Фалсафа

Фалсафа аксар маврид ба баррасии саволҳои ниҳоӣ, ҷовидонӣ сарукор дорад. Бешак илм низ мекӯшад манзараи нисбатан томи оламро биофарад, аммо он бештар саргарми мушаххасот шуда, масъалаҳои зиёди ҷанбаи хусусидоштаро ҳал мекунад. Ба ин маънӣ фалсафа дар фазои баррасии масоили хеш фарохтар бол меафшонад ва аз зарурати ҷустуҷӯи қавонини устувори тасдиқи ҳақиқати онхо нисбатан озодтар аст. Он сар ба гиребони тафаккур мебарад ва рочеъ ба масоили фарогир меандешад. Вале ин сатҳи илмии онро коҳиш намедиҳад, зеро агар барои соири улум дақиқӣ хос бошад, барои фалсафа ҷиддияту асосноккунии мантиқи қазоват хос аст. Аз ин ҷиҳат аклу фаросати инсонӣ дар масоили марбут ба моҳияти ҷаҳонфаҳмияш доимо мекушад худро дар забони фалсафӣ ифода кунад. Дар ин чо саволе пайдо мешавад, ки оё ба ӯ шаклҳои дигари худифодакунӣ намерасад ё шояд фалсафа дар ниҳояти андешаронияш ягон хел ҳақиқати қатъиеро соҳиб мегардад? Харгиз! Агар дӯстдори ҳикмат (фалсафа ин муҳаббат ба ҳикмат аст) ба ягон хел муқаррароти охирин мерасид, он гоҳбебозгашт арзишу манзалати худашро ба фарчом мерасонид. Таноқуз ин чост, ки фалсафа аксар маврид доир ба проблемаҳое андеша меронад, ки ҳалли охирин надоранд. Маҳз бо назардошти ин ҷанбаи хусусияти донишҳои фалсафӣ тӯли таърих борҳо ақлҳои даррок маслиҳати аз андешаронии фалсафӣ даст кашиданро ба инсон медоданд. Дар робита бо ин ба фалсафа аз ҳар тараф санги танқид меафканданд ва кӯшиш мекарданд онро аз чорчӯбаи фарҳанг берун афкананд. Масалан, Ситсерон мегуфт: «ҳар чизи пуч дар китобҳои фалсафа пайдо мешавад». Дар тамаддуни форсу-тоҷик низ андешаҳои ба ин монанд аз ҷониби Мухаммад Газзоли баён шуда буд, вале дар ҳама маврид ин боиси он мегашт, ки минбаъд инсон имконияти дарки ақлонии воқеияти ҳаёти иҷтимоияшро аз даст медод, қобилияти ҷустуҷӯи чавоби мустақилонаро ба суолҳои ҳаётӣ кунд мекард ва уро побанди тақлиду хурофот месохт.

Аммо дар ҳама давру замон фалсафа алайҳи ин гуна зарбаҳо аз худ ҷонсахтии аҷибе нишон медод. Дар ин корзори мубоҳисот беназиру устувор буданашро бо сарбаланди исбот менамуд. Як чунин истодагариро он дар асри ХХ алайҳи мусбатгароён тавонист аз худ нишон диҳад. Дар андешаронии мусбатгароён миёни донишҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ тафовути ҷиддӣ гузошта мешуд. Тибқи андешаи онҳо дар аввалӣ формулаҳо, аксиомаҳо, исботҳои пайдарҳам вучуд дошта, дуюми дар ин маъно нисбатан озодтар буда, дар он хулосахои қатъӣ вучуд надорад. Мусбатгароён чизи додашуда, мушаххас, воқеӣ, устувор, билотардидро ба асос мегирифтанд ва лиҳозо масоили метафизикиро (масоили ҳастӣ, моҳияти инсон, маънии ҳаёт ва г.) аз лиҳози назариявӣ беасос ва амали бефоида меномиданд. Вале воқеият нишон дод, ки таваҷҷӯҳи инсон новобаста ба он ки ӯ ҳарчи бештар аз пештар ба мадори тамаддуни технологӣ кашида мешавад ба фалсафа меафзояд ва ӯ донишҳои фалсафиро дар ин ҷода арчгузорӣ мекунад. Бинобар ҳамин ҳам барои ворид шудан ба мадори асосҳои дониши фалсафӣ фарогирии масоили марбут ба ҳастӣ, инсон, моҳияти инсон ва гайра аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунанд. Зеро маҳз бо дарки ин мавзӯъҳо инсон ба сиришти худ пай мебарад ва ба қобилияти даст ёфтан ба уфуқҳои нави инкишофи фардию ичтимоӣ эътимод пайдо мекунад. Ин равиш дар китоби мазкур низ ба инобат гирифта шудааст ва он мушикофона мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Чанбаи дигари мавзӯъҳои дар ин ҷилд баррасишавандаро масоили марбут ба фалсафаи иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Иштиғоли фалсафаи иҷтимоӣ марбут ба омӯзиши чомеа дар чараёни инкишофи таърихияш ва заминаҳои пешбинию идора намудани равандҳои он аст, ки имконияти бехтар донистани ҷомеаи муосир ва дӯрнамои инкишофи онро фароҳам меорад. Хамин тавр бо варақгардон кардани саҳифаҳои охирини китоб ба Шумо имконияти пайдо кардани тасаввуроту донишҳои аввалия оид ба мавзӯоти омӯзиши фалсафа, масоили масоили мавриди баррасии он даст хоҳад дод. Шумо бо ин иқдом фақат шурӯъ ба фарогирии фалсафа кардаед. Зеро бо вучуди саҳифагардониҳои беохири матолиби китоб алхол наметавонем ҷавобҳои тайёрро ба кулли масоили марбут ба ҳастии олам ва ҷомеа ба даст оварем. Аммо агар ҳанӯз барои мо убур аз марҳилаи феъли душвор менамояд, вале алангаи фикр карданро дар мағзи худ хоҳу нохоҳ барангехтаем, ки минбаъд барои дарки масоили ҳаётию тахассусиямон моро кӯмак хоҳад кард. Яъне бар ивази шубҳа ба комилии дониши худ мо то андозае тавонгар шудаем ва тавонгарӣ муқаддимаи зуҳури ҳамагуна ҳунару мустақиландешӣ аст. Хар як насли инсонӣ, ки даст ба созандагӣ мезанад ва ба фикри ҷустуҷӯи макоми арзандаи худ дар чомеа мешавад ниёз ба тавонгарӣ дорад.

Фалсафа сарчашмаи изтироби ақливу фикрии инсон аст ва бо ин пайваста мағзи ӯро машгули андешаронӣ нигоҳ медорад ва моро аз кудакӣ ба балогату камол мерасонад. Шояд дар ҳамин замина мағзҳои мутафаккиртар аз Синову Хайём, Хоразмию Берунӣ ба камол расанд ва ё дар интизори зуҳур бошанд. Фарогирии фалсафа ин роҳ кушудан ба сарзамини донишу ҳикмат ва касби маҳорати ҳирфавӣ аст. Бинобар ҳамин ҳам фалсафа новобаста аз тамоюли ҳирфавиято ҳамеша мададгори Шумо дар дарки масоили гуногунҷабҳаи касбию ҳаётиятон аст.

Шарҳ баста аст.