Доира ва шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ

0
182

Фаъолияти ташкили ҳуқуқии шаклҳои соҳибкорӣ дар доираи ҳавзаҳои муайяни иқтисодӣ сурат мегиранд. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба хусусиятҳои ташаккули давраҳои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ (истеҳсол, тақ-сим, мубодила, истеъмол) чунин тақсимбандӣ карда мешавад: соҳибкории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, суғуртавӣ ва миёнаравӣ (мутавасит).

вазифахои фирма

Загрузка...

Соҳибкории истеҳсолӣ. Истеҳсолот, яке аз ҳавзаҳои муҳим-тарини ҳаёти ҷомеа мебошад. Ба доираи он фаъолияти хоҷаги-дории хонадорӣ, бизнес ва давлат ҷалб карда мешаванд. Фаъолияти ташкили истеҳсолот ҳамеша маҳорат, истеъдод ва ташаббусро оид ба истифодаи омилҳои истеҳсолот: захираҳои табиат (ашё, материал, сарват), сармоя (сармояи асосӣ – предмет ва воситахои меҳнат), қувваи коргарӣ ва ғайра табдил мекунад. Ин омилҳо ҳамчун омилҳои дохилии умумихоҷагӣ ва омилҳои аз берун ҷалб кардашаванда ташкил карда мешаванд. Маҳз дар асоси ба ҳам пайваст карда шудани омилҳои истеҳсолот тавлиди неъматҳои иқтисодӣ ва хадамот имконпазир мегарданд.

Раванди ташкили истеҳсолот, тавлиди неъматҳову хадамот, фурӯшу ба даст овардани даромад, тақсими он, барпо кардани низоми мунтазаму мутаносиб бо ташкилотҳои молиявӣ аз ҷум-лаи муаммоҳое мебошанд, ки ҳар як соҳибкор онҳоро дар ҳар як маврид бояд ҳал намояд.

Ин раванд хеле ҳам мушкилу мураккаб буда, барои дуруст ва оқилона ба роҳ мондани он маблағҳои зиёди моддӣ, меҳнатӣ ва пулӣ талаб карда мешавад. Ғайр аз ин раванди пурра барқарор кардани хароҷот, ба даст овардани фоида, таъмин кардани ҷараёни навсозию таҷдиди технологӣ ва ғайра вақту соату зиёдеро тақозо менамояд. Аз ин нуқтаи назар, ташкил кардани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот яке аз соҳаҳои мураккаб ва меҳнатталаб мебошад. Вале аз сабаби он, ки истеҳсолот соҳаи аз ҳама заруртарини ҳаёти ҷомеа ва яке аз намудҳои аз ҳама мураккабтарини бизнес ва сердаромади ҳав-заи иқтисод мебошад, гурӯҳи одамони ташаббускор, новобаста ба дараҷаи баланди хатару таваккалии он ба ин соҳа миён сахт баста, фаъолият пеша мекунанд.

Оиди ташкили раванди истеҳсолот, истифодаи омилҳо ва тарзи ба ҳам пайваст кардани онҳо, истифодаи захираҳо, ташки-ли истеҳсолот дар доираи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ғай-ра дар саволҳои пештара шарҳ дода шудаанд (ниг. боби 1 ва 2).

Дар ин ҷо, мо фақат ба баъзе тарафҳои он, хусусан ташкили фаъолияти соҳибкорӣ диққати хонандагонро ҷалб хоҳем кард.

Фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар чунин мавридҳо имконпазиранд:

– муайян кардани нақш ва мақоми ҳалли масоили умдаи иқтисод: бо кӣ алоқа кард?, аз кӣ чӣ гирифт?, бо кадом миқдор ва бо кадом нарх онро харид?, чӣ истеҳсол кард?, барои кӣ истеҳсол намуд?, чӣ қадар истеҳсол намуд?, ба куҷо бурд ва бо кадом нарх фурӯхт?, чӣ қадар фоида гирифт ва онро чӣ тавр тақсим намуд?…;

– интихоб намудани теъдоди интихоби захираҳои иқтисодӣ ва омилҳои истеҳсолот;

– интихоб ва ҷобаҷогузории воситаҳои истеҳсолоти замонавӣ, махсусан технологияи электронӣ, компютерҳо, ашё, материал, энергия ва дигар мавридҳо ҳаммасрафи замонавӣ;

– интихоби оқилонаи воситаҳои асосӣ (биноҳои корӣ, мошину таҷҳизот, асбобҳои электронӣ) ва муайян кардани сарчашмаҳои ташаккул ва барқарор кардани онҳо (истифодаи онҳо дар шакли тайёр ҳамчун молики соҳибкор, истифода ба ҳайси иҷора, ё худ онҳоро аз нав бояд харид);

– муайян кардани манбаъҳои сармоягузорӣ (сармояи худӣ, аз ҳисоби қарзи бонкӣ, “спонсорҳо”, ёрдам ё худ имтиёзҳо, қарзи хориҷӣ…);

– интихоби роҳи оқилонаи паст кардани хароҷот, подош кардани онҳо, муқаррар намудани нархҳо, таъмин кардани дараҷаи мусоидтарини рақобатпазирии молу маҳсулот, тақсими фоидаю даромад…;

– интихоби тарзу услубҳои беҳтарини истифодаи иттилоот, воситаҳои боркашонию нигаҳдории маҳсулот, таъмири таҷҳизот…;

– таъмин кардани қобилияти харидории омма, пешкаш намудани маҳсулоти дорои сифати баланд, ба даст овардани фоидаи баланд ва ташкил кардани ҷараёни нави тавлиди маҳсулот ва ғайра.

Ҳалли ин гурӯҳ масъалаҳо на танҳо истеъдод ва ташаббус, балки баланд бардоштани малакаю маҳорат ва дониши худи соҳибкорро бо воситаи курсҳои баланд бардоштани ихтисос ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо тақозо менамояд.

Соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат нисбат ба соҳаҳои дигар, дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Он афзалиятан дар соҳаи савдо ҳамчун фаъолияти субъектҳои бозор – савдогарон, ти-ҷоратчиён, миёнаравон оид ба фурӯши молу маҳсулот, харидану ба ашхосони дигар пешниҳод кардани неъматҳову хадамот сурат мегирад.

Соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат, таърихан ҳамчун воситаи ба ҳаракатдароварандаю инкишофдиҳандаи соҳаи истеҳсолот ба миён омадааст.

Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат фаъолияти басо мушкилу меҳнатталаб мебошад. Он ҳамчун маҷмӯи муносибат оид ба давом ва анҷом додани раванди истеҳсолот сурат мегирад. Соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат на ҳамчун фаъолияти оддии хариду фурӯш, балки ташкили амиқу оқилонаи ин раванд дар асоси услуби ташаббус, таваккал ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Соҳибкор (бизнесмен) дар ин ҷода масоили зиёдеро оиди:

– интихоби ҳариф (тавлидгарони молу маҳсулот), шумораи онҳо, нарху наво, хароҷот, фоида ва гайра;

– интихоби мавзеъ ва ноҳия оиди бунёд кардани биноҳои савдо, ба даст овардани таҷҳизоту воситаҳои ҳисобкунанда;

– интихоби коргарон, ҳисобу китоби музд ва ҷобаҷогузории онҳо;

– таъмини таблиғ, омӯзиши харидорону тавлидгарон, пешниҳод кардани методҳои навтарини хизматрасонӣ, сервиз, ҷус-туҷӯи роҳҳои оқилонаи хариду фурӯши молҳои алоҳида, эҳтиёт кардани онҳо, то ба нуқтаҳои фурӯш бурда расондани онҳо, хиз-матрасонии дараҷаи аъло, амалиётҳои ”бартерӣ” ва мубодилаи молӣ ба роҳ монад.

Ҳадаф аз ташкили соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат – харидани молу маҳсулот, анҷом додани хадамот, таъмин кардани фоидаи баланд, ҳамчун фарқи нархи харид ва нархи фурӯш мебошад.

Соҳибкории молиявӣ. Дар шароити иқтисоди бозорӣ на фа-қат молу маҳсулот, хадамот, қувваи корӣ, балки воситаҳои пулию асъорӣ, қарзӣ ва ғайра ба ҳавзаи мубодила кашида мешаванд. Аз ин ҷиҳат соҳибкории молиявӣ ҳамчун навъи махсуси соҳибкорӣ ташкил мегардад ва ба меҳвари амалиёти он хариду фурӯши воситаҳои пулӣ, асъори хориҷӣ ва қоғазҳои қимматнок ҷалб карда мешаванд. Амалиётҳои молиявӣ оид ба хариду фурӯ-ши пулҳои хориҷӣ, мубодилаи асъор ба асъор ва қоғазҳои қимматноки дигар ва пулҳои миллӣ ва ғайра сурат мегирад.

Соҳибкории молиявӣ асосан ба мақсади мубодилаи як намуди воситаҳои пулӣ ба намуди дигари онҳо, ё худ хариду фурӯ-ши пулҳои ҳозира ба пулҳои оянда тибқи нархҳои ҳархела ва дар ин асос ба даст овардани фоида ба роҳ монда мешавад. Фои-даи соҳибкорӣ ҳамчун натиҷаи хариду фурӯши захираҳои молиявӣ ва ба ивази он гирифтани фоизи муайян ё худ сармояи изофа ташкил мегардад.

Фоидаи соҳибкорӣ ҳамчун натиҷаи қарз ва ба ивази он ба даст овардани фоизи қарз низ ба роҳ монда мешавад. Бонкҳо ё худ ташкилоту муассисаҳо мувофиқи зарурат ва имконият метавонанд воситаҳои пулӣ ё асъорҳои худро ба сифати қарз (кредит) истифода намоянд ва аз он баҳраи иқтисодӣ бардоранд.

Соҳибкории суғуртавӣ (бимавӣ). Бозор ба субъектҳои иқти-содӣ кафолати пурраи нашикастан, надуздидан, вайрон нашудан, касоду муфлис нагардидан, насӯхтан, касал нашудан, намурдан, ҳамаро хӯрондан, пӯшондан, бо хонаю ҷой таъмин кардан ва ғайраро дода наметавонад. Аз ин ҷиҳат соҳибкорони алоҳида, ё худ ташаббускоре ба миён меоянд, ки ҳалли ин масъалаҳоро ба зиммаи худ мегиранд.

Соҳибкор ба ивази пардохти маблағҳои муайяни пулӣ ӯҳдадор мешавад, ки ҳаққи зарарҳои ба миён омадаи молу амлок, воситаҳои пулӣ, фулузот ва қоғазҳои қимматнок, чизу чора, ҳаёти шахсӣ ва ғайраро подош кунад.

Ин фаъолият ҳамчун унсури муҳимтарини низоми қарзию молиявӣ, ба мақсади ҷамъоварии маблағҳои муайяни пулӣ (аъ-зоҳаққии суғурта) ва пардохти он танҳо баъди рух додани ҳодисаи суғӯрта сурат мегирад.

Дар ин асно, соҳибкор (суғӯртакунанда) ҳамчун фурӯшан-даи навъи нави хадамоти суғурта ва харидори мол (истифодакунанда ё худ истеъмолкунандаи ин навъи хадамоти суғӯрта) – шахси суғуртакардашуда ҳамчун омилҳои асосии соҳибкории суғуртавӣ қадр карда мешавад. Ба ҳайси объекти суғӯрта – молу чиз, пул барои як давраи муайян (моҳ, сол…) баромад мекунад. Маблағҳои андӯхташуда ба мақсади сохтани биноҳои корӣ, таҷҳизоту технологияи компютерӣ ва қарз додану ба ивази он гирифтани фоидаи барзиёд истифода карда мешавад.

Соҳибкории мутавасит (миёнарав). Ин навъи соҳибкорӣ мустақиман бо дигар намудҳои соҳибкорӣ (истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, суғӯртавӣ, молиявӣ) алоқаманд мебошад. Хусусияти ин навъи соҳибкорӣ дар он аст, ки он мол истеҳсол намекунад ва онро намефурӯшад, ба фурӯши қоғазҳои қимматнок машғул нест ва ба дигарон қарз ҳам намедиҳад. Вай фақат ба сифати даллол (миёнарав) дар ин ҳавзаҳои соҳибкорӣ иштирок мекунад. Мавқеи он – байни тавлидгар (фурӯшандаи молу хадамот) ва истеъмолгар (харидор) ҷойгир аст. Он барои дар амал тадбиқ намудани мақсад ва мароми дигар субъектҳои бозор, яъне харидану фурӯхтан ва ба ҳам пайваст кардани онҳо (тавлидгару истеъмолгар) дар доираи ҳалқаи соҳибкорӣ, ба даст овардани маълумот оид ба тақозо ва арзаи мол, сатҳ ва дараҷаи рақобат, нарх ва ғайра кӯмак мерасонад. Албатта ба ивази адои хизмати худ онҳо бо фоидаи муайян мукофотонида мешаванд, ки он ҳамчун сарчашмаи асосии ташкил ва густариши фаъолияти соҳибкории мутавасит мегардад.


Доира ва шаклхои фаъолияти сохибкори, Сохибкории истехсоли, Сохибкори дар сохаи тичорат, Сохибкории молияви, Сохибкории сугуртави (бимави).