Дин, фалсафаи дин, диншиносӣ

0
622

Дин —   як шакли ниҳоят густурда ва қадимаи ҷаҳонбинӣ ва рафтори инсон аст. Ин шакли ҷаҳонбинӣ дар натиҷаи боварии инсон ба вуҷуди Худованд ва парастиши қувваҳое, ки ба инсон равон бахшида, муносибату рафтори инсонро бо дигар инсонҳо ва мавҷудот ба танзим ва меъёр медароранд, пайдо шудааст. Дар тамоми давраҳои таърихии инкишофи ҷомеаи башарӣ, чи дар гузашта ва чи дар замони ҷорӣ, теъдоди хеле зиёди дину эътиқодот ва расму оинҳои гуногун вуҷуд доштанд ва доранд, ки ҳар кадоми онҳо  бо тарзи мушаххаси фаҳмиши табиати Худо, зоту сифот ва хусусиятҳои Он, вижагиҳои муносибати мутақобилаашон бо олами табиӣ ва инсон, бо меъёрҳое, ки ҳар кадоми ин дину оинҳо барои муносибати инсонҳо бо Худо муқаррар кардаанд, аз рӯи мазмуну мундариҷаи амалияи динӣ, тарзи татбиқи он ва дигар тарзу ҳолатҳои мушаххас аз якдигар фарқ мекунанд.

Дар таснифотҳои муосири илмӣ динҳо маъмулан ба ду навъ ё гурӯҳи асосӣ ҷудо карда мешаванд – динҳои табиӣ ва  динҳои осмонӣ. Гурӯҳи аввали динҳо аз он сабаб «динҳои табиӣ» номида мешаванд, ки дар онҳо на ин ки қувваҳои фавқуттабиӣ (метафизикӣ), балки қувваҳои табиӣ  мавриди парастиш қарор гирифтаанд. Динҳои табииро дар аксари мавридҳо «динҳои қавмӣ» ё «динҳои қавмию миллӣ» низ меноманд, зеро ҳар кадоми онҳо вижагиҳо ва хусусиятҳои муайяни миллӣ дошта, бо фарҳангу маънавиёт ва расму оинҳои ин ё он қавм ё миллат сахт алоқаманд мебошад. Гурӯҳи дуввуми динҳо – «динҳои осмонӣ» номида мешаванд. Ҳамаи динҳое, ки ба ин гурӯҳ шомил мешаванд, дар баробари фарқиятҳо ва зиддиятҳои мутақобилаашон, як атрибут ё хосияти умумии барои ҳамаашон хос низ доранд: дар ҳар кадоми онҳо як қувваи ягонаву олии офаранда мавриди боварӣ ва парастишу ибодат қарор гирифтааст, ки он қувва дар фаросӯи олами машҳуди табиӣ, яъне дар олами ғайб макон дошта, бо хоҳишу  иродаи ихтиёрии худ, бидуни ҳеҷ гуна ниёзмандӣ, инсоният ва тамоми дигар мавҷудоти оламро офаридааст. Ба ибораи фаҳмотар, таҳти ин мафҳум, яъне  «қувваи оллии офаранда» — Худованд дар назар дошта шудааст.  Ин мафҳум дар китобҳои муқаддаси динҳои ҷаҳонӣ, адабиёти динӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ бо истилоҳоти гуногун ифода ёфтааст, ки ҳар кадоми онҳо яке аз хусусиятҳои зотӣ, сифатӣ ё феълии онро ифода менамоянд. Масалан, истилоҳи «Аҳад» (ягона) —  ягонагӣ, «Таъоло» — волоияти ҳамаҷиҳатаи Худованд ва «Холиқ» (офаранда)  —  яке аз феълҳои вижаи Онро  тафсир мекунанд. Ба гурӯҳи динҳои осмонӣ буддоия, зардуштия, яҳудия, насрония ва ислом шомил мешаванд.

Загрузка...

Бояд тазаккур дод, ки дар фалсафаи муосири кишварҳои Аврупо, алалхусус Аврупои ғарбӣ, ки маншаи асосии назариявии фанни диншиносӣ маҳсуб мешавад, ҳангоми тасвири илмии табиат ва моҳияти дин аз ҳама бештар ба шарҳу тафсири моҳияти насрония ва яҳудия диққат дода мешавад. Ин бесабаб нест, чунки фалсафаи муосири Аврупо, алалхусус бахши диншиносии он, умуман, дар зери нуфузи таълимоти насрония ва яҳудия қарор дошта, ҳамеша таҳти таъсири шадид ва мустақими ин динҳои ба ҳам хеш  рушд менамуд ва ин раванд имрӯз ҳам идома ёфта истодааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки фалсафаи дин ва диншиносӣ, дар он шаклу мазмуне ки дар айни замон дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълимии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Русия, омӯхта ва таълим дода мешавад, аз бисёр ҷиҳатҳо тамоили «ғарбгароӣ» ва «насронигароӣ» дорад. Аз ҳамин хотир олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони диншиноси тоҷикро зарур аст, ки зимни таҳқиқу таълими мабонӣ ва матолиби фалсафаи дин ва назарияи диншиносии ғарбӣ бо ин қисмати донишҳои муосири фалсафӣ аз нуқтаи назари танқидӣ муносибат намоянд ва аз ин хазина танҳо ҳамон ҷавоҳиротеро барои таълиму тарғиб интихоб ва матраҳ намоянд, ки бо арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои мусалмон мувофиқу ҳамоҳанг бошанд.

Масалан, аксарияти муҳаққиқон ва файласуфони диншиноси ғарбӣ таҳти таъсири ғояҳои насронӣ ҳамаи динҳои шомили гурӯҳи аввалро динҳои бутпарастӣ меноманд. Аммо ин ақида усулан ва аз лиҳози мантиқ бо таълимоти исломӣ баъзе ихтилофоти назариявӣ дорад, ки онҳоро шарҳу тавзеҳ надода, бартараф накарда, қабул кардани ақидаи мазбур мумкин нест. Гап дар он аст, ки дар Авасто – китоби муқаддаси дини зардуштӣ – дини бостониву тоисломии қавмҳои ориёӣ (аҷдодони қадимаи тоҷикон ва дигар миллатҳои муосири форсзабон), мадракоти зиёде вуҷуд доранд, ки аз дини тавҳидиву осмонӣ будани зардуштия шаҳодат медиҳанд. Бесабаб нест, ки дар Қуръон муғҳо, яъне  пайравони дини зардуштӣ мисли насрониён ва яҳудиён «аҳли китоб» номида шудаанд. Бо ҳамин далел, дини зардуштиро дар пайравӣ аз муҳаққиқони аврупоӣ ва насронӣ дини «бутпарастӣ» номидан ғайримантиқӣ ва ғайриилмӣ буда, қобили қубул нест.

Дар сохтори назарияҳои нисбатан инкишофёфта, маъмулан, дар таркиби дин чанд унсури асосӣ нишон дода мешаванд:1)  шуури одатии муъминон (маҷмӯи эътиқоду тасаввуроти онҳо). Ин унсур ҳамон қисмати таркибии дин аст, ки онро дар адабиёти илмиву фалсафӣ «илоҳиёт» ё «метафизика» меноманд; 2) фаъолияти динӣ (амалияи маърифати маънавии олам), ки аз парастишу ибодат ва дигар амалҳои фародинӣ (берун аз ибодат) иборат мебошад; 3) муносибатҳое, ки дар асоси меъёрҳо ва ғояҳои динӣ ташаккул ёфта, ҳам дар мавриди ибодат ва ҳам дар арсаи ҳаёти дунявии диндорон ҷараён доранд; 4) Ниҳодҳо ва ташкилотҳои динӣ. Масалан, дар Русия   калисои православӣ, дар Эрон  масҷиди аҳли ташайюъ, дар Тоҷикистон масҷиди мусалмонони ҳанафимазҳаб – муҳимтарин ниҳоди динӣ ба шумор мераванд.

Дар натиҷаи алоқамандии байниҳамӣ ва якҷояву мутаносибан амал кардани ин унсурҳои таркибӣ дин дар ҷомеа нақши ҷаҳонбиниро иҷро намуда, табиат, ҷомеа, инсон, яъне олам ва аносиру мавҷудоти онро шарҳу тавзеҳ медиҳад. Аз ин ҷо аён мегардад, ки дар байни дин ва фалсафа як навъ шабоҳату монандӣ вуҷуд дорад. Аммо, дин дар баробари ифои нақши ҷаҳонбинӣ, боз бисёр нақшу вазифаҳои дигар низ дорад, ки фалсафа аз онҳо орист. Барои мисол чанде аз ин нақшу вазифаҳои махсуси динро зикр мекунем: ҷуброн кардани хисороти маънавӣ, наҷот бахшидан аз азоби виҷдон, ғаму кулфатҳо ва мушкилоти ҳаёти рӯзмарраи дунявӣ ва ғайра. Яке аз нақшҳои вижа ва ниҳоят муҳими дин – эҷоди ҳусни тафоҳум. якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдат миёни аҳли табақоту гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, қавму миллатҳо ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф мебошад. Боз як нақши хеле арзишманд ва қобили зикри дин – нақши идории он мебошад, яъне дин ба рафтор, гуфтор ва пиндори инсон, умуман ба ахлоқи ӯ таъсир расонида онро ба меъёр медароварад ва идора мекунад.

Акнун зарур аст, ки чанд сухан дар бораи муносибати мутақобилаи дин ва эътиқоди динӣ гуфта шавад. Эътиқод унсури ҳатмӣ ва ҷудоновазири   ҳамаи динҳои осмонӣ мебошад ва дар ҳар яки онҳо дар шакли вижа вуҷуд дорад.    Аммо  дар аксарияти динҳои шомили гурӯҳи аввал, яъне динҳои табиӣ (бутпарастӣ), эътиқод чандон ҳам мақом ва нақши  муҳим надорад. Масалан, дар динҳои Юнону Рими бостонӣ чизи аз ҳама муҳим барои пайравони ин адён на асли эътиқод ба худоён, балки кушиши бо ниёзҳо  ва талаботҳои худ мутамоил ва тобеъ кардани онҳо ба шумор мерафт.  Ба ақидаи А.Ф.Лосев, шууру эҳсосоти динии римиҳо то замони пайдоиши насрония хеле ҳассос буда, дар он аз боварӣ дида шак ва нобоварӣ бештар вуҷуд дошт. «Римиҳо, — менависад ин олим, — ба худоёни худ аз боварӣ дида бештар шак доштанд. Онҳо мекӯшиданд, ки ҳар чи бештар аз худоён дуртар бошанд. Дар ҳаёти рузмарраи онҳо эҳсосоти динӣ ба ҳолатҳои равониашон чандон муассир набуданд. Чизи аз ҳама  барои римиҳои қадим муҳим–  мутобиқи реҷа ва дар сари вақт иҷро кардани маросими ибодат ва парастиши ҳар яки аз ҳудоҳо (бутҳо)-и бешуморашон буд. Ба ақидаи онҳо, агар расму муқаррароти парастиш ва тоати худо дуруст ба ҷо оварда шуда бошад, пас, худо низ ҳеҷ гуна асос барои рад кардани талабу дархост ва муқтазиёти бандагони худ надорад ва бояд ҳатман ба онҳо мадад расонад».   Дар аксарияти динҳои муосири қавмию миллии Шарқ, аз даосия сар карда то адроия (гноститсизм), байни имон ва моҳияти роҳу усули дин монандӣ вуҷуд надорад. Дар ин адён таҳти мафҳуми роҳ ва усули дин раванди маърифати донишҳои диниву маънавӣ (гнозис), ё бевосита худи ин гуна донишҳо, фаҳмида мешавад. Ба ҳамин тариқ, динҳои қавмию миллии Шарқ ба пайравонашон,  дар баробари тоату ибодати андак, бештар маърифати қонунҳои олии ҳастӣ, донистани  роҳҳои наҷоти хеш ва дигар навъи донишҳоро тавсия менамоянд.

Дар Таврот моҳияти ҳаёти динӣ бо қонун айният дода мешавад. Қонун ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Таврот дарҷгардида барои ҳар як яҳудӣ муҳимтарин ва арзишмандтарин вижагии динӣ маҳсуб шуда, ҳамарӯза ҳушу хаёли ӯро бо худ машғул медоранд.

Барои насрониҳо ва одамоне, ки дар муҳити зери таъсири фарҳанги насронӣ тарбия ёфтаанд, имон ва ҳаёти динӣ – ҳар дуи ин ду вожа як мафҳумро ифода мекунанд ва як маъно доранд. Барои насронии асил ҳар амале, ки ӯ анҷом медиҳад , як тарзи тазоҳури имони ӯ мебошад. Барои ӯ донистан, тавонистан, ба иҷро расонидани ин ё он кор, итоат кардан ва ҳоказо, — ҳамаи инҳо маънои боварӣ доштан ва имон оварданро доранд.

Дар дини мубини ислом низ имону боварӣ ба Худои муттаол, малоикаву китобҳо ва расулони ӯ,  ба ҳаёти ухравӣ ва подоши некиву бадӣ дар рӯзи растохез, риояи фарзу суннатҳо, садоқат ба Паёмбари ислом ва таълимоту шариати исломӣ — муҳимтарин асос ва рукни диндориву фаъолияти динӣ маҳсуб мешаванд. Дар баробари имони комил доштан ба мӯҳтавои каломи Худованд ва таълимоти Паёмбар, Қуръон инсонро мукарраран ба такмили ақлу шуур, касбу маърифати донишҳои ақлониву ирфонӣ, таҳзибу тарбияи ахлоқу маънавиёт ва ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷомеа даъват намудааст. Хусусияти вижаи таълимоти дини мубини ислом ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ дар он зоҳир мегардад, ки он барои такомули ҳамаҷиҳата, барои ба танзим  даровардани ҳаёт ва фаъолияти фардиву иҷтимоӣ  ва моддиву маънавии инсон  ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ба инсоният  як дастуруламали хеле мукаммал ва муфидеро матраҳ ва пешкаш менамояд.

Яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва ниҳоят мушкилу печида, ки дар таърихи фалсафа, алалхусус дар фалсафаи Аврупо. аз оғоз то имрӯз вуҷуд дошта ва аҳамияти худро гум накардааст,  масъалаи муносибати эътиқоди динӣ бо донишҳои илмиву фалсафӣ  мебошад. Аммо масъалаи мазкур дар давраҳои гуногуни таърихи рушди афкори фалсафӣ  аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва  усули таҳқиқу баррасӣ шуданаш, доимо тағйир ёфта, ба он ҷиҳатҳо ва ҷузъиёти нав ба нав  илова шудаанд.

Аксарияти муҳаққиқони муосир чунин ақида доранд, ки дар таърихи фалсафа чор давраи асосии гузориш ва ҳалли ин масъала вуҷуд доштааст. Давраи аввал – давраи атиқа, давраи дуввум — Асрҳои Миёна, давраи саввум – Замони Нав (асрҳои XYII-XX), давраи чорум – замони муосир. Дар давраи аввал дар муносибати байни ғояҳои диниву фалсафӣ ҳеҷ гуна зиддияти ҷиддӣ вуҷуд надошта, баръакс, ин ғояҳо бо якдигар ҳамоҳангу мутавозин буданд ва якдигарро пурра мекарданд. Дар давраи дуввум дин ва илоҳиёт тадриҷан илму фалсафаро зери фишор ва тобеияти худ дароварда буданд. Дар давраи саввум — Замони Нав, дар байни дин ва эътиқоди динӣ — аз як тараф ва аз тарафи дигар – илму фалсафа – низоъ ва ихтилофи шадид ҷараён мегирад, аниқтараш, барангехта мешавад. Дар ин давра илм ва фалсафа дар Аврупо тамоми қувваи худро ба он равона карда буданд, ки аз зери асорати дин озод шуда, истиқлолияти томи худро таъмин намоянд. Бештари асарҳои муғризонаву душманона алайҳи дин ва имону эътиқоди динӣ, ки дар Аврупо нигошта шудаанд, аз ҷумла осори К.Маркс ва Ф.Энгельс, ба ҳамин давра тааллуқ доранд.  Дар натиҷаи суръату шиддат гирифтани шӯриши  зиддидинии илму фалсафа дин дар давраи мазкур дар Аврупо аз мақоми волои худ маъзул шуд ва ҷои ӯро фалсафаи ақлгаро гирифт. Аз ҳамин сабаб дар ин давра мақом ва нуфузи дин дар Аврупо хеле коҳиш ёфта, он танҳо дар маҳдудаи  фаъолияти маърифативу фарҳангии инсони фард  нақши хоксоронаеро ба ҳайси як унсури иловагӣ ифо менамуд.

Дар замони муосир муносибати илму фалсафа бо  дин ва эътиқоди динӣ  куллан тағйир ёфта истодааст.  Чомеаи муосир шоҳиди хотима ёфтани давраи салтанати фалсафаи  ақлгароӣ мебошад. Сабаби инқирози фалсафаи ақлгароӣ низ ҳамин аст, ки  он, мисли фалсафаи мадрасии Асрҳои Миёна, миёни ҷону тан, миёни ишқ ва ақл, миёни ҳикмати илоҳӣ ва фалсафаи инсонӣ, миёни дониши эътиқодӣ  ва ақлонӣ, умуман, миёни арзишҳои диниву дунявӣ ва моддиву маънавии башар тазоду ихтилофи сунъӣ эҷод мекард ва онҳоро зидди ҳам мешӯронид. Аз хотима ёфтани даврони ақлгароийи мутлақ дар Аврупо ва умуман дар ҷаҳон натанҳо заволи ғояҳои ратсионалистӣ, ки онро худи илм аз сар гузаронида истодааст, балки пайдоиш ва густариши босуръати  як қатор ҷараёнҳо ва таълимотҳои хурофотиву ифротӣ, ки  бо сеҳру ҷоду ва фолбиниву дигар макру шӯъбадаҳои қадимаву асримиёнагӣ айнияти том доранд, низ бараъло гувоҳӣ медиҳад.  Ботилу ғайримантиқӣ ва ноодилона будани назарияеро, ки  динро ҳамчун «афюни халқ» ва  «душмани илму дониш»  тафсир мекард,  имрӯз ҳатто аксарияти собиқ ҷонибдорони он назарияи муғризона низ тасдиқ мекунанд.

Имрӯз аз равзанаи таҳқиқу мушоҳидаи беғаразонаи илмӣ ҳақиқати гузаштаву муосири таърихиро баррасӣ намуда ,хулоса кардан мумкин аст, ки ақида дар бораи хусусияти зиддибашарӣ, зиддиақлонӣ ва зиддиилмӣ доштани динҳои осмонӣ, хусусан дини мубини ислом, ҳеҷ гуна асоси ҷиддии воқеӣ надорад. Баръакс, ҳақиқату воқеияти таърихи сипаришудаву муосир собит менамояд, ки ҳар кадоми ин динҳо дар таҳкиму густариши нерӯҳои зеҳниву ақлонии инсоният, рушди фаъолияти илмиву маърифатӣ ва фароҳам оварда шудани хазинаи пурғановати илму донишҳои гуногун ба инсоният ҳамеша ба ҳайси як сарчашмаи илҳомбахши ғоявӣ ва як дастури бемонанди усулӣ хизмат карда меояд.  Дар Авасто, Таврот, Инҷил, алалхусус дар Қуръон, инсон шарифтарин ва маҳбубтарин махлуқ, халифаи Худо номида шуда, таъкид шудааст, ки инсон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти моддиву маънавӣ бояд дар партави ақлу дониш амал кунад.

Дар замони муосир дар партави омӯзиши беғаразонаи муносибати дин бо илм муҳаққиқон ба чунин натиҷа расидаанд, ки дар айни замон    ин ду падидаи муҳим байни ҳам ба мувофиқа расида истодаанд ва як фазои кушоде барои ҳамкории онҳо ба вуҷуд омада истодааст. Нуқтаи назари мазкур беасос нест ва заминаи таърихӣ низ дорад. Хотиррасон кардан бамаврид аст, ки динҳои осмонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ҳамчун василаи мубориза бар зидди  ҷаҳлу хурофот ва бутпарастӣ, барои озод шудани инсоният аз қайди устураҳо ва ба маърифату тасхири олами табиӣ пардохтани он нақши аввалиндараҷаро бозидаанд. Аз таърихи гузаштаи башарият мисолҳои зиёдеро овардан мумкин аст, ки аз собиқаи тӯлонӣ доштани  созишу ҳамкории дин ва илм гувоҳӣ медиҳанд.          Барои тасдиқи фикр боло таърихи дин ва илм дар замони салтанати Сомониёнро мисол овардан мумкин аст. Чӣ тавре ки маълум аст, дар замони Сомониён дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳам илмҳои илоҳиётшиносӣ ва ҳам илмҳои табиатшиносӣ ба авҷи аълои инкишофи худ расида буданд. Мутаассифона, раванди ҳамкорӣ ва ҳамзистии судмандонаи дин ва илм, ки дар замони Сомониён ташаккул ёфта ва ба ҳукми анъана даромада буд ва самараи хеле арзишманди фарҳангӣ низ ба думболи худ дошт, тадриҷан баъди эҷоди тазоду ихтилофҳои сунъӣ миёни ин ду падида, дар кишварҳои исломӣ халал пазируфт ва боиси инқирози тадриҷии улуми табиатшиносӣ ва ақибмондагии онҳо дар сарзаминҳои исломӣ гардид.

Яке аз омилҳои асосие, ки улуми табиатшиносиро, раванди омӯзиши мабонии падидаву мавҷудоти олами моддиро дар кишварҳои асримиёнагии исломӣ боз ҳам коҳиш дод, муқобилагузорӣ миёни дину фалсафа ба шумор мерафт. Ин тамоил дар давраи дар кишварҳои исломӣ ба сари ҳокимият омадани сулолаҳои турктабор ва минбаъд муғулони саҳронишин хеле шиддат ёфта, натиҷааш ин буд, ки ирфон ва улуми илоҳиётшиносӣ таҳти пуштибонии давлат қарор гирифта шароити  бесобиқаеро барои  рушду такомул пайдо намуданд, фалсафаи ақлонӣ ва соири илмҳои табиатшиносӣ бошанд, баръакс, ҳамчун «фаъолияти мутамоил ба  куфру бидъат» маънидод шуда, зери фишори сиёсиву ғоявии низоми ҳукмрон аз равнақ бозмонданд. Суқути фалсафаи ақлонӣ ва улуми табиатшиносӣ дар кишварҳои мусалмоннишин хеле тӯл кашида, асрҳои зиёде идома ёфт ва яке аз сабабҳои асосии ақибмондагии иқтисодии кишварҳои исломӣ аз кишварҳои насронӣ низ дар ҳамин буд.

Дар замони ҳокимияти шӯравӣ, баъди дар Осиёи Миёна таъсис ёфтани ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, вазъият комилан тағйир пазируфт. Давлати шӯравӣ барои рушди фалсафаи ақлонӣ ва улуми табиатшиносӣ  тамоми шароиту имкониятҳои лозимаро фароҳам овард, аммо дин ва улуми илоҳиётшиносӣ (улуми динӣ)-ро маҳкум ва тардид намуда, мубориза зидди ҷаҳонбинӣ ва улуми диниро ба яке аз ҷабҳаҳои муҳимтарини фаъолияти сиёсии худ табдил дод.

Ниҳоят, дар замони пасошӯравӣ дар таърихи муносибатҳои миёни дин ва фалсафа, миёни этиқоди динӣ ва дониши илмии фалсафӣ гардиши куллӣ ба амал омада, онҳо аз нав ба он маҷрои аслии худ, ки дар замони Сомониён ташаккул ёфта буд,  даромада, торафт гармтар ва мутафоҳимтар шуда истодаанд.

Муносибати мутақобилаи дин ва фалсафа дар Аврупои асримиёнагии насронӣ низ хеле тезутунд ва мураккаб буд. Муҳаққиқони аврупоӣ бар чунин ақидаанд, ки маҳз дини насронӣ бори нахуст дар таърихи башарият то ҳадди назаррас барои ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии илмӣ ҳамчун воситаи муҳими мубориза алайҳи симиё ва дигар илмҳои ботил мусоидат намудааст. Раванди мазкур  ҳанӯз дар охири Асрҳои Миёна оғоз ёфта. Дар Замони Нав ба аваълои худ расида буд. Барои дини насронӣ таъмини тантанаи ҷаҳонбинии илмиву механиказ он сабаб муҳим буд, ки он барои «аз табиат рондан ва берун кардани арвоҳ»  кӯмак мерасонид. Аз ҳамин сабаб манзараи илмии олам маҳз дар Аврупои насронӣ  мутасаввир гашт, на дар батни фарҳанги исломӣ, ё чинӣ, ё ҳиндӣ, ки аз бисёр ҷиҳатҳо нисбат ба фарҳанги насронӣ бартариятҳои ҷолибе доштанд.

Ба ҳамин тариқ, новобаста аз вуҷуд доштани бархе зиддиятҳои таърихӣ  дар  муносибатҳои мутақобилаи дин ва илм, дар замони муосир шароити мувофиқе барои бо ҳам аз нав муттаҳид шудани онҳо фароҳам омадааст. Бисёр унсуру падидаҳои асримиёнагие, ки дар таркиби ислом ва дигар динҳои муосири ҷаҳонӣ вуҷуд доранд, аз қабили бовариву этиқод ба омили каромот ва баракот будани категорияи муайяни арбоби дин (эшонҳо, пирони тариқат, сӯфиёну дарвешон ва ҳ.), боварӣ ба сеҳру ҷоду, инкори тафаккури илмӣ, таблиғи тарки дунё ва амсоли онҳо, на танҳо гайриилмӣ, балки ғайридинӣ низ мебошанд, чунки бо ҷавҳари таълимоти нобу ақлонии ислом ва дигар динҳои ҷаҳонӣ ҳеҷ гуна муносибат надоранд. Бо ҳамин сабабҳо дар замони ҷорӣ муносибати миёни дин ва илму фалсафа ба эътидол даромада, онҳо бо ҳам оштӣ шуда истодаанд.

Аз нимаи дуввуми асри XIX мақом ва нақши фалсафа дар таҳқиқу таъбири табиати дин ва эътиқоди динӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Дар ин даврадар Аврупо  нақши дин хеле кохида ва нақши фалсафа. баръакс, хеле и ва мураккаб гашт. Ин раванд ба он оварда расонид, ки минбаъд кори таҳқиқи моҳияту табиат, пайдоиш ва вазифаҳои динро бо пуррагӣ фалсафа иҷро мекард. Дар натиҷа илоҳиётшиносӣ, яъне илми анъанавие, ки шарҳи муназзами мундариҷаи дину эътиқоди динӣ машғул буд, акнун барои аҳли илму фарҳанг ҳамчун як чизи нолозим ва зиёдатӣ ба назар мерасид. Дар чаҳорчӯбаи фалсафа як шохаи мустақилу махсус бо номи «фалсафаи дин» ташаккул ёфт, ки вазифаи он аз таҳқиқи моҳияти дин ва эътиқоди динӣ бо истифодаи танҳо усулҳо ва воситаҳои фалсафӣ иборат буд. Фи ин вазифаи худ барои дин ва эътиқоди динӣ як қатор меъёрҳо ва талаботҳоеро кор карда баромад, ки дин ва эътиқоди динмебоист бо онҳо мутобиқ кунонида мешуданд.

Аммо, кӯшиши фалсафаи дин барои коркарди таълимоти ҳаматарафа ва пурраи фалсафӣ-ақлонӣ дар бораи Худо он қадар натиҷаи дилхоҳ надод. Лиҳозо, боварии аҳли илму фалсафи Аврупо нисбат ба ин, ки фалсафаи дин як шохаи махсуси донишҳои фалсафӣ буда метавонад ё мебошад, ба зудӣ хеле коста шуд. Алъон бисёр муҳаққиқони аврупоӣ  ба чунин хулоса омадаанд, ки захираҳо, шаклҳо, усулҳо ва воситаҳои маърифатие, ки онҳоро фалсафаи дин барои таҳқиқи дин ва эътиқоди динӣ матраҳ кардааст, маҳдуд, нокифоя ва барғалат мебошанд.  Бо ҳамин далел онҳо даъват мекунанд, ки барои фаҳмиши моҳияти дин ва эътиқоди насронӣ бояд тамоми осори  илоҳиётшиносӣ, ки дар тӯли таърихи дуҳазорсолаи тамаддуни насронӣ фароҳам оварда шудааст, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шавад. Ба ақидаи тарафдорони ин нуқтаи назар, беҳтарин усулу воситаҳои таҳқиқи дин ва эътиқоди динӣ дар хазинаи осори илоҳиёишиносии насронӣ мавҷуд мебошанд.

Дар айни замон дар фалсафаи Аврупо чунин ақида ташаккул ёфта истодааст, ки масъалаи таҳқиқи моҳияти дин ва эътиқод бояд аз соҳаи фалсафи дин, ки тарзи зиндагии  инсонро бе таваҷҷӯҳ ба вуҷуди робитаи воқеии инсон бо Худо таҳқиқ менамояд, гирифта шавад ва ба соҳаи таҳқиқи илмии амиқу ҳаматарафаи  таҷрибаи ҳаёти динии башарият, вижагиҳо ва гуногунрангиҳои ҳаёти воқеии инсон дар ягонагӣ бо Худо ё ҳузури Худо, кӯчонида шавад. Алъон ин назария дар чаҳорчӯбаи диншиносии илмӣ ё муқоисавӣ – шохаи дигари фалсафаи муосири Аврупо, ки дар тӯли асрҳои XIX-XX ташаккул ёфтааст, амалӣ шуда истодааст.

Бояд дарҳол тазаккур дод, ки диншиносии илмӣ (муқоисавӣ) зарурати таҳқиқи фалсафии динро зери шубҳа намегузорад ва рад намекунад. Диншиносии илмӣ (муқоисавӣ) танҳо бо фалсафаи дин ҳамчун соҳаи махсуси донишҳои фалсафӣ, он ҳам бошад дар ҳамон шакле, ки дар асрҳои XYIII-XIX вуҷуд дошт ва дағдағаи танҳо бо истифодаи усулу васоити фалсафӣ матраҳ кардани таълимот дар бораи Худоро мекард, зиддият дорад.

Акнун, баъди ташреҳоти муқаддимавие, ки то ин ҷо зикр шуд, ба таҳқиқи муфассали масъалаҳои асосии муносибати байни фалсафа ва дин шурӯъ мекунем. Аввалин масъалаи асосдар ин самт – ёфтани ҷавоб ба ин муаммост, ки:  чӣ тавр инсон ғояи Худоро дармеёбад? Оё Худо ҳамчун ҳастии айнӣ (объективӣ) вуҷуд дорад, ё ин танҳо маҳсули  тасаввуроти субъективӣ, ҳолатҳои равониест, ки нисон аз сар мегузаронад? Омилҳо ва асосҳои пайдоиши дин чиҳо мебошанд?


Дин чист?