Дини Конфутсий

Аз динҳои Чини қадим ду дин ниҳоят машҳур гашта буданд, яке таълимоти динию ахлоқии Конфутсий ва дигар-даосия. Конфутсий шахсияти таърихӣ буда дар соли 551 пеш аз мелод таваллуд ёфта аст. Ӯ дар соли 479 пеш аз милод вафот кардааст. Конфутсий мансабдори калоне дар вилояти Лу буд. Асарҳои эҷодкардаи ӯ аз ду маҷмӯаи калон иборатанд, ки якеро «Панҷкитоба» (У-цзин) ва дигариро «Чаҳоркитоб» (Сы-шу) меноманд.  Панҷкитоба-китоби асосии дини конфутсианӣ мебошад. Китоби якуми Панҷкитоба аз маҷмӯи дуоҳои соҳирона, китоби дуюм аз таърихи императорҳои қадимаи асотирии Чин, китоби сеюм аз маҷмӯи ашъори қадима иборат буда, фақат дар охири ин маҷмӯа суруду гимнҳои динӣ, ки ҳангоми иҷрои маросимҳои динӣ ва қурбоникунӣ хонда мешаванд, ба назар мерасанд; китоби чорум ба тавсифи урфу одатҳои зиёди халқӣ бахшида шуда, мавзӯъҳои динӣ дар он каманд; китоби панҷум таърихи замонии яке аз вилоятҳои Чинро дар бар гирифта, дар он ягон лаҳзаи динӣ дарҷ нагардидааст.

          Китоби якуми «Чаҳоркитоб»-таълимоти худтакмилдиҳии инсонро, ки яке аз шогирдони Конфутсий онро аз рӯи таълимоти Конфутсий навиштааст, дар бар мегирад; китоби дуюм дар хусуси он аст, ки инсон дар ҳар як кор бояд таносубу тавозунро риоя намояд ва ба ифрот роҳ надиҳад; китоби сеюм панду ҳикматҳои Конфутсий ва шогирдонашро ва китоби чорум бошад таълимоти фалсафии яке аз бузургтарин шогирдони замони дери Конфутсий-Мэн Цзыро дар  бар гирифтааст.

          Дар он чизе, ки зикр шуд, чи тавре дида мешавад, мазмунҳои динӣ умуман кам ба назар мерасанд. Мазмуни асосии таълимоти Конфутсийро қоидаҳои рафтори дуруст ва ҳаёти дуруст ташкил медиҳад. Аз ҳамин сабаб ҳам имрӯз дар байни зиёиёни хитойӣ чунин  ақидае вуҷуд дорад, ки конфутсианӣ аслан дин нест. Он системаи фалсафӣ ва маҷмӯи қонунҳои ахлоқи давлатӣ ва шахсӣ мебошад. Ин ақида нодуруст мебошад, зеро дар байни китобҳои Конфутсий китобҳое ҳастанд, ки дар онҳо сухан аз қувваҳои фавқуттабиӣ, ҷину рӯҳ ва дунёи дигар меравад. Худи Конфутсий ҳамаи урфу одатҳои диниро бисёр бодиққат иҷро мекард ва дигаронро низ ба иҷрои ҳатмии онҳо даъват менамуд. Баъд аз маргаш ӯ ба дараҷаи улуҳият (худоӣ) бардошта шуда, худи император ба хотири бузургдошти ӯ расму ойинҳои диниро иҷро мекард. Дар ибтидои асри XX дар Чин 1500 маъбади бузургдошти Конфутсий мавҷуд буд. Конфутсианӣ ҳамчун дин аз давраҳои ҳукмронии сулолаи Хан (206 то мелод-220 баъди мелод) ба фаъолият пардохтааст.

          Аз рӯи мазмуни худ ойини конфутсианӣ-ин қонунигардонии одии расму таомулҳои оилавии аз қадим дар Чин мавҷуд буда мебошад. Конфутсий ба онҳо ягон чизи нав дохил накардааст. Худи ӯ чандин бор таъкид намудааст, ки ӯ ба дин ягон чизи наве дохил накардааст ва фақат талаб мекунад, ки қонуну русуми қадима ба тарзи ҷиддӣ риоя гарданд. Яке аз он расмҳои қадима парастиши гузаштагон буд, ки он мазмуни асосии дини конфутсианиро ташкил дод. Ҳар як оилаи хитойӣ маъбади оилавии худро дошт, ки дар он дар вақтҳои муайян ибодати оилавии худро анҷом медод. Дар қадим дар назди қабрҳо хонаи хурд-маъбад сохта онҷо қурбонӣ мекарданд. Дар замони сулолаи Хан бошад, сохтани маъбад (мяо) шакли дигар гирифт-мардуми одӣ мебоист дар хонаи худаш бахшида ба рӯҳи гузаштагонаш қурбонӣ кунад. Мансабдорон ҳақ доштанд 1 мяо, ашрофон-5 ва императорон-7 мяогӣ бисозанд.

          Дар ибтидо дар маъбад лухтак ё ҳайкали хаёлии шахси мурдаро мегузоштанд. Аз давраи Хан сар карда дар  мяоҳо лухтакеро аксар аз матои сафеди шоҳӣ дар шакли одам сохта, миёнашро мебастанд, ки он «хун-бо» ном дошт. Баъдтар ба ҷои  лухтак  тахтачаҳои чӯбини сиёҳ-чжу истифода мегардиданд, ки навиштаҷоти иероглифии  сурх доштанд. Ин тахтачаҳо аз давраи ҳукмронии сулолаи Сун (960-1260) дар мяоҳо нигоҳ дошта шуда, ба тарзи оммавӣ ин амал ҷорӣ гардид. Барои рӯҳи мурдаро дар тахтача (чжу) ҷой кардан як қатор расмҳоро иҷро намудан лозим буд. Чунончи, ҳамоно баъди гӯронидан котиби махсусе дар тахтача номи мурдаро менавишт. Сипас, ҳамаи аъзоёни оилаи ӯ ба зону зада чунин дуо мекарданд: «дар фалон солу моҳу рӯз писари ятиммондаи фалонӣ ҷуръат карда ба падари худ-фалонӣ бо суханҳои зерин муроҷиат мекунад: Ҷасади туро гӯронидем вале, бигзор рӯҳи ту ба маъбади хонагӣ баргардад. Тахтача барои рӯҳ омодааст. Бигзор рӯҳи муҳтарами ту маъвои пешина (ҷисм)-ро тарк намуда, ба маъвои нави худ (мяо) дарояд ва доимо онҷо бошад».

          Тахтачаҳои мазкур дар сандуқҳои махсус нигоҳ дошта шуда, ҳангоми иҷрои маросим, онҳоро аз он ҷо гирифта, дар болои миз мегузоштанд ва дар наздаш назру ниёз-хӯрокию нӯшокиро мегузоштанд. Ин расм ҳар сол дар вақти муайян ё ягон ҳодисаи муҳими оилавӣ-туй, марги ягон узви оила, таваллуди кӯдак, сафари сардори оила ва ғайра анҷом дода мешуд.        Тибқи ақидаи фалсафию динии конфутсианӣ, қоидаи асосии ҳаёт ва такягоҳи ҳамаи сохти мавҷуда-ин ба тарзи ҷиддӣ риоя кардани русуму таомулҳо (ли) мебошад. Конфутсий мегуфт: «агар русуму таомулҳои аз қадим боқимонда риоя карда нашаванд ё ки онҳо бекор карда шаванд, ҳама чиз бо ҳам омехта гардида, бетартибию беназмӣ ҷамъиятро фаро мегиранд. Русуму таомули никоҳро бекор кунед, он гоҳ занушавҳарӣ ба маънои пуррааш нест мегардад, фисқу фуҷур ва ҷиноятҳои ба он вобаста ҳамаро фаро мегиранд. Русуми гӯркунӣ ва назру ниёзро нест кунед, дар ин ҳолат фарзандон дар ҳаққи мурдаҳои падарону модаронашон ва ҳатто падарону модарони зиндаашон ғамхорӣ нахоҳанд кард».

          Яке аз омилҳои муҳиме, ки ин ойини давлатиро дастгирӣ мекард, низоми имтиҳоноти давлатӣ буд, ки дар императории Чин роҳи ягонаи гирифтани мансаби давлатӣ буд. Барои супоридани имтиҳони давлатӣ шахс мебоист мазмуни китобҳои Конфутсийро пурра азбар мекард. Яке аз қонунҳои нонавиштаи Чини кӯҳан аз  он  иборат буд, ки император мебоист кишварро ба воситаи маъмурони маълумоти конфутсианӣ дошта идора мекард. Аз ин ҷо нақши консервативии ин дин дар ҳаёти сиёсии  кишвари Чин маълум мегардад. Нақши он аз ин сабаб консервативӣ аст, ки он риояи русуму тартиботи кӯҳнаро дастгирӣ менамояд.

Шарҳ баста аст.