Дину эътиқодоти пешазисломии арабҳо

Нимҷазираи Арабистон дар асрҳои VI-VII ба минтақаҳои алоҳида  тақсим шуда, нисфи қисми шимолии он дар тобеияти Византия ва нисфи дигараш-Ироқ дар тобеияти Эрони сосонӣ қарор доштанд. Дар ҷануб бошад Яман низ дар тобеияти Эрон, аммо  дар шимолу ғарб Сурия, Иордания ва Миср дар дасти Византия қарор доштанд. Табиист дар он ҷойҳое, ки дар тобеияти Эрон буданд, мисли Ироқу Яман дини зардуштӣ ва ҷойҳое, ки дар тобеияти Византия қарор доштанд – мисли Сурияву Фаластину Миср дини масеҳӣ нуфузи бештар дошт. Дар ин ҷо як қатор қабилаҳои арабӣ низ  аксаран дини масеҳӣ доштанд.

          Вале минтақаи дар миёнаи Арабистон воқеъ буда, ки онро Наҷду Ҳиҷоз меномиданд, қабилаҳои араби ин қисмати нимҷазира динҳои  бисёрхудоии мухталифи хосси  худро доштанд. Ба ғайр аз қабилаҳои кӯчӣ дар ин қисмат якчанд шаҳрҳои хурд низ ба монанди Макка, Тоиф, Ясриб бо аҳолии муқимӣ вуҷуд доштанд. Дар ин минтақа динҳои хосси бутпарастӣ мавҷуд буданд. Ҳатто номҳои қабилаҳои араб ва шахсони маъруфи  алоҳидаи он қабоил аз бутпарастии онҳо дарак медоданд. Чунончи, Абду-Шамс, яъне «бандаи офтоб», Абду-л-Уззо, яъне «бандаи Уззо» (номи бут), Ваҳбу-л-Лот, яъне «тӯҳфаи ал-Лот» (худои офтоб), Абду-Вадд «бандаи Вадд» (номи бут). Арабҳо инчунин олиҳае дар Каъба бо номи Аллоҳ доштанд. Чи тавре мебинем, қабилаҳои араб ва шахсони алоҳида худро бандаи офтоб, моҳ ва баъзе бутҳо донистаанд.

          Арабҳои тоисломӣ он буте, ки аз чӯб, тилло ё нуқра дар шакли инсон сохта шуда бошад, онро «санам», вале агар аз санги одӣ сохта шуда бошад, «васн» меномиданд.

          Дар сураи 71 «Нӯҳ» ояти 23-и Қуръони маҷид ёде аз бутҳои замони қадими арабҳо рафтааст: «Ва гуфтанд: «Худоёнатонро вомагузоред, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед».

          Агар номҳои бутҳои ёдшуда ба замони  Нӯҳ мансуб бошанд, ояти дигаре дар Қуръони маҷид аз бутҳои замони зиндагонии пайғамбар ёд мекунад, чунончи дар сураи 53 «Наҷм» оятҳои 19-20 омадааст: «Оё Лот ва Уззоро дидаед? Ва Манот он бути саввуми дигарро?»

          Аз бутҳои ёдшуда Вадд номи буте дар шакли мард буд ва қабилаи калб онро ибодат мекард. Яъуқ мавриди ибодати қабилаи ҳамдон дар Яман қарор дошт. Он дар шакли асп буд. Яғус дар шакли шер тасвир мегардид.

          Аз ҷумлаи бутҳои тоисломӣ 4 бут дар нимҷазираи араб ниҳоят машҳур буда, қабилаҳои зиёде онҳоро парастиш менамуданд, барояшон назру ниёз меоварданд ва қурбониҳо мекарданд. Инҳо Лоту Манот ва Уззову Ҳубал буданд.

          Лот – олиҳаи асосии арабҳои шимол ба ҳисоб мерафт. Бобулиён «Лот» гуфта «фасли тобистон», набатиён бошанд «офтоб»-ро дар назар доштанд. Барои парастиши Лот маъбадҳои зиёде вуҷуд доштанд. Яке аз маъбадҳои машҳури он дар шаҳри Тоиф дар 100-километрии Макка воқеъ гашта, он аз харсанги сафеди чоркунҷа иборат буд. Мардуми қабилаи сақифи араб болои онро бо матоъ пӯшонида буданд. Арабҳо онро бисёр эҳтиром карда, азим мепиндоштанд ва барояш ҳадяҳо меоварданд.

          Манот бошад буте буд дар шакли харсанг ва дар роҳи байни Маккаю Ясриб қарор дошт. Он олиҳаи марг ба ҳисоб мерафт. Зиёратчиён барои он қурбонӣ мекарданд ва ҳадяҳо меоварданд.

           Номҳои ин ду бут ҳатто дар Тоҷикистони имрӯзӣ низ машҳуранд. Масалан, ҳангоми  сӯҳбат аз баъзеҳо мешунавем: — фалонӣ ба Лоту Манот қасам хӯрд, ки фалон корро иҷро мекунад, яъне он одам барои иҷро кардани коре қасамҳои сахт хӯрда будааст.

          Уззо – олиҳаи занона дар водии Ҳароз дар дурии 150 км аз Макка дар роҳи Ироқ воқеъ гашта буд.

          Ғайр аз ин дар дохили Каъба низ бутҳои зиёде мавҷуд буданд, ки азимтарину номдортарини онҳо Ҳубал ном дошт. Ҳубал аз ақиқи сурх дар шакли инсон сохта шуда, дасти росташ шикастагӣ буд. Қурайшиён, ки масъули нигоҳубини Каъба буданд, дасти рости шикастаи ӯро аз тилло сохта буданд.

          Дар назди Ҳубал хазинае барои қабули назру ниёзу ҳадияҳо ва мавзее барои қурбонӣ кардан вуҷуд дошт. Қабилаҳое буданд, ки ба хотири Ҳубал то сад шутур қурбонӣ мекарданд. Нафари махсусе аз ҷониби Қурайшиён барои муҳофизату нигоҳубини он ва риояи тартиб ҷудо карда шуда буд. Арабҳо ба назди Ҳубал барои ҳалли мушкилоташон (таваллуди кӯдак, зангирӣ, сафари бобарор) ва ғайра меомаданд, бо пилтачӯбак, сангчаҳо ва ғайра фол медиданд.

          Ба ғайр аз бутпарастӣ як қисми арабҳои тоисломӣ динҳои яккахудоиро низ қабул карда буданд, ба монанди динҳои яҳудия, масеҳият ва зардуштия. Яҳудиёни он замон дар мавзеъҳои гуногуни нимҷазираи Арабистон – Яман, Баҳрайн, Ҳиҷоз (Водию-л-қуро, Таймо, Хайбар, Фадак, Ясриб) мезистанд. Азбаски яҳудия дини хос ба миллати яҳудист, халқҳои дигар онро ниҳоят кам қабул мекарданд. Бо вуҷуди он як гурӯҳе аз сокинони Яман дини яҳудиро қабул карда буданд.  Дини насронӣ бошад, дар байни арабҳо бештар паҳн гардида буд. Дар мавзеъҳои гуногуни Нимҷазираи Араб ҷо-ҷо дайрҳо бо роҳибонашон ба назар мерасиданд. Дар соли 525 ҳабашиҳо аз Ҳабашистон омада, Яманро фатҳ намуданд ва бо ҳамин дар он дини масеҳӣ паҳн карда шуд.

           Дар баробари ин, дини зардуштӣ низ дар Яман, Уммон, Баҳрайн ва Ироқ ривоҷ дошт.

          Яке аз ҷуғрофиёни маъруфи арабизабон Ибни Руста (асри X) дар китоби худ «Китобу-л-аълоқа-н-нафиса» дар бораи динҳои қабилаҳои араби пешазисломӣ маълумоти муҳиме овардааст. Ӯ навиштааст: «Қабилаҳои рабиа, ғассон ва як қисми қузоа дини насронӣ ва қабилаи кинда дини яҳудӣ доштанд. Тамимиён – дини маҷусӣ (оташпарастӣ, зардуштӣ) доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Зурора ибни Адаси Тамимӣ духтари худро ба занӣ гирифта, баъд пушаймон гардида буд. Аъзоёни қабилаи Қурайш бошанд, таълимоти зиндиқиёнро қабул карда буданд.

          Қабилаи бану Ҳанифа дар давраи ҷоҳилия (нодонӣ, яъне пешазисломӣ) илоҳе  (олиҳае) сохта буданд аз ҳайс (маъҷуни сахтест аз хурмо, равған ва панир) ва солҳои зиёде онро парастиш менамуданд.  Вале замоне дар қабилаашон гуруснагии шадиде пеш омад ва онҳо илоҳи худро шикаста хӯрданд. Марде аз бани тамим дар ҳаққи онҳо шеъре гуфт:

          Бану Ҳанифа парвардигори худро бихӯрданд,

          Дар давраи беандешагию гуруснагии шадид.

          Онҳо аз парвардигорашон ҳазар накарданд,

          Ва аз оқибати бади ин корашон наандешиданд.

Аз ин тавсифи кӯтоҳи Ибни Руста вазъи ногувори динии Нимҷазираи Арабистони пешазисломӣ баръало намудор аст. Минтақаҳо ва вилоятҳои зисти қабилаҳои  арабро дину эътиқодоти мухталиф аз ҳам ҷудо месохтанд. Гуногунии ақидаҳои динию мазҳабӣ боиси ҷудоӣ ва парокандагии сиёсии қабилаҳои араб мегашт. Ҷамъияти он замони аъроб барои муттаҳиду якдину якмаром сохтани тамоми арабҳо ба як дини ягонаи яккахудоӣ эҳтиёҷ дошт. Чунин дин ислом буд, ки дар аввалҳои асри VII дар Макка пайдо гардид. Он мардумро ба парастиши худои ягона-Аллоҳ даъват кард, ки дар ин даъват идеяи иттиҳоду муттаҳид сохтани арабҳо ниҳон буд. Пайдо шудани ислом дар Нимҷазираи Арабистон зарурати ногузири таърихӣ буд. Ислом ҳамаро баробару бародар дониста, мардумро ба сарфи назар кардан аз даҳҳо бутҳою худоҳои бисёр ва ба парастиши худои ягона даъват намуд. Ин даъват барои муттаҳиду якмаром сохтани  мардуми араби Нимҷазираи Арабистони асри VII воқеан даъвати пайгамбарона ва тақаддумӣ ба хисоб меравад.


Калидвожаҳо: Сомонаи Донишҷӯ, сомонаи омӯзишӣ, сайти омузиши, сайти точики, сайти тоҷикӣ, реферат, реферати точики, маводхои точики, маводхои омузиши, Ислом, дини Ислом, Арабистон пеш аз Ислом, Дину эътикодоти пешазисломии арабхо

Шарҳ баста аст.