Достони «Ливои зафар»-и Мирсаид Миршакар (иншо)

Нақша:

Муқаддима

  1. Мазмуни асосии шоир

Хулоса

Мирсаид Миршакар соли 1912 дар деҳаи Синдеви собиқ ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ба дунё омадааст. Волидайни ӯ аз чорводорони калони деҳа будаанд. Мирсаид Миршакар яке аз дастпарварони хонаи бачагон буда, дар нахустин мактаб-интернати шӯравӣ таҳсил намудааст. Сипас, ӯ барои таҳсил ба шаҳри Душанбе меояд. Ӯ ҳамчун узви фаъоли сохтмони Вахш дар корҳои азнавсозии водии Вахш фаъолона иштирок кардааст. Мирсаид Миршакар ҳамчун шоири халқии Тоҷикистон фаъолияти эҷодии хешро баъди солҳои 30-юм оғоз намудааст. Яке аз асарҳои бузурги ӯ достони «Ливои зафар» мебошад. «Ливои зафар» аввалин достони шоир маҳсуб мешавад. Достони мазкур хислату характери тарҷумаиҳолӣ дорад. Маъхазҳои достон дар асоси ҷараёни сохтмони обёрии водии Вахш ва саёҳати худи шоир ба ин сохтмон ҷамъоварӣ карда шудааст. Бар замми ин шоир дар бораи обёрии водии Вахш, дар бораи нақши ташкилотчигӣ ва роҳбарикунандаи ҳизби коммунистӣ дар корҳои бузурги сохтмонӣ ва ёрии бародаронаи халқҳои шӯравӣ ба меҳнаткашони тоҷик, сухан меронад. Шоир худро ҳамчун як қаҳрамони достон муаррифӣ менамояд. Мирсаид Миршакар баъди тасвири ҷойи кор ва шароити меҳнатии коргарон хулқу атвори неки меҳнаткашони шӯравӣ, рафтори бошууронаи онҳо, меҳнатдӯстии онҳоро муфассал нишон додааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар асар тартибу низоми кори меҳнаткашон, интизоми меҳнат, меҳнати коллективонаи халқу миллатҳои гуногун возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Ӯ аз санъати ташхис истифода намуда, аз забони дарё сухан мегӯяд, яъне дар бораи фоидаҳои ояндаи он ба саҳроҳои нави обёришаванда ва дар бораи аҳамияти умумишарқии он сухан меронад:

Бихоҳанд манро ба колхоз диҳанд,

К-аз обам биёбон гулистон кунанд.

Бигиранд аз қуваам барқро,

Дурахшон намоянд аз он Шарқро.

Мирсаид Миршакар чун шоирону адибони давраи шӯравӣ саъю кӯшиш намудааст, ки симои коргар ва меҳнаткаши ғайритоҷикро дар баробари образи коргарони маҳаллӣ инъикос намояд. Тавре маълум аст, халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун бародарони мардуми тоҷик дар пешрафти ҳама корҳо бародарона хиссаи намоёни худро гузоштаанд. Шоир чунин мавқеи онҳоро ба эътибор гирифта, дар қадами аввал ба тасвири намояндагони халқи кабири рус пардохтааст. Симои Иванов аз қабили ҳамин гуна ашхос мебошад, ки ҳамчун аъзои ҳизб бо бригадаи махсуси коргарон ба Тоҷикистон фиристода шудааст:

Ба фармони партия мо даҳ нафар,

Ба ин ҷо намудем моён сафар.

Замоне, ки ин ҷо расидем мо,

Надидем ҷуз водию кӯҳҳо.

Хулоса, шоир дар симои Иванов ҳамчун коргари бошуур, қавиирода ва тобоварандаро нишон додааст. Дар достон дӯстии халқҳои собиқ шӯравӣ таҷассум ёфтааст, ки онҳо баҳри иҷро намудани нақшаҳои азими сохтмонӣ якдилона меҳнат мекарданд.


Калидвожаҳо: иншо, иншохои точики, маводхои точики, сайти донишчу.тч.

Шарҳ баста аст.