Достони «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (иншо)

Нақша:

Муқаддима

1.Маълумоти мухтасар дар барои шоир

2.Таҳлили достони «Баҳористон»-и Ҷомӣ

Хулоса

Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ яке аз шоирони забардаст ва аҳли илму адаби адабиёти асри ХV маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1414 дар вилояти Ҷоми Хуросон дар оилаи шахси донишманд ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, ки устоди аввалинаш падари бузургвораш будааст, ки илм аз ӯ омӯхтааст. Ҷомӣ дар айёми наврасӣ тамоми илмҳои замонаашро фаро мегирад. Ҷомӣ барои таҳсили илм ба марказҳои илмиву мадании ҳамонвақта сафар намуда, аз устодони бузурги замонаш сабақ мегирад. Кору фаъолияти Абдурраҳмони Ҷомӣ хеле барвақт оғоз шудааст. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ обрӯ ва эътибори ӯ ба ҳамаи мамлакатҳои дуру наздик паҳн мешавад.

Мероси адабии шоир осори зиёдеро дар бар гирифтааст. Достони «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ аз бузургтарин осори бадеии ӯ ба ҳисоб меравад, ки дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ суруда шудааст. Аммо дар байни достонҳои шоир достони «Баҳористон» бо мавзӯъ ва мазмуни худ ҷойи намоёнеро ишғол менамояд. Абдурраҳмони Ҷомӣ «Баҳористонро»-ро ҳамчун асари пандуахлоқӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф таълиф намудааст. Достони «Баҳористон» асари насрӣ буда, дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ эҷод карда шудааст. Ин достон дорои ҳашт боб буда, ҳар боби он аз ҳикоятҳои хурд-хурди пандуахлоқӣ иборат мебошад. Саргузашти орифон, панду ҳикматҳои бузургон, саргузашти подшоҳон, адлу инсоф ва ахлоқи неки онҳо мавзӯъҳои асосии достонро ташкил медиҳад. Шоир сурати зоҳирии инсонро фиребанда меҳисобад. Тавре таъкид менамояд, бояд ба ботини инсон аҳамият дод:

Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,

Ай тиҳӣ аз фазилату инсоф!

Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Шоир дар «Баҳористони»-и худ зулму золимӣ ва беадолатиҳои ҳокимони замонро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Осоишу оромии ҷомеаро аз адлу инсофи шайхон медонад. Пойдевори ҳар як давлат адл аст:

Чу гардад шоҳи олам адлпеша,

Шавад осоиши гаҳ-гаҳ ҳамеша.

Чу нолад бедиле аз синарешӣ,

Бувад як сар зи нӯши зулмкеше.

Халосиро зи даҳри печдарпеч,

Зи шоҳон адл мебояд, дигар ҳеҷ.

Ҷомӣ таъкид бар он дорад, ки шахси мансабдор бояд соҳиби илму дониш, маърифати баланд бошад. Яъне аз назари ӯ на мард бояд ба амал бузургу тавоно гардад, балки амал ба мард бузургу шариф гардад. Дар ҳар як амале, ки инсон анҷом медиҳад, адлу инсофу некиву накӯкорӣ лозим ва зарур аст:

Боядат мансаби баланд, бикӯш,

То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.

На ба мансаб бувад баландии мард,

Балки мансаб шавад ба мард баланд.

Масъалаи дигаре, ки Ҷомӣ дар достони худ таҳлилу баррасӣ менамояд, ин ба зердастон меҳрубонӣ кардан аст. Зеро ҳар кӣ ба зердастони худ номеҳрубонӣ мекунад, бадиву дағалӣ менамояд, бо дасти зердастони худ кушта мешавад:

Дило, гӯш кун аз ман, ки ин нуктаи хуш,

Ки мондаст дар гӯшам аз нуктадонон.

Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,

Шавад кушта зи теғи номеҳрубонон.

Хулоса, достони «Баҳористон» аҳамияти бузурги адабиву тарбиявӣ дорад, ки дар замири ҳар инсон ҳиссу эҳсоси ахлоқи неки инсониро зиёд мегардонад. Ҷомӣ бо осори безаволи хеш дар байни мардуми машриқзамин шӯҳрати овозадоре касб намудааст. Осори ӯ ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст, ки боиси ифтихори миллати мо мебошад.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Достони «Бахористон»-и Абдуррахмони Чоми.

Шарҳ баста аст.