Аз Элам то Бохтари қадим

Элам. Яке аз қадимтарин давлатҳо Элам буд. Он дар ҷанубу — ғарби Эрон (Хузистони имрӯза) ҷойгир буд. Дар ин минтақа ҳанӯз дар аввали ҳазорсолаи IV п.м. шаҳраку шаҳрҳо пайдо шуда, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо тараққӣ мекунанд. Дар пойтахти он ш. Шуш биноҳои боҳашамат, истеҳсоли фулузот, чархи кулолгарӣ, мӯҳрҳо ва хат пайдо мешаванд. Дар а. XXVII – XXVI п.м. дар Элам аввалин иттиҳодияи сиёсӣ, яъне давлат ташкил мешавад. Минбаъд ва то охири ҳазорсолаи II п.м. Элам дар нашъунамо буд, бо Шумеру Аккад ва Бобул рақобат ва ҷанг мекард, баъзан минтақаҳои ҳамсарҳадро ишғол менамуд. Дар Элам савдо, заминдорӣ, чорводорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, маъмурият инкишоф ёфта буд.
Митан. Дар асри XVI п.м. дар саргаҳи дарёҳои Даҷла ва Фурот давлати Митан ташкил мешавад, ки сулолаи ҳукмрони он ва қисми зиёди аҳолиаш ориёиҳо буданд. Дар ин давлат асппарварӣ хеле тараққӣ карда буд, доир ба ин соҳа рисолаҳои махсус мавҷуд буданд. Худоҳои ориёӣ — Индра ва ғайраро парастиш мекарданд.
Мана яке аз вилоятҳои қадими ориёиҳо дар шимолу-шарқи Эрон буд. Шоҳони Ассирия дар асри IX п.м. чандин маротиба ба ин вилоят ҳуҷум карда, онро ғорат мекунанд, аммо ишғол карда наметавонанд. Мана дар асри VIII п.м. як қатор вилоятҳои ҳамсояро ишғол карда, ба подшоҳии нисбатан калон табдил меёбад. Дар назди шоҳ шӯро амал мекард, ки аз хешовандони ӯ ва ашрофон иборат буд. Дар идораи давлат авлодони шоҳ, ашрофон, сарлашкарон, сардорони қалъаҳо мавқеъи асосиро ишғол мекарданд. Соҳаи асосии иқтисодиёт зироаткорӣ ва чорводорӣ, аз ҷумла асппарварӣ буд. Ғуломон буданд, аммо дар иқтисодиёт мавқеъи асосиро истеҳсолкунандагони озод ишғол мекарданд. Маданият ва санъат тараққӣ карда буданд, хат ва дабирони касбӣ вуҷуд доштанд.
Хоразми Бузург. Хоразм ҳамчун яке аз кишварҳои ориёӣ дар Авесто ёд шудааст. Баъзе муҳаққиқон давлати Каёниёнро дар Хоразм ҷой медиҳанд. Мутобиқи ахбори Ҳеродот водии дарёи Акес (Ҳерируд ва Теҷен) ба хоразмиён тааллуқ дошт. Дар ин асос муҳаққиқони муосир фарзияе пешниҳод карданд, ки пеш аз давлати Мод иттиҳоди «Хоразми Бузург» вуҷуд дошт, ки қисми зиёди Осиёи Миёна, аз ҷумла Суғдро низ дар бар мегирифт ва маркази он дар минтақаи Марв ва Ҳирот ҷойгир буд. Аммо ин фарзияро бе чунучаро қабул кардан мумкин нест, он санад ва тадқиқоти иловагиро талаб мекунад.
Суғд ҳамчун дуюмин кишвари ориёӣ дар Авесто ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти шоҳи Тӯрон Афросиёб ш. Самарқанд буд. Бунёди Бухоро ба домоди Афросиёб, ки писари шоҳи Эрон Кайхусрав буд, нисбат дода мешавад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ то давраи Ҳахоманишиён Суғд ёд нашудааст. Муҳаққиқон фарз мекунанд, ки он ба ҳайати Подшоҳии Бохтар ё иттиҳоди Хоразми Бузург дохил мешуд.
Подшоҳии Бохтар. Номи Бохтар «бо парчамҳои барафрӯхта» ҳамчун яке аз кишварҳои ориёӣ дар Авеста ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти давлати Кайёниён Бохтар (Балх) буд. Дар бораи мавҷудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII п.м. ахбори таърихнависони Юнони қадим гувоҳӣ медиҳанд. Аз рӯи ин ахбор шоҳи Ассирия Нина барои ба Бохтар ҳуҷум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ӯ медонист, ки ин кишвар дорои шаҳрҳои зиёд, қалъаҳои мустаҳкам ва халқи сершумору мубориз мебошад. Шоҳи Бохтар Оксиарт низ лашкар ҷамъ карда, ба мудофиа омодагӣ мебинад. Нина қалъаҳои ҷудогонаро ишғол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танҳо баъди омадани ҳамсари ӯ Семирамида бо дастаҳои иловагии ҷанговарон ба ассириягиҳо пас аз кӯшишҳои зиёд муяссар шуд, ки шаҳрро ишғол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.
Дар бораи давлати пуриқтидор будани Бохтар маълумоти дигар низ ҳастанд. Мувофиқи ахбори Ктесий лашкари сершумор ва пурзӯри Бохтар якҷоя бо Мод бар зидди Ассирия меҷангад. Ктесий бори дигар халқи Бохтарро, ки дар пеши роҳи лашкаркашиҳои Куруши Кабир меистод, номбар мекунад. Дар асоси ин ахбор ба хулосае омадан мумкин аст, ки Бохтар дар асрҳои IX – VI п.м. давлати ба дараҷаи кофӣ мустаҳкам ва инкишофёфта буд.

Шарҳ баста аст.