Фактҳои ҷолиб

Имрӯзҳо, ки дар мошинҳои ҷустуҷӯӣ ибораҳои бештарине, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор мегиранд, мисли ибораи «Интересные факты» (Фактҳои ҷолиб) ба шумор мераванд. Азбаски ин мавзӯъ барои хонандагон ҷолибу хонданбоб аст, хостем матлабе бо чунин ном нашр карда бошем.


90%-и донишҷӯён ва хонандагон вазифаи хонагиро рӯзи охирон иҷро мекунанд. Инчунин ба имтиҳон низ рӯзи охирон таёрӣ мебинанд.


Танҳо 3%-и наврасон 8 соати тавсияшударо хоб мекунанд.


Занҳо аз мардҳо дида зиёдтар табассум мекунанд.


Занҳо нисбат ба мардҳо тамъро хубтар ҳис мекунанд.


Занҳо нисбат ба мардҳо зиёдтар хобҳои даҳшатнок мебинанд.


Пошнаи баланд асосан барои мардҳо таҳия шуда буд.


80%-и майнаи сарро об ташкил медиҳад.


Одам тақрибан 100 ҳазор ҳуҷайраи сарро дар як рӯз аз даст медиҳад.


Дурӯғи маъмулие, ки ҳар рӯз мегӯем, “Ман хубам!” аст.


Писари чорсола рӯзе тақрибан 400 суол медиҳад.


Аз ханда одам метавонад фавтад.


Ба ҳисоби миёна бо оҳане, ки дар таркиби бадани одам аст, метавон 3 мех сохт.


Шумо ҳангоми хондан 50% камтар миҷҷа мезанед.


Ҳар 7 сол шумо тақрибан нисфи дӯстонатонро бо дӯстони нав иваз мекунед.


Аввалин домен бо номи SYMBOLICS.COM соли 1985 ба қайд гирифта шуда буд.


Дар системаи амалиётии Windows папкаро бо номи англисии “con” номгузорӣ карда намешавад.


Имрӯзҳо Photoshop 20 сола мешавад.


Агар шумо ягон ададро гирифта, ба 2 зарб намоед; натиҷаро ба 10 ҷамъ намуда, ба 2 тақсим намоед ва аз адади ҳосилшуда адади дар аввал гирифтаатонро тарҳ намоед ҷавоб ҳамеша ба 5 баробар аст.


2520 рақами хурдтарине аст, ки ба 1,2,3,4,5,6,7,8,9 бебақия тақсим мешавад.

Фактҳои ҷолибро аз донишҷӯёни олам инҷо метавонед мутолиа намоед…


Аз 1 то 1 миллард ҳисоб намудан 30 солро дар бар мегирад.


Панири 4 ҳазорсола аз қабрҳои Миср ёфт шудааст.


Кетчуп солҳои 1830 ҳамчун дору фурӯхта мешуд.


Як сигор 5 дақиқаи ҳаётро кам мекунад.


Дарозтарин риш 1,83 метр буд.


Дарозтарин поезд 7,35 км мебошад.


Дарозтарин бозии теннис дар таърих 11 соату 5 дақиқа тӯл кашид.


Кӯтоҳтарин ҷанг 38 дақиқа давом ёфта аст.


Ранге, ки дар қисми зиёди парчамҳои дунё дида мешавад, ранги сурх аст.


Суръати миёнаи чакраи борон 35 км/ст аст.


Арзиши филми Титаник аз арзиши худи Титаник зиёдтар аст.


Фактҳои мазкур аз гурӯҳи “Facts in English”-и Вконтакте тарҷума шудаанд.