳои илмӣ ва ҷамоатҳои илмӣ ишғол мекунад, ки аз тартиботи зерин иборат аст: 1) мутарак сохтани масъалаҳо ва ҳамкороне, ки сари ин ё он масъала кор мекунанд; 2) иртиботгирӣ, яъне барқарорсозии муошират дар байни олимон; 3) муайянкунии ҳудудҳои гурӯҳ ва шароитҳои марбутшавӣ ба он; 4) ҷалби муҳаққиқони нав бо мақсади васеъ кардани ҷабҳаи тадқиқот ва таъмини интиқолдиҳии таҷрибаи гурӯҳ берун аз ҳудудҳои як насл; 5) диффузия ё густариши навовариҳо; 6) фароҳам овардани шароит барои ҳушдорӣ аз рафторҳои ғайримеъёрӣ ва берун аз қоидаҳои этоси илмӣ.

Ҳамин тавр, ҷараёни ба мақоми ниҳоди иҷтимоӣ соҳиб шудани илм фақат ба ниҳодикунонии иҷтимоӣ (бунёд намудани муассисаҳо ва корхонаҳо) вобаста набуда, инчунин ниҳодикунонии когнитивиро дар бар мегирад.

Инкишофи таърихии шаклҳои ниҳодишавии фаъолияти илмиро, ки бо таъсири мутақобилаи ниҳодишавии когнитивӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифтааст, дар намуди марҳилаҳои зерин нишон додан мумкин аст: 1) зуҳури олимони алоҳидае, ки ба соҳаи муайян машғул буданд, тавре ки ин ҳолат дар давраи Г.Галилей ва И.Нютон вуҷуд дошт; 2) «Илми ҳаваскорона», вақте ки олимон дар асоси шиносоӣ ва мутобиқати психологӣ доштан дар ҷамоатҳои ғайрирасмие (берун аз сохторҳои донишгоҳӣ) муттаҳид мешуданд. Ин шаклҳои ниҳодишавии илм аз сиёсату фармоишҳои давлатӣ вобаста набуданд; 3) илми академӣ (донишгоҳӣ) аз нимаи дуюми асри XVII сар карда, ҳамчун як навъи ҷамоати илмӣ пайдо шуд ва мутобиқати психологии байниҳамдигариро дар назар надошт, агарчи кори тадқиқотчиён асосан тимсоли фаъолияти шахсони алоҳида боқӣ мемонд. Дар донишгоҳҳо мактабҳои илмие ташаккул меёфтанд, ки сохтори онҳо ҳанӯз хусусияти расмӣ надоштанд: олимонро услуби ягонаи тафаккур муттаҳид месохт, онҳо зери роҳбарии олим-пешвои соҳибистеъдоди аз ҷониби онҳо эътирофшуда, генератори идеяҳо кор мекарданд ва дар раванди омӯзонидани донишҷӯён фаъолона ширкат меварзиданд; 4) озмоишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои махсуси илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар миёнаи асри ХХ (хусусан баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) шакли пешбари ташкили кори илмӣ шуда, ба коркарди барномаҳои илмӣ машғул буданд ва корбурди худро асосан бо фармоишҳои давлатӣ муайян мекарданд. Чунин шакли ниҳодикунонии илм мақоми мактабҳои илмиро ҳам тағйир дод: онҳо ба коллективҳои илмӣ табдил ёфтанд, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии онҳо на аз дохили худи коллектив, балки аз берун ташкил дода мешуд; 5) марказҳои калони илмии аз ҷиҳати техникӣ хуб таҷҳизонидашуда, лабораторияҳои саноатие, ки равияҳои бунёдӣ ва амалии тадқиқотро омехтаанд, ҳамзамон якчанд коллективҳои илмиро дар асоси байнифаннӣ муттаҳид кардаанд. Олимони ба ин марказҳо дохилбударо ҳамақида шуморидан душвор аст, зеро бисёре аз онҳо муқаррароти гуногуни тадқиқотиро пайравӣ мекунанд, ба ин ё он назария ва ҳатто этоси илмӣ муносибати мухталиф доранд. Барои ҳалли самараноки масъалаи пешниҳодшудаи илмӣ коллективи байнифаннӣ ба гурӯҳҳои проблемавӣ ҷудо мешавад. Ба ин гурӯҳҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун дохил мегарданд, то ки масъалаи умумиро ҳал намоянд.

Дар замони ҳозира фаъолияти олимон танҳо дар чорчӯбаи илм, дар мақоми ниҳоди иҷтимоии он (донишгоҳ, лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ, пажӯҳишгоҳ, маркази илмӣ) амалӣ мегардад. Ин, аз як тараф, маҳдудияти озодии пажӯҳиши тадқиқотии олими алоҳидаро, ки вазифаи мушаххасро дар чорчӯбаи барномаи тадқиқотӣ иҷро мекунад, ба миён меорад, аз тарафи дигар, ба ҳифзи принсипҳои тадқиқоти илмӣ мусоидат намуда, ба шаклҳои қарибулилмӣ, хурофотӣ-ирфонии донишҳои ғайриилмӣ ва беруназилмӣ имкон намедиҳад, ки асоси методологияи илмиро харобу фасод кунанд.

Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: а) нерӯи бевоситаи истеҳсолкунанда, ки ҷараёни бефосилаи ташаккул ва инкишофи дониши нав, инчунин истифодаи техникии онро таъмин менамояд ва таъкон медиҳад; б) баҳодиҳии объективии арзиши ин ё он кашфиёти олимони алоҳида ё коллективҳои тадқиқотиро амалӣ месозад, мувофиқан қадрдониашон мекунад; в) комёбиҳои шахсии ин ё он олимро ба дастовардҳои коллективӣ интиқол медиҳад; г) дар нақши хотираи илмии марказонидашудаи иҷтимоӣ, ки аз мӯҳлатҳои умри олимони алоҳида вобаста нест, баромад карда, бо ёрии матнҳо (рисолаҳо, мақолаҳо, маълумотҳо, китобҳои дарсӣ, луғатҳо ва ғ.) донишҳои назариявӣ ва технологиро ба танзим медарорад; д) интиқоли донишҳои бадастомадаро дар ҳамаи қишрҳои ҳаёти иҷтимоӣ амалӣ мегардонад; е) назоратро аз рӯи омодасозии кадрҳои илмӣ мутобиқи принсипҳои ахлоқи илмӣ иҷро мекунад; ж) вазифаи маърифатиро иҷро мекунад.

Дар таърихи илм, ҳангоми таҳлили дониши илмӣ ва механизмҳои инкишофи он, ду назари рақобаткунанда ба вуҷуд омадааст.

Кумулятивизм (аз лот.cumula – афзоишёбӣ, ҷамъшавӣ) чунин мешуморад, ки инкишофи илм бо роҳи тадриҷан ба донишҳои захирашуда замшудани дастовардҳои нав ба амал меояд. Ин тарзи фаҳмиши инкишофи миқдории донишҳо ва тағйирёбии он, ҳамзамон идомати бардавоми ин равандро мутлақ гардонида, баръакс мавҷудити тағйироти сифатӣ, «танаффусҳо» дар инкишофи дониш ва инқилобҳои илмиро қотеъона рад мекунад. Тарафдорони равияи кумулятивӣ инкишофи дониши илмиро ҳамчун афзоиши содаву тадриҷии шумораи далелу асноди ҷамъоваришуда ва дараҷаи таъсиру амали куллии қонунҳои дар ин замина қабулшуда  тасаввур мекунанд. Модели кумулятивии инкишофи илм дар асоси ҷамъбаст кардани таҷрибаи онтологии тасвирӣ ба миён омадааст. Кумулятивизми таҷрибавӣ инкишофи донишро бо афзоиш ва ғанигардии мундариҷаи таҷрибавии он айният медиҳад. Тибқи назари кумулятивизми ақлонӣ бошад, ба низоми принсипҳои мавҷудаи абстрактӣ ва хулосаҳои назариявӣ унсурҳои нав ворид мешаванд. Дар қолаби моделҳои куллиятивии инкишофи дониши илмӣ методи интиқоли предметҳои абстрактӣ (ақлонӣ) аз як соҳа ба соҳаи дигари дониш, ҳамчун методи хоссаи инкишофи дониши илмӣ, роҳи истифодашавии худро пайдо кардааст.

Аммо, чӣ тавре ки таърихи илм шаҳодат медиҳад, инкишофи илм на танҳо раванди кумулятивӣ, инчунин дискретӣ (номунтазам, танаффуснок) низ мебошад. Ин хусусияти инкишофи илмро модели зиддикумулятивии инкишофи илм инъикос менамояд. Яке аз натиҷаҳои ин модел – тезис дар бораи қиёснопазирии назарияҳо, ки тибқи он назарияҳои ивазшаванда байни ҳам ҳеҷ гуна алоқаи мантиқӣ надошта, ҳар кадоми онҳо методу василаҳои гуногуни асосноккуниро истифода мебаранд. Таърихи илм ҳамчун генофонди идеяҳо, ифшогари инкишофи номуназами идеяҳо фаҳмида мешавад. Интихоби ин ё он идеяи илмӣ аз тамоюли иҷтимоиву равонии иттиҳодияи илмӣ вобаста аст.

Алалхусус дар асари машҳури Томас Кун «Сохтори инқилобҳои илмӣ» (с.1962) ба таҳлили омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангии инкишофи илм таваҷҷӯҳи зиёд дода шудааст. Идеяи асосии асари ӯ бо маънидоди ивазшавии назарияҳои илмӣ, механизми гузариш аз як гурӯҳи назарияҳо ба дигараш вобастагӣ дорад. Т.Кун ба таърихи илм диққати махсус дода, боадолатона қайд мекунад, ки илмро берун аз таърихаш фаҳмида намешавад. Илм, албатта, мувофиқи қонунҳои худ ва қонунҳои маърифат инкишоф меёбад. Аммо илми имрӯза ин фаъолияти коллективона ва касбӣ буда, дар он инсон-олим амал мекунад. Бинобар ин, қоидаҳои муносибати байни олимон, инчунин қоидаҳои нонавиштаи байни олимон ва ҷамъият вуҷуд доранд. Масалан, кодекси росткории илмии олимон, нолозим шуморидани ҷалби ҳокимият ба ҳалли мубоҳисаҳои илмӣ ва ғ. Ҳаёти илмӣ, академиявӣ арзишҳои худро дорад, ки аз арзишҳои муҳими эътирофгаштаи оммавӣ бегона нест. Аммо на ҳокимият, на пул, на қобилиятҳои физиологӣ наметавонанд, ки инсонро олиму мутафаккир созанд.

Т.Кун назарияи «парадигма»-ро пешбарӣ кардааст. «Парадигма» (намуна) – ин аз ҷониби аксарияти олимон эътироф гардидани назарияҳо, дастовардҳои илмӣ, ки барои ҷомеаи олимон ҳамчун модели гузориши масъалаҳо ва ҳалли онҳо хизмат мекунад. «Парадигма» инчунин тарзи маъмули биниши масъалаҳо дар илм, тарзи тафаккури ҷомеаи муайяни илмӣ, низоми маъмули мафҳумҳо ва категорияҳо фаҳмида мешавад. Масалан, парадигмаи илми классикӣ.

Истилоҳи парадигма дар истифодаи Т.Кун бо мафҳуми «илми  меъёрӣ» ҳаммаъно аст. ӯ «илми меъёрӣ»-ро ҳамчун давраи касби афзоишёбии дониш тавсиф мекунад, ки дар тӯли он олимон фанҳои худро мураттаб сохта, ба танзим медароваранд. «Илми меъёрӣ» ин давраи таҳаввулотӣ дар инкишофи илм буда, маҷмӯи назарияҳои бо далелҳо исботшаванда дорад. Аксари олимон ин назарияҳоро ҳамчун ҳақиқат мепазиранд. Ҳангоме, ки дар доираи «илми меъёрӣ» факту далелҳои маънидоднашаванда пайдо мешаванд ва теъдоди ин далелҳо ноустувории назарияҳои маъмулро собит месозанд, он гоҳ давраи инқилобӣ дар инкишофи илм оғоз мегардад. Инқилоби илмӣ дар ибтидо ба ҳолати «илми топарадигмӣ» меоварад, яъне ба ҳаммавҷудиятии парадигмаи гуногуни кӯҳнаи фарзияю назарияҳо, ки сирру асрори илмиро гуногун маънидод мекунанд. Агар ба давраи қабл аз парадигмалӣ ҷамъоварии бетартибонаи далелҳо хос бошад, пас гузаштан ба марҳалаи парадигмалӣ мазмунан муназзаму стандтарнок шудани таҷрибаи илмӣ, таҳқиқоти назариявӣ, манзараи дақиқи олам ва муттаҳидкунонии назария ва метод мебошад.

Дар натиҷа ҷомеаи илмӣ варианти мақбултари назарияҳоро интихоб мекунад, ки соҳаи алоҳида воқеият ё кулли воқеаҳоро маънидод карда метавониста бошад. Чунин назария ҳамчун намунаи ҳалли масъалаҳои илми муайян қабул шуда, бунёди назариявӣ ва методологии парадигмаи навро фароҳам меоварад. Пас аз ин, давраи навбатии инкишофи «илми меъёрӣ» оғоз мегардад. Интихоби назарияи намунавӣ на танҳо аз бобарории он нисбати дигар назарияҳо дар маънидоди олам вобаста аст, инчунин ин интихоб бо омилҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғ. алоқаманд карда мешавад.

Парадигмаи нав ҷузъиётҳои парадигмаи кӯҳнаро қисман қабул мекунад. Масалан, назарияи Эйнштейн судманду ҳақиқӣ будани назарияи Нютонро қатъиян инкор намекунад. Аммо парадигмаи нав доимо низоми шаклан дигари оламшиносӣ, принсипҳо, образҳо, мафҳумҳои дигарро ба миён меоварад. Ба Т.Кун муяссар гардидааст, ки баъзе камбудиҳои ақидаҳои позитивистиро бартараф созад. Дар илм рушд ва гирдоварии дониш бетанаффус сурат намегирад. Ҳар як парадигма фаҳмиши нодири оламро меофарад ва нисбати дигар парадигмаҳо афзалияти хосса надорад. Тараққиёти илмро беҳтараш ҳамчун таҳаввулоти илмӣ бояд фаҳмид, яъне ҳамагуна афзоиши донишро дар дохили парадигма таъбир бояд кард. Илм доимо падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ аст. Барои донистани илм нигариши нави таърихӣ-таҳаввулотӣ лозим аст. Ҳақиқати илм то дараҷае тағйирпазир буда, дар доираи парадигма амал мекунад. Ин андешаҳо ба инкишофи фалсафаи илми муосир таъсири худро расондаанд.

Вазифаҳои илм дар ҷомеа

Вазифаи муҳими доимии илм тавлидоти донишҳои илмӣ-назариявӣ буд, аммо дар ҷараёни инкишофи худ илм вазифаҳои навро низ соҳиб гардид.

Инкишофи вазифаҳои илмро дар ҷараёни ташаккули таърихии он мушоҳида кардан мумкин аст. Тағйир ёфтани манзараи олам дар зери таъсири инкишофи илм вазифаи ҷаҳонбинии илмро ба миён овард. Дар ҷаҳони муосир маҳз дониши илмӣ асос ва ҷавҳари ҷаҳонбиниро ташкил медиҳад. Дар давоми инкишофи илм инчунин вазифаҳои фарҳангӣ ва технологии он ташаккул ёфтанд. Вазифаи фарҳангии илм ба он нақши илм, ки дар нерӯи умумии фарҳанг дорад, далолат мекунад. Вазифаи технологии илм сифати инкишофи тамаддунро муайян намуда, зарурати аз ҷониби наслҳои оянда азхуд кардани нерӯи технологии мавҷударо, чун заминаи инкишофи минбаъда, инъикос мекунад.

Дар ҷаҳони муосир вазифаи нави илм ҳамчун омили танзими иҷтимоӣ ҳувайдо мегардад, ки бо таъсир намудан ба талаботҳои ҷамъиятӣ ва муҳайё намудани шароитҳои идораю фаъолият алоқаманд аст. Ин бошад, самтҳои ахлоқӣ-арзишии илми муосирро равшан месозад. Вазифаи танзимии илм тавассути низоми маориф, тарбия, ҷалб кардани аъзоёни ҷомеа ба фаъолияти илмӣ, ҳамчунин ба василаи созмонҳои мутахассисони баландихтисос ва аҳли илм амалӣ карда мешавад. Илм ба талаботҳои иқтисодии ҷамъият ҷавобӯ шуда, худро дар вазифаи қувваи воситаи истеҳсолкунанда, ки барои афзун гардонидани захираҳои истеҳсолии ҷамъият нигаронида шудааст, татбиқ месозад. Маҳз истеҳсолоти азими мошинӣ, ки дар натиҷаи табаддулоти саноатии асрҳои ХVIII-ХIХ бо мусоидати илм пайдо шуданд, асоси моддии ба қувваҳои бевоситаи истеҳсокунанда табдил ёфтани илмро ташкил медод. Вай ба сифати омили муҳими хоҷагидорӣ ва фарҳангии инкишофи ҷомеа баромад мекунад. Ҳар як кашфиёти нав барои ихтирооти техникӣ замина фароҳам меорад. Истеҳсолоти гуногунсоҳа акнун ҳамчун татбиқи бевоситаи технологии дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм инкишоф меёбад.

Вазифаи иҷтимоии илм ба сифати бартариятдошта шинохта шудааст, ки дар доираи он масоили экологӣ мақоми муҳим дорад. Илми муосир дар толоши он аст, ки дастовардҳои илмӣ-техникӣ ҳарчи бештар   бо табиат мутобиқати авлотар дошта бошанд, онро халалдор насозанд. Вазифаи нерӯи иҷтимоии илм ҳамчунин дар он зоҳир мегардад, ки методҳо ва дастовардҳои тадқиқотии он дар тартиб додани барномаҳои азими инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳангоми ҳалли масъалаҳои глобалии муосир, дар беҳдошти идораи иҷтимоӣ истифода мешаванд.

Ҳамчунин вазифаи лоиҳавӣ-созандагии илмро ҷудо мекунанд, ки қисми ҷудонопазири ҳар гуна пажӯҳишҳои зеҳнӣ-ақлонӣ мебошад. Вазифаи лоиҳавӣ-созандагӣ бо офаридани технологияҳои сифатан нав ва санҷиши қаблии онҳо, ки дар замони мо ниҳоят муҳим аст (чунки технологияҳое мавҷуданд, ки хатароваранд), вобастагӣ дорад. Ҳамчунин вазифаи маънидодкунӣ ва пешгӯикунии илм хеле возеҳу назаррас аст, ки бо вазифаҳои зикршуда алоқамандӣ доранд.

Ҳамин тавр, ба вазифаҳои асосии илм дохил мешаванд:

а) тавлидоти донишҳои илмӣ-назариявӣ;

б) вазифаҳои ҷаҳонбинӣ ва фарҳангӣ;

в) вазифаҳои технологӣ, ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда табдил ёфтани илм;

г) вазифаи танзими иҷтимоии равандҳои ҷамъиятӣ ва нерӯи иҷтимоӣ;

д) вазифаи лоиҳавӣ-созандагӣ;

е) маънидодкунӣ ва пешгӯӣ.

Методология, методҳои маърифати илмӣ

Маҷмӯи методҳое, ки аз рӯи принсипҳои муайян алоқаманд буда, дар соҳаи маърифати илмӣ истифода мешаванд, методологияи илмӣ меноманд. Аз ин нигоҳ, методология ҳамчун низоми принсипҳо ва тарзҳои ташкилкунӣ ва сохтордиҳии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ карда мешавад. Илова бар ин, дар зери мафҳуми «методология» таълимоти умумӣ дар бораи методҳоро низ мефаҳманд. Дар илми муосир консепсияи бисёрқишри методологияи маърифат мавриди истифодаи самаранок қарор дода шудааст. Аз рӯи дараҷаи умумият ва миқёси истифодашавиаш методологияро дар сатҳҳои зерин таҳлилу баррасӣ намудан мумкин аст: методологияи умумӣ, методологияи ҷузъӣ (ё махсус), методологияи байнифаннӣ, методология ҳамчун маҷмӯи усулҳои мушаххаси методии ягон тадқиқот (методика).

Дар маърифатшиносии классикӣ метод гуфта, маҷмӯи принсипҳо, усулҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, талаботҳоро мефаҳманд, ки дар раванди маърифати илмӣ ҳатман ба сифати дастур қабул карда мешавад. Вазифаи асосии метод аз ташкили дохилӣ ва танзими раванди маърифат иборат мебошад. Агар метод дуруст бошад, пас вай тартибгирии ҷустуҷӯҳои ҳақиқатро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки қуввату вақт сарфа гардад, бо роҳи наздиктарин ба ҳадаф расида шавад. Таъиноти муҳими метод – дар асоси механизмҳои муайяни танзимотӣ таъмин намудани ҳаллу фасли самараноки масъалаҳои маърифатӣ, афзунгардонии донишҳо мебошад. Бояд ба инобат гирифт, ки метод дар худи объекти маърифат дар шакли тайёр вуҷуд надорад, он коркарди сунъии субъекти маърифат аст. Метод бо объекти маърифат муайн мешавад. Аз ин лиҳоз, аломати ҳаққониятӣ будани метод аз айнияти он бо объект вобастагӣ дорад.

Мо дар боло бо хусусияти дараҷаҳои таҷрибавӣ ва назариявии маърифати шинос шудем. Инҷо сухан дар бораи методҳои умумии дастраскунии донишҳои таҷрибавӣ (эмпирӣ) ва назариявӣ хоҳад рафт.

Методҳои асосии муайянкунӣ ва таҳқиқ намудани объектҳои таҷрибавӣ инҳо мебошанд: мушоҳида, ченкунӣ, озмоиш.

Дар илм мушоҳида барои дастрас кардани иттилооти таҷрибавӣ доир ба соҳаи таҳқиқшаванда, ҳамчунин барои санҷишу асосноккунии ҳаққонияти ҳукмҳои эмпирикӣ истифода карда мешавад. Мушоҳидаи илмӣ, чун методи маърифат, ин идроки бо азми пешакӣ суратгирифта, мақсаднок, пай дар пай, бевоситаи предметҳо ва зуҳуроти олами беруна аз ҷониби муҳаққиқ мебошад. Мушоҳидаи илмӣ чунин хусусият дорад:

— ба инкишофи назария ё муқаррароти алоҳидаи назариявӣ такя мекунад;

— барои ҳалли ягон масъалаи назариявӣ, масъалагузориҳои нав, пешбарии фарзияҳои нав ё санҷиши фарзияҳои мавҷуда хизмат мекунад;

— хусусияти асосноки тартиботӣ ва муташаккилӣ дорад;

— пай дар пай давом ёфта, хатогиҳои тасодуфиро истисно мекунад;

— аз воситаҳои махсуси мушоҳидакунӣ (микроскоп, телескоп ва ғ.) истифода бурда, соҳа ва имконияти мушоҳидаро хеле васеъ мегардонад.

Мушоҳидаҳои бевосита ва бавосита фарқ карда мешаванд. Агар ҳамаи муҳаққиқон ягон мушоҳидаро такрор карда, натиҷаи якхеларо ба қайд гиранд, пас ин асос медиҳад, ки чунин натиҷаи мушоҳидаро далели объективии илмӣ шуморида шавад. Мусаллам аст, ки ҳангоми мушоҳида фаъолнокии субъект ҳанӯз ба дигаргунсозии предмети тадқиқот самтгир нест. Имконияти ба қайд гирифтани объект дар ҳолати табиии он  аз ҷумлаи муҳимтарин афзалияти методи мушоҳида мебошад.

Ҳангоми ченкунии объект ва хосияту муносибатҳои он фаъолнокии субъект чанде меафзояд. Ченкунӣ ба методҳои миқдории маърифат тааллуқ дорад. Ченкунӣ чунин методи маърифат аст, ки бо он хосиятҳои объекти воқеӣ дар намуди бузургиҳои ададӣ тасаввур карда мешавад. Ченкунӣ фаъолиятест, ки бо офаридану истифодабарии техникаи ченкунӣ, воситаҳои моддии ченкунӣ, бо дарбаргирии равандҳои муайяни физикӣ, дар ин ё он заминаи назариявӣ асос ёфтааст. Ченкунӣ қоидаҳои худро дорад (эквивалентӣ, аддитивӣ (замкунӣ), воҳиди ченкунӣ), ки дақиқии натиҷаи дастрасшавандаро афзун мегардонад.

Озмоиш методи муҳими маърифати таҷрибавӣ мебошад. Вай ҳамзамон мушоҳида, ченкунӣ ва таъсиррасонии ҷисмонӣ ба объектро дар бар мегирад. Озмоиш – ин методи маърифат, ки дар ҷараёнаш ба объекти воқеӣ ва шароити муҳити он, бо мақсади таҳқиқи ҳамин объект, таъсири бевоситаи моддӣ расонида мешавад. Озмоиш ҳамеша суолест, ки ба табиат нигаронида шудааст ва дар он посух ҷуста мешавад. Барои ҷавоб додан ба чунин савол,  аз донишҳои қаблӣ доир ба ин соҳаи таҳқиқшаванда бархурдор бояд буд. Чунин донишро маҳз назария дода метавонад. Аз ин лиҳоз, озмоиш ҳамчун намуди фаъолияти моддӣ бо назария ҳамеша алоқамандӣ дорад.

Дар озмоишҳо, ки дар шароитҳои лабораторӣ ё табиӣ сурат мегиранд, унсурҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст: 1) мақсади озмоиш; 2) объекти озмоиш; 3) шароите, ки объект дар он ҷойгир аст ё ба он ҷойгир карда мешавад; 4) воситаҳои гузаронидани озмоиш; 5) таъсири моддӣ ба объекти озмоиш.

Мақсади озмоиш асосан муайян кардани ягон қонуният ё маълум сохтани фактҳо буда метавонад.  Озмоишҳоеро, ки бо ҳамин мақсад гузаронида мешаванд, озмоишҳои ҷустуҷӯӣ номида мешавад.  Вале дар аксари ҳолатҳо озмоиш бо мақсади санҷиши ягон фарзия ё назария гузаронида мешавад. Чунин озмоишҳоро озмоишҳои санҷишӣ меноманд. Дар ҳолати мушкил ё мураккаб будани баргузории озмоиши объект, мувофиқи матлаб шуморида мешавад, ки бо модели объект озмоиш гузаронида шавад. Ин навъи озмоишҳо моделӣ ном доранд.

Барои он, ки фактҳои таҷрибавӣ пойдевори эмпирикии кашфиёти илмӣ ва сохтордиҳии назарияҳои илмӣ шаванд, бояд онҳо коркард ва низомнок карда шаванд. Таҳлил ва синтез (таркиб), индуксия ва дедуксия, низомноксозӣ ва таснифот аз қабили чунин зина-методҳо мебошанд.

Таҳлил – фикран ба қисмҳои нисбатан оддӣ, сода тақсим кардани чизи том ва мураккаб, ҷудо кардани тарафҳо, ҷиҳатҳо, хосиятҳо ва муносибатҳои алоҳида дар он.

Синтез – методи тадқиқот, ки аз пайвастан ва барқарорсозии қисмҳо, тарафҳо, унсурҳои таҳлилшудаи чизи мураккаб иборат мебошад.

Индуксия – методи тадқиқот, ҳаракати фикр аз факти ҷузъӣ ба ҷамъбасти умумии эмпирикӣ, муайян кардани робитаи муҳим.

Дедуксия – ҳаракати фикр аз кулл ба ҷузъ, гузаштан аз абстрактӣ ба мушаххас аст.

Низомноксозӣ – ба низоми ягона даровардани ҳамаи фактҳо.

Таснифот — ин натиҷаи тақсимоти бонавбати ягон маҷмӯи объектҳо ба навъҳо, навъҳо ба зернавъҳо ва ғ. аз рӯи хосиятҳои умумӣ, монандӣ, тафовут, ки тибқи талаботҳои мантиқӣ сурат гирифтааст.

Метод ва шаклҳои дараҷаи назариявии маърифати илмиро вобаста ба вазифаашон ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: 1) методу шаклҳои маърифат, ки бо ёрии онҳо объектҳои идеалишуда сохта ва таҳқиқ карда мешаванд; 2) методҳои офаридан ва собит намудани ҳаққонияти донишҳои назариявӣ, ки дар шакли фарзия дода шудаанд ва минбаъд мақоми назарияро соҳиб хоҳанд шуд.

Ба методҳои  сохтан ва таҳқиқ намудани объектҳои идеалишуда тааллуқ доранд: абстрактисозӣ, идеализатсия, формализатсия, озмоиши фикрӣ, моделсозии математикӣ.

Абстрактисозӣ – фикран ҷудо кардани он хосиятҳо ва муносибатҳои алоҳидаи предмет, ки мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Дар таҳқиқоти мантиқӣ-методологӣ объектҳои назариявиро баъзан конструктҳои назариявӣ ва объектҳои абстрактӣ меноманд. Инҳо объектҳои идеалишуда буда, раванди сохташавии онҳо идеализатсия номида мешавад. Идеализатсия – ҷараёни офаридани предметҳои соф фикрӣ (масалан «нуқта», «гази идеалӣ» ва ғ), ки дар воқеият ҳузур надоранд. Мавҷудияти идеализатсия ва моделҳои идеалӣ аломати инкишофи назария мебошад.

Яке аз воситаҳои муҳими сохтану таҳқиқ кардани объектҳои идеалишудаи назариявӣ ин формализатсия мебошад. Мувофиқи методи формализатсия (шаклигардонӣ), тавассути забонҳои гуногуни сунъӣ мазмун ва сохтори объектҳоро дар шакли аломатӣ ифода карда, омӯхта мешавад. Амалиёт бо объектҳои шаклишуда маънои амалиёт бо рамзҳоро дорад. Арзиши маърифатии формализатсия дар он аст, ки вай воситаи низомноку дақиқгардонии мантиқии сохтори назария мебошад.

Маҳсули формалисатсия ҳамзамон шарти истифодашавии моделсозии математикӣ дар сатҳи назариявӣ мебошад. Моделсозии математикӣ – ин методи таҳқиқи назариявии қонуниятҳои миқдорӣ дар асоси сохтани низоми аломатӣ, ки объектҳои абстрактиаш (бузургиҳои математикӣ, муносибатҳо) гуногун тафсир мешаванд. Модели математикӣ чунин сохтори шаклишудаеро муаррифӣ менамояд, ки аз объектҳои математикӣ иборат аст.

Бояд гуфт, ки дар илми муосир як қатор методҳои сохтордиҳии дониш таҳия карда шудаанд: фарзиявӣ-дедуктивӣ, конструктивӣ-генетикӣ, таърихӣ, мантиқӣ ва ғ. Бо баъзеи онҳо ба тарзи мухтасар шинос мешавем.

Бо ёрии методи фарзиявӣ-дедуктивӣ аз фарзия ва дигар қазияҳо, ки ҳаққонияташон маълум нашудааст, хулоса бароварда мешавад. Бояд таъкид намоем, ки ҳаққонияти хулосаи муҳокимаронии фарзиявӣ-дедуктивӣ фақат хусусияти эҳтимолӣ дошта метавонад.

Дар методи конструктивӣ-генетикӣ нақши асосиро озмоиши фикрӣ иҷро менамояд. Методи конструктивӣ-генетикӣ на бо амалиёти мантиқӣ нисбати гуфторҳо, балки бо объектҳои абстрактии дар шакли аломатӣ ифодашуда, моделҳо, ки бо озмоиши фикрӣ фаро гифта мешаванд, сарукор дорад.

Ҳангоми офаридани назарияҳо ба назар гирифтани алоқамандию ҳамтаъсирии методҳои таърихӣ ва мантиқӣ ногузир мегардад. Методи таърихӣ талаб менамояд, ки фикран инкишофи раванди мушаххаси таърихӣ таҷдид карда шавад. Хусусияти онро хусусияти худи раванди таърихӣ муайян менамояд: пайдарҳамии воқеаҳо дар вақт, зуҳури зарурати таърихӣ тавассути воқеаҳои сершумори тасодуфӣ, ба назар гирифтани тасодуфҳо. Дар навбати худ, тарзи мантиқии сохтордиҳии дониш оид ба объекту таърихи он – ин инъикоси раванди таърих дар шакли абстрактӣ ва пайдарҳамии назариявӣ мебошад.

Методҳои собит намудани ҳаққонияти донишҳои назариявӣ, аз ҷумла, инҳо мебошанд: исботкунӣ ва радкунӣ, верификатсия ва фалсификатсия.

Исботшавӣ – мувофиқати фарзия ё назария ба ягон факт ё натиҷаи озмоишӣ аст. Дар радкунӣ дурӯғии муқаддимаҳои ибтидоӣ нишон дода мешавад. Дар принсипи верификатсия (исботкунӣ) имконияти муайян кардани ҳаққонияти гуфторҳои илмӣ дар натиҷаи муқоиса бо нишондодҳои таҷрибавӣ эътибори асосӣ дорад. Ин принсип камбудиҳои зиёд дошта, мушкилиҳои маърифатиро пеш меорад. Масалан, ҳар як гуфторро ба ҷумлаҳои забонӣ, ки соф маълумоти таҷрибавиро ба қайд гирифта тавонад, айният додан номумкин аст. Фалсификатсия (ботилсозӣ) ин маҷмӯи усулҳо ва раванди исбот кардани дурӯғии назария (ё фарзия) дар асоси муайян кардани дурӯғии натиҷаи мантиқии он дар таҷриба мебошад.


 Калидвожаҳо: Чанбахои хастии илм, Илм хамун навъи махсуси донишхо, Илм хамчун фаъолияти маърифати, Илм хамчун ниходи ичтимои, Вазифахои илм дар чомеа, Методология, методхои маърифати илми.

Шарҳ баста аст.