Дини масеҳии яҳудӣ

Пайдоиши дини масеҳӣ аз худи ибтидо ба тариқагароии дини яҳудӣ вобаста аст. Дар дини яҳудияи асрҳои I-II таълимоту ривоятҳое марбут ба омадани маҳдии наҷотбахш мавҷуд буданд. Барои яҳудиёни он замон, ки солҳои дароз дар зери юғи истисмори юнониёну римиҳо қарор доштанд, интизории омадани марди наҷотбахш орзуи асосӣ буд. Дар асоси ҳамин орзуҳою интизорӣ дар байни яҳудиён равияҳое пайдо шуданд: намояндагони яке аз он равияҳо зелотҳо чунин меҳисобиданд, ки маҳдии наҷотбахше бо шамшер ҳамчун қаҳрамони ҷанговаре омада онҳоро аз дасти римиҳо халос хоҳад кард.

Таълимоти равияи ессейҳои дини яҳудӣ низ дар Фаластин ҳамин гуна буд. Онҳо ҳаёти тақводорона ба сар бурда, талаб мекарданд, ки амвол бояд умумӣ бошад, кас бояд зан нагирад. Онҳо ғуломиро қабул надоштанд, вале дар ҳама масоили дигар тибқи талаботи дини яҳудӣ амал мекарданд.

Равияи дигари дини яҳудӣ бо номи назориҳо  вуҷуд дошт, ки он равияи аз ҳама наздик ба масеҳият буд. Ҳатто дар евангелияҳо чандин маротиба калимаи «назорӣ» ҳамчун лақаби Иисус оварда шудааст. Дар он замон «назорӣ» гуфта, яҳудиён касонеро меномиданд, ки онҳо пурра ҳаёти худро ба ибодати Худо бахшида буданд: онҳо мӯи худро наметарошиданд, шароб наменӯшиданд, ба ҷасади мурда даст намерасониданд ва ҳаёти Иисус низ дар евангелияҳо дар ҳамин шакл тасвир гардидааст. Пайравони ӯ низ ҳамчун  «назорӣ» ёд шудаанд. Масалан, апостол (вали) Павелро ҳамчун «намояндаи куфри назорӣ» ёд кардаанд. Инчунин дар Қуръон пайравони Иисус Христос ҳама вақт чун «назорӣ» ёд шудаанд. Ҳамин тавр, ин далелҳои қавӣ касро ба хулосаи қатъӣ меоранд, ки пайравони равияи ибтидоии масеҳии Христос маҳз ҳамин назориҳо будаанд.

Назориҳо дар он замон бештар худро «мӯъминон», «бародарон», «даъватшудагон» ва ғайра меномиданд. Аммо душманонашон онҳоро «христиан» меномиданд. Фақат аз нимаи дуюми асри II сар карда, калимаи «христианҳо» ба номи пайравони ин дини нав табдил ёфт.

Он факт, ки масеҳият аз яке аз равияҳои дини яҳудӣ пайдо гардидааст, дар ин бора асари якуми дини масеҳӣ Апокалипсис шаҳодат медиҳад. Дар он асло кас ба идеяҳои асосии масеҳияти баъдина аз қабили сабру таҳаммулу тоқату бахшоиш вонамехӯрад, дар он худои сегона ва рӯҳи муқаддас низ вуҷуд надорад. Баръакс, он аз идеяҳои дини яҳудии ҷанговар саршор аст, дар он нафрати беандозае нисбати  золимоне, ки яҳудиёнро ғулом кардаанд, эҳсос мешавад.

Ҳатто дар масеҳияти замони дер низ унсурҳои дини яҳудӣ зиёд вомехӯранд, чунончи шахсияти Иисус Христос ҳамчун яҳудӣ ба қалам дода шудааст, ҷои фаъолияти ӯ Фаластин дар он замон ватани яҳудиён буд, ҳамаи касони дар евангелияҳо зикршуда яҳудиёнанд. Библия – китоби муқаддаси яҳудиён – ҳамчун китоби муқаддаси бо илҳоми Худованд эҷодшуда аз ҷониби масеҳиён эътироф шудааст, худои яҳудӣ – Яҳве дар масеҳият ҳамчун худо-падар омадааст; тарзи аз ҷониби Худо офарида шудани олам дар масеҳият аз дини яҳудӣ гирифта шудааст, иди «пасха» низ аз яҳудия гирифта шудааст. Дар дини масеҳӣ дар ибтидо ду расми асосии яҳудӣ – ид кардани рӯзи шанбе ва хатна кардан ҷорӣ буданд, вале баъдтар риояи онҳо қатъ гардид.

Шарҳ баста аст.